Главная / Гуногун / Лашкар ва аслиҳаи Аморати Бухоро

Лашкар ва аслиҳаи Аморати Бухоро

Қушӯни аморати Бухоро асосан аз лашкари савора иборат буд. Онҳоро навкар меномиданд. Навкарон барои хизмати худ аз намудҳои гуногуни андози давлати озод буданд. Барои хизмати сарбозӣ ҳар кадоми онҳо ҳарсола ғалладона (гандум, ҷуворӣ), сарулибос ва миқдори ночизи маош мегирифтанд. Дар вақти эълони ҷанг навкар вазифадор буд, ки бо яроқ ва аспи худ ба назди ҳокими вилоят ҳозир шавад. Агар аспи навкар ҳангоми амалиёти ҷангӣ ҳалок шавад, ба ӯ аз ҳисоби давлат аспи дигар медоданд. Ҳамчунин хуроки лашкарро аз ақиби кушун бо уштурҳо бор карда мебурданд.

Қушуни амир аз тарафи даҳбошӣ ва юзбошиҳо идора карда мешуд. Сарварони лашкар аз давлат ба сифати танхоҳ замин мегирифтанд.

1b3f89b7bedd39e0b126e679f42c94fc

Яроқи навкарон асосан найза ва шамшер буд. Як қисми ночизи онҳо камонҳои пилтагӣ доштанд. Дар ибтидои асри XIX як қисми сарбозон ҳатто бо камонғулак мусаллаҳ буда, сипари оҳанӣ ё чармӣ дар даст доштанд.

Дар вақти амалиёти ҳарбӣ барои муҳосира намудани истеҳкомҳо, сохтмони купрукҳо ва дигар корҳо ба ҳайати лашкар аз ҳисоби деҳқонон ва косибҳо, карачирикҳо даъват мешуданд. Онҳо бо аспони худ ба ҷанг мерафтанд. Азбаски яроқ намерасид, карачирикҳо каланду бел мегирифтанд.

Лашкари амир бо тупҳои мисӣ низ мусаллаҳ буд. Тупҳоро ба ароба бор карда мебурданд. Аз ҳар туп дар як рӯз 5 ё 6 тир кушодан имкон дошт.

Дар ибтидои асри XIX аморати Бухоро дороӣ 3600 навкар буд. Як қисми онҳо мукими шаҳри Бухоро, қисми дигараш дар вилоятҳо истиқомат мекарданд. Онҳо дар вақти ҷанг бо фармони амир фавран мебоист ҷамъ оянд.

Соли 1837 амир Насрулло лашкари пиёдагарди доимӣ ва баталёни тупчиёнро ташкил кард. Онҳоро сарбоз меномиданд. Сарбозҳо дар давраи ҷанг сарулибоси махсус, камзули сурх, шалвори сафед ва телпак мепӯшиданд. Миқдори сарбозон 2000 буд. Муҳлати хизмати сарбозӣ маълум набуд. Дар миёнаҳои асри XIX миқдори тупҳои лашкари Бухоро ба 80 расид.

Бо ин қувва ва қувваи сарбозон ба амир Насрулло муяссар мешавад, ки давлати нисбатан мутамарказ ташкил намуда, аз болои мулкҳои дигар ғалаба ба даст орад.

Қувваҳои ҳарбии хонии Хуқанд дар нимаи аввали асри XIX аз Аморати Бухоро кам фарқ мекард. Лашкари савораи хон доимӣ набуд. Онҳо дар вақти ҷанг ҷамъ меомаданд. Савораҳо низоми муайян ва яроқи якхела надоштанд. Аз хазина ҳар кадом сарбоз орду биринҷ ва дар як сол ду ҷома мегирифт. Ба ивази маош ба сарбозон ва сардорони онҳо баъзан инъомҳо медоданд. Сарбозони савора аз хон асп ва баъзан замини кишт мегирифтанд. Силоҳи лашкари Хуқанд аз силоҳи қушуни Бухоро беҳтар набуд. Танҳо як қисми ночизи сарбозон бо камони пилтагӣ мусаллаҳ буданд. Ҷамъи лашкари хон дороӣ 100 туп буд.

Қисми ташкилии қувваи ҳарбии хони Хуқанд дар нимаи аввали асри XIX аз қувваҳои низомии Аморати Бухоро кам фарқ мекард. Вале назар ба лашкари Бухоро сусгтар буд. Бинобар ин ба амирони Бухоро муяссар гаштааст, ки дар ҷангҳои бо хони Хуқанд суратгирифта борҳо дастболо гашта, чандин маротиба маркази хонигарӣ – шаҳри Хуқандро ишғол намоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …