Главная / Илм / «КОМИЛУ-С-СИНОАТ»

«КОМИЛУ-С-СИНОАТ»

komilu-s-sanoat«КОМИЛУ-С-СИНОАТ», асари энсиклопедии Алӣ ибни Аббоси Маҷусии Аҳвозӣ (ваф. с. 994) дар боби тиб ва дорушиносӣ. Китоб масъалаҳои асосии тибби назариявӣ ва амалии қадима, инчунин комёбиҳо ва маҳсули таҷрибаи бои худи Аҳвозиро дарбар мегирад. Нимаи дуюми а. 10 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Дар асар тамоми воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва табобати бемориҳо дарҷ гардидааст. Китоб аз ҷиҳати содагии таъбир, табақабандӣ ва услуби илмии худ аз беҳтарин китобҳои тиббӣ ба шумор меравад. Муаллиф онро барои подшоҳ Азудуддавлаи Бувайҳӣ таълиф карда, номи диг. он «Ал-Китобу-л-маликӣ» мебошад. «К.» аз чанд қисм иборат аст. Қисми аввал ба мавзӯъҳои физиология – намуд ва шинохтани мизоҷ, моеъ, хилт, қувватҳои бадан ва дигаргуншавии онҳо аз таъсири иқлим, шароити зиндагӣ бахшида шудааст. Мувофиқи маълумоти С. Ковнер (1893) ташреҳ (анатомия)-и бадан дар «К.» аз рӯи тибби Ҷолинус инъикос ёфтааст, вале муаллиф оид ба 9 мушаки чашм, ки 3-тои онҳо дар ҳаракати мижгон иштирок менамоянд, маълумоти дақиқ додааст.
Қисми зиёди «К.» ба бемориҳо ва тарзи ташхис (диагностика), ташхиси тафриқӣ, инчунин ба табобат ва тадбири онҳо бахшида шудааст. Муаллиф пайдоиши бемориҳоро ба дигаргуншавии унсурҳои дохилии бадан ва таъсири манфии муҳити атроф вобаста менамояд.
Қисмҳои дигари китоб ба шинохтани набз ва тағйир ёфтани он дар аснои як қатор бемориҳо, ҳарорати бадан, тадбири либос, гигиенаи хӯрок, муҳити зиндагӣ ва ғ. бахшида шудаанд.
Китоб оид ба пайдоиши санг дар дохили раҳм (бачадон)-и занҳо, баромадани устухонҳо ҳангоми авҷи ихтилоҷи мушакҳо, фарқияти байни бемории пес ва махав, усули ҷарроҳии санги гурда, истифодаи доғсӯзӣ дар табобати як қатор бемориҳои пӯст, усулҳои хунгирӣ, шифобахшии обҳои минералӣ ва усули истифодаи онҳо маълумот медиҳад. Муаллиф қанд ва ширро ҳамчун ғизо ва дору барои табобати сил таъин намудааст. Муаллиф дар «К.» дар хусуси дар ҳайвонот санҷидани доруҳои нав дастур медиҳад.
Дар охири а. 11 Константини Африкоӣ «К.»-ро аз арабӣ ба забони лотинӣ ба номи «Пантегнум» тарҷума намуд. С. 1127 Стефан Анмохи такроран ин асарро ба забони лотинӣ тарҷума кард, ки он баъди с. 1492 чанд маротиба дар Ғарб чоп шудааст.
Ад.: Ковнер С., Истории арабской медицины, Киев, 1893; «Абҳосу-н-надвайти-л-оламийти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ҷ. 1, Ҳалаб, 1977.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …