Главная / Илм / МАҲСУЛОТИ ҚАННОДӣ

МАҲСУЛОТИ ҚАННОДӣ

kanodiМАҲСУЛОТИ ҚАННОДӣ, ғизоҳоеро гӯянд, ки дар онҳо миқдори қанд нисбатан зиёд буда, хушҳазманд. М. қ. вобаста ба ашёи хоми асосӣ қандин (карамел, конфет, шоколад, мармелад, ҳалво) ва ордӣ (кулчаҳои қандин, вафли, кекс, торт, пирожни) мешавад. Барои тайёр кардани М. қ. ба сифати ашёи хом қанд, шир, какао, сабзавоту мева, орд, шир, равған, мағз ва ҳамчун иловаҳо кислотаи хӯрокворӣ, моддаҳои рангбахш, ҷавҳар ва ғ. – ро истифода мебаранд.
Азбаски М. қ. ангиштоб, равған ва сафедаи бисёр дошта, серғизо ва болаззат аст, онро чун хӯрокворӣ, аз ҷумла барои кӯдакон, фаровон истифода мебаранд. Вале дар натиҷаи бисёр истеъмол кардани М. қ. вазни одам зиёд шуда, аҷаб нест, ки фарбеҳӣ ба амал ояд. Дар сурати кори ҷисмонӣ накардан (камҳаракатӣ), инчунин шахсони гирифтори атеросклероз бояд М. қ.-ро кам истеъмол кунанд. Духтурон ба беморони гирифтори амрози ҷигар, талхадон, роҳи талха, газаки ғадуди зери меъда, газаки рӯдаи ғафс, диабет ва амрози эндокринӣ, ки бо ихтилоли мубодилаи чарб мегузаранд, истеъмоли М. қ.-ро манъ менамоянд. Ба М. қ.-е, ки барои беморони диабети қандӣ таъин шудаанд, ба ивази қанд моддаҳои таъмашон ширин (ксилит, сорбит) илова карда мешавад.
Азбаски дар таркиби М. қ. витаминҳо зуд тағйир намеёбанд, ба аксари онҳо (бештар ба ғизои кӯдакон) настаран, қоти сиёҳ, афшураи сабзӣ илова мекунанд.
Бештари М. қ. бинобар камии намӣ ва зиёд будани миқдори қанд зуд вайрон намешаванд. Пирожни ва тортҳои кремдорро дар яхдон (ҳарор. 50) 6 соат ва М. қ.-и кремаш маскадорро (дар ҳамин ҳарорат) то 36 соат нигоҳ медоранд. Ҳангоми истеъмоли М. қ.-и кӯҳна заҳролуд шудан мумкин аст.
модари аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрумшуда ё прокурор фақат дар сурате аз нав барқарор карда метавонад, ки агар инро манфиати кӯдак талаб кунад. Агар кӯдакро дигар шахсон ба фарзандӣ қабул карда бошанд, ҳуқуқи падарию модарӣ аз нав барқарор карда намешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …