Главная / Илм / «ЛАЗЗАТУ-Н-НИСО»

«ЛАЗЗАТУ-Н-НИСО»

lazzat-un-niso«ЛАЗЗАТУ-Н-НИСО», асари Зиёуддини Нахшабӣ (ваф. 1350) дар бобати ангезиши боҳ. Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб дар баёни муносибат ва муошират бо занон буда, аз даҳ боб иборат аст. Асли китоб ба забони ҳиндӣ ва бо номи «Кук шостраи ҳиндӣ» буда, Нахшабӣ онро ба тоҷикӣ тарҷима ва тартибу танзим кардааст. Як нусха аз дастнависи китоб дар Захираи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ зери рақами 1605/1 маҳфуз аст.
Ад.: «Феҳристи нусахи хаттии форсии Ин-ти осори хаттии Тоҷикистон», ҷ. 1, Теҳрон, 1376 ҳ. ш.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …