Яке аз подшоҳони пешин дар риояти мамлакат сустӣ кардӣ ва лашкар ба сахтӣ доштӣ, лоҷарам душмане саъб рўй намуд, ҳама пушт бидоданд.
Чу доранд ганҷ аз сипоҳӣ дареғ,
Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ.
Якеро аз онон, ки қадр карданд, бо ман дўст буд, маломат кардаму гуфтам:
– Дун асту бесипосу сифлаю ҳакношинос, ки ба андак тағири ҳол аз махдуми қадим баргардад ва ҳуқуқи неъмати солҳо дарнаварданд!
Гуфт:
– Ар ба карам маъзур дорӣ шояд, ки асбам дар ин воқеа бе ҷав буд ва намади Зин ба гарав ва султон, ки ба зар бо сипоҳӣ бахилӣ кунад, бо ў ба ҷои ҷавонмарди натавон кард.
Зар бидеҳ марди сипоҳиро, то сар биниҳад
В-агараш зар надиҳӣ, сар биниҳад дар олам.