Главная / Гуногун / МАОРИФИ ПАРТИЯВӢ

МАОРИФИ ПАРТИЯВӢ

МАОРИФИ ПАРТИЯВӢ, системаи маорифи марксистию ленинии коммунистон, муҳимтарпн қисми таркибии кори идеологии КПСС. Аз худ кардани назарпяи марксистию ленинӣ вазифаи ҳатмии аъзои партия, шарти муҳими баланд бардоштани роли авангарди коммунистон мебошад. Мақсади Маорифи партиявӣ аз он иборат аст, ки коммунистон барои ба ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси марксизм-ленинизм дуруст баҳо дода тавонистан тайёр карда шаванд, сиёсати партияро бошуурона ба ҳаёт татбиқ намоянд ва ба омма фаҳмонда диҳанд. Органҳои партиявӣ дар ташкили Маорифи партиявӣ қарорҳои КМ-ро оид ба кори идеологи ба роҳбарӣ мегиранд, ки вазифа, шакл ва услубҳои таълимӣ сиёсиро муайян мекунанд.

parrtiya

Партия дар ҳар як давраи инкишофи худ шакл ва услубҳои ба шароити конкретии фаъолияти ташкплотҳои партиявӣ мувофиқи Маорифи партиявиро ба кор мебурд. Пеш аз Револютсияи Октябрь аъзоёни партия назарияро бо роҳи хопниши мустақилонаи адабиёти марксист ва дар кружокҳои сиёсии махфӣ меомӯхтанд. Баъди барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ системаи Маорифи партиявӣ тадриҷан ва дар шаклҳои гуногуни таълимӣ назариявӣ (аз макгабҳои ибтидоии маълумоти сиёсӣ то университетҳои коммунист ва университетҳои марксизм-ленинизм) ташкил ёфт. Системаи ҳозираи Маорифи партиявӣ аз се звено иборат аст: Звенои ибтидоӣ барои шахсонест, ки малакаи аз рӯи адабиёти сиёсӣ мустақилона кор кардан надоранд. Ба программаи ибтидоӣ омӯзиши тарҷимаи ҳоли В. И. Ленин, асарҳои донишҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, илова бар он ҳуҷҷатҳои Норин КПСС, курси оммавии таърихи партия дохил мешавад.

Методи таълими машғулиятҳо: пақли пропагандист ва сӯҳбат. Звенои мисёнаи Маорифи партиявӣ— мактаби асосҳои марксизм-ленинизм, ки дар он таърихп КПСС, иқтисоди сиёсӣ, фалсафа, коммунизми илмӣ, илова бар он асосҳои иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот, масъалаҳои сохтмони партиявӣ омӯхта мешаванд. Услуби асосии машғулияти Маорифи партиявӣ: лекция, сӯҳбат бо шунавандагон, таҳлил ва хулосабарорӣ аз материалҳои маҳалии корҳои партиявӣ, советӣ, хоҷагӣ ва идеологӣ. Звенои олии Маорифи партиявӣ оид ба назарияи марксистӣ-ленннӣ ва сиёсати КПСС, принцппҳои ленинии роҳбарии партия, назария ва амалияи сохтмони коммунист ва тарбияи меҳнаткашон, муносибатҳои байналхалқӣ ва процесси революционии ҷаҳонӣ донишҳои амин ва мукаммал медиҳад. Услуби машғулиятҳо: лекция, сӯҳбатҳои назариявӣ, муҳокимаи рефератҳои мураттабсохтаи шунавандагон.

Ғaйp аз ин, коммунистон метавонанд аз рӯи планҳои индивидуалӣ савияи дониши сиёсии худро баланд бардоранд. Комитетҳои партиявӣ ба ёрии мустақиломӯзон лекция, консултация, конференцияҳои назариявӣ ташкил мекунанд. Методи асосии таълими сиёсӣ кори мустақилона бо китоб аст. Ба системаи Маорифи партиявӣ ба ҷуз звеноҳои асосӣ, тарғиботи лекционӣ (лекцияҳои тематикӣ, шакли лексияҳо оид ба проблемаҳои назарияи марксистию ленинӣ, иқтисодиёти ҳозира, маданият, ҳаёти байналхалқӣ) дохил мешавад. Ин савияи идеявию назариявии коммунистонро баланд мебардорад, завқи хонандагонро ба адабиёти сиёсӣ бедор мекунад. КПСС ба мазмуни ғоявӣ, дараҷаи назариявии машғулиятҳои Маорифи партиявӣ талаботи баланд пешниҳод мекунад.

Кадрҳои пропагандистиро университетҳои марксизм-ленинизм, мактабҳо ва курсҳои пропагандистӣ тайёр мекунанд. Шакли таълими ҷории пропагандисту семинарҳои доимоамалкунандаи назди хонаҳои маорифи сиёсӣ ва кабинетҳои маорифи сиёсӣ мебошанд. Барон системаи Маорифи партиявӣ планҳои дарсӣ, программаҳо, асбобҳои аёнӣ чоп карда мешаванд. Материалҳо барои машғулиятҳо дар 35 журнали марказӣ ва газетаҳо, пеш аз ҳама дар журналҳои КМ КПСС «Коммунист», «Политическое самообразование», «Партийная жизнь», «Агитатор», г. «Правда», «Экономическая газета» ва г. нашр мегарданд. Телевизиони марказӣ ва радиои умумииттифоқӣ барномаи махсус — «Университети ленинии миллионҳо» доранд. Соли таҳсил дар системаи Маорифи партиявӣ 1 октябр cap шуда, дар аввали июнь ба охир мерасад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …