Главная / Ҷуғрофия / КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, наботот, ҳайвонот ва хок ташаккул ёфтаанд. Комплексҳои табиии маҳали шумо ҳам ҳамин тавр ҳосил шудаанд. Аммо комплексҳон табиӣ то маскун шудани аҳолӣ намуди зоҳирии худро кам тағйир дода буданд.

Баробари афзудани миқдори аҳолӣ, зиёд шудани талаботи одамон ба ҳама гуна сарватҳои табиӣ (замин, об, дарахтони чӯбдиҳанда, сӯзишворй, ҳайвонотн шикорй ва ғайра) ва инкишоф ёфтани олотҳои нави истеҳсолӣ (мошину механизмҳо) таъсири одам ба комплексхои табиӣ торафт афзун гардид. Дарахтон бурида, ҳайвонот шикор карда шуданд.

zamin

Заминҳоро обёрӣ намуда, ба замини кишт ва боғу токзор табдил доданд. Дар заминҳои ба кор андохта шаҳру деҳоти нав бино карда, ба сӯи онҳо роҳ кушоданд ва симҳои барқу алоқа кашиданд. Дар натиҷа намуди зоҳирӣ (ландшафти табиӣ)-и комплексҳои табий тағйир ёфт. Онро комплекси табиии антропогенӣ (бо дасти инсон бунёдшуда) меноманд. Ҳамаи ин тағйиротҳоро мушоҳида карда, ба саволхои зерин ҷавоб диҳед:

  1. Дар маҳали шумо кадом соҳаҳои кишоварзӣ инкишоф ёфтаанд?
  2. Корхонаҳои маҳали шумо бо кадом намудҳои ашёи хом кор мекунанд?
  3. Кадом намудҳои сарвштҳои табиии маҳали шумо бештар ба кор андохпш шудаанд?
  4. Истифодаи сарватҳои табий ба табиати маҳали шумо чи гуна таъсир расондааст?
  5. Барои ҳифзи табиати маҳалапюн чӣ чорабиниҳо ба ҷо оварда мешаванд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …