Главная / Илм / МАХАОН

МАХАОН

nophotoМАХАОН (Machaon), дар асотири Юнони Қадим яке аз табибони машҳур. М. писари худои тиббу табобат Асклепий ва Эпиона, набераи Аполлон (чун худои шифобахш, пешгӯйӣ, хирад ва ҳомии санъат шӯҳрати беандоза дошт) ва бародарони Гигиея, Панакея ва Подалирия буд. Муҳаққиқон М.-ро чун ҷарроҳ ба қалам додаанд. Бино бар ривоятҳо М. дар Троя ҷангида, ҳангоми ҳарб захм бардоштааст. М. дар ҷанг ба ярадорон кумак мерасонд. Аз рӯи ривоятҳои асотирӣ М. яке аз размандагони машҳури он замон Филоктетро, ки Геракл дар дами марг тиру камонашро ба ӯ дода буд, табобат кардааст.
Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки М. аслан аз Ҷанубу Шарқи Осиё ва Африқои Марказӣ буда, аз он ҷойҳо бо роҳҳои мухталиф ба диг. манотиқ паҳн шудааст. Ба Аврупо он дар а. 5 – 3 то м. аз Юнон ва Финиқия ворид гаштааст. Дар интишори он ҷангҳои Искандари Мақдунӣ (а. 4 то м.) ва Помпей (а. 1), дертар тохтутозҳои салибдорон мусоидат кардаанд. Ба қитъаи Амрико М.-ро а.-ҳои 14 – 18 аврупоиён бурдаанд (аз ҷумла тавассути фурӯши ғуломони африқоӣ).
Осиёи Марказӣ минтақаи хосаи М. ба ҳисоб меравад. Миқдори беморон дар ҷумҳурии ӯзбекистон ва Қазоқистон зиёдтаранд. Дар Тоҷикистон М. бештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дучор меояд.
Барангезандаи М. микобактерия мебошад. Онро с. 1874 олими норвегӣ Г. А. Ханзен (1841 – 1912) кашф кардааст. Дар ҷойҳои осебдида ба ғайр аз микробҳои дорои ранги якхела навъҳои доначагӣ низ ба назар мерасанд.
Микобактерияҳои М. бо намуд, ҳаҷм, рангбардорӣ ва диг. хосиятҳояшон ба микобактерияҳои сил наздик мебошанд. Онҳо ҳог (спора) ҳосил намекунанд, қамчинак надоранд, граммусбат буда, рангҳои гуногуни анилинӣ ва люминнестсентӣ ба вуҷуд меоранд.
Таъсири тӯлонии нури офтоб, маҳлули формалин, дорувориҳои зидди ҷузом ба сустиву маҳви микобактерияи М. боис мегарданд.
Таснифоти ҳозираи М., ки дар Ҷаласаи Х байналмилалии махавшиносон (Берген, 1973) қабул шудааст, аз тарафи Ридли-Ҷонлинг с. 1966 пешниҳод шуда буд. Он дар асоси таснифоти мадридии М. таҳия ёфтааст. Бартарии таснифот дар он аст, ки хел ва ҷараёни М. дар асоси нишондодҳои масунӣ, гистологӣ ва бактериологӣ муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи ин таснифот хелҳои қутбӣ ва марзии М. мавҷуданд: а) М.-и силпӯстнамои қутбӣ; б) М.-и марзии силпӯстнамо; в) М.-и марзӣ; г) М.-и марзии ҷузомпӯстӣ; д) М.-и пӯстҷузомии қутбӣ.
Барангезандаи М. ба бадан аз ҷойи пӯсти осебдида ва луобпардаи бинӣ ворид шуда, ба тавассути торҳои асаб, рагу гиреҳҳои лимфавӣ ва хун ба тамоми бадан паҳн мегардад. Агар қобилияти муҳофизии организм баланд бошад, барангезанда мефавтад ё тағйир меёбад. Дар ин сурат М. метавонад бидуни нишона падид ояд.
М.-и силпӯстнамои қутбӣ дар шахсоне дида мешавад, ки қобилияти худмуҳофизии организми онҳо баланд аст. Ин навъи М., одатан, сабук мегузарад. Агар қобилияти муҳофизии организм паст бошад, навъи вазнину шадиди М. – ҷузоми лемпроматозии қутбӣ пайдо мешавад. Шахсони қобилияти муҳофизии организмашон номуайян ба М.-и марзӣ гирифтор мешаванд.
Аломатҳои аввалини беморӣ баъди 4 – 6 соли сироят, баъзан дертар пайдо шуда, одатан, номаълум ё бо беҳолӣ ва таб оғоз меёбанд. Минбаъд дар пӯст доғҳои сафедтоб ё сурх пайдо мешаванд (ин ҷойҳои пӯст ба гармӣ ва хунукӣ ноҳассос буда, дард ва ламсро ҳис намекунанд). Тадриҷан пӯст сахт шуда, уқдаю решҳо ба вуҷуд меоянд. Дар аснои табобат накардани М. абрӯвон рехта, нармаи гӯш калон мешавад, бинӣ фурӯ меравад, чеҳра тағйир меёбад, чашм беқувват (ба дараҷаи нобиноӣ) мегардад, овоз хиррӣ шуда, нафастангӣ, иллати узвҳои дарунӣ, фалаҷ ба вуҷуд меояд, дасту по дард мекунад.
Табобати М. тӯлонӣ – аз чанд моҳ то чанд сол (вобаста ба оғози табобат) аст. Дар аввал маризонро ба муассисаи махсуси табобатӣ (махавхонаҳо) ҷойгир карда, дар он ҷо онҳоро нафақат муолиҷа, балки мувофиқи қобилият ба меҳнат низ ҷалб менамоянд. Табобати босамар нишон медиҳад, ки чунин маризонро дар шароити хона ҳам муолиҷа метавон кард.
Бемороне, ки барои табобати минбаъдаи амбулаторӣ аз махавхонаҳо ҷавоб мешаванд, барои атрофиён хавф надоранд ва дар байни одамон меҳнату зиндагӣ карда метавонанд.
Барои пешгирии беморӣ тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳифзи саломатӣ хеле муҳиманд. Риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ба таъбири А. Ганзен «тозагӣ ва собун беҳтарин роҳи пешгирии махав мебошанд». Бемор бояд ҷойхоби ҷудогона, асбобу анҷом ва хӯрокии худро дошта бошад, бо диққат шустушӯй кунад, решҳои ҷузомиро мунтазам бандад ва табобат намояд.
Дар шароити ҳозира дар бисёр давлатҳо махавхонаҳо мавҷуданд, ки беморонро ба табобат фаро мегиранд. Дар баъзе мамлакатҳо (Англия, Фаронса ва ғ.) муассисаҳои махсус вуҷуд надоранд ва маризон дар бемористони касалиҳои сироятӣ табобат меёбад.
Аҳамияти моякӯбӣ (ВВС) дар пешгирии махсуси М. исбот нашудааст, аммо аз сабаби набудани роҳҳои дигар, истифодаи он дар минтақаҳои хосаи ин беморӣ қобили қабул мебошад. Ашхосеро, ки бо маризон тамоси тӯлонӣ доранд, бо табобати пешгирӣ фаро мегиранд. Табобат бо як даво аз 6 моҳ то 3 сол давом мекунад. Сокинони минтақаҳои хоси беморӣ мунтазам аз назар гузаронда мешаванд.
Аъзои оилаи беморон зери назорат мебошанд. Муоянаи тиббиро дар мавридҳои лозим ба тариқи озмоишӣ дар ҳар 2 моҳ 2 маротиба гузарондан лозим аст. Назорати тиббӣ дар мамолики гуногун аз 3 то 10 сол идома меёбад.
Кӯдакони М.-и модарзодиро то синни 2 –3-солагӣ бо модар мемонанд. Баъди 3-солагӣ онҳоро то шифо ёфтани модар ба кӯдакистонҳо месупоранд. Корҳои беҳдоштиву таълимиро дар байни беморон ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин аҳолӣ алоҳида ба роҳ мондан лозим аст.
Маълумоти дуруст дар бораи М., пешгирӣ ва саривақт табобат кардани он, ҳамчунин баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ барои бартараф кардани тарсу ваҳм аз М., самарабахшии муборизаи зидди он аҳамияти калон дорад.
Ад.: Қосимов А. М., Особенности эпидемиологии, клинического течения, эффективности терапии, профилактики и прогноза лепры в Республике Таджикистан. Здравоохранение Таджикистана, 2002, № 4; ҳамон муаллиф, Лепра в Таджикистане, Д., 2005; ҳамон муаллиф, К вопросу истории лепры в Таджикистане, Астрахан, 2008.

А. М. Қосимов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …