Главная / Илм / КОЛЛАПС

КОЛЛАПС

kolapsКОЛЛАПС (Collapsus; ба маънои афтида аст), ҳумуд, ҳубут, ҳолати вазнин ва барои ҳаёт хавфнокест, ки ҳангоми он фишори рагҳои хун якбора паст шуда, фаъолияти системаи асабҳои марказӣ суст ва мубодилаи моддаҳо халал меёбад. Тасаккун (боздорӣ)- и маркази таҳрикдеҳи хунрагҳое, ки дар мағзи сар ҷойгир аст, боиси бо хун пурра таъмин нашудани бофтаҳо ва паст гаштани фишори шараён мешавад. Дар аснои К. тақсимоти хун, яъне бо хун таъмин гардидани узвҳо халал меёбад; рагҳои узвҳои батн бо хун аз ҳад зиёд пур ва хуни рагҳои мағзи сар, мушакҳо ва пӯст якбора кам мешавад. Марбут бо норасоии шадиди кори рагҳо миқдори оксиген дар хун кам мегардад.
К. дар аснои хунравии бисёру ногаҳон, норасоии оксиген, ихтилоли тағзия, зарбу лат, тағйироти ногаҳонии вазъи бадан (К.-и ортостатикӣ), кори вазнини ҷисмонӣ, заҳролудӣ ва баъзе бемориҳо (тиф, домана, газаки шуш, илтиҳоби ғадуди зери меъда ва ғ.) ба вуқуъ мепайвандад.
Ҳангоми К. ранги рӯ парида, одамро арақи ғализ пахш мекунад, ранги дасту по кабуди мармарин гашта, фарқ кардани варидҳои рӯи пӯст душвор мегардад. Чашм фурӯ рафта, тарҳи рӯй тағйир меёбад, фишори хуни шараёнӣ якбора паст ва набз суст мешавад. Нафаскашӣ номураттаб гашта, одам ғайриихтиёр пешоб мекунад, дарун меравад; ҳарорати бадан то 350С паст мефарояд. Бемор беҳол, ақл тира, баъзан беҳуш мешавад. Ҳангоми К. бемор ба табобати фаврӣ мӯҳтоҷ аст, бинобар ин зуд духтури ёрии тиббии таъҷилиро даъват намудан лозим. То омадани духтур маризро беболишт, қисми поёни тан ва дасту пойҳоро қадре боло карда мехобонанд, спирти навшодирро бӯй мекашонанд. Ба дасту по гармкунак гузошта, чои гарм ё қаҳва менӯшонанд, тирезаҳоро боз мекунанд, то ки ҳавои хона тоза шавад. Дар аснои К. беморро ҳатман дар духтурхона бистарӣ кардан зарур аст. Сари вақт ёрӣ расонидан самари хуб меорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …