Главная / Ҷамъият / МАКРӮҲОТИ НАМОЗ

МАКРӮҲОТИ НАМОЗ

Амалҳои зерин намозро макруҳ менамояд:

  1. Дар вақти намоз безарурият ба тан ва либосҳо даст бурдан:
  2. Намоз гузоштан дар ҳолати наздик будан ба шикастани таҳорат.
  3. Ҳангоми намози бо ҷамоат танҳо хондани намоз, дар ҳолате, ки дар сафҳо ҷои Х0ЛӢ мавҷуд аст.
  4. Нагузоштани сутура, агар ҳангоми гузоштани намоз аз пеши намозхон эҳтимолияти гузаштани ҷондори зинда бошад:
  5. Нахондани тасбих ҳангоми рукуъ ва саҷда ё инки кам аз се маротиба хондан.
  6. Дар ракъати дуввум хондани сура ё ояте, ки аз рӯи ҷойгиршавӣ дар Қуръон аз сурае, ки дар ракъати аввал хонда шудааст, пеш аст. Масалан, дар ракати аввал сураи “Ихлос”-ро хонда, дар ракъати дуввум сураи “Кавсар”-ро хондани Ҷ0из нест.
  7. Ҳангоми намоз ба чизе такя намудан.
  8. Дар вақти хондани намоз ба рӯи каси дигар НИГ0Ҳ кардан.
  9. Дар вақти саҷда танҳо пешониро ба замин расонидан.
  10. Ҳангоми саҷда ба ҷои зонуҳо аввал дастҳоро ба замин расонидан.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …