Главная / Гуногун / МАҲОРАТИ ЖУРНАЛИСТӢ

МАҲОРАТИ ЖУРНАЛИСТӢ

Донишгоњи миллии Тоҷикистон Факултети журналистика Кафедраи телевизион ва радиошунавонї

Барномаи таълимии фанни
“МАҲОРАТИ ЖУРНАЛИСТӢ”
(дар мавзӯи «БАРНОМАСОЗӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН»)
(барои донишҷўёни гурўњи телевизион ва радиошунавонӣ)

Душанбе – 2020

Барномаи таълимии фанни
“МАҲОРАТИ ЖУРНАЛИСТӢ”
(дар мавзӯи «БАРНОМАСОЗӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН»)
(барои донишҷўёни гурўњи телевизион ва радиошунавонӣ)

Барнома дар кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика мураттаб гардидааст.

Мураттиб:
САФАРОВА Моҳира Амиралиевна, номзади илмҳои филология

Муқарризон:
АЗИМОВ А.Х, доктори илмҳои филология, профессор
ҲАЙДАРОВ С.Б. номзади илмҳои филология, дотсент

Муњаррир:
ҲАМИДИЁН И. номзади илмҳои филология, дотсент

Барномаи таълимӣ барои курси махсус (дар мавзӯи «Барномасозӣ дар телевизион»), – Душанбе, 2020,……..сањ.

Барномаи таълимӣ барои донишҷўёни ихтисосҳои гуногуни факултети журналистикаи ДМТ, махсусан, гурӯҳи телевизон, ҳамчунин барои шуъбаҳо ва гурӯҳҳои ихтисосҳои журналистикаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ пешбинӣшудааст.

Шўрои илмию методии Донишгоњи миллии Тоҷикистон, протоколи №….. аз …. соли 2020 ба чоп тавсия намудааст.

МУҚАДДИМА
Барномаи таълимии фанни “Маҳорати журналистӣ” (дар мавзӯи “Барномасозӣ дар телевизион”) барои донишҷӯёни ихтисоси журналист, иттилоот ва робита, ки ба гурӯҳи телевизион шомиланд, зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад, зеро курси номбурда донишҷӯёнро пурра ба кори амалӣ ҷалб мекунад. Дар курси мазкур нозукиҳои кори телевизион, масъулияти аҳли гурӯҳ дар таҳияи барномаи телевизионӣ ба донишҷӯён омӯзонида мешавад.
Барнома бо назардошти ташаккули маҳорати касбии донишҷӯён ва инкишоф додани малакаи кори амалӣ дар телевизион таҳия гардида, журналистшавандагонро ба кори гурӯҳӣ омода месозад. Дар раванди курс ба донишҷӯ масъулияти тамоми аъзоёни гурӯҳ дар таҳияи барнома фаҳмонида мешавад. Ҳамчунин, донистани сохтори идории телевизион ва сохтори дохилии идораи эҷодӣ ва самти мавзӯю мундариҷаи идораҳо бо мақсади мушаххас кардани суроғаи идеяи барнома барои донишҷӯён шарт ва зарур аст.
Курси мазкур барои донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чорум, ки аллакай назарияи журналистика ва асосҳои фаъолияти телевизионро омӯхтаанд, пешбинӣ гардидааст, зеро курси мазкур пурра ҷанбаи амалӣ дорад.
Имрӯз журналист танҳо барандаи барнома ва ё нависандаи матн набуда, балки масъулияти ӯ фаротар рафтааст. Дар ҷое журналист коргардонӣ мекунад, дар ҷое продюсерӣ ва дар ҷое ӯро мебояд, то танзимгар бошад. Дар сурати доштани ин ҳунарҳо ва дарк кардани масъулияти бар дӯшдошта журналист метавонад дар бозори меҳнат харидори бештар пайдо кунад.
1. Мазмун ва мундариҷаи мухтасари фан
Дарси “Маҳорати журналистӣ” (Барномасозӣ дар телевизион) барои донишҷӯёни ихтисоси журналистика, иттилоот ва робита, ки ба гурӯҳи телевизион шомиланд, фанни заррурӣ мебошад. Он донишҷӯёнро бо сохтори дохилии телевизион ошно намуда, зарурати ҳамкории журналистро бо аҳли гурӯҳ дар сохтани барнома шарҳ медиҳад. Тавассути курси мазкур донишҷӯ дар бораи тамоми нозукиҳои кори телевизион маълумот гирифта, бо кори амалии телевизион шинос мегардад. Дарси мазкур бештар ҷанбаи амалӣ дорад ва аз студияи таълимии телевизион васеъ истифода карда мешавад. Дар раванди дарс донишҷӯён вазифаҳои мушаххас гирифта, дар дарсҳои амалӣ бевосита ба навиштани сенария, наворгирӣ, танзими навор машғул мешаванд ва ҳамчунин, дар ҳафтаи 14-15-ум барномаи мукаммали телевизионӣ, таҳия мекунанд.
2. Мақсади омӯзиши курс:
– водор намудани донишҷӯён ба дарёфт ва коркарди мавзӯъ ва идеяи барномаи тамошобоб;
 шинохт ва интихоби дурусти мусоҳиб барои барномаҳои гуногунмавзӯъ;
 навиштани матни телевизионӣ;
 шинохти аудиторияи худ;
 ҷалбсозии сарпарастон ба барнома;
 сарҷамъона кор карда тавонистан дар гурӯҳ;
 таҳрири матн;
 таҳияи барномаи муаллифӣ;
 муаррифии барномаи худ.
3. Вазифаҳои курс:
 шинос кардани донишҷӯён бо сохтори дохилии телевизион;
 маълумот додан дар бораи аҳли гурӯҳи эҷодии телевизион;
 фаҳмонидани вазифаи инфиродии кормандон ҳангоми таҳияи барномаи телевизионӣ;
 ба донишҷӯён фаҳмонидани мавқеи журналист дар вазифаҳои гуногун;
 нишон додани роҳҳои ҷолибсозии барнома ва серхаридор намудани онҳо;
 ба дарки донишҷӯён расонидани мавқеи журналисти универсалӣ.

Мундариҷаи фан

Мавзӯи 1. Мавқеи телевизион дар низоми ВАО
Мафҳуми телевизион. Аз таърихи ташаккули телевизион дар Тоҷикистон. Фаъолияти телевизионҳо дар замони имрӯз. Мавқеи телевизион дар системаи ВАО. Андешаи муҳаққиқон дар бораи ТВ. Махсусияти телевизион ҳамчун ВАО. Телевизион дастгоҳи тарғиботиву идеологӣ. Рақобати телевизион ва интернет. Имконоти интернет ва телевизион. Устувории телевизион дар рақобатҳои иттилоотӣ. Иттилои муғризона дар ВАО. Телевизиони ҳирфаӣ. Фароҳамии имконоти интеренет ба ТВ. Сомонаҳои расмии телевизионҳои Тоҷикистон. Таъсири телевизион ба ҷомеа.

Адабиёт:
1. Сафарова М.А. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе, 2018. – 172с
2. Саъдуллоев А. Наҷвои наҷотофарин. Маҷмӯаи мақолаҳо. – Душанбе, 2008. – 112с.
3. Саъдуллоев А., Шоев М. Асосњои журналистикаи телевизион. – Душанбе: Эҷод. 2010. – 112с.
4. Пронена Е.Е. Психология журналистского творчество. –М., 2006. -365 с.
5. Кузнецов Г.В.; Цвик В.А.; Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.
6. Ильченко С. Телевидение в эпоху интернета. – СПб., 2005. – 106с.
7. Муқимов Ҷ. Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ. – Душанбе, 2006. – 71с.

Савол:
1. Мавқеи телевизион дар фазои иттилоотии имрӯз чӣ гуна аст?
2. Интернет ба телевизион чӣ имконоте додааст?
3. Чӣ робитае миёни маводи мултимедӣ ва маводи телевизионӣ ҳаст?

Супориш:
1. Дар бораи яке аз телевизионҳои сартосарии давлатӣ маълумоти пурра диҳед.

Мавзӯи 2. Сохтори идории телевизион
Маълумот дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ. Сохторҳои кумита. Зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ. Телевизион ва сохтори он. Телевизиони Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсис. Сохтори телевизион дар замони имрӯз. Сохтори шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон. Мавзӯъ ва мундариҷаи барномаҳои телевизионҳои соҳавӣ. Шуъбаҳои техникӣ ва эҷодии телевизион. Масъулият ва уҳдадориҳои гурӯҳҳо ва шӯъбаҳо. Ҳамкорӣ миёни шӯъбаҳо. Мудирият. Идораҳои эҷодӣ. Ҳайати техникӣ. Тафовути идораҳо. Умумият дар кори идораҳо.

Адабиёт
1. Абдусалом Р. Телевизион оинаи зиндагист. – Душанбе, 2002. – 144с.
2. Хоҷазод С. Таърихи телевизиони Тоҷикистон. – Душанбе:Шуҷоиён, 2007. – 288с.
3. Эшматов З.Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон. –Душанбе, 2016. – 130с
4. Кузнецов Г.В.; Цвик В.А.; Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.

Савол:
1. Телевизиони Тоҷикистон кадом сол таъсис ёфтааст?
2. Вазифаҳои идораҳои техникиву эҷодии телевизионро шарҳ диҳед.

Супориш:
1. Рӯйхати роҳбарияти шабакаҳои сартосарии телевизиони Тоҷикистонро тартиб диҳед.
2. Мавзуъ ва мундариҷаи силсилабарномаҳои телевизиониро шарҳ диҳед (интихоби телевизион ихтиёрӣ аст).

Мавзӯи 3. Сохтори дохилии идораи эҷодии телевизион
Ҳайати гурӯҳи эҷодӣ. Вазифаи инфиродии гурӯҳ. Масъулияти сармуҳаррир. Муҳаррири варзида. Муҳаррир. Муҳаррири хурд. Муаллифи барномаҳо. Самти фаъолитяи идораҳои эҷодӣ. Раванди кор дар гурӯҳи эҷодӣ. Нозукиҳои кори эҷодии телевизион.

Адабиёт
1. Қудус Ҷ. Асосҳои журналистикаи телевизион. – Душанбе, 2008. – ….
2. Эшматов З.Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон. –Душанбе, 2016. – 130с
3. Джураев А.Телевидение. – Душанбе, 1979 – 88с.
4. Хоҷазод С. Таърихи телевизиони Тоҷикистон. – Душанбе, 2007. – 288с.
5. Гаймакова Б. Д., Макарова С. К., Новикова В. И. Мастерство эфирного выступления: Учеб. пособие. – М., 2004. – 283с.

Савол:
1. Ҳайати гурӯҳи эҷодиро дар телевизион киҳо ташкил мекунанд?
2. Кӣ метавонад муаллифи барнома бошад?

Супориш:
1. Пешниҳоди маълумот дар бораи яке аз идораҳои эҷодии телевизион (аз дилхоҳ телевизион)

Мавзӯи 4. Барномасозӣ дар телевизион
Намоиш дар телевизион. Барномаи телевизионӣ. Навъҳои барномаи телевизионӣ. Барномаи телевизионӣ дар қолаби жанрҳои муайян. Қадамҳои аввалин дар таҳияи барнома. Дарёфти мавзӯъ барои барнома. Нақшаи барнома. Шакли пешниҳоди он. Дурнамои барнома. Суроғаи мувофиқ барои пешниҳоди барнома. Мувофиқа бо роҳбарият. Дархост барои сабти барнома. Муайян намудани аҳли гурӯҳ. Сарпарасти барнома – муваффақияти муаллиф. Вазифаи гурӯҳи эҷодӣ дар таҳияи барнома. Ҳамкории аҳли эҷод бо кормандони техникӣ. Барномасозӣ-кори гурӯҳӣ.

Адабиёт
1. Давронов Д., Раҳмонова Ҷ.Ҷаҳони муосир: мавқеи симо ва садо. – Душанбе, 2012. – 156с.
2. Умарова Г. Бекзод Х. Ток-шоу дар телевизиони Тоҷикистон. Душанбе, 2009. – 250с.
3. Сафарова М.А. Сафарова М.А. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе, 2018. – 172с
4. Свик В. Телевизионная журналистика: история, теория, практика. – М., 2004. 382с.
5. Колесниченко А. Практическая журналистика. – М., 2010. – 192с.

Савол:
1. Барномасозӣ дар телевизион аз чӣ оғоз мегардад?
2. Нақшаи барнома барои чӣ лозим аст?

Супориш:
1. Таҳлили мавзӯӣ ва мундариҷавии яке аз барномаҳои телевизионӣ (аз дилхоҳ телевизион).

Мавзуи 5. Журналист ва аудитория
Шарҳи мафҳуми аудитория. Аз таърихи мафҳуми аудитория. Аудиторияи ВАО. Аудиторияи телевизион. Талаботи аудиторияи телевизион. Гурӯҳбандии аудитория. Аудиторияи мақсаднок. Аудиторияи тасодуфӣ. Аудиторияи муваққатӣ. Шинохти аудиторияи худ. Шинохти иҷтимоиву демографии аудитория. Портрети аудитория. Дарки шавқу рағбати аудиторя. Дарёфти аудиторияи доимӣ. Робита бо аудитория. Воситаҳои таъсиррасонӣ ба аудитория. Барномасозӣ бо хоҳиши аудитория. Савол аз номи аудитория ва ҷавоб дар барнома.

Адабиёт
1. Муродов М. Сотсиологияи журналистика (воситаи таълимӣ). – Душанбе: Истеъдод, 2016. – 208 с.
2. Сафарова М.А. Таъсири телевизион ба афкори умум. – Душанбе, 2018. – 172с.
3. Азимов А. Мањорати журналистии тањлилгари телевизион. – Душанбе: Шарқи озод, 2013. – 88 с.
4. Поберезникова Е. Телевидение взоимодействия: Интерактивное поле общения. – М., 2004. – 224с.

Савол:
1. Чӣ гуна аудиторияи мақсаднокро муайян кардан мумкин аст?
2. Муайян кардани портрети аудитория ба журналист чӣ лозим аст?

Супориш:
1. Дарёфти идеяи барнома ва сохтани портрети аудиторияи он.

Мавзуи 6. Матни телевизионӣ
Матни публитсистӣ. Махсусияти матн дар намудҳои гуногуни ВАО. Матн дар навъҳои электронии ахбор. Махсусияти матни телевизионӣ. Нозукиҳо ва мушкилоти матни телевизионӣ. Матн ва навор. Гузаштан аз баҳри матни нолозим. Таҳрири дурусти матн. Назари муҳаққиқон дар мавриди матни телевизионӣ. Драматургия дар матн. Равониву соддагӣ дар матн. Мафҳуми зиёд дар матни кӯтоҳ. Умумияту тафовути матни телевизионӣ ва матбуотӣ. Матни радиоӣ ва телевизионӣ. Матни ҳассос. Матни эътимоднок. Қаҳрамонсозӣ дар матн.

Адабиёт
1. Ким М.Н. Технология создания журналистского произведения. – СПб, 2002. – 103с.
2. Муродов М. Асосҳои эҷоди журналистӣ. – Душанбе, 2014. – 325с.
3. Лазутина Г.В. Основы творческой деятельности журналистики. – М., 2000.-
4. Гулов С. Амвоҷи сухан. – Душанбе, 2006
5. Кайда Л. Г. Эффективност публицистического текста. – М., 1984.
6. Корконосенко С.Г., Кашкарова Н.В. Журналист опрашвает аудиторию // Журналист и информация: учеб.пособие. – СПб, 1994

Савол:
1. Матни матбуот ва радиоро дар телевизион истифода бурда метавонем?
2. Махсусияти матни телевизионӣ дар чист?

Супориш:
1. Навиштани матни телевизионӣ
2. Табдили матни гузориши матбуотӣ ба гузориши телевизионӣ.

Мавзӯи 7. Сенарияи телевизионӣ
Аз таърихи сенария. Қолаби сенария. Нақшаи сенария. Баёни мақсад ва зикри далел, маҳал, санаду ҳуҷҷатҳо дар сенария. Сенарияи телевизионӣ. Сенария барои барномаҳои гуногун. Сенария дар шоу-барнома. Зарурати сенария барои журналист. Масъулияти гурӯҳ дар амалисозии сенария. Услуб ва нигоҳи журналист дар сенария. Маводи тасвиршаванда дар сенария. Таҳаввулот дар сенария ҳангоми сабт. Намоиш ва барномаҳои бидуни сенария. Истифодаи сенария дар барномаҳои имрӯзаи телевизионӣ. Муаллифи сенария. Ҳамкории муаллифи сенария бо дигар аъзои гурӯҳ.

Адабиёт
1. Саъдуллоев С., Шоев М. Асосҳои журналистикаи телевизион. Бахши дуввум бо тағйиру иловаҳо. – Душанбе, 2010. – 112с.
2. Давронов Д., Раҳмонова Ҷ. Ҷаҳони муосир:мавқеи симо ва садо. – Душанбе, 2012. – 156с.
3. Қудус Ҷ.Жанрҳои журналистикаи телевизион. – Душанбе, 2003. – 47с.
4. Вартанов А. С. На телевизионных подмостах. Актуальные проблемы телевизионного творчество. – М., 2003. – 320с.
5. Муъминҷонов З. Жанрҳои хабарии журналистикаи телевизион. – Душанбе, 2011. – 66с.

Савол:
1. Сенария барои чӣ лозим аст?
2. Дар кадом ҳолат журналист бидуни сенария амал мекунад?

Супориш:
1. Тартиб додани нақшаи лоиҳаи барномаи телевизионӣ
2. Навиштани сенарияи телевизионӣ дар жанр ва мавзуи дилхоҳ

Мавзӯи 8. Мусоҳиби хуб – муваффақияти журналист
Мусоҳиба – жанри серистифодатарин дар ВАО. Махсусияти жанри мусоҳиба. Ҳадафи мусоҳиба. Мусоҳиба усули ҷамъоварии мавод. Омодаги журналист ба мусоҳиба. Сӯҳбати қабл аз мусоҳиба. Шинохти мусоҳиб. Дарёфти коршинос. Тартиби саволи мувофиқ бо мавзӯъ. Одоби муошират. Эҳтироми мусоҳиб. Бурриши сухани мусоҳиб. Фазои мувофиқ барои мусоҳиба. Омодасозии мусоҳиб ба мусоҳиба. Усулҳои гирифтани ҷавоби дилхоҳ. Маҳорати сӯҳбатороӣ.

Адабиёт
1. Муқим Ҷ. Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он. – Душанбе: Озар,2013. – 160с.
2. Сафарова М. Таъсири телевизион ба афкори омма. Душанбе, 2019. -172с.
3. Усмонов И. Жанрҳои публитстика, 2009. – 139с.
4. Беленовский С.А. Глубокое интервью. – М., 2001
5. Мельник Г. Общения в журналистике. -СПб., 2008. -217с.
6. Лукина М. Технология интервью. – М.: Аспект Пресс, 2005. – 192 с.

Савол:
1. Чаро мусоҳиба жанри серистифодатарин дар телевизион ба ҳисоб меравад?
2. Шартҳои асосӣ барои ташкили мусоҳибаи телевизионӣ.

Супориш:
1. Дар атрофи мавзӯи мушаххас тартиб додани саволҳо ва сабти мусоҳибаи телевизионӣ дар СТТ.

Мавзӯи 9. Вазифаи муҳаррир дар телевизион
Вазифаи муҳаррир. Масъулияти муҳаррири барномаҳои телевизионӣ. Ҳамкории муҳаррир бо коргардон. Муҳаррир ва муаллиф. Муҳаррир – муаллиф. Журналист – муҳаррир. Сарҷамъии гурӯҳ ва тақсимоти вазифаҳо. Қалами хуб – хусусияти муҳаррир. Муҳаррири барномаҳои иттилоотӣ. Муҳаррир бештар паси кадр. Интихоби баранда дар барнома. Муҳаррир дар матбуот, радио ва телевизион.

Адабиёт
1. Колесниченко А. Практическая журналистика. – М.,2010. – 192с.
2. Сергеев Д. Они в эфире: Как делается телевидения. – М., 2008. – 318с.
3. Гаймакова Б. Д., Макарова С. К., Новикова В. И. Мастерство эфирного выступления: Учеб. пособие. – М., 2004. – 283с.

Савол:
1. Вазифаи муҳаррир аз чӣ иборат аст?
2. Муҳаррир метавонад муаллифи барнома бошад?

Супориш:
1. Изҳори андеша дар мавриди барномаи телевизионии тамошокарда (таҳрири барнома)

Мавзӯи 10. Журналист, шоумен, модератор, суҳбаторо…
Журналист кист? Журналист дар вазифаҳои гуногун. Барандаи шоу-барнома. Хислатҳои хоси шоумен. Истеъдоди фитрии шоумен. Шоумени хуб –муаррифгари барнома. Имиджи барнома. Модератор. Мавқеи модератор. Модератор дар барномаҳои телевизиони Тоҷикистон. Журналист-суҳбаторо. Суҳбаторои чеҳракушо. Маҳорати саволгузорӣ. Ҳазми мавзӯъ аз ҷониби журналисти сӯҳбаторо.

Адабиёт
1. Абдуллобек Г., Бекзод Х. Ток-шоу дар телевизиони Тоҷикистон. – Душанбе, 2009. – 250с.
2. Кузнетсов Г. В., Свик В. Л., Юровский А.Я.. Телевизионная журналистика, 2002. – 222с.
3. Саъдуллоев А., Шоев М. Асосњои журналистикаи телевизион. – Душанбе: Эҷод, 2005. – 112с.
4. Трятьяков В. Как стать знаменитым журналистом. –М., 2004.
5. Нуралиев А. Асосњои њуқуқии журналистика. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 203 с.
6. Моисеев В. Журнатистика и журналисты. -Киев, 2002. – 402с.
7. Камолиддинов Б. Сухан гуфтию дурр суфтї, ё рў ба рў бо микрофон. – Душанбе, 2007. – 72 с.

Савол:
1. Хислатҳои асосии шоумен?
2. Модератор кадом хислатҳоро дорад?
3. Барои суҳбаторо чӣ аз ҳама муҳим аст?

Супориш:
1. Номнавис намудани шоумен ва мусоҳибу модераторони телевизионӣ (интихоби телевизион озод аст).
2. Тартиб додани савол барои мусоҳибаи портретӣ.

Мавзӯи 11. Продюсерӣ дар телевизион
Продюсер шахси эҷодкор. Мутахассиси камёфт. Масъулияти тиҷоратии продюсер. Амалисозии идеяҳо. Лоиҳаҳои калони телевизионӣ. Мавқеи продюсер дар телевизион. Сарҷамъкунии гурӯҳи эҷодӣ. Саҳми продюсер дар ба вуҷуд омадани барномаҳои тамошобоб. Фаъолияти продюсерӣ дар телевизиони Тоҷикистон. Ҷалби сарпарастон ба барнома.

Адабиёт
1. Қодирӣ С. Режиссураи телевизион, кино ва радио. – Душанбе, 2011.
2. Кузнецов Г.В.; Цвик В.А.; Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.
3. Гулов, С., Ҷумъаев М. Муқаддимаи журналистика. – Душанбе 2016. – 174 с.
4. Гуревич С. Экономика средств массовой информации. – М. , 1999. – 288с.

Савол:
1. Продюсер дар таҳияи барномаи телевизионӣ чӣ нақш дорад?
2. Продюсер ба корҳои эҷодӣ дахолат карда метавонад?

Супориш:
1. Мавқеи продюсер дар барномаҳои телевизиони Тоҷикистон муайян кунед.

Мавзӯи 12. Коргардони барномаҳои телевизионӣ
Коргардони кино ва телевизион. Ҳамкории журналист бо коргардон. Мавқеи коргардон дар гурӯҳи эҷодӣ. Коргардон-муаллифи сенария. Коргардон – муаллифи идея. Саҳми коргардон дар таҳияи намоишҳои калони фарҳангиву фароғатӣ. Коргардон – созандаи чеҳраи журналист. Муайянкунандаи имиджи баранда ва телевизион. Муаррифгари маҳорату ҳунари эҷодкорон.

Адабиёт
1. Қодирӣ С. Режиссураи телевизион, кино ва радио. – Душанбе, 2011.
2. Кузнетсов Г. В., Свик В. Л., Юровский А.Я.. Телевизионная журналистика, 2002. – 222с.
3. Давронов Д. Ҷаҳони муосир: мавқеи садо ва симо. –Душанбе, 2007. -96 с.
4. Саъдуллоев А. Техника и технология средств массовой информации. – Душанбе. – 2009. – 234

Савол:
1. Вазифаи коргардон аз чӣ иборат аст?
2. Коргардони кино аз коргардони телевизион чӣ фарқ дорад?

Супориш:
1. Муайян намудани мавзуи мувофиқ ва ба навор гирифтани Стенд-ап

Мавзӯи 13. Ҳамкории журналист бо наворбардор
Аз идея то тасвир. Ҳамкории журналист бо наворбардор. Наворбардор-аъзои гурӯҳи эҷодӣ. Наворбардор-коргардон. Наворбардор – муаллиф. Таҷрибаандӯзии наворбардор. Наворбардори ботаҷриба. Ҳамкории мунтазами наворбардор бо баранда. Сенария ва наворбардор. Инъикосгари табиат. Навори гӯё. Масъулияти муаллиф ҳангоми сабти навор.

Адабиёт
1. Кузнетсов Г. Так работают журналисты ТВ. – М., 2000. – 224с.
2. Муратов С.А. Телевизионное общение: в кадре и за кадром. – М. Аспект-пресс, 2003. – С.
3. Юровский А., Борецкий, Р. Основы телевизионной журналистики. – МГУ, 1989.
4. Колесниченко А. Практическая журналистика. – М., 2010. – 192с.

Савол:
1. Наворбардор метавонад коргардонро иваз кунад?
2. Ҳакории журналист бо наворбардор чӣ гуна бояд бошад?

Супориш:
1. Бо истифодаи телефонҳои мобилӣ сабт ва танзим намудани лавҳаи телевизионӣ.

Мавзӯи 14. Кормандони пасипардагӣ
Аъзои гурӯҳ дар таҳияи барномаи телевизионӣ. Кормандони пасипардагии телевизион. Заҳмати пасипардагӣ. Нозукиҳои кори пасипардагӣ. Коргардони овоз. Санҷиши садо. Садои зинда ва пурракунанда (интершум) дар барномаҳо. Пардозгар дар телевизион. Ороиши чеҳра дар телевизион. Асосҳои техникии ороиши (грим)-и телевизионӣ. Вазифаи рассом. Ороиши студияи телевизионӣ. Равшанидиҳанда дар студия ва берун аз он. Баланси рушноӣ дар навор. Рушноии табиӣ ва сунъӣ. Ёвари коргардон ва дигар ёрдамчиҳо ҳангоми сабт.

Адабиёт
1. Ефимова Н. Звук в эфире. – М., 2005. – 142с.
2. Кузнецов Г.В., Цвик В.А, Юровский А.Я. Телевизионная журналистика. -М., 2002. -304с.
3. Кузнецов Г.В. ТВ-Журналистика: Критерии профессионализма. -М., 2003. -220с.
4. Юровский, А., Борецкий, Р. Основы телевизионной журналистики. – МГУ, 1989.
5. Сергеев Д. Они в эфире: Как делается телевидения. – М., 2008. – 318с.

Савол:
1. Вазифаи рассом ва пардозгар аз чӣ иборат аст?
2. Дар таҳияи барномаҳои телевизионии шабакаҳои давлатӣ ҷойи кадом мутахассисон холӣ аст?

Супориш:
1. Интихоби яке аз барномаҳои сербинандатарин (аз дилхоҳ шабакаи телевизионӣ) ва баҳо додан ба ҳирфаияти кори аҳли гурӯҳ.

Мавзӯъҳо барои машғулиятҳои амалӣ
(24 соат)

Р/т Номи мавзӯъ Миқдори соа Эзоҳ
1. Дарёфти мавзӯъ барои барномаи муаллифӣ 2 соат
2. Тартиби нақшаи сенария 2 соат
3. Навиштани сенарияи барномаи телевизионӣ 2 соат
4. Маълум кардани вазифаи аҳли гурӯҳ дар таҳияи барнома 2 соат муҳокима
5. Муайян намудани коршиносон ва мусоҳибони дигар 2 соат муқокима
6. Стенд-апи донишҷӯён 2 соат
7. Интихоби баранда, шоумен, сӯҳбаторо
8. Омодагӣ барои сабти барнома 2 соат СТТ
9. Сабти барнома дар студияи таълимӣ 4 соат СТТ
10. Муҳокимаи барномаи сабтшуда 2 соат
11. Танзими барномаи сабтшуда 2 соат СТТ
12. Тамошо ва муҳокимаи барномаи омодашуда 2 соат

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …