МАСОРИҚА (Mesenterium) мезентерий, банди рӯда. М. рӯдаҳоро устувор ва дар ҳолати овезон нигоҳ медорад. М.-и одам чини шикамро дарбар гирифта, пояи ҳар як узви батнро, ки ба воситаи он узв ба девории ҷавфи шикам маҳкам мешавад, фаро мегирад. Вобаста ба узв М. номи иловагӣ дорад, мас., М.- и рӯдаи ғафс, М.- и нои бачадон ва ғ. Бемориҳое, ки дар узвҳои дарун ба амал меоянд (мас., варам, омос ва ғ.), сабаби тағйир ёфтани М.- и ҳамон узв мешаванд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …