Главная / Илм / КОКУТӣ

КОКУТӣ

kokutiКОКУТӣ (Origanum tuttahanthum), субинак, сипарғам, пудинаи кӯҳӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 90 см қад мекашад. Пояаш бисёр, рост, чорқирра, сершох, пашмакдор. Баргаш кӯтоҳдумчаи дарозрӯя, гулаш сафед ё бунафши паст. Мевааш дорчинии сиёҳтоб. Июн – авг. гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар алафзор, марғзори субалпӣ, даштҳо, нишебиҳои санглохи қ-кӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ мерӯяд.
Мувофиқи маълумоти Абӯалии Сино К. хилти часпаки синаю шуш, ҳайзу пешобро меронад, ҷанинро меафтонад. Нӯшидани он барои рафъи ғусса ва дилбеҳузурӣ муфид аст. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки К. қулинҷро шифо мебахшад, давои хуби пешоброн буда, санги гурдаю масонаро об мекунад.
Дар тибби халқӣ К.-ро барои муолиҷаи амрози гуногун истифода мебаранд; ҷӯшоб, нақеъ ва чойи онро ҳангоми дарди дил, бемориҳои занона, шамолхӯрӣ, сулфа, бехобӣ, сили шуш, исҳол, касалиҳои ҷигар, ғалаёни хун, саръ ва кушодани иштиҳо менӯшанд. Бо нақеъи К. дарди гулӯ, ушкуфа, ширинча ва рахитро табобат менамоянд. Баргу пояи сабзи онро кӯфта ба ҳафтпӯст ва пучак мебанданд. Дар тибби муосир К. дар таркиби диг. давоҳо барои муолиҷаи бехобӣ, заъфи асаб, газаку заъфи меъда ва чун воситаи иштиҳоовар, балғамрон, рафъсозандаи дард ва зиддиилтиҳобӣ истифода мешавад.
Бо ақидаи табибони халқӣ К.-ро бо оби анҷири тар бихӯранд, дамкӯтоҳӣ ва сурфаро шифо мебахшад; агар бо анҷири хушк бихӯранд, арақ меоварад, ранги рӯйро неку мегардонад. Агар К.-ро бо асал бардавом истеъмол кунанд, беҳузур шудани дил ва дарди рӯдаҳоро шифо мебахшад, ҳамаи навҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро хориҷ менамояд; агар онро бо карафс бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислоҳ мекунад, бо панири нав бихӯранд, баданро фарбеҳ месозад. Оби К.-и тарро ба чашм кашанд, гули чашм ва шабкӯриро дафъ мекунад, агар онро нимгарм ба гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад. К.-ро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варамҳои сахт, радикулит ва дарди суринро шифо мебахшад. Оби гули тару тозаи К.-ро дар офтоб қиём карда бихӯранд, варами мушакҳои ду тарафи забон, забонча, инчунин ҷӯшиши даҳонро сиҳат мекунад
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …