Главная / Илм / КӯҲНАВАРДӣ

КӯҲНАВАРДӣ

kuhnavardiКӯҲНАВАРДӣ, алпинизм, бо мақсадҳои варзишӣ ва тадқиқот баромадан ба қуллаҳои кӯҳ. К. дар одам хислатҳои мардонагӣ, чолокӣ ва ғ.-ро тарбия мекунад, нерую тавон мебахшад, ҳамоҳангии ҳаракат ва пуртоқатиро инкишоф медиҳад. Дуруст ташкил кардани К. ва нафас гирифтан аз ҳавои кӯҳистон ба саломатӣ таъсири мусбат расонда, як навъ истироҳати фаъол маҳсуб мешавад. Ҳамзамон бо ин баромадан ба кӯҳҳои баланд асабҳои устувор ва неруи зиёди ҷисмониро тақозо менамояд. Ин ҳама зери таъсири фишори патси атмосфера, тағийр ёфтани ҳарорат ва намии ҳаво, афзоиши радиатсияи ултрабунафш гаронтар хоҳад шуд. Бинобар ин кӯҳнавардро зарур аст, ки баҳри ноил гаштан ба мақсад омодагии ҷиддӣ бинад.
Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои сарбафалак аст. С. 1952 дар Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорти ҷумҳурӣ федератсияи кӯҳнавардон таъсис дода шуд. Кӯҳнавардони тоҷик қуллаҳои баландтарини кӯҳҳои Помир – Дӯстӣ (6800 м), Известия (6840 м), Ғалаба (7439 м), Ленин (7134 м) ва ғ.-ро фатҳ намуданд. Қуллаҳои фатҳнашуда дар ҷумҳурӣ ҳанӯз бисёранд.
Омили асосие, ки ҳангоми баромадан ба кӯҳҳои баланд ба организм таъсир мерасонад, норасоии оксиген (ниг. Гипоксия) аст; он кори нафаскашӣ ва системаи дилу рагро халалдор месозад, иштиҳо гум ва хоб вайрон мешавад, мумкин аст ихтилоли кори дилу раг ва системаи асабҳои марказӣ ба вуҷуд ояд.
Дар кӯҳнавардон тағйирот ва ихтилоли системаю узвҳо, одатан, мувақатӣ буда, тез мегузарад. Дараҷаи зуҳуроти онҳо ба обутоби организми кӯҳнавард вобаста аст. Барои ба шароити баландкӯҳ мутобиқ шудан муддате дар лагерҳои кӯҳнавардон зистан лозим меояд.
Дар аснои машғулиятҳои К. назорати қатъии духтур зарур аст. Духтури лагери кӯҳнавардӣ кӯҳнавардонро аз муоинаи аввалин, инчунин пеш аз баромадан ба кӯҳ ва баъди он аз назорати тиббӣ мегузаронад, барои ба кӯҳҳои баланд баромадан иҷозат додан ё надоданро ҳаллу фасл менамояд, режими дурусти акклиматизатсия ва машқи махсуси кӯҳнавардонро мураттаб месозад, вояи хӯрокро вобаста ба шароит ва дараҷи душвории кӯҳбароӣ муайян мекунад.
Либоси кӯҳнавард бояд мувофиқ, сабук ва муносиб бошад, ӯро аз хунукӣ, шамол ва боришот эмин дорад. Пойафзори чармини кӯҳгардӣ бояд ба пой мувофиқ ояд. Барои муҳофизати чашм айнакҳои махсус (ниг. Айнак) заруранд.
Ғизои кӯҳнавардон бояд серкалория (на камтар аз 4500 – 5000 ккал) бошад: хӯрокро 4 – 5 маротиба дар як рӯз ва ба қадри имкон гарм хӯрдан лозим аст. Дар шароити кӯҳ ангиштоб беҳтар ва равған каме бад ҳазм мешавад, бинобар ин ғизо бояд камравған ва серангиштоб бошад. Ба вояи хӯрок ғизоҳои дуддода, шоколад, қанд, витаминҳои С, В, нони хушк, фатиркулча, мева ва ғ. ҳамроҳ мекунанд.
Барои тайёрии ибтидоӣ ба лагерҳои кӯҳнавардӣ ҷавонон ва духтарони 14 – 15-солаи ҷисман обутобёфта фиристода мешаванд. Ба кӯҳбароиҳои сабук ҷавонон ва духтарони аз 17-сола болоро роҳ медиҳанд. Барои баромадан ба кӯҳҳои баланд (6500 – 7000 м) ба одамони аз 22 – 23 то 40 – 42-сола иҷозат аст. Ба кӯҳҳои хеле баланд бошад, фақат кӯҳнавардони таҷрибадор мебароянд.
Тайёрии нодурусти ҷисмонӣ ва техникӣ, сарсарӣ интихоб намудани ҳайат, ба назар нагирифтани душвории сафар, беинтизомӣ, бадсифатӣ ва норасоии асбобу анҷом, хӯрок ва назорати тиббӣ метавонад муҷиби фалокат шавад. Бинобар ин дар ҷумҳурӣ тартиботи қатъии ташкил ва гузаронидани сафари кӯҳ ва ба кӯҳҳо баромадан мавҷуд аст (мақсади асосии он пешгирии хавфи зарбу лат ва фалокат мебошад). Барномаи тайёрии кӯҳнавардон ҳатман омӯзиши усулҳои худёрирасонӣ ва ёрии ҳамдигарро дарбар мегирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …