Главная / Маданият ва санъат / МАДАНИЯТИ ТОҶИКОН ДАР АСРҲОИ ХVII–ХVIII

МАДАНИЯТИ ТОҶИКОН ДАР АСРҲОИ ХVII–ХVIII

tojikon-660x330

Хусусиятҳои ҳаёти хоҷагӣ ва иҷтимоию иқтисодии асрҳои ХVII–ХVIII ба соҳаи меъморӣ низ нақши маълуме гузошт. Нуфуз, ҳокимият ва сарвати табақаҳои фавқонии тоифаҳои ӯзбек, алалхусус амирон торафт афзунтар мегардид. Шаҳрҳо ва вилоятҳои тамом гоҳе амалан дар ихтиёри онҳо қарор мегирифтанд. Пули барои сохтмон лозим дар дасти ҳамин амирони қабилавии ӯзбек буд ва онҳо бо василаи анъанавӣ мехостанд шӯҳрат ёбанд ва номи худро ҷовидонӣ гардонанд.

Яке аз ҳамин қабил аҳли кибор Ялангтушбӣ дар Регистони Самарқанд сохтмони бузургеро вусъат дод ва ҳамон маҷмӯи имороти муҷаллалеро, ки то имрӯз боқист, ба вуҷуд овард. Дар рӯбарӯи мадрасаи Улуғбек (дар он ҷое, ки пештар хонақои Улуғбек мавҷуд буд) бо амри ӯ меъмори номӣ Абдулҷаббор мадрасаи нав бино кард. Дар пештоқи даромадгоҳи ин мадраса сурати даррандаи ба ғизол ҳамлакунанда тасвир ёфтааст ва аз ҳамин сабаб онро мадрасаи Шердор номидаанд. Рӯи мадрасаи Шердор айнан нусхаи рӯи мадрасаи Улуғбек аст: дар марказ – сардар, дар гӯшаҳо – манораҳои рост, аз байни дарвоза ва манораҳо гунбазҳои теғадор ба назар менамоянд, ки дар болои ду дарсхона сохта шудаанд. Лекин дар ҷузъиёти тарҳи бино ва ороишоти он навиҳои зиёде мушоҳида мешавад.

Баъдтар Ялангтушбӣ аз тарафи севуми майдон боз як иморати дигар андохт. Чун дар ороишоти ин бино тиллои бисёре истифода шудааст, онро Тиллокорӣ номидаанд. Ин биноест, ки мадрасаву масҷид дар як ҷо сохта шудаанд: дар се тарафи ҳавлӣ ҳуҷраҳо ва дар тарафи чорум масҷид воқеъ гардидааст (иморати марказии гунбазнок ва ду айвони серқубба низ дар ҳамин қисмат ҷо гирифтааст).

ҳамин тариқа, майдоне ба вуҷуд омадааст, ки як тарафаш кушоду се тарафаш бо се бинои мӯҳташами хушнамо зинат ёфтааст.

Дигар аз ёдгориҳои меъмории асри ХVII маҷмӯи иморатест, ки дар Бухоро воқеъ гардидааст. Яке аз, қисматҳои муҳимми ин ансамбли меъморӣ ҳавзи калон мебошад ва аз ин рӯ вай бо номи Лабиҳавз машҳур аст. Аввалин иморати ин маҷмӯъ–мадрасаи Кӯкалтош ҳанӯз дар асри ХVI сохта шуда буд. Дар асри ХVII яке амалдорони олимақоми он замон Надир-девонбегӣ фармуд, ки ҳавз, мадраса ва хонақоҳчае созанд. Ин ансамбли меъморӣ он қадар мутаносиб ва мутавозин нест, чунон ки дар маҷмӯи имороти Регистони Самарқанд метавон дид. Вай ҳамчунин ба худ шакли том нагирифтааст. Намуди он чунин аст: намои пурҳашами мадрасаи асри ХVI рӯ ба майдон буда, дар як тарафи ин майдон мадрасаи на он қадар калони Надир-девонбегӣ ва дар тарафи дигари он Лабиҳавз ва дар паси Лабиҳавз хонақои хурд воқеанд. Мадраса ва ҳавз бо ин хонақо мувозана надоштанд ва ҳамчунин бо мадрасаи асри ХVI мувофиқат намекарданд. Ин ансамбли меъморӣ аз таносуб ва тавозуни қисматбандӣ маҳрум буда, меъмор дар бунёди он на завқе ва на табъе аз худ зоҳир накардааст. Бинокориҳои асри ХVII низ ба сари худ ягон ҷиҳати қобили таваҷҷӯҳе надоранд.

Дигар ансамбли меъмории дар асри ХVII биноёфтаи Бухоро бисёр муҳим ва ҷолиб мебошад. Ин ду мадрасаест, ки муқобили якдигар воқеъ гардидаанд: яке мадрасаи Улуғбек, ки дар асри ХV сохта шудааст ва дигаре мадрасаи Абдулазизхон, ки аз ёдгориҳои меъмории асри ХVII ба шумор меравад. Дар байни ин ду иморат хеле шабоҳат мавҷуд аст, аммо тафриқаи онҳо боз бештар мебошад. Таносуби рӯи иморати мадрасаи Улуғбек ба ҳадди комил расида, ороишоти он сода ва дар айни замон хеле нафис аст. Аммо дар намои мадрасаи Абдулазизхон асаре аз таносуб мавҷуд нест, даромадгоҳаш ниҳоят дароз, канораҳои рӯи иморат, баръакс, бисёр ғафсанд. Ороиши он бағоят бодабдаба ва пуркарруфар мебошад.

Агар дар бораи асри ХVII ҳамчун яке аз марҳилаҳои инкишофи санъати меъмории Осиёи Миёна сухан ба миён ояд, ин, беш аз ҳама, ба ороишоти биноҳо дахл менамояд. Ороишгарони асри ХVII анъанаи ду қарни пешинаро давом дода, баъзан муваффақиятҳои муайяни эҷодӣ ба даст меоварданд. Алалхусус, комёбии устодони кандакории рӯи гаҷ ба назар намоёнтар буд. Шӯшаҳои гаҷии мадрасаи Абдулазизхон бо мураккабӣ, инчунин зарофат ва нафосати худ касро дар ҳайрат мегузорад. Дар ороиши иморатҳо аз ҳунари хотамкорӣ ва кошинкорӣ ба таври васеъ истифода мекарданд. Нақшҳо пурпечухам ва сарбаста, гаммаи рангҳо назар ба асрҳои ХV–ХVI дурушт ва хашинтар мебаромаданд, рангҳои зард ва сабз, ки ба таври фаровон кор фармуда шудаанд, онҳоро аз ҳад зиёд рангин менамуданд.

Аз нусхаҳои хаттии асри ХVII, ки бо минётурҳои рассомони Осиёи Миёна зинат ёфтаанд, миқдори хеле кам то замони мо расидааст. Вале аз ҳамин намунаҳои кам низ маълум мегардад, ки анъанаи мактаби минётури осиёимиёнагии асри ХVI давом ва инкишофи босазои худро дар асри ХVII пайдо намудааст.[1] Хусусан, минётурҳое, ки «Зафарнома»-и Шарафиддини Яздиро зеб додаанд, бисёр хуб ва ҷолибанд. Ин нусха соли 1628 дар Самарқанд китобат шуда, 12 минётурро дар бар мегирад.[2] Минётурсози забардасте дар саҳнаҳои размӣ бо як маҳорати ҳайратангез тавонистааст миқдори зиёди симоҳои одамиро ҷо диҳад, ки ҳар яки он боз ба назар зинда ва дар ҷунбишу ҳаракат намудор мешавад. Масалан, дар сурате, ки ҳиротро муҳосира кардани Темур тасвир ёфтааст, 23 андоми одамӣ ва 18 асп мавҷуд аст. Дар минётури дигар, ки лашкар кашидани Темур бар зидди хони Олтинӯрда — Тӯхтамиш тасвир шудааст, 20 кас ҷанг мекунад. Саҳнаи базми Темур низ пуродам аст: дар ин ҷо аҳли кибор, сипоҳиён, мутрибон, ҳофизон, ровиён ва соқиёнро метавон дид. Саҳнаҳо хеле зебо ва хушранг офарида шудаанд.

Дар асри ХVII санъати портрет ҳам аз тараққӣ бознамонд. Чунончи, тасвири фасеҳи Имомқулихон, ки соли 1642 кашида шудааст, ба ин далолат мекунад.[3]

Вазъияти даври баъдина ба пешрафти бинокорӣ, меъморӣ ва санъат ягон қадар мусоидат накард. Нимаи аввали асри ХVIII давраи харобии иқтисодӣ, хуруҷи ҷангҳои дохилӣ, ба вайронӣ рӯ овардани шаҳру деҳот, сар задани шӯришҳои халқӣ, дубора авҷ гирифтани тохтутози хевагиҳо, ҳуҷуми тоифаҳои бодиянишин ва қӯшунҳои аҷнабӣ буд. Дар ин вақт, махсусан, ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр ва вилояти Балх зарар диданд. Дар натиҷаи ба ҳар тараф фирор кардани аҳолӣ чунин марказҳои маданӣ, монанди Бухоро ва Самарқанд беодам монданд. Табиист, ки аз ин замони ошуфта ва тира ҳеҷ як ёдгории муҳимми меъморӣ ва ҳунарӣ боқӣ намондааст.

Адабиёти бадеии тоҷик ва солномаҳои таърихии
асри ХVII – ибтидои асри ХVIII

Дар аҳди Ҷониён ду маркази адабӣ вуҷуд дошт, ки яке Бухоро ва дигаре Балх буд. Дар ин давра адабиёти тоҷик назар ба асри ХVI бештар ба тараққӣ рӯ ниҳод. Лекин дар замони Субҳонқулихон шароит ба дараҷае сахт гардид, ки ҳатто як идда шоирони дарбор ватани худро тарк намуда, ба ҳиндустон ҳиҷрат карданд.

Дар сурате ки адабиёти дарборӣ ва расмии тасаввуфӣ ҳолати таназзулро аз сар мегузаронид, дар доираҳои ғайрирасмӣ, махсусан дар байни пешаварони шаҳр назми рӯҳан ба муҳити халқ наздик тараққӣ карда, мисли Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Муллообиди Мумтоз ва, хусусан, Миробид Сайидои Насафӣ шоирони забардаст ба камол расиданд, ки маҳсули адабии онон бештар ба ҳаёти табақаҳои истеҳсолкунандаи мамлакат алоқаманд буд.

Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ соли 1657 дар маҳаллаи Зардӯзони Самарқанд таваллуд ёфтааст. ҳамаи хешу ақрабои ӯ дар касби зардӯзӣ маҳорати комил доштанд ва худи ӯ ҳам ин пешаро ба хубӣ азхуд карда буд. Фитрат дар соли 1685 ба Бухоро рафта, дар мадрасаи он ҷо таҳсил мекунад. Рӯзгори ӯ ба сахтӣ ва машаққат мегузашт. Мӯҳтоҷӣ ва тангдастӣ ӯро маҷбур намуд, ки ҳавлиашро фурӯшад. Харидор, ки шахси давлатманде буд, ӯро фиреб дода, ҳавлиро бо нархи хеле арзон соҳиб гардид. Шоир ба ин ваҷҳ дар бораи вай як шеъри ҳаҷвӣ навишта, бо ҳамин васила қасос гирифт. Фитрат дар аввалҳои асри ХVIII вафот кардааст.

Соҳибони тазкира ӯро устоди ҳам назм ва ҳам наср донистаанд. Аз мероси адабии ӯ маснавии «Толиб ва Матлуб», як ҳаҷвия ва чанд ғазал дар дастраси мост. Девони ӯ то ҳол пайдо нашудааст.

Сайидои Насафӣ (ваф. байни солҳои 1707–1711) бузургтарин шоири ин давра аст. Дар замони ҳукмронии Абдулазизхон, Субҳонқулихон ва Убайдуллохон ҳаёт ба сар бурда, рӯзҳои тира ва мудҳишеро, ки истибдоди феодалӣ ба сари оммаи заҳматкаш оварда буд, бо чашми худ дидааст.

Сайидо дар давраи аввали эҷодиёти худ зоҳиран бо мақсади пайдо кардани сарпараст ва мураббие бо баъзе намояндагони табақаи ҳоким ва бо муҳити одамони дарбор наздик шуд ва таъсири ҳамин муҳит буд, ки чанд қасидаи худро ба Абдулазиз ва Субҳонқулихон бахшид. Аммо, вақте ки вай аз тамоми фисқу фуҷури дарбор ва разолати аҳли он воқиф шуд, ҳар чӣ зудтар худро аз муоширати ин тоифа дур кашид:

Қадам аз кӯчаи арбоби давлат кӯтаҳ авлотар,

Ки аз ҳар нақши пои ман барояд чашмаи хуне.

Сайидо халқи худро бисёр дӯст медошт. Ӯ на фақат бо маҳсули адабии худ, балки шахсан ҳам афтодагон ва мазлумони бечораи ватанашро то метавонист ҳимоят мекард:

ҳар куҷо афтодае бинам ба сар ҷо медиҳам,

Хори ин саҳро гули рӯи сабад бошад маро.

Сайидо қасидаҳои худро на ин ки ба подшоҳон ва аъёну ашроф, балки ба камбағалон, пешаварон ва деҳқонон бахшида, ҳаёти ин гурӯҳи аҳолиро хеле хуб тасвир кардааст. Қасидаҳое, ки ӯ дар тавсифи нонвой, наққош ва ғ. навиштааст, аз ҳамин қабиланд. Дар байни асарҳои ӯ мавқеи муҳимро «Баҳориёт» («ҳайвонотнома») ишғол мекунад. Шоир дар ин асари худ дар тимсоли ҳайвонот симои намояндагони табақаҳои мухталифи ҷамъияти феодалиро тасвир намуда, чунин ақидаеро пеш меронад, ки одамони меҳнатӣ агарчи дар назар чун мӯрчагон ба зери по афтодаанд, дар амал аз ҳама болотаранд ва агар онҳо иттифоқ кунанд, қавитарин душманро ҳам мағлуб карда метавонанд.

Сайидо дар як силсила шеърҳои худ харобии шаҳру деҳот, маҳрумият ва азоби бекарони аҳолиро дар аҳди Субҳонқулихон – даврае, ки, аз як тараф, муфлисӣ ва бенавоӣ зиёд шуда, аз тарафи дигар, сарвати синфи ҳукмрон беш аз пеш меафзуд, нишон додааст, чунон ки ӯ менависад:

Фалак ба қомати пири хамида мемонад,

Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад…

Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хӯрданд,

Сари сипеҳр ба нори макида мемонад.

Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор

Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.[4]

Умуман, Сайидои Насафӣ дар давлати хонии Бухоро нахустин шоирест, ки ошкоро ба ҳимояти аҳли меҳнат бархоста, сохти феодалиро сахт танқид кардааст. Ӯ  ҳамчун шоири соҳибистеъдод, ифодакунандаи орзуву омоли табақаҳои меҳнатии аҳолӣ, хусусан ҳунармандон баромад кардааст. Аҳли меҳнат ва баёни кайфияти он дар эҷодиёти ӯ мақоми марказӣ дорад. Сайидо дар ифодаи ақидаҳои пешқадами иҷтимоӣ ва таблиғи ғояҳои инсониятпарварона аз муосирони худ хеле пеш гузаштааст. Дар шеърҳояш халқи меҳнаткашро ситоиш карда, бартарии онро аз дигар табақаҳои ҷамъият таъкид менамуд, бо ҷасорати тамом изҳор мекард, ки иқтидори аҳли меҳнат дар иттиҳод аст, синфи ҳокимро ба ҷаҳолат ва бераҳмӣ гунаҳгор карда, ба зери тозиёнаи сахт мегирифт.

Сайидо дар мавзӯъ ва шакли шеър баробари давом додани беҳтарин анъа-наҳои гузаштагони худ, бисёр навиҳо овард. Дар ғазалҳояш ҳокимони золимро сарзаниш ва вайрониҳои мулкро бо дарду алам тасвир намуда, доираи мавзӯоти ин жанри анъанавиро хеле васеъ гардонид. Мавзӯъҳои қасидаро низ тағйир дод ва дар васфи ҳунармандон қасидаҳо офарид. «Баҳориёт»-и ӯро метавон шакли нави назми дидактикӣ ҳисоб кард. Дар адабиёти пас аз асри ХVI ба тавассути эҷодиёти Сайидо жанри «шаҳрошӯб» равнақи тоза ёфт. Шоир дар эҷоди худ ташбеҳу истиораҳои нав, образҳои фолклорӣ ва таъбирҳои пуробуранги халқиро ба кор бурда, ганҷинаи воситаҳои тасвири бадеии назми тоҷикро ғанитар сохт.

Ғояҳои тасаввуфӣ ба эҷодиёти Сайидо як дараҷа таъсири манфӣ расонидаанд. Дар шеърҳои ӯ асари сабки мураккаби ҳиндиро ҳам метавон эҳсос намуд, лекин истифодаи шоир аз ин сабк бештар характери эҷодӣ дошт.

Аксари шоирони гузашта ба нигаҳ доштани меъёри дахлнопазири забони адабиёти классикӣ саъй менамуданд. Пас аз воқеаҳои сиёсии ибтидои асри ХVI, пайдоиши ҷудоӣ ва дурӣ дар байни Эрону Мовароуннаҳр ҳифзи ягонагии забон моҳияти пешинаи худро аз даст дод. Сайидо инро дарк карда, бо ҷуръати тамом анъанаи қадимаро шикаст ва ба назм калимаҳои оммафаҳми забони гуфтугӯии модариашро дохил намуд. Забони офаридаҳои ӯ ба забони адабии ҳозираи тоҷик бисёр наздик аст.[5]

Асри ХVII дар баробари расонидани ин қабил намояндагони бузурги адабиёт аз таърихнависон низ холӣ набуд. Маҳмуд ибни Валӣ яке аз таърихнависони барҷастаи ин давра мебошад. Асари ӯ «Баҳр-ул-асрор фӣ маноқиб-ул-ахбор» як навъ энсиклопедияест, ки аз чор ҷилд фароҳам омада, қисмати таърихии он воқеаҳои давраи аз Чингизхон то Ҷониёнро дар бар мегирад.

Дигар асари муҳимме, ки дар ин давра таълиф ёфтааст, «Таърихи Сайид Роқим» мебошад. Ин асар агарчанде воқеаҳои таърихиро бо як тартиби муайян тасвир намекунад, лекин дар бораи одамони машҳур, дар хусуси бинокорӣ ва осори адабии замони Темур ва давраҳои баъдина то асри ХVIII маълумоти хеле пурқимат медиҳад.

ҳамчунин асари Муҳаммадамини Яроқчӣ «Муҳит-ут-таворих»-ро низ метавон дар қатори сарчашмаҳои муҳимми таърихии ин давра номбар кард. Муаллифи ин китоб шарҳи воқеаҳои таърихиро аз давраҳои қадим сар карда то нимаҳои асри ХVII оварда мерасонад ва дар аҳди салтанати Ҷониён (Аштархониён) ба таври муфассал таваққуф мекунад.

Аз таълифоти дигаре, ки дар ин давра ба вуҷуд омадааст, асари Муҳаммадюсуфи Муншӣ «Таърихи Муқимхонӣ» мебошад. Дар ин асар, асосан, таърихи давраи Ҷониён то соли 1704 тасвир ёфтааст. Ниҳоят, муҳимтарин асари таърихии ин давра «Убайдуллонома»-и Мирмуҳаммадамини Бухорист, ки комилан ба давраи ҳукмронии Убайдуллохон бахшида шуда, воқеоти солҳои 1702– 1711-ро фаро гирифтааст.

[1] Пугаченкова Г. А. ва Ремпель Л. И., 1965, с. 358–359; «Среднеазиатскее миниатюри ХVI–ХVII вв», М., 1964.

[2] Семёнов А. А., 1956, с. 3–16.

[3] Пугаченкова Г. А., ва Ремпель Л. И., 1965:, с. 360–361. Дар хусуси санъати мусиrӣ. ниг.: Семёнов А. А., 1946 а.

[4] Мирзоев А. М., 1954. с. 18.

[5] {амон ҷо, с. 159–162.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …