Главная / Гуногун / МАМЛАКАТҲОИ НИМҶАЗИРАИ АРАБИСТОН (асрҳои XIX-XX)

МАМЛАКАТҲОИ НИМҶАЗИРАИ АРАБИСТОН (асрҳои XIX-XX)

Дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX барои дар Арабистон ҳукмрон шудан Туркия ва Англия дар байни худ мубориза мебурданд. Империяи Усмониён бошад, Яманро истило карда, дар Ҳиҷоз гарнизонҳояшро мустақар намуд. Солҳои 1900- 1908 дар ин ҷо роҳи оҳане сохта шуд, ки Мадинаро бо Димишқ пайваст. Ин роҳ дар шимолу шарқии Арабистон воситаи асосии робитаи гарнизонҳои туркӣ гардид.

arabiston

Англия соли 1871 ба шайхҳои нимҷазираи Қатар пуштибони (протекторат)-и худро эълон кард. Ҷавобан ба ин Мидҳатпошшо, ки ин вақт губернатори Ироқ буд, артиши Туркияро ба Қатар, Алхоса ва Кувайт равон кард. Ин вилоятҳо, ки қад-қади соҳилҳои халиҷи Форс воқеъ буданд, округи нави империяи Усмониён – санчаки Наҷдро ташкил намуданд. Ба номи давлати Ваҳҳобиён рост омадани номи ин санчак шаҳодати он аст, ки Туркия мехост навоҳии дохилии Арабистонро ба мулкҳои худ ҳамроҳ кунад. Соли 1872 туркҳо ба Яман экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда, онро ба яке аз вилоятҳои империяи Усмониён табдил доданд.

Солҳои 80-ум Англия кӯшиш мекард, ки мавқеи худро дар ҷануби Арабистон ҳам мустаҳкам кунад. Ба вай муяссар гардид, ки султону шайхҳои Хадрамаутро паси ҳам маҷбур созад, ки пуштибонии англисҳоро қабул кунанд. Дар миёнаҳои солҳои 90- ум англисҳо ҷазираи Сокотораро забт намуданд, инчунин дар халиҷи Форс минтақаи зерн таъсири худро васеъ карданд. Соли 1873 онҳо ба султонҳо ва шайхҳои Уммони Шартномавӣ шартномаҳои нави асоратоварро бор карда, соли 1880 бошад, бо шайхи Баҳрайн қарордод ба имзо расониданд. Ин қарордод бар зидди даъвои Туркияи Усмониён ва Эрон ба Баҳрайн буд. Созишномаи мазкур Баҳрайнро пурра ба Англия тобеъ кунонд.

Солҳои 90-уми асри XIX – аввали асри XX барои забти давлатҳои нимҷазираи Арабистон дар байни Туркия, Англия, Фаронса, Германия ва Русия рақобат аз нав қувват мегирад. Аз ин рақобат бештар Англия фоида дид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …