Главная / Гуногун / Мардумозор

Мардумозор

Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солеҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд. Сангро нигоҳ ҳаме дошт, то замоне, ки маликро бар он лашкари хашм омад ва дар чоҳаш кард. Дарвеш андар омад ва санг дар сараш куфт.
Гуфто:
– Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ?
Гуфт:
– Ман фалонам ва ин ҳам ҳамон санг аст, ки дар фалон таърих бар ман задӣ.
Гуфт:
– Чандин рўзгор куҷо будӣ?
Гуфт:
– Аз ҷоҳат меандешидам, акнун, ки дар чоҳат дидам фурсат ғанимат донистам.
Носазоеро, ки бинӣ бахтиёр,
Оқилон таслим карданд ихтиёр.
Чун надорӣ нохуни дарранда тез,
Бо бадон он беҳ, ки кам гирӣ ситез,
Ҳар кӣ бо пўлодбозу панҷа кард.
Соиди симини худро ранҷа кард.
Бош, то дасташ бубандад рўзгор,
Пас ба коми дўстон мағзаш барор.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …