Главная / Илм / КВАС

КВАС

kvasКВАС, як навъ нӯшокии ташнашикан. К.-ро дар хона низ тайёр мекунанд. Пораҳои нони ҷавдорро дар тафдон то сурх шудан мехушконанд. Ба нони хушк оби ҷӯш рехта, 3 – 4 соат болояшро пӯшонда мемонанд. Зарф бояд шишагин ё сирдор бошад. К.-ро бо мақсади пешгирии оксидшавӣ дар зарфи алюминӣ тайёр намекунанд. Қиёми ҳосилшударо полида, ба он хамиртуруш, шакар, наъно меандозанд, бо сачақча мепӯшонанд ва барои расидан 10 – 12 соат мемонанд. Пас аз кафк кардан онро такроран меполанд ва ба шишаҳо гирифта, ба ҳар кадом шиша каме мавиз меандозанд. Шишаҳоро бо пӯке, ки дар оби ҷӯшидаистода тар карда шудааст, маҳкам намуда, бо ресмон мебанданд ва 2 – 3 соат дар ҳарорати хона нигоҳ медоранд, баъд ба ҷои серун мемонанд. Пас аз се рӯз К. тайёр мешавад. Ба 500 г нони хушки ҷавдор 4 – 5 л об, 10 – 12 г хамиртуруш, 100 г шакар, 10 г наъно, 25 г мавиз лозим аст.
К. дар баробари хуштаъм будан, хосияти шифобахшӣ низ дорад. К. нӯшокии хеле серғизо аст. Он яке аз давоҳои асосии халқӣ барои табобати авитаминоз мебошад. Дар таркиби К. ба миқдори зиёд микроэлементу витаминҳо, мас., кислотаи шир, витаминҳои гурӯҳи В, калтсий, магний, фосфор ва аминокислотаҳо мавҷуданд. К. ба фаъолияти аъзои меъдаю рӯда таъсири мусоид расонда, афзоиши микробҳои бемориоварро пешгирӣ мекунад, мубодилаи моддаҳоро ба сомон меорад. Барои одамони гирифтори гастрит, ки туршии меъдаашон паст аст, пеш аз хӯрок нӯшидани К. аҳамияти калон дорад; ашхоси гирифтори нуқси дил, ғалаёни хун, заъфи асаб ва табъашон хира бояд К.-ро бештар истеъмол намоянд.
К. сири дандонро мустаҳкам карда, ба захмҳо шифо мебахшад, хастагиро рафъ месозад, ба одам нерую тавон ато мекунад. Муқаррар шудааст, ки К. рагҳои хунро тоза карда, дар дили наҳор ошомидани он ихроҷи шираи меъдаро меафзояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …