Главная / Гуногун / МЎЪҶИЗА – Доғи сафед

МЎЪҶИЗА – Доғи сафед

Пушти гардан, гўш ва банди дасти духтаракро доғи сафед зад. Ба чашми атрофиён сард метофт ва гоҳи назарашон уфтодан ботинашон як қад мепариду ноаён лаҳзае меларзид.

doqДар ибтидо, волидайн хеле ба таҳлука даромада, безобита шуданд, назди духтурон давиданд, ба табибони халқӣ нишон доданд. Аз дардмандони гуногун маслиҳат пурсиданд, ба ҳар даво бо дидагони умед менигаристанду аз коҳ низ мадад, шифо меҷустанд, орзу мепарвариданд, ки то қадрас шудан доғ бояд шўста шавад. Зеро мардум тангназару то ҳанўз табиӣ пиндоштану дарк кардани бемории доғи сафедро ёд нагирифтаанд – ақаллан роҳ диҳанд ҳам дилашон мақбул намедонад.

Аз миён як-ду сол гузашт.

Рўзе ҳамсар ба хона гап ёфта омад, ки дар фалон маҳалла гурезае аз кишвари бегона пайдо шудаасту фолбини зўр будааст. Табибӣ ҳам аз дасташ меомадааст. Мушкили чанд корафтодагонро осон гардондааст.

– Хайр, – пурсид шавҳараш, – мехоҳӣ пеши боз як фолбини навбаромад равӣ?

– Ихлосу халос мегўянд, шояд банди асрор кушода шавад, – бо хастагӣ гуфт зан.

– Фолбинҳои таҳҷоӣ чӣ карданд, ки гурезааш бикунад, – ғурунгос зад шавҳар, вале розигӣ дод: – Хуб, майлаш, рав.

Субҳи дигар модари духтарак рафт назди фолбини гуреза. Пас аз занги дарро шунидан хонуми пироҳану рўймоли кабуди равшан дар тан берун омад ва занро рўи ҳавлӣ хост. «Хонаатон нурбор бод!» – гўён ба зинапояи болохона – ба ҳуҷраи меҳмонсароӣ қадам монд. Зан лаҳзае ҳис кард, ки аз паси роғи пардаи якранги тиреза касе ўро наззора мекунад.

Ба дарахтони меваафкани саҳни ҳавлӣ чашм давонд. Онсўтар гурбачаи фарбеҳ, саги занҷирбанд, хурўсу мокиёнҳои сурху сафеду сиёҳ, ғозҳою мурғи марҷонро дид. Зоҳиран чунин тофт, ки ҷонварон низ гоҳ-гоҳе сўяш менигаранд. Қариб буд аз омаданаш пушаймон бишавад. Ин ҳангом дари ҳуҷра боз шуд. Ва марди басо қоматбаланди мўйсари мошубиринҷаш мисли мўи занҳо то китф дароз берун омад. Нигоҳи тез дошт – инро даррав эҳсос кард зан. Аз масофаи шаш-ҳафт метр, сари остонаи болохона хомўш истода, гўё қаъри чашмони занро медид, арзу хоҳишашро тагурў мекард, иқдомаш хунсардона, вале ба дил ҳарос намеандохт.

– Салом, – гуфт мард. Вай мижа намезад.

Зан бо ишораи сар алейк гирифт ва интизор истод.

– Аслан гирем, чигили риштаи бемории духтари шумо саҳл аст. Вале имрўз гуфтугў раво нест. – Мард лаҳзае чанд сокит монд, ҳамоно мижа ба ҳам намезад. – Панҷшанбе, баъди чоштгоҳ биёед, – дигар ҳарфе нагуфта дохили ҳуҷра шуд.

Саг аз ҷояш хест, хамёза кашид. Мурғон боз ҳам гоҳ-гоҳе ҷониби зан назар меафканданд…

Дафъаи дигар ҳамон хонум бидуни иҷоза пурсидан занро ба ҳуҷраи боло раҳнамоӣ кард. Мард сари миз нишаставу аз ҷой нахест. Хонум курсиро пеш гузошт ва ба зан «марҳамат» гуфт.

Ҳарсе дақиқаи ниҳоят тўлонӣ хомўш монданд. Зан мунтазири саволи фолбин буд.

– Муддати дароз шумову шавҳаратон доғи бадани духтаратонро дида сахт ба риққат меоед. Шабҳо, аксар вақт хобатон ҳаром аст. Худатон дар танҳоӣ баъзан аз гиря аламатонро мегиред. Тақдири бемории духтаратон ба осмонҳо пайванд аст. Худовандро меҳрубон шиносед, шифо ато менамояд.

– Мо бо умед зиндаем…

– Қудрати умед хеле қавӣ аст.

Мард ба худ фурў рафт.

Баногоҳ ба хотири зан расид, ки ў ҳатто ҳарфе нагуфтааст. Дафъаи гузашта низ имкони даҳон кушодан наёфта буд. Пас ин мард аз куҷо дарёфт, ки…

– Ба ҳайрат наёед! – овози фолбин занро аз олами хаёлу андеша поин овард. Вай дид, ки мард бо пораи қоғази сафед чизе менависад.

– Ман охир…

– Ин ҷо чанд дуоест, – ба сухани зан аҳамият надода, қоғазчаро дуқат карда дароз намуд мард. – Ақиби мурғ ё хурўс, буз ё гуфтанду гов, хуллас, ягон ҷонвари нодаркор ё касалманд рост истода бо овози паст бихонед. Худатон шунавед кифоя. Баъд қоғазчаро пора-пора дарронда ба ҷўи обаш равон партофтан лозим.

– Ва… – зан намедонист чӣ гўяд. – Ё…

– Ба саги ҳавлиатон дилатон намесўзад?

Зан лол монд. Вай танҳо лаҳзае аз фикраш гузаронд, ки шояд ақиби саги хонааш дуоҳоро бихонад…

– Гап дар сари он, ки баъди се рўзи ин дуоҳо садо додан он махлуқи худо мемирад. Бар ивази ҷони он доғи бадани духтаратон барҳам мехўрад ва чашмонаш нур мегиранд. Бовар кунед!

– Боз…

– Дигар ҳеҷ чӣ!

– Кай биёям мегўям? – пурсид зан.

– Ҳоҷат ба омадан намемонад. Духтаратон сиҳат мешавад, ўро пешомади хуб, дигаргуниҳо интизор аст.

Мард аз ҷой бархост.

Зан фаҳмид, ки сўҳбат анҷом пазируфт.

– Ташаккур! – гуфт ва чанд пуле бароварда рўи миз гузошт. – Кам бошад ҳам…

– Кам нест! – зикр кард марди фолбин ҳатто сўи пул нимнигоҳ наандохта. Ва боз: – Ин ризқу рўзии мост!

Он хонум то назди даромадгоҳи ҳавлӣ бо ҳамон карахтиву хомўшӣ гуселонид.

Зан ин лаҳза овози буррои мардро, ки сари остонаи ҳуҷрааш рост меистод, шунид:

– Аз хотир набароред! Ҷиддӣ гуфтам, он ҷонвар ҳатман се рўз пас мемирад.

Зан зери бори хаёлу андешаҳои пурпеч чӣ тавр то манзилаш расидани худро нафаҳмид. Таъкиди мард раҳораҳ дар баногўшаш бараъло садо медод. Ба назараш менамуд, ки дарвозаву деворҳо, кўчаҳо, беду сафедорони лаби ҷўи сероби маҳаллаҳо он гуфтаи охирини марди фолбинро мешунаванд, вазнин оҳ мекашанд.

Шавҳари зан низ моту ҳайрон монд: ба мўъҷизоти дунё одамӣ на хандиданашро медонисту на ғам хўрданашро: ва миёни чорроҳа меистод: ба каромату қудрати рўҳонии марди фолбин бовар кунад ё на?

– Тасодуф ин ҷо истисност, – гуфт ҳамсараш сар хорида. – Лекин гуфтаи фолбинро чӣ тавр санҷидан мумкин?

Суолаш муаллақ монд: зан раҳ меҷуст…

Ва дигар нисфирўзӣ, соате, ки офтоб дар осмон ба қиём меомад, рафт ба саҳро, он ҷо гирду атрофи боғи нав бунёд кардаашон гову гўсфанд, хару бузу гўсолаи мардум бисёранд, ин ҳангом соҳибонашон ё хоб мекунанд ё баҳри нони чошт ба хона мераванд, яъне фурсати қулай аст: ноаён дуоро хондан имкон дорад, он тарафаш ҳарчи бодо бод! Ва гиребонашро дошта «тавба, тавба» гуфт.

Зан ғарқи хаёлоти бесарунўг то он мавзеъ расид ва аз тааҷҷуб ангушт газиду дар ҷояш нишаста монд: дар гардани молҳо пораҳои картонро овезон дид, рўи ҳар яке номи соҳибонашон сабт ёфтаанд: гўсолаи Ёдгоралии шофир, гўсфанди Ҳомидҷони гаҳворасоз, гови очаи Зоҳир, хари Акбари ветеран, бузҳои Зокиркаҷала, гўсолаҳои Исмати обмон, Набӣ-кафтари ошпаз, гови пири Усмон – нонвой ва ғайрав ва ҳоказо. Зан фаҳмид, ба назараш осону оддӣ намуда будааст, хаёл дошт, мераваду як ҷонварро интихоб мекунад ва дуоро зуд се бор мехонаду ҷонаш халос,  вале тушбераро хом шуморидааст. Зан дар қаъри дил ҳис кард, ки ҳар як мол барои соҳибонаш азиз аст ва ҳар яке аз онҳоро некиашон ё кўмакашон ба хонадонаш расидааст, пас чӣ тавр ақлаш иҷозат медиҳад, ки муҳитро хилват ёфта дуо бихонад ва касе аз молаш се рўз баъд ногаҳон ҷудо шавад. Шояд онҳо дарак наёбанд, балои омада ба сари ҳамин ҷонвар занад гўянд. Ва эҳтимол ҳама дар чорсўи олам аз дуохонии зан бехабар монанд, лек рўзе фаро меояду дар кўчаву гузар ё тўю маърака рў ба рў биёянд? То кай нигоҳашро мегурезонад? Албатта, ҳастанд одамони бад, раво аст, ки ҷазо бинанд, аммо молашон – ҳайвони безабон чӣ гуноҳ дорад?.. Ин  маҳал зан дид, ки онсўтар ду барзагови ало ба ҳам сар ба сару шох мезананд, гоҳ яке ақиб меравад, гоҳ дигаре. Дар атроф касе набуд, ходаи борики хушкро аз танаи дарахти зардолу гирифту ҷониби шохзанҳо рафт, хост ҷудо кунад. Вале наздик шуда буд, ки ҳарду барзагов якбора қадаме чанд аз якдигар дур шуданд ва тарафи зан рў гардонданд, оҳиста-оҳиста пеш омаданд. Дараввал тарсида қариб буд коғази дуо навиштаро аз даст афтонад, дид, ки онҳо низ дар гардан картон овезон кардаанд. Навиштаҳояшон ҳархела буд: «як рўз пас маро ба қассоб мефурўшанд», «пагоҳ маро барои оши тўй забҳ мекунанд». Ҳайрати зан беҳад афзуд, вақте дид, ки барзаговҳо пеш омада ақибокӣ беҳаракатанду дум меафшонанд, гўё мегуфтанд – хон дуоятро, ҳоҷатат қабул мешавад. Зан ботинан омода буд дуоро хонад, вале аз чӣ бошад, забонаш маҷоли ҳарфҳоро талаффуз кардан надошт… Вай ашки чашмашро нишон додан нахоста тоб хўрд ва сўи ҳавлияш пой ниҳод. Хеле дур рафт. Агар ба ақиб менигарист, равшан медид, ки гову гўсола, бузу гўсфанд, хару барзаговҳои ҳаққу ҳамсоя,  ҳама карахту ҳайрон рост истодаанду нигоҳашон басо раҳмомез аст.

Аммо зан ҳамоно маъюсу сарбаланд пеш мерафт.

Дами дарвозаи ҳавлӣ занро шавҳараш истиқбол гирифт. Куҷо ва ба хотири чӣ рафтани ҳамсарашро ў медонист.

– Муродат ҳосил шуд? – пурсид вай.

– Не.

– Чаро? Сайд барор нагирифт? Ягон мавҷудоти нимҷони нодаркор набуд магар?..

– Ҳаст! Ёфтам!..

Субҳи дигар зан ҳанўз истораҳои осмони тобистон аз чашм ғайб назада ҷониби партовгоҳи маҳалла роҳ гирифт. Саги сип-сиёҳи бадҳайбати пир ва дардманди партовгоҳ аксар вақт ба аккос задан ё дум ликкондан гарданаш ёрӣ намедод ё маҷолаш намерасид. Аз куҷо дар ин макон пайдо шудани ҷонвари беозорро касе аниқ гуфта наметавонист. Аввалҳо чанд сол пеш саҳаргоҳон меомад, ризқу рўзиашро меёфту боз ноаён гум мешуд. Оҳиста-оҳиста ҳамагон одат карданд. Гўё саги дамдузди безарар маҳз барои посбонии партовгоҳ зоида шуда бошад, дигар дур намерафт.

Субҳи содиқ дамида, вале зан дид, ки саги пир ҳанўз хоб аст. Бе хавфу ҳарос ба атроф нигарист. Касе набуд. Зан ба ақиби саг гузашт, то мабодо чашм ба чашм нахўрад. Ва қоғази дуоро бароварду сари зону нишаст, сипас паи ҳам се маротиба матнро хонд. Бурро хонд, шояд мехост, ки саги пир ҳам бишнавад. Баъд зери лаб гуфт: «Бубахш, ҷонвари безабон…» худро як навъ озод, сабук ҳис кард, гўё муҳимтарин кореро дар зиндагиаш ба сомон расонда бошад. Даҳ-дувоздаҳ қадам онсўтар ҷўй воқеъ буд, лаби он рафта нишаст, дасту рўй шуст, накҳати пудинаҳо машомашро лаззат бахшиданд. Коғази дуоро реза–реза дарронда ба об партофт. Ба гирдоби хаёл афтода монд. Ногаҳон тараққос зада ғалтидани чизе занро ба худ овард. Тарафи овоз нигарист. Ду мард назди партовгоҳ рост меистоданд. Занбарро ба замин партофта будаанд. Онҳо сагро рўи занбар бор мекарданд. Зан лаҳзае лол монд. Баъд овозашро ёфт

– Ҳой!

Мардҳо ҷонибаш  рў гардонданд.

– Аллакай:! – забон хоид.

– Чӣ аллакай?

– Ҳеҷ… Ман…

– Бечора дирўз бегоҳӣ мурда буд. Гуфтем бўй нагирад…

Зан, ки рост меистод, ба ҷояш нишаста монд.

Оби ҷўй бепарво равон буд.

Мурдаи саг боис шуд ё шарофати оби ҷўй, ба ҳар ҳол доғҳои бадани духтараш дере нагузашта барҳам хўрданд.

Ва аз ин бад ба мўъҷиза бовар мекард…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …