Главная / Илм / КОСАИ САР

КОСАИ САР

kosai-sarКОСАИ САР (Cranium), ҷумҷума, кадуфт, косахонаи сар, скелети сари ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам. К. с. аз 2 қисм – майнавӣ ва чеҳравӣ иборат аст.
К. с.-и одам аз 6 устухони суфтаи хамида таркиб ёфтааст: устухонҳои пешонӣ ва пушти гардан (устухонҳои тоқ), устухонҳои фарқи сар ва чакка (устухонҳои ҷуфт), устухонҳои фонашакл ва тӯршакл. Устухонҳо ба ҳамдигар тавассути дарз пайваст шудаанд. Қисми болои косаи мағзи сарро сарпӯш ва қисми поёни онро асоси К. с. меноманд. Асоси К. с. аз 2 сатҳ – берунӣ ва дарунӣ иборат аст. Сатҳи дарунӣ чуқурчаҳои пеш, мобайн ва ақиб дорад, ки дар онҳо қисмҳои гуногуни мағзи сар ҷой гирифтаанд. Аз каналу сӯрохиҳои сершумори асоси К. с. асаб ва рагҳои хунгард мегузаранд. Қисми чеҳравии К. с. аз 14 устухони нисбатан хурд (устухони зери забон низ мансуби онҳост) иборат мебошад. Ҷоғҳои боло ва поён устухонҳои нисбатан калони қисми чеҳравии К. с. ҳисоб мешаванд. Дар устухони чакка аъзои сомеа ҷой гирифтааст. Устухонҳои рухсора, бинӣ, ашк, ком ва тағоякҳои поёни бинӣ девораи косаи чашм, ҷавфи бинӣ ва коми сахтро ба вуҷуд меоранд. К. с.-и занҳо ҳаҷман хурд мебошад.
Омӯзиши тағйирёбии андоза ва шакли К. с., инчунин устухонҳои алоҳидаи он барои антропология аҳамияти калон дорад. Натиҷаҳои тадқиқи антропологии К. с.-и одамони қадими ин ё он мавзеъ, дар қатори маълумоти археологӣ, таърихӣ, лингвистӣ, этнографӣ ва антропологии одамони муосир ҳангоми ҳалли масъалаҳои этнографии халқҳо истифода мешаванд.
Ба бемориҳои К. с. остеомиелит, омосҳо, чурраҳои модарзодӣ ва ғ. мансубанд. Латхӯрии косахонаю мағзи сар низ аз гурӯҳи бемориҳои К. с. мебошанд. Дараҷаи зарарёбии устухонҳо (пачақ шудан, шикастани як ё чанд устухон, шикастани асоси К. с. ва ғ.) ба қувваи таъсир вобаста аст. Зарбу лати пӯшидаи ҷумҷумаю майна боиси аз ҳуш рафтан, дарди сар, дилбеҳузурӣ, қай ва ғ. мегардад. Дар ҳолатҳои вазнин ихтилоли рӯҳия, нафаскашӣ, гардиши хун ва ғ. ба вуҷуд меояд. Барои муолиҷаи бемориҳо ва зарбу лати К. с. аз доруҳои гуногун ва ҷарроҳӣ истифода мекунанд.
Ад.: Бунак В. В., Череп человека и стадии его формирования у ископаемых людей и современных рас, М., 1959; Рогинский Я. Я., Левин М. Г., Антропология, М., 1963; Абдураҳмонов Ф. А., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995 ва 1998.
КЛ
Расми 1. Косаи сар; намуд аз пеш: 1 – устухони пешонӣ; 2 – дӯнгии пешонӣ; 3 – байнабрӯ; 4 – камони болои абрӯ; 5 – чуқурчаи чакка; 6 – сӯрохи болои чашмхона; 7 – қисми чашмхонавии устухони пешонӣ; 8 – дарзи устухонҳои фонашаклу рухсора; 9 – устухони рухсора; 10 – сӯрохи мурудшакл; 11 – сӯрохи зери чашмхона; 12 – устухони ҷоғи боло; 13 – дарзи байнифарқӣ; 14 – ҷоғи поён; 15 – сӯрохи манаҳ; 16 – дарзи рухсораю ҷоғи боло; 17 – устухони рухсора; 18 – роғи поёни чашмхона; 19 – ҷӯи босира; 20 – роғи болои чашмхона; 21 – шохаи ҷабинии устухони рухсора; 22 – рахи чакка; 23 – дарзи иклилӣ; 24 – дарзи устухони бинию ҷоғи боло; 25 – устухони бинӣ; 26 – дарзи пешониву бинӣ.
Расми 2. Косаи сар; намуд аз паҳлӯ: 1 – устухони пешонӣ; 2 – боли калони устухони фонашакл; 3 – устухони бинӣ; 4 – устухони ашк; 5 – устухони рухсора; 6 – устухони ҷоғи боло; 7 – ҷоғи поён; 8 – сӯрохи беруни сомеа; 9 – шохаи пистонакшакл; 10 – қисми пулакчавӣ; 11 – устухони паси гардан; 12 – устухони фарқи сар.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …