МАРГУЛИС Феликс Бенсионович (тав. 20. 01. 1929, ш. Дзержинскийи вил. Житомири Украина), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1973), профессор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1952). Мудири шӯъбаи тандурустӣ ва духтури ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳ. Кировобод (ҳоло Панҷ; 1952 – 55), ординатори клиникӣ (1955 – 57), аспирант (1957 – 60), ассистент (1960 – 71), иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи ҷарроҳии факултавӣ (1971 – 74), мудири кафедраи ҷарроҳии факултавӣ ва ҷарроҳии асаб (1974 – 75), мудири кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи педиатрии ДДТТ (1975 – 86). Муаллифи 57 асару мақолаҳои илмӣ. Таҳти роҳбарии ӯ як нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дар Исроил сукунат дорад.
Ос.: Цитологическая оценка характера заживления ожоговых ран и их готовности к аутодермопластике (дастурамали таълимию методӣ), Д., 1985; Методические разработки по полупрограммированному контролю знаний студентов по общей хирургии, Д., 1978; Методические разработки к практическим занятиям по общей хирургии для студентов 3-го курса педиатрического факультета, Д., 1986.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …