ЛУҚМА

Рўз чеҳраи гирифта дошт. Насими намолуди тирамоҳ оҳанги ғам менавохт. Сафо ғарқи хаёл аз булдозери роҳсози чинӣ чашм намеканд. Садои булдозер кўҳро меларзонд. Қалби Сафо танг мешуд. Зеро дар қатори одамон ба ў кор нарасид. Онҳо аз деҳа даҳ нафар буданд. Имтиҳонашон карданд. Танҳо ду нафарро пазируфтанд. “Инҳоро тарбия кардан мумкин”, гуфтанд. “Аз дасти шумо ҳеҷ кор намеояд”, гуфтанд ба ҳашт нафари дигар. Сафо ҳамдеҳааш Гурезро дид.

– Биё, чақ-чақ мекунем.

Ў ҳам “ҷабрдида” буд. Бо дилтангӣ садо зад:

– Аз чӣ чақ-чақ мекунӣ?

– Заб беғайратӣ-да! Аз ҳар чиз. Гап кам аст магар?

– Аз гап чӣ фоида, – норозиёна гуфт ў, вале сўяш омад. – Шоире чӣ хуб гуфта: “Даст агар кўтоҳ бошад, орзуе мекунем”.

– Салом, – гуфт Сафо.

– Салом, – посух дод Гурез.

Ришаш расида, дар чамонаш яъсу навмедӣ хона монда.

– Шин-е! – шўхиомез амр кард Сафо. – Ана дар ин ҷо.

Гурез дар бараш нишаст. Ва сигор дуд дод. Ба осмон нигарист. Нигоҳаш ба ҷуфти каргас часпид. Онҳо гўё бепарво парвоз мекарданд. Ба заминиён коре надоштанд. Гурез бошад андешид, ки шояд онҳо аз кори роҳсозон норозӣ ҳастанд. Овози Сафо риштаи андешаашро гусаст:

– Гурез!

– Чӣ мегўӣ?

– Чӣ мегўӣ, чӣ мегўӣ?! Чаро гап намезанӣ?

– Фикр мекунам.

– Фикр мекунӣ? Дар бораи кор?

– Не, дар бораи пул.

– Пул надорӣ?

– Не.

– Пулро чӣ кор мекунӣ?

– Чӣ кор мекунам? Аҷаб саволе медиҳӣ? Ҳамсарам бемор аст, ба бемористон бурдан лозим.

– Қарз накардӣ?

– Дари чанд кас рафтам, надорем гуфтанд.

– Ҳа-а, ҳоло ҳеҷ кас қарз намедиҳад. Дошта бошад ҳам намедиҳад.

Гурез боз ба андеша рафт. Лаҳзае пас овози Сафо риштаи андешаашро гусаст:

– Гурез!

– Чӣ мегўӣ?

– Чӣ мегўӣ, чӣ мегўӣ?! Э ту як ба шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд нигар.

– Хайр чӣ? – норозиёна гуфт Гурез. – Нав дидам магар? Аз кўдакӣ мебинам.

– Ҳе, сода! Охир ин роҳ он роҳи пешина нест. Чун кафи даст мешавад. Э чиниҳо бало! Шиори Пекин ҳоло чунин будааст: «Як оила ва як фарзанд». Барои он ки Пекин ин масъаларо то андозае ҳал кунад, қарзро ба шарте медиҳад, ки дар сохтмони иншоотҳо дар хориҷа ҳатман коргарони чинӣ бояд кор кунанд. Ҳоло дар дунё ҳафт миллион чинӣ роҳ месохтаанд. Мефаҳмӣ? Ҳафт миллион! Ин ба гуфтан осон.

Ин суханон ба Гурез хуш наёмад ва дар чашмонаш табассуми талх шакл гирифт. Лаҳзае ба роҳ дида дўхт. Роҳ чашмашро рабуд. Дар мағзаш андешае бедор шуд. Ва ў оҳиста лаб ба сухан боз кард:

– Оянда ҳама ҷоро муру малах зер мекунад.

Сафо бо ҳайронӣ пурсид:

– Барои чӣ?

Гурез бо асабоният ҷавоб дод:

– О, самбақаю қурбоқа намонд. Бачаҳалоко ҳамаашро хўрданд.

Сафо рост ба чашми ў нигарист ва табассум кард:

– Аз мост, ки бар мост!

– Бо ин чӣ гуфтанӣ ҳастӣ? – ба ҳаяҷон омад Гурез.

– Онҳо не, бачаҳои худамон дошта бурданд. Ҳар донаашро панҷоҳ дирамӣ фурўхтанд.

– Бачаи ман не, дурўғ нагўй. Се-чор сағира бо сардории бачаи кўри Сара бурданд.

– Аввалан ин ки чӣ фарқ дорад, он бачаҳо ҳам бачаҳои моянд. Сониян медонистӣ, чаро нагуфтӣ? Тарсидӣ?

– Не-не! Ин гапа назан! Ман духтари ўра келин карданӣ. Чӣ хел мегўям? Не-не, асло! Рўям месўзад!

Байнашон боз хомўшӣ уфтод. Онро Гурез барҳам зад:

– Ҳе-е, гурез!

– Чӣ?

– Ҳу, ана! Мор!

Ва ў гурехт. Сафо морро надид. Аммо фикре ба сараш зад.

– Исто!

Ў наистод. Сафо аз пасаш рафт.

– Исто!

– Э шўхӣ кардам.

– Исто, гап дорам.

– Гуфтам-ку: шўхӣ кардам.

– Гўш кун, мегўянд, ки онҳо морро ҳам мехўранд.

– Эҳа-а, мор барои онҳо деликатес аст.

– Деликатес? Нахо-о-од? Қимат аст?

– Намедонам, – бедимоғ ҷавоб дод Гурез. – Мегўянд, ки қимат аст.

Чашмони Сафо барқ мезананд. Ба Гурез рўй меорад ва бо ҳаяҷон мегўяд:

– Биё, мор меқапем. Бе ин ҳам коре надорем.

– Чӣ-ӣ? – як қад парида, безобита мешавад. – Э, не-е, ман душмани табиат нестам.

– Э, биё, мон-е! – ранҷидахотир мегўяд Сафо. – Бо як-ду мор табиат вайрон мешавад магар? Дар ин кўҳу камар чӣ бисёр, мор.

Вай ҷиддӣ нидо зад:

– Мешавад!

Сафо бо як оҳанги бепарвоёна, ҳатто хушнудона гуфт:

– Шавад, нашавад, ман меқапам.

Гурез оҳи сард аз дили пурдард кашид:

– Ин корро накун. “Морро айёми ғамаш макуш, ки ғам орад!” гуфтаанд.

– Кӣ гуфтааст?

– Халқ.

– Э, халқ гуфтан мегирад, – даст афшонд ў.

Дар ҳамин асно садои гўшкар баланд шуд. Сафо ба даҳшат афтод:

– Худоё, чӣ балое буд?!

Ва дид, ки уқобе ба ҳаво боло шуд. Дар чанголаш мор.

– Нигоҳ кун! – хурсандона нидо зад ў. – Дидӣ?

– Дидам.

Мор алвонҷ мехўрд ва зўр мезад, ки уқобро газад. Вале ин ба ў муяссар намегашт. Уқоб давр гашт – давр гашт ва ногоҳ мор аз чанголаш раҳо ёфт.

– Оҳ! – нидо дар дод Сафо. – Уқобро газид!

Ва ҷо ба ҷо мехкўб гашт.

Мор фурў рафт. Рост ба харсанге омад. Бархўрду наҷунбид. Сафо ба худ омаду сўи мор қадам бардошт. Уқоб пару бол ғундошта, сангвор сўи замин рафт.

– Воҳ! – гуфт Сафо ва боз мехкўб шуд.

Уқоб бар сари мор нишаст ва ба чор тараф нигарист. Одамро диду бесаранҷом гашт. Ва морро гирифту ба ҳаво хест.

– Дидӣ, мор луқмаи уқоб шуд. Ман медоштам беҳтар набуд?

– Не! Ба уқоб мумкин, ба ту не.

– Оҳо, ба уқоб раво, ба ман гуноҳ.

– Ҳа, ин қонуни табиат.

Сафо аз фикраш нагашт, назди ронандаи булдозер рафт.

Ронандаи булдозер миёнсол буд. Чашмони танг ва рўи чоркунҷаи бечин дошт. Кўса буд ва лабхандаш нороҳат мекард.

Сафо фарёд кашид:

– Мор биёрам, мехарӣ?

Ронанда ҳам дод зад:

– Биёр, мехарам!

Сафо ба шавқ омад:

– Чандӣ мехарӣ?!

Ронанда ҳам бо шавқ посух дод:

– Бист сомонӣ!

– Э не-е, кам, – лабу бинӣ инҷ кард Сафо. – Панҷоҳӣ диҳӣ меорам.

Вай дигар шоиста надонист, ки бо ў савдо кунад. Садо зад:

– Бошад!

Эҳсоси шодӣ болу параш дод. Ва рў ба кўҳу камар овард. Ҷустуҷўяш самар наовард. Бо сари хам назди ронанда омад. Дар ҳамин лаҳза аз пешбели булдозери роҳсози чинӣ море баромад. Мор карахту ноҷунбон буд.

– Аҳ, аҳ! – шод шуд ронанда.

Сафо музтар монд. Аз алам сўхт.

– Ту ландаҳур! – таъна зад ронанда.

– Худо диҳад, намегўд, ки бачаи кистӣ! – худро тасалло дод Сафо.

– Ту кўр будаӣ. Мор зери поят, надидӣ. Ба осмон нигоҳ накун, ба замин нигар.

Ин суханон ба иззати нафси ў сахт расид. Чеҳрааш аз нафрат пурчин гашт. Ронанда бо қаҳқаҳа хандид.

– Шўрбо мешавад! – нидо кард ва кафи дастҳояшро бо ҳам совида, изофа намуд: – Маишат мекунем!

– Ҳа-а, шўрбои бомазза мешавад, – оби даҳони Сафо рафт.

Ронанда морро дар кабина гузошт ва саргарми кор шуд. Кабина гарм ки буд, мор ҷон гирифт ва ҳушёр шуд. Ва банди пои ронандаро газид. Ронанда ҷон дод. Чун Сафо ин хабарро фаҳмид, як қад парида:

– Оҳ! – гуфт.

Ҳамин лаҳза озарахш дурахшиду тундар наъра кашид. Сафо ларзиду ҷиғ кашид:

– Воҳ!

Сипас моту мабҳут монд.

21 феврали соли 2009

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …