Главная / Гуногун / Кўки занҷиршакл

Кўки занҷиршакл

Кўки занҷиршакл – барои дўхтани ҳошияи кашида, шохчаи гулу барг ва ҳамин қабил нақшҳо истифода мешавад.

Ин намуди гулдўзӣ бо дарафши чангакдор ё сўзан дўхта шуда, дар аснои он тарафи рости матоъ занҷири халқаҳо ва дар тарафи чапи он хатҳои рост ҳосил мешавад.

zavyazkiДар вақти дўҳтан бо сўзан нақш аз боло ба поён дўхта мешавад.

Ресмони аз сўзан гузаронидашударо бо дасти чап дошта меистанд, баробари хастану баровардани сўзан халқа ҳосил мешавад.

Кўки хомдўз

Кўки хомдўз барои дўхтани рўймол, куртаи чакан, рўйҷо, тоқиҳо, болишт ва навъҳо сўзанӣ истифода бурда мешавад. Хомдўз кўки дутарафаю ҳамвор Буда, ресмон рост ё андаке уреб дўхта мешавад. Бо ресмони хом дўхта мешавад.

Дар дўхту дўз боз бисёр кўку дарзҳои дигар истифода мешаванд.

Савол ва супориш

  1. Намуди асбобҳои истифода барандаро дар вақти кашидадӯзи номбар кунед, сӯзанҳо чанд рақам доранд.
  2. Қоидаҳои ироқи дӯзиро гуфта диҳед.
  3. Тарзи дўхтани гиреҳҳои ороиширо бо хоҳиши худ интихоб намуда онро иҷро намоед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …