Главная / Гуногун / Мафҳуми коркарди гармии сабзавот

Мафҳуми коркарди гармии сабзавот

Барои тайёр кардани таом аз сабзавот ҳамаи намуди коркарди гармро истифода мебаранд. Обпаз, дампаз, буғпаз ва дар оби худпухта. Сабзавоти пухтагиро барои тайёр кардани хуришҳо, шӯрбо, таомҳои 2-ум ва барои гарнир истифода мебаранд.

Тайёр кардани таоми картошкаи обпаз

Таҷҳизот: дег, чавлӣ (друшлаг), тағорача, корди таббохӣ, чангак,

қошуқ, табақ, тахтачаи резакунанда.

Миқдори масолеҳ: картошка – 200 г, равғани маска – 10 г, ё қаймоқ – 20 г, намак – 2 г, пиёзи кабуд, кашнич ва шибит – 3-5 грамм.

Картошкаҳои ҳаҷмаш якхеларо интихоб карда, шуста, пӯсташро тоза кунед. Кабудиро ҷудо намуда шуста ва реза карда, сипас картошкаро ба дег андохта, оби гарм рехта (тахминан 1-1/2 см аз болои рӯи картошка), намак пошида то тайёр шудан пазед. Пухтагиашро бо ёрии чангак муайян кунед. Мӯҳлати пухтани картошка то 20-30 дақиқа.

Баъди пухтан обашро рехта, боз дегро 1-2 дақиқа ба оташ гузоред, то картошка камтар хушк шавад.

Картошкаи пухтагиро ба табақ гузошта, ба болояш равғани маскаи обкарда ё қаймоқ рехта кабудии резакардаро ба рӯяш пошида, ба дастархон медиҳанд. Картошкаи обпазро таоми дуюми гӯшт, гӯшти парранда ё дигар таоми гӯштин додан низ мумкин аст.

Савол ва супориш

  1. Коркарди гармии сабзавотро гӯед.
  2. Қоидаҳои коркарди сабзавотро шарҳ диҳед
  3. Мӯҳлати пухтани сабзавотро гуфта диҳед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …