Главная / Маданият ва санъат / КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ

КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ

Ин асарро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ солҳои 1880-81 таълиф кардааст. Асар аз ду ҷилд иборат буда, дорои муқаддима, ду матлаб ва хотима мебошад. Муқаддима ва матлаби якум дар ҷилди якум, матлаби дуюм ва хотима дар ҷилди ду ҷой дода шудааст.

Дар муқаддима оид ба 18 навъи нон, дар матлаби якум, ки аз 22 боб иборат аст, оид ба 109 навъи таом маълумот медиҳад. Дар матлаби дуюм, ки аз бист боб иборат мебошад, оид ба 169 навъи ҳалво маълумот додааст.

taom

Маълум аст, ки дар ин соҳа асарҳои зиёде навишта шудааст. Аз ҷумла: «Қарободини Қодирӣ», «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Тӯҳфат-ул-мӯъминин», «Амал-ус-солиҳин», «Қарободини кабир», «Матлаъ-ул-улум», «Иксири аъзам», «Махзан-ул-адвия», «Тарёки имомӣ», «Ганҷи шоиқон», «Лаззат- ул-висол» ва ғайра. Соли 1434 Абӯисҳоқ Ҳаллоҷи Атъимаи Шерозӣ «Канз-ул-иштиҳо»-ном девоне мураттаб сохт, ки он аз ғазалҳо оид ба навъҳои гуногуни хӯрокҳоро дарбар мегирад. Вале асари Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ арзишмандтар аст, зеро дар ин рисола хусусиятҳои таому таркиби онҳо ва усули тайёр намудани онҳо хеле ба тафсил баён карда мешавад. Муаллифи асар навъҳои таъом, аснофи ҳалвою мураббо ва ғайраро бо тартиби алифбои арабӣ зикр намуда, ба он бобҳо чунин номгузорӣ менамояд. Масалан, «Боби алиф», «Боби дол», «Боби син» ва ғайра.

Дар матлаби аввали рисола аз ҷумла навъҳои зерини онҳо номбар карда мешавад: Иброҳимия, оши анбарборис, оши угро, олуболупалав, оши орд, оши ришта, анорпалав, боқилапалав, барро, барӣ, барии кашмирӣ, бурони ҷазар, исфаноҷ, бурони бодинҷон, бурони хиёр, бурони морчӯба, бовардӣ, буғро, буғрои ҳиндӣ, буғрои анор, буғрои хоразмӣ, палав, яхнипалав, луқмапалав, шибетпалав, палави сода, палави зард, палави қурма, палави ҳанонӣ, бурак, баҳат, ҷамолпалав, чукпалав, ҷавозиба, ҷазария, чалов, ҷӯшира, рангинак, сумоқия, уҷҷа, асида ва ғайра.

Аз ҳама муҳим он аст, ки «Кони лаззат ва хони неъмат» на фақат нону ошҳо ва ширинҳои маъмулии халқҳои Осиёи Миёна, инчунин таъомҳои машҳури халқҳои баъзе аз мамлакатҳои берун аз Осиёи Миёнаро низ дарбар мегирад. Муаллифи асар инро мавриди баён сохтани таркиби аксари онҳо махсус қайд карда мегузарад. Чунончи: «Барро (як навъи таъом дар Ҳиндустон) аз ағзияи (ғизои) аҳли Ҳинд аст». Ё ин ки: «Бӯрони хиёр (номи хӯрок). Ин таъомро дар Язд мепазанд». Ё худ: «Бӯрони бодинҷон (номи таъом) – ин хӯрокро дар Шероз мепазанд» ва монанди инҳо.

Метавон таъкид намуд, ки «Кони лаззат ва хони неъмат» бештар таъому шириниҳои дар байни мардумони Осиёи Миёна, Хоразм, дар баъзе шаҳрҳои Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Туркия ва Арабистон машҳурро фаро мегирад. Хусусан, қисми зиёди навъҳои нону таъом, ҳалвою мураббо, ки дар асар омадаанд, миёни халқҳои Бухоро, Хуҷанд, Самарқанд, Кӯлоб, Қӯқанд ва дигар ҷойҳо маъмуланд. Аз ҷумла: нони ширмол, нони кӯмоч, нони варақӣ, нони нахудӣ, нони сагак, нони тафтон, палов, шӯрбо, қавурма, кабоб, кӯфта, ширбиринҷ, дӯлма, оши орд, оши софӣ, оши ришта, тушбера, оши угро, боқилапалов, шавла, кичирӣ, ҳалвои тар, ҳалвои ордӣ, ҳалвои кунҷит, ҳалвои лавзӣ, ҳалвои шакархамир, ҳалвои ангур, ҳалвои писта, ҳалвои собунӣ, ҳалвои мағзӣ, мураббои олуча, мураббои пӯсти тарбуз, мураббои сабзӣ, мураббои биҳӣ, мураббои тут, мураббои райҳон, мураббои амруд ва ғайра дар шаҳрҳои номбаршуда басо серистифода машҳуранд.

Муҳим он аст, ки Возеҳ дар асари худ хусусиятҳои шифобахшии таъомҳо ва таркиби кимиёвии таъомҳо, усули тайёр намудани онҳоро хеле хуб баён мекунад. Барои намуна метавон чанд навъи хӯроквориро тибқи тасвиру баёни Возеҳ зикр намуд.

Нони бодомӣ. – Нонест бисёр латифу лазиз ва муқаввии меъда. Бигиранд мағзи бодом ним-то, равғани зард – ду дирам, сафедии байзаи мурғ-як адад ва пӯсти мағзи бодомро дар об тар карда ҷудо намоянд ва ба офтоб хушк созанд, то таровати об зоил шавад, он гоҳ бориксудаи наботро дар андак об шира кашида, бодоми сударо дар он биандозанд ва ба дегча карда бар сари оташи зӯғол, яъне ангишт ниҳанд ва ба кафча лат кунанд, чун қариб ба бастагӣ расад, сафедӣ ва равғанро чун бо ҳам омехта дар он биандозанд, чун пухта шавад, баранд ба болои коғаз. Аз он нонҳои борик ба тарзи нони хитоӣ сохта бар сари хони биринҷӣ ё мис ҷудо-ҷудо баркашанд ва оташи ангишт дар зери хон ба болои хон ҳар чаҳор тараф ба андак фосила бигзоранд ва чун ба сурхӣ дарояд, пухта шуда бошад, аз оташ бардоранд ва ба кор бароранд».

Ё ин ки дар ҷои дигар оид ба омода намудани мураббои олуча мегӯяд: «… Ғалабаи сафро биншонад ва ташнагиро сокин гардонад. Бигиранд олучаи султонӣ ҳар қадар ки хоҳанд ва дар деги сангӣ кунанд ва ду-се ҷӯш дода фӯруд гиранд, дигарбора бо асал ё қанд ё шакар табх (қиём) намоянд» ва ғайра.

Умуман, асари насрие, ки оид ба навъҳои таъом ва хӯроквориҳо то ба ин дараҷа маълумоти ҳаматарафа медода бошад, нест. Илова бар ин, дар асар аз пешрафту инкишофи мадданияти моддӣ-маъишии халқи тоҷик дар даврони муайян шаҳодат медиҳад. Аз сӯи дигар, аҳамияти асар боз дар он аст, ки ин аҳамияти шифобахши хурокҳо баён карда мешавад, ки арзиши тиббӣ доштани онро нишон медиҳад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …