Главная / Варзиш / «Лаклакҳо» (бозии украинӣ)

«Лаклакҳо» (бозии украинӣ)

Дар бозӣ 6 ё 8 бача иштирок мекунад. Онҳо ба давра меистанд ва «лаклак»-ҳоро ифода менамоянд. Ҳар як «лаклак» барои худаш бояд лона бисозад – дар атрофи худ давраи диаметраш 1 -метра кашад. Баран- дае, ки лона надорад дар маркази даврачаҳо меистад.

152753251719182968

Бо ишораи баранда бозӣ cap мешавад. Ҳамаи лаклакҳо пойи ростро бардошта бо пойи чап меистанд. Баранда ба як пой ҷаҳида, ба худ лонаи дилхоҳро интихоб намуда ба он дохил мешавад. Ҳангоми чойгир шудани ду «лаклак» дар як лона, ҳар ду «лаклак» аз лона ҷаҳида мебароянд ва ба як пой меҷаханд (бо пойи рост ва чап ҷаҳидан мумкин аст) ва яке аз тарафи чап, дигаре аз тарафи рост давраро чарх мезананд. (Дигарон дар ин муддат метавонад пойхои худро фуро- ранд). Бозингари якум ба назди лонаи холӣ ҷаҳида омада, онро ишғол мекунад, бозингари деромада боз баранда мешавад. Як нафар зиёда аз ду маротиба баранда шуда наметавонад. Дар ҳолати маротибаи дуюм ишғол карда натавонистани лона, ба ҷои ӯ бозингари дигар ба бозӣ дохил мешавад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …