Главная / Гуногун / Лоҳутӣ Аҳмадшоҳ Улфатшоев

Лоҳутӣ Аҳмадшоҳ Улфатшоев

Қалби поки ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, актёри кино ва театри ба номи Лоҳутӣ Аҳмадшоҳ Улфатшоев асри имрӯз дар синни 75 солагӣ аз тапидан монд. Устод беш аз 50 соли умри худро ба  хизмати  мардум бахшида буд. Марҳум чанд соли ахир аз бемории қанд ва фишорбаландӣ азият мекашид.

УлфатшоевМо бо устоди зиндаёд Аҳмадшоҳ Улфатшоева 20 сол боз дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кардем. Ғами марги бемаҳали яккаписари ҷавонмаргаш як соли охир устодро аз пой афтонда буд. Ин ҳолат дар чеҳраи маҳзуни устод бараъло мушоҳида мешуд((((. Ҷанозаи марҳум пагоҳ, 10-уми октябр, дар масҷиди ба номи Мир Саиди Ҳамадонӣ, дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино баргузор мешавад.

Худованди Азза ва Ҷалла рӯҳи устодро шоду хонаи охираташро обод бигардонад. (Ин расмро моҳе қабл, ҳангоми сӯҳбат бо устоди зиндаёд дар назди бинои истиқоматиямон гирифта будам).

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …