Главная / Илм / МАРВАК

МАРВАК

marvakМАРВАК (Salvia sсlarea), м а р м а р а к, к а м п и р г у л а к, м а с тур а к, қ а л д и р м о ғ, гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 130 см қад мекашад. Пояи рост ва одатан бунафши сурхтоб, барги дилшакл ё байзашакли думчадор, хӯшагули туғшакл, гули сафед ё гулобӣ, меваи қаҳваранги бӯр ё заъфаронии мудаввар дорад. Май – июл гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор (махсусан гандуму юнучқазор), заминҳои партов, дашту саҳро, нишебию буттазор мерӯяд. Дар қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ вомехӯрад.
Бо мақсади табобат хӯшагул ва баргҳои сараки растаниро меғундоранд. Хусусиятҳои давоии М. аз замонҳои қадим маълум аст.
Ба ақидаи табибони халқӣ М. рақиқкунандаи моддаҳои ғафс, таҳлилдиҳандаи бод ва балғам, кушояндаи гиреҳҳои бадан мебошад. Оби барги онро бо шири занон даромехта, дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад. Онро бибӯянд, дарди сар меоварад. Ошомидани оби М. рӯдаҳоро қавӣ мегардонад, меъдаро қувват мебахшад, истисқо ва бодҳои дарунро дафъ месозад. Чун тухми М.-ро, ки монанди тухми зағир аст, ҳар рӯз 7 г ба ҳамин миқдор шакар ба дили наҳор бихӯранд, оби истисқо (астсит) – ро хушк мекунад (ба воситаи пешоб ва арақ меронад). Тухми М.-ро бирён карда, бо равғани бодоми ширин чарб намуда бихӯранд, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, онро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахт, пучак ва хасмолро мепазонад.
Нақеъи гул ва баргу пояи М.-ро ҳангоми дилзанӣ, барои тақвияти узвҳои ҳозима, муолиҷаи илтиҳоби шуш, иллати гурда, вараҷа истифода мебаранд. Барги хушки онро чой карда, чун давои боҳсозандаи ҳозима ва мушаҳҳӣ, пешоброн, арақовар пеш аз хӯрок ним пиёла менӯшанд, алафи онро дар об тар карда даромада мешинанд. Кӯфтаи барги бо равғани зард омехтаи М.-ро ба ҷароҳат мебанданд, бо меваи бирёнаш исҳоли хунинро табобат мекунанд.
Дар тибби илмии муосир маҳлул (Jnfusum folia salviae) ва қиём (Tinctura salviae)-и М.-ро чун воситаи антисептикӣ ва мушаҳҳию ҳозим кор мефармоянд. Равғани эфири М. дар саноати дорусозӣ барои хушбӯй гардондани доруҳо истифода мешавад. Марҳаме, ки дар таркибаш 5 – 20% қиёми М. мавҷуд аст, барои табобати псориаз нафъ дорад. Обзани М. барои табобати беморони гирифтори тарбод муфид аст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эмулсияи равғани М.-ро барои муолиҷаи остеомиелит, дағалшавии варидҳо, хасмол, сӯхтагӣ фаровон кор мефармуданд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …