Главная / Илм / КУКБОЙ

КУКБОЙ

kukboyКУКБОЙ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. рости шохоби д. Кукбой ҷойгир аст. Баландиаш аз с. б. 3920 м. Дебиташ – 4 л/сон., минералнокии умумиаш – 0,9 г/л, ҳарор. обаш +400С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калтсий (20,0 мг/л), натрий (12,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (73,0 мг/л), сулфатҳо (15,0 мг/л) ва ангидридҳои озоди карбон (77,0 мг/л) мавҷуданд. Он хосияти шифобахшӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Оби чашмаро метавон барои қабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …