Главная / Маданият ва санъат / МАОРИФ ВА МАДАНИЯТ

МАОРИФ ВА МАДАНИЯТ

«МАОРИФ ВА МАДАНИЯТ», газета, органи Вазорати маориф ва Вазорати мадаиняти РСС Тоҷикистон, аз 20 июли 1932 инҷониб чоп мешуд. То соли 1938 «Барои маорифи коммунист» ном дошт. Аз 7 ноябри 1938, № 102 (543) «Газетаи муаллимон» (органи Комиссариат халқии маорифи РСС Тоҷикистон ва КМ иттифоқи касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии РСС Тоҷикистон) номида шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чопи он муваққатан қатъ гашт. Аз 2 апрели 1959, № 41 (1554) газета номи «Маориф ва маданият»-ро гирифт ва ҳафтае 3 бор чоп мешуд.

«Маориф ва маданият» барои муаллимону олимони соҳаҳои гуногуни нлму фан, ходимони маорифу маданият ва санъаткорон пешбинӣ шуда буд. Газета дар сахифаҳои худ масъалаҳои гуногуни таълиму тарбия, адабиёту санъат, ҳаёту фаъолияти муаллимону санъаткоронро инънкос намуда, оид ба таҷрибаи пешқадами муаллпмон ва ходимони маорнфу маданият мақолаҳо чоп мекард. Аз 1 январи соли 1981 бо номи «Газетаи муаллимон» чоп мешавад. Адади нашраш зиёда аз 30 ҳазор нусха (1981).

Ӯ. Ҷумъаев.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

amonati-bonki

Чӣ гуна дар Тоҷикистон қарз бигирем ки пушаймон нашавем?

Кортҳои кредитии муосир ба мо имкон медиҳанд, ки бидуни мунтазир кардани музди кор, сафар, убур …