Главная / Илм / ҚУТБУДДИНИ ШЕРОЗӣ

ҚУТБУДДИНИ ШЕРОЗӣ

nophoto-manҚУТБУДДИНИ ШЕРОЗӣ (1236. Шероз – 1311, Ҷаранбоди Табрез), Абуссано Қутбиддин Маҳмуд ибни Масъуд ибни Муслиҳи Форсии Козарунии Шерозӣ. Аз донишмандони маъруф ва ба қавле хоҳарзодаи Саъдии Шерозӣ буда, ба Бағдод, Димишқ ва Миср сафарҳо кардааст. Қ. Ш. улуми аввалия, махсусан тибро дар назди падараш Зиёуддин Масъуди Козирунӣ (ваф. 1250) омӯхт. Аз 14-солагӣ дар бемористон ба табобати маризон пардохт. Дар назди табибони машҳури замонаш дониши тиббии худро такмил дод. Дар Табрез дар кори расадхона бо хоҷа Насируддини Тӯсӣ ҳамкорӣ мекард. Дар аксари илмҳои диг. замонааш, монанди тиб, нуҷум, ҳикмат ва мусиқӣ низ забардаст буда, завқи адабӣ ва қариҳаи шеъргӯӣ низ доштааст. Дар риштаҳои гуногуни илм, аз ҷумла дар тиб таълифотҳо дорад. «Рисола дар марази барас», «Рисолаи тиббӣ», «Тӯҳфату-с-саъдия» ва ғ. «Тӯҳфату-с-саъдия» дар панҷ ҷилд буда, тафсири пурраи «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино мебошад. Муалиф дар муқаддимаи ин китоб мухтасари тарҷумаи ҳоли худро нақл кардааст.
Ад.: Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 6, Теҳрон, 1379, ҳ. ш. Ҳоҷихалифа, Кашфу-з-зунун ан асомии –л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …