Главная / Илм / ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ

ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ

leykoensefalitЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ (Leucoencephalitis; аз лейко… ва enkephalos – мағзи сар), энсефалити пайдоишаш вирусӣ, ки дар мавриди он моддаи сафеди майна зарар меёбад. Бештар дар кӯдакони аз 4 то 16-сола дучор меояд. Нишонаи нисбатан бармаҳали Л. ихтилоли рӯҳӣ аст. Минбаъд тадриҷан камақлӣ (деменсия), гиперкинезҳо (ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ) ва ноҷуриҳои вегетативӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Баъзан нутқ низ халал меёбад, мариз беасос ва маҷбурӣ механдад, гиря мекунад. Пӯсти мариз равғанин буда, ӯ арақи бисёр мекунад, аз даҳонаш об меравад, харобу лоғар мешавад.
Л.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Фарҷоми маризӣ бад аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …