Главная / Илм / ЛЕЙКОПЛАКИЯ

ЛЕЙКОПЛАКИЯ

leykoplakiyaЛЕЙКОПЛАКИЯ (Leucoplakia; аз лейко… ва plakion – лавҳа), як навъ осеби луобпардаҳо, ки ҳангоми он эпителия шах мешавад. Л. бештар дар луобпардаи ҷавфи даҳон, маҳбал, пешобдон, гарданаи бачадон ва аъзои таносул ба вуҷуд меояд. Дар мавриди Л. дар луобпарда доғҳои суфтаи паҳн, ки ранги сафеди хокистарӣ доранд, ба вуҷуд меоянд; доғҳо ба луобпарда сахт часпидаанд ва беҷо карданашон мушкил аст. Л. метавонад дар шакли озахчаҳо низ падид ояд (лейкокератоз). Манбаи Л. сершумор буда, ранги онҳо гуногун – сафеди гулобӣ, сафеди хокистарӣ бо тобиши садафгун аст. Доғҳо метавонанд ба якдигар омезиш ёбанд. Пайдоиши Л. дар луобпардаи даҳон сабабҳои гуногун дорад (мас., дандонҳои иллатӣ, протезҳои нодуруст ҷойгирифта, тамокукашӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ ширавор ва ғ.). Л. метавонад аломати ягон бемории музмин (сифилис, сил, микозҳо ва ғ.) низ бошад. Л. одатан ягон эҳсоси ногувор пайдо намекунад; онро фақат дар мавриди муоина ошкор кардан мумкин аст.
Муолиҷа ба рафъ сохтани сабабҳои Л. нигаронда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …