Главная / Илм / КОМПРЕСС

КОМПРЕСС

kompressКОМПРЕСС, кимод, рифода, бандинае, ки бо мақсади муҳофизат ё табобати ҷузъии узви иллатёфта истифода мешавад.
К.-и хушкро, ки аз чанд қабат докаю пахта иборат аст, барои аз сардӣ ва диг. таъсири ногувори берунӣ муҳофизат намудани узви иллатёфта, К.-и нарм (сард, гарм, гармкунанда ва доруӣ)-ро бо мақсади табобат ба кор мебаранд. Самараи табобат бо К. ба тарзи гузоштани он вобаста аст.
К.-и сард (порчаи матои нарм, ки ба оби хунук тар мекунанд) боиси хунукшавии ҷузъӣ ва танг шудани рагҳои хун мегардад; онро ҳангоми латхӯрӣ, хунравӣ аз бинӣ ва ғ. ба муддати 2 – 3 дақ. ба ҷои иллатёфтаи бадан (сар, дасту по ва ғ.) мегузоранд. К.-и гармкунанда рагҳоро васеъ намуда, гардиши хунро дар пӯст ва бофтаҳои амиқ метезонад. Дока ё матои тозаеро пешакӣ ба оби ширгарм тар мекунанд, сипас фишурда ба ҷои иллатёфта мегузоранд ва аз болояш клеёнка, ё коғази обногузар мемонанд (бояд матои тарро пурра пӯшонад). Аз болои коғаз боз пахта ё бумазӣ мегузоранд (то ки гармии зери К. маҳфуз монад). К.-ро бо бинт тавре мебанданд, ки ба узв часпида истад, вале сахт фишор наорад; муддати истифодаи онро духтур ё фелдшер таъин мекунад. Агар К. дуруст гузошта шавад, баъди гирифтан гармию нармиаш боқӣ мемонад. Ҳангоми такроран гузоштани К. барои озурда нашудани пӯст пешакӣ онро бо спирти обдор, арақ, сирко ё атр тоза ва хушк мекунанд. К.-ро асосан бегоҳирӯзӣ, пеш аз хоб мегузоранд. Дар аснои ба сари сина гузоштани К.-и гармкунанда бемор бояд бистарӣ бошад. Баъзан ба ҷои К.-и гармкунандаи обӣ К.-и арақиро истифода мебаранд. Чунин К. зуд хушк мешавад, бинобар ин онро иваз бояд кард.
К.-и гарм барои гармкунии ҷузъӣ таъин шудааст (матоъро ба оби гарм, яъне 60 – 70°С тар мекунанд). К.-и гармро низ чун К.-и гармкунанда мегузоранд. Тарзи истифодаи К.-и доруӣ низ ба К.-и гармкунанда монанд буда, вале барои афзудани таъсир ба об доруҳои гуногун ҳамроҳ мекунанд.
Нодуруст истифода бурдани К. нафақат самара намебахшад, балки оқибати ногувор ҳам дорад. Мас., К.-и гармкунанда бо лизол ё йод боиси сӯхтани пӯст мегардад. К.-ро бе маслиҳати духтур ё фелдшер истифода бурдан ҷоиз нест, вагарна метавонад оризаҳои ногувор ба бор оварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …