Главная / Илм / КОМПЛЕМЕНТ

КОМПЛЕМЕНТ

komplementКОМПЛЕМЕНТ (лот. complementum – иловагӣ), силсилаи сафедаҳои муҳофизии зардоби хуни одам ва ҳайвонот, ки дар аксуламалҳои махсуси подгун (антиген)-подтан (антитела) иштирок карда, самараи биологии онро меафзоянд. Системаи К. аз 9 унсур иборат аст. Онҳо бо тартиби муайян фаъол гашта, бо комплекси подгун-подтан пайваст мешаванд. Дар натиҷаи чунин пайвастшавӣ мумкин аст ҳуҷайраҳои ҳассоскардаи подтанҳо дучори лизис гарданд (ситолиз), фагоситози микроорганизмҳо тақвият ёбад. Системаи К. нафақат вазифаи муҳофизатӣ дорад, балки он ҳангоми баъзе бемориҳо дар раванди вайрон кардани бофтаҳои худи организм низ иштирок менамояд.
К. дар таркиби зардоби хуни хукчаҳои баҳрӣ бисёр аст. Бинобар ин дар ҳолатҳои зарурӣ аз зардоби хуни ин ҷонвар истифода мекунанд. Дар сурати нигоҳ доштани зардоб ва муддати 20 дақ. гарм кардани он (t 56°С) фаъолияти К. нест мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …