Главная / Илм / МАГНИТОТЕРАПИЯ

МАГНИТОТЕРАПИЯ

magnitoterapiyaМАГНИТОТЕРАПИЯ (Magnetotherapia), яке аз усулҳои физиотерапия. Бо мақсади табобат майдони магнитии баланд ё пастбасомад, импулсӣ ё ғайримуттасил кор фармуда мешавад. Майдони магнитӣ ба фаъолияти силсилаи асабҳои вегетативӣ таъсири мусоид дорад. Он ҳассосияти дастгоҳи ретсепторӣ ва асабҳои канориро кам карда, ҳамин тавр таъсири бедардгардонӣ мерасонад; вай ҳамчунин танзими нейрорефлексии фаъолияти узву системаҳои гуногуни организмро беҳтар менамояд. Дар натиҷаи таъсири майдони магнитӣ ташаннуҷ рафъ, рагҳо васеъ мешаванд, фишори хун мефарояд. М. дар баъзе мавридҳо таъсири ҷузъии зиддиилтиҳобӣ низ мерасонад. Зери таъсири майдони магнитӣ ҷараёни таҷдиди бофтаҳои захм ва шикастагии устухон авҷ мегирад. М. дар аснои моил будан ба хунравӣ, брадикардия, ихтилоли шадиди хунгардиши майна ва иклилӣ, бемориҳои фасодноки шадид, инчунин омосҳои бадфарҷом зарар дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …