Главная / Илм / МАҒЗИ ДАРОЗРӯЯ

МАҒЗИ ДАРОЗРӯЯ

magzi-darozruyaМАҒЗИ ДАРОЗРӯЯ (Medulla oblongata), давоми ҳароммағз дар косахонаи сар; дар байни майнаи қафо ва ҳароммағз ҷойгир аст. Аз ядрои М. д. асабҳои ҷумҷумаю мағзии забону ҳалқ, гумроҳ, изофагӣ ва зери забон ибтидо меёбанд. Ба тавасути М. д. рагҳое мегузаранд, ки импулсҳоро аз ҳароммағз ба мағзи сар ва аз мағзи сар ба ҳароммағз интиқол медиҳанд. Яке аз роҳҳои муҳим роҳи аҳромӣ мебошад, ки бахши муҳаррикии қишри майнаро бо ҳуҷайраҳои муҳаррикии шохаҳои пеши ҳароммағз мепайвандад.
Ниг. низ Мағзи сар.
С.С. Қурбонов.
КЛ
Мағзи дарозрӯя (буриш аз паҳлӯ дар сатҳи зайтун). 1 – меъдачаи IV; 2 – ядрои қафои асаби гумроҳ; 3 – ядрои асаби мувозанат; 4 – ядрои роҳи тоқа; 5 – роҳи қафои ҳароммағзу майнача; 6 – ядрои роҳи ҳароммағзӣ; 7 – роҳи ҳароммағзии асаби сетора; 8 – ядрои асаби зери забон; 9 – ядрои зайтунӣ; 10 – зайтун; 11 – роҳи қишру ҳароммағзӣ (аҳромӣ); 12 – ҳалқаи мобайнӣ; 13 – асаби зери забон; 14 – торҳои камонии берунии пеш; 15 – ядрои дучанда; 16 – роҳҳои ҳароммағзу дӯнгии босира ва ҳароммағзу болопӯш;17 – асаби гумроҳ; 18 – роҳи ҳароммағзу майначагии пеш.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …