Главная / Илм / МАҲБАЛ

МАҲБАЛ

mahbalМАҲБАЛ (Vagina), узви таносули дохилии зан, ки дар кори мубошарат ва бордоршавӣ иштирок мекунад. М. як қисми роҳи таваллуд аст.
М.-и зан найчаи мушакҳояш чандир (дарозиаш 7 – 9, диаметраш 2 – 3 см) мебошад. Он дар коси хурд байни роҳи пешобгузар ва масона (пешобдон) аз пеш, ҳамчунин рӯдаи рост аз пушт ҷой гирифтааст. Интиҳои М. гарданаи бачадонро фаро мегирад; ибтидои он дар назди даромадгоҳи фарҷ ҷой дорад (дар духтарон бо пардаи бакорат ҳамҳудуд мебошад). Байни девораҳои М. ва қисми маҳбалии гарданаи бачадон фурӯрафтагие мавҷуд аст – равоқҳои пеш, қафо (нисбатан чуқуртар аст) ва паҳлӯӣ. М. аз ҳар ҷониб бо насҷи наздимаҳбалӣ иҳота шудааст. Он тавассути артерияҳои бачадон, таносулии дохилӣ ва масона бо хун таъмин мегардад. Венаҳои сершумор дар атрофи М. чигили венавиро ба вуҷуд меоранд, ки хун аз он ба венаҳои тиҳигоҳи дохилӣ меравад. Иннерватсияи М. ба тавассути шохаи асабҳои чигили фавқи шикам, дохили кос ва ҳароммағзии чорбанд сурат мегирад.
Девораи М. аз се қабат иборат аст: луобӣ, мушакӣ ва бофтаҳои пайвандӣ. Луобпарда бо эпителияи паҳни серқабат фаро гирифта шудааст; эпителия мумкин аст шуға бандад, ки сабаби он синну сол, давраи ҳайз ва ҳомилагӣ мебошад. Дар синни таваллуд дар миёнаи давраи ҳайз эпителия нисбатан ғафс мебошад; ин ҳолат дар навзодон (бинобар таъсири гормонҳои эстрогении модар) низ ба мушоҳида мерасад. Дар ин давра дар ситоплазмаи ҳуҷайраҳои эпителия миқдори бештарини гликоген мушоҳида мешавад. Луобпардаи М. ғадуд надорад.
М. бинобар кашиш ёфтани мушакҳои худ ва мушакҳои қаъри кос шакл, диаметр ва умқашро тағйир медиҳад. Дар вақти ангезиш ёфтани ҳисси шаҳвонӣ М. пурхун ва луобнок гашта, дарозтар мешавад. Луобпарда плазмаи нутфаро ҷаббида мегирад. Дар давраи ҳомилагӣ бинобар гипертрофия ва гиперплазияи унсурҳои мушакҳо ва бофтаҳои пайвандӣ М. васеъ ва дароз мешавад. Дар вақти зодан М. сахт меёзад, тақр. баъди як ҳафтаи таваллуд андозаи М. хурд шудан мегирад, вале сӯрохи он нисбатан калон боқӣ мемонад.
Дар сӯрохи М. 0,5 – 1,5 мл моеъ мавҷуд аст, ки он усораи рагҳои хунгард ва лимфавӣ, ғадудҳои эндометрия ва луобпардаи роҳи гарданаи бачадон мебошад. Дар он ҳуҷайраҳои эпителияи маҳбал, бактерияҳои гуногун, ҳамчунин кислотаи шир (барои худро тоза кардани М. мусоидат мекунад) мавҷуд аст.
М.-ро ба воситаи ангушт, оинаи махсус, таҳқиқоти рентгенӣ (вагинография), ултрасадоӣ, колпоскопия ва ғ. муоина мекунанд.
Дар М. ноқисиҳои гуногун, бемориҳо, осебҳо, омосҳо ва ғ. дучор меоянд. Бемории нисбатан маъмули М. колпит аст. Дар луобпардаи М. мумкин оташак (ниг. Сифилис) ба вуҷуд ояд. Ба М. трихомонадаҳо, вирусҳо ва гонококкҳо низ сироят мекунанд.
Ниг. низ Узвҳои таносул, Фарҷ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …