Главная / Илм / «МАНОФЕЪУ-Л-ИНСОН»

«МАНОФЕЪУ-Л-ИНСОН»

madanu-shifo«МАНОФЕЪУ-Л-ИНСОН» (Тадбирҳои фоиданок барои инсон), асари Абулғозӣ Баҳодурхон ибни Арабмуҳаммадхони Хоразмӣ (1603 – 64) дар боби тиб. Дар нимаи а. 17 ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Асари мазкур аз муқаддима ва 4 қисм иборат буда, дар бораи хелҳои доруҳои содда ва мураккаб, усулҳои дарёфт, тайёр кардан ва истифодаи онҳо, тарзҳои умумии муолиҷаи бемориҳои гуногун, инчунин фикру андешаи олимони тиб ва ҳакимони машҳури Шарқ баҳс мекунад. «М.» дар асоси тибби халқӣ таълиф шуда, осонфаҳм аст. Аз асари мазкур як нусха дар захираи дастнависҳои шарқии Ин-ти шарқшиносии АИ ӯзбекистон таҳти рақами 4701 маҳфуз мебошад.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …