Главная / Гуногун / Мансабдороне, ки дороии худро пинҳон мекунанд, аз мақом барканор мешаванд

Мансабдороне, ки дороии худро пинҳон мекунанд, аз мақом барканор мешаванд

Аз ин ба баъд дар Тоҷикистон мансабдоронро барои пинҳон кардани сарвату дороиҳояшон аз мақом барканор хоҳанд кард. Чунин муқаррарот аз тарафи ҳукумат ба порлумон пешниҳод шуда, Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 3-юми сентябр аз он ҷонибдорӣ намудааст. Бар асоси ин муқаррарот, мансабдорон муваззаф ҳастанд, на фақат ба Кумитаи андоз, балки ба раҳбарияти худ низ дар бораи дороиҳои худ гузориш диҳанд.

Пинҳон кардани дороӣ – далел барои барканорӣ

hqdefaultМасъулони хадамоти матбуоти Маҷлиси Намояндагон мегӯянд, тағйироти нав ба хотири такмил ва шаффоф кардани эъломияи даромади мансабдорон таҳия шудааст. Онҳо аз ин бештар шарҳ надоданд.

Аммо як намояндаи порлумон ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “мансабдорон бояд дар бораи тамоми даромадҳои худ: молу мулки ғайриманқул, пасандозҳои бонкӣ, коғазҳои қиматбаҳо, қарзҳои ҳаҷмашон беш аз 25 ҳазор сомонӣ ва дар бораи молу мулки аъзои оила эъломия пешниҳод кунанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ афзуд, “дар сурати пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи дороиҳои худ ё саркашӣ аз он, шахси мансабдор аз мақом барканор мешавад”.

Маълумот дар бораи дороии мансабдорони тоҷик ба истиснои ҳолатҳои алоҳида ошкор намешавад ва шахсони одӣ намедонанд, кадом мансабдор дар кишвар чӣ қадар сарват дорад. Ҳол онки дар кишварҳои ғарбӣ ва баъзе аз кишварҳои Шӯравии собиқ чунин маълумот боз мебошанд.

Масъулин мегӯянд, муқаррароти нав ба қонуни зидди фасод бо ҳадафи иҷрои тавсияҳои FATF ва иҷрои Стратегияи муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Эъломия танҳо барои “галочка”?

Аммо бархе кормандони идораҳои давлатӣ мегӯянд, пур кардани эъломия дар аксар ҳолат ба хотири “галочка” сурат мегирад. Як ҳамсуҳбати мо, ки дар ҳукумати ноҳия кор мекунад, гуфт, “ҳамасола аз андоз як “бланка” оварда медиҳанд, ки пур кунед. Ҳар кас ба инсофи худаш вобаста аст, ки чӣ қадар менависад. Касе боре ҳам тафтиш накардааст, ки маълумоти дарҷшуда дуруст аст ё не”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бояд дар Тоҷикистон чунин низоме муқаррар шавад, ки муайян кунад мансабдор баъди ба сари кор омадан чӣ амволеро соҳиб шудаанд. Як таҳлилгари тоҷик гуфт, “вақте бархе афрод ба идораҳои давлатӣ ба кор меоянд, як мошини тамғаи “Опел” доранд, аммо баъди як-ду сол соҳиби “Порше” мешванд. Бояд пурсида шавад, ки шахси мансабдор чӣ гуна ба ин соҳиб шудааст?”

Мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ будааст. Аз ҷумла, аз он интиқод мешавад, ки муборизони роҳи фасод дар кишвар худ баъзан бо чунин иттиҳомҳо боздошт мешаванд. Соли гузашта беш аз даҳ корманди Оҷонсии зиддифасод боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

“Чӣ хонаву дар доштед, чӣ моликият доштед ва ҳозир чӣ?”

Зимнан дороиҳои мансабдорони тоҷик давоми се соли охир зери заррабин қарор гирифтааст. Ин кор пас аз он шуруъ шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният дар соли 2015 аз дороиҳои ҳангуфти мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ба тундӣ интиқод кард. Раиси ҷумҳур дар ин ҷаласа хитоб ба кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, як бор ба гузаштаи худ назар кунанд, ки дар куҷо буданд ва ба куҷо расиданд.

Аммо бо онки эъломияи дороиҳои мансабдорон аз чашми матбуот ва ҷомеа пинҳон мондааст, дар Тоҷикистон баъзе аз сокинон медонанд, ки кадом қасру кушк ба кадом мансабдор ва кадом ширкат ба одамони кадом вазиру раис марбут аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …