Главная / Гуногун / Лексия чист?

Лексия чист?

Рўз рўзи офтобӣ буд. Ҳаво гарму нарм, ба дил ким-чӣ хел шодӣ мебахшид. Онҳо бошанд, дар ин толори танг нафасгир шуда, интизори лектор буданд. Интизорӣ тўл кашид. Толорбудагон беқарор шуданд. Аз беҳуда гузаштани вақт дилтангона:

– Уф-ф! – гўён, ба дари даромад менигаристанд.

– Чаро намеояд-а? – пурсид Салим аз ҳамшафаташ Ҳалим.

– Кӣ? – бепарво пурсид Ҳалим.

– Кӣ, кӣ?! – бо ситез гуфт Салим. – Лектор!

– О, ҳоло вақт бисёр, – ҷавоб дод Ҳалим. – Маърўза соати панҷ сар мешавад.

– Рост? – пурсид Салим ва ба соаташ нигариста, изофа намуд: – Эҳа, ҳоло ним соат вақт ҳаст-ку.

– Ҳа, ҳаст, – бепарво гуфт Ҳалим.

– Набошад чаро ин қадар барвақт моро ба толор оварданд, – бо ҳайронӣ пурсид Салим.

– Аз рўи эҳтиёт, – ҷавоб дод Ҳалим. – Ҳамон қолаби кўҳна. «Бодо» мабод гашту «мабодо» ба бод рафт, «Оё» зиёд рафту «чаро» дар гулу шикаст.

Ҳарду лаҳзае хомўш монданд. Баъд Салим лаб ба сухан во намуда, аз Ҳалим прсид:

– Чӣ мегуфта бошад?

– Кӣ? – боз бепарво пурсид Ҳалим.

– Кӣ, кӣ?! – боз бо ситез гуфт Салим. – Лектор!

– Чӣ мегуфт, – ҷавоб дод Ҳалим. – Чун дигар лекторон оби даҳон пошида, як соат вазъ мехонаду чизе намефаҳмӣ.

– Кай ин ҳама сохтакориҳо хотима меёфта бошад?! – бо қаҳр пурсид Салим.

– Вақти гўли най! – аз суолҳои бешумори Салим безор шуда, нидо дардод Ҳалим.

– Шўх будаӣ-а? – Ҳалимро песонда гуфт Салим.

– Ҳазлу шўхӣ умрро дароз мекунад, – бепарво ҷавоб дод Ҳалим. – Фаҳмидӣ?

– Э чӣ лозим ҳамин умре ки дар толорҳои бўгин гузарад, – эътирозомез гуфт Салим.

Ин лаҳза хўроккашии Иззат, ки дар паҳлўи Ҳалим менишаст, ўро нороҳат кард. Вай ба шиками Иззат зад. Иззат бошад, ба қавли худаш «нол вниманий». Баръакс, мисли тундар қалдар-қулдуркунон хўррокаширо ба авҷи аъло расонд. Ҳалим аз «Бафаросатӣ»-и Иззат дар ғазаб шуда, ин дафъа ба шикамаш бо мушт зад. Иззат як қад парида, бо тарс пурсид:

– Чӣ гап, маърўза тамом шуд?

– Не, ҳоло сар нашудааст, – хандид Ҳалим.

– Набошад, чаро бедор кардӣ?! – норозиёна Ҳалимро песонд ў.

– Ба ин ҷо хобкунӣ омадӣ? – бо ситеза гуфт Ҳалим.

Ҳамин вақт лектор вориди толор гашту бо қадамҳои устувор рост ба минбар рафт ва ҷузвдони «буғуз»-ашро болои минбар гузошт.

– Ваҳ!-ваҳ – чанд кас аз ҷузвдони ў тарсида, нидо дардоданд. – Худо зад! Се-чор соат мехондагист.

Вале лектор ба ин нидоҳо аҳамият надода, оҳиста кулоҳашро аз сар гирифта, болои ҷувздон гузошту рў ба толор оварда, бо овози баланд:

– Салом! – гуфт.

Толорбудагон ҳама дар пайравии ў баланд ҷавоб доданд:

– Ассалом!

Лектор табассум кард. Аниқтараш нешханд зад ва пурсид:

– Дўстон! Шумо ҳамаатон садову симо доред-а?

– Садову симояш чӣ? – пурсид нафаре аз қатори дуюм.

– Радиову телевизор-дия, – хандид лектор.

– Ҳа-а, дорем, – посух доданд ҳама бо як овоз.

– Рўзномаву маҷалла мехонед-а? – боз пурсид лектор.

– Ҳа, мехонем, – аҳлона посух доданд толорбудагон.

– Бисёр хуб, – хурсанд шуд лектор. – Ман медонам, ки аз маърўза то таги гулў сер ҳастеду ба гўшатон овози булбул ҳам намефорад. Он чизеро, ки ман ба шумо гуфтанӣ ҳастам, аз ман хубтар медонед. Аз ин рў, ман вақти қимати шуморо намегирам. Дар урфият «Дунёи ба муросо» гуфтаанд. Радио гўш кунед. Телевизор тамошо намоед. Рўзномаву маҷалла хонед. Маърўза тамом. Шумо розӣ?

Касе лаб ба сухан во накард. Ҳама моту мабҳут шуда буданд.

– Ба диққататон ташаккур! – хурсандона гуфт лектор ва кулоҳашро гирифта, ба сараш монд. Оҳиста, бо эҳтиёт зер кард. Ҷузвдони «ҳомила»-ашро ба даст гирифт. Аз минбар фуромад. Ба касе нигоҳ накарда, бо қадамҳои устувор баромада рафт. Толорбудагон гўё мехкўб шуда буданд.

– Дар умрам бори аввал чунин маърўзаи пурмазмунро мешунавам, – гуфт Ҳалим.

– Ҳа, маърўзаи пурмазмун, – тасдиқ кард Салим.

– Э пурмазмун ҳам гап-мӣ! Олиҷаноб!

– Э бачағаре! Зўр будааст, зўр!

– Ў шаҳбозе!

Ҳама ба гап даромаданд. Ҳар кас ҳар чи мегуфт. Оташи баҳсу мнозира аланга заду ду соат давом кард.

11 ноябри соли 2000

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …