Главная / Гуногун / Латифаи Сияҳгўш

Латифаи Сияҳгўш

Сияҳгўшро гуфтанд:
– Туро мулозимати сўҳбати шер ба чӣ ихтиёр афтод?
Гуфт:
– То фазали сайдаш мехўрам ва аз шарри душманон дар паноҳи савлату зиндагӣ мекунам.
Гуфтанд:
– Акнун, ки ба зилли ҳимояташ даромадӣ ва ба шукри неъматаш эътироф кардӣ, чаро наздиктар наёӣ, то ба ҳалқаи хосонат дарорад ва аз бандагони мухлисат шуморад?
Гуфт:
– ҳамчунон аз батши ў эмин нестам.

20200223_152825Агар сад сол габр оташ фурўзад,
Ба як дам, к-андар ў афтад, бисўзад.

Афтад, ки надими ҳазрати султонро зар биёбад ва бошад, ки сар биравад ва ҳукамо гуфтаанд: «Аз талаввуни табъи подшоҳон барҳазар бояд будан, ки вақте ба саломе биранҷанд ва дигар вақт ба дашноме хилъат диҳанд ва овардаанд, ки зарофати бисёр кардан ҳунари надимон асту айби ҳакимон».

Ту бар сари кадри хештан бошу виқор,
Бозию зарофат ба надимон бигузор.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …