Главная / Ҷамъият / МАКТУБ БА  ҶАНОБИ ОЛӢ – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАКТУБ БА  ҶАНОБИ ОЛӢ – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат – Ҷаноби олӣ
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
аз номи маъюби гуруҳи якум (нобино)
Джураев Сироҷиддин
истиқоматкунандаи ноҳияи
Қабодиён, Ҷамоати «Тахти сангин»,
қишлоқи Садриддин Айнӣ, хонаи 17
 

Ба маълумоти Шумо бо мактуби худ муҳтарам Ҷаноби Олӣ мерасонам, ки ман маъюби гурҳи 1-ум – нобино ҳастам ки дар қишлоқи Садриддин Айнӣ (ҷамоати Тахти сангин) – ноҳияи Қабодиён бо ҳамсари худ ва 5 фарзанди ноболиғум зиндагӣ мекунем, ки онҳо аз синфи 5 то 11 мехонанд.

maktub-prezident

Дар 12-солагим (1994) аз падар маҳрум шудаам ва он солҳо додарҳоям бошанд боз аз ман ҳам хурдтар буданд. Як додарам мисли ман низ ба пурраги нобино аст. Рузғори манро 2 додари солими дигарам ба Руссия рафта ёрдам медиҳанд, ки барои онҳо ин хеле вазнин аст. Аз сабаби аз хурдиям дар нури чашм камбудӣ доштан мактаби миёнаро аз синфи 4-ум бас кардагиям. Ба ҳар ҳол ман устогиям мекунам ва рисқи ночиз бошадам меёбам.

Соҳиби хона лойи мебошам, ки бо ёрдами додарҳом ва хешу табору оилам 5 сол пеш сохта шудаст.

Ростша гуям фарзандонам аз сабаби набудани ҳавзи об дар ҳавлӣ ҳар рӯз дар кашондани об азоб мекашанд ва ин ба дарди миёну пойҳои онҳо сабаб шудаст.

Барои ҳамин аз шумо Ҷаноби оли бо мактуби худ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои сохтани ҳавзӣ об, ки тақрибан 1000 сомонӣ мешавад ёрӣ мепурсем ва умедворам ёрдам мекунед.

Бо эҳтиром,

Джураев Сироҷиддин

Якум июн 2012

Телефон: 98 ***553

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …