Главная / Илм / МАҒОР

МАҒОР

magorМАҒОР, пӯпанак, карра, гарди тибит ё махмалинест дар растанӣ, хӯрокворӣ, баъзан ҳайвонот ва ғ., ки аз спора гузоштани пӯпанак – аскомисетҳо, фикомисетҳо ва занбӯруғҳои дараҷаи паст ҳосил мешавад. Риштаҳои занбӯруғӣ (митселияҳо) субстратро сӯрох ва ферментҳои махсус ҷудо намуда, онро вайрон месозанд. М. ба хоҷагии халқ зарари калони иқтисодӣ мерасонад, маҳсулоти хӯрокӣ (орд, нон, консерв, гӯшт, меваю сабзавот, пиво, квас, афшураи меваҷот, хӯроки ҳайвонот ва ғ.)-ро вайрон ва растаниро касал мекунад. М.-ро аз фикомисетҳо, махсусан намудҳои пӯпанак (Mucor) ва ризопус (Rhizopus) бештар ба вуҷуд меоранд . Аз занбӯруғҳои халтадор (аскомисетҳо) намуди Calonectria graminicola М.-и сафед (дар гандум, сулӣ, алафҳои думи рӯбоҳ, нармак ва ғ.) ва намудҳои гуногуни пенитсиллҳо ва аспергилҳо М.-и кабуду сабзранг (дар меваю сабзавоти хӯрокӣ) ҳосил мекунанд. Пӯпанакзанбӯруғҳо боиси пайдоиши касалиҳои гуногуни растанӣ мешаванд. Баъзеи онҳо моддаҳои заҳрнок ҷудо мекунанд ва сабаби заҳролудии одаму ҳайвон мегарданд. Баъзеи пӯпанакзанбӯруғҳо дар пӯсту узвҳои дарунии одаму ҳайвон паразитӣ мекунанд (ниг. Микозҳо). Як қатор пӯпанакзанбӯруғҳо маҳз барои дараҷаи баланди фаъолияти ферментиашон дар саноат истифода мешаванд. Мас., занбӯруғи Aspergillus oryzae (дар Япония) барои ҳосил кардани шароби биринҷ, A. niger дар истеҳсоли ҷавҳари лиму, Penicillium roguefortii ва P. Camemhertii барои тайёр кардани панири рокфор, камамбер истифода мешавад. Пенитсиллҳо ва занбӯруғҳои диг. дар саноати дорусозӣ манбаи истеҳсоли пенитсиллин ва диг. антибиотикҳо мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …