Главная / Илм / КОЛПИТ

КОЛПИТ

kolpitКОЛПИТ (Colpitis, vaginitis; аз юн. kolpos – маҳбал), вагинит, газаки луобпардаи маҳбал. К. ҳангоми ба маҳбал дохил шудани микроорганизмҳои бемориовар (стрептококкҳо, стафилококкҳо, гонококкҳо, трихомонадаҳо, занбӯруғҳо), дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ (мавриди истифодаи дастмолу сачоқи умумӣ ва ғ.) ва муҷомаат (алоқаи ҷинсии тасодуфӣ), аз ҷисмҳои бегона захмдор шудани маҳбал, ҳангоми исқот, зоиш, энтеробиоз (киҷҷа) ва ғ. пайдо мешавад. Ғасли маҳбал бо мақсади пешгирии ҳамл ва бардавом истифода бурдани моддаҳои химиявӣ низ ба инкишофи К. мусоидат мекунанд. Суст шудани кори тухмдон, хусусан дар давраи климакс, дар пайдоиши К. мавқеи муҳим дорад. К.-и занбӯруғӣ (барфаки маҳбал) дар натиҷаи муддати мадид ва беназорат истифода бурдани антибиотикҳо ба вуҷуд меояд. К. чун оризаи ногувори хуноқ, махмалак, гулӯдард (дар натиҷаи бо раги хун ба маҳбал ворид шудани ангезандаи ин касалиҳо) низ пайдо мешавад.
Обияти маҳбал, ҳисси вазнинӣ дар поёни шикам, хориш ва сӯзиши маҳбал нишонаҳои К. мебошанд. Хусусияти обият ба сабаби беморӣ вобаста аст. Обияти зард ё хокистарранг, ғализу фаровон, ки луобпардаро ба ангезиш меорад, оқибати аз трихомонада иллат ёфтани маҳбал мебошад (ниг. Трихомоноз). Ҳангоми иллати гонококкӣ (К.-и сӯзок) тарашшӯҳ фаровону римнок буда, пӯст ва луобпардаи узвҳои ҷинсиро ба ангезиш меоварад. Дар аснои К.-е, ки аз тағйири синнусолии маҳбал ба вуҷуд омадааст (тунук гаштани луобпарда аз сабаби суст шудани кори тухмдон), тарашшӯҳи хунолуд пайдо мешавад.
Хусусияти бемориро танҳо духтур муайян карда метавонад. Аз ин рӯ мавриди пайдоиши обияти маҳбал фавран ба духтури гинеколог муроҷиат кардан зарур аст. Саривақт табобат кардани беморӣ инкишофи оризаи ногуворро пешгирӣ менамояд. Дар ҳолати табобат накардан, беморӣ боиси бо ҳам часпидани девораи маҳбал (хусусан дар занҳои солхӯрда ва духтарчаҳо) мегардад.
Қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намуда, инкишофи К.-ро пешгирӣ кардан мумкин аст. Ҳангоми кор дар шароити гарду чанголуд лозимӣ (изор) ва либоси махсус пӯшидан лозим. Барои пешгирии К.-и трихомонадӣ риояи қоидаҳои беҳдошти алоқаи ҷинсӣ ва режими санитарию гигиенӣ дар оила аҳамияти калон дорад. Либоси таг, дандоншӯяк, сачоқ ва ғ. бояд алоҳида ва доимо тоза бошанд. Ин тадбир ба бемории К. гирифтор шудани духтарчаҳоро пешгирӣ менамояд. Сӯиистеъмол аз ғасли маҳбал ва бе тавсияи духтур истифода бурдани он ҷоиз нест. Пеш аз истифодаи доруҳои химиявии зидди ҳамл бо духтур маслиҳат кардан зарур аст. Занҳои гирифтори К. бояд зери назорати духтур бошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …