Главная / Илм / ТАРЗҲОИ КОДИРОНИИ ИНФОРМАТСИЯ

ТАРЗҲОИ КОДИРОНИИ ИНФОРМАТСИЯ

Кодиронии рақамии иттилоотҳои намудашон гуногун. Раванди ташаккули тарзи муайяни тасвири информатсияро кодиронии (рамзсозӣ, рамзбандӣ) информатсия мегўянд. Одатан дар зери мафҳуми кодиронии информатсия гузариш аз як тарз ба дигар тарзи тасвири информатсияро мефаҳманд, ки вай барои нигаҳдорӣ, интиқол ва коркард қулайтар аст.

kodirovanieКомпютер танҳо намуди информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки вай дар шакли рақамӣ тасвир шуда бошад. Ҳар гуна информатсияи намуди дигар – садо, наво, матн, график, расм, нишондоди асбобҳо ва ғайра ҳангоми коркарди компютерӣ бояд аввал ба шакли рақамӣ табдил дода шавад. Масалан, барои садои мусиқиро ба шакли ададӣ табдил додан, кифоя аст, ки дар фосилаҳои начандон калони вақт баландии (шиддати) садоро барои зудиҳои муайян чен намоем ва натиҷаҳои ченкуниҳоро дар шакли рақамӣ ба қайд гирем. Бо ёрии программаҳои компютерӣ бошад, ин табдилотро дар шакли садои мусиқӣ аз нав барқарор намудан мумкин аст.

Айнан ҳамин тавр, бо ёрии компютер информатсияи матниро низ кор карда баромадан мумкин аст. Ҳангоми ба компютер дохил намудани рамзҳо (ҳарф, рақам, аломат) онҳо бо ёрии ягон адади муайян кодиронида мешаванд. Дар вақти ба қисмҳои беруна (экран, принтер) хориҷ намудан бошад, баръакс, аз рўи коди онҳо тасвири худи рамзҳо сохта мешавад.

Ана ҳамин мувофиқати байни рамзҳову ададҳоро рамзсозӣ мегўянд. Чун қоида, ҳамаи ададҳо дар компютер бо ёрии рақамҳои нулу як (0, 1) тасвир карда мешаванд. Яъне, компютер асосан дар базаи системаи ҳисоби дуӣ кор мекунад. Сабаби асосии истифодаи системаи ҳисоби дуӣ дар он аст, ки дар ин маврид таҷҳизоти коркарди информатсия намуди хеле соддаро қабул менамояд.

Дохилкунӣ ва хориҷкунии ададҳо бо ёрии компютер бошад, дар шакли муқаррарӣ (одатӣ) иҷро карда мешавад, чунки ҳамаи табдилдиҳиҳоро программаҳои компютерӣ ба зиммаи худ мегиранд. 

Андозагирии информатсия ва ченакҳои он. Одамон ҳангоми ҳалли масъалаҳои мухталиф бештар аз информатсияи доир ба муҳити атроф доштаашон истифода мебаранд. Агар ин ё он рўйдод ё ҳодиса хубтар ва пурратар омўхта шуда бошад, он гоҳ ҳалли масъалаи ба он мувофиқ низ ҳамон қадар осонтар ёфта мешавад.

Масалан, донистани қонунҳои физика имконият медиҳад, ки асбобҳои мураккаби техникӣ сохта шаванд. Барои тарҷумаи матн аз забони хориҷӣ бошад, донистани қоидаҳои грамматикӣ ва азёд кардани миқдори калимаҳои зиёде лозим меояд.

Мо зуд-зуд аз наздикони худ ибораҳоеро мешунавем, ки гўё ин ё он хабар информатсияи кам ё баръакс зиёдро дорост. Дар ҳақиқат ҳам, ҳамин тавр аст. Масалан, мақолаи дар рўзнома чопшуда метавонад барои як шахс миқдори зиёди информатсия диҳад, аммо ба маълумотҳои пештараи шахси дигар ягон зарра информатсияи навро зам нанамояд. Сабаб дар он аст, ки дониши одамон нисбат ба иттилооти (ахбори, ҳодисаи) дар мақола баёншуда, метавонад то чопшавиаш дар сатҳҳои гуногун қарор дошта бошад.

Аз дигар тараф, баъзан ҳолатҳое рўй медиҳанд, ки шахс аз шунидани маълумотҳои зиёди нав (масалан, дарси нав), барои худ амалан ягон миқдор информатсия намегирад. Сабаби рўй додани чунин ҳолатҳо дар он аст, ки ахбори мазкур (мавзўъ) барои шунаванда шавқовар нест, яъне завқи ўро бедор карда наметавонад.

Ҳамин тариқ, миқдори информатсияи дар ахбор (маълумот) маҳфузбуда аз дараҷаи навӣ ва шавқоварии вай барои қабулкунандааш вобаста аст. Бо гирифтани информатсияи зарурӣ номуайянӣ дар (нопуррагии дониш) масъалаи барои мо шавқовар кам мешавад. Агар дар натиҷаи қабули маълумоти нав ҳалли масъалаи омўхташаванда пурра равшан гардад (яъне номуайянӣ гум шавад), он гоҳ мегўянд, ки информатсияи мукаммал гирифта шудааст ва зарурат ба гирифтани информатсияи иловагӣ вуҷуд надорад. Баръакс, агар пас аз гирифтани маълумот нисбат ба масъалаи тадқиқшаванда номуайянӣ боқӣ монад (маълумот ё нав набошад ва ё ба масъала дахл надошта бошад), он гоҳ мегўянд, ки ягон информатсия гирифта нашудааст (информатсияи нулӣ).

Масалан, агар ҳангоми партофтани танга мо аҳамият диҳем, ки вай бо кадом тарафаш меафтад, он гоҳ ҳатман соҳиби информатсияи муайян мегардем.

Азбаски ҳар ду тарафи танга имконияти афтидани баробарро доранд, бинобар ин эҳтимолияти ба боло омадани ҳам ин тараф ва ҳам он тарафи танга якхела аст. Дар ин маврид мегўянд, ки ҳодиса як бит информатсия дорад. Айнан ҳамин тавр, ҳангоми аз байни ду саққои рангҳои гуногундоштаи дар қуттӣ пинҳонбуда нодида гирифтани яке аз онҳо низ, мо информатсияи ба 1 бит баробарро доир ба ранги саққо дастрас менамоем.

Воҳиди ченкунии информатсияро бит (bit) мегўянд, ки он аз калимаҳои кўтоҳкардашудаи англисии binary digit (рақами дуӣ) гирифта шудааст. Дар техникаи компютерӣ бит ба вазъи физикии барандаи информатсия мувофиқат мекунад. Масалан, магнит мекашад – магнит тела медиҳад, сўрохӣ ҳаст – сўрохӣ нест, лампа фурўзон ҳаст – лампа хомўш аст. Яке аз вазъҳоро ба воситаи рақами 0 ва дигарашро бо 1 ишорат кардан одат шудааст. Интихоби яке аз ду варианти имконпазирро бо доимиҳои мантиқии «дуруст» ва «нодуруст» низ ифода мекунанд. Бо ёрии пайдарпайии битҳо матн, мусаввара, садо ё дигар намуд информатсияро кодиронидан мумкин аст. Методи бо битҳо тасвиркунии информатсияро методи кодиронии дуӣ (binary encoding) мегўянд.

Дар информатика бештар аз бузургии калонтар – байт (byte) истифода мебаранд, ки вай ба 8 бит баробар аст. Агар бит имконияти аз ду варианти имконпазир интихоб намудани якеро фароҳам оварад, он гоҳ байт, мувофиқан, яке аз 256 варианти имконпазирро (28) пешкаш менамояд. Аксарияти компютерҳои замонавӣ ҳангоми кодиронии рамзҳо пайдарпайии аз 8 нулу якҳо (як байт) иборатбударо истифода мебаранд.

Мувофиқати байни байтҳо ва рамзҳо бо ёрии ҷадвалҳои махсус ба танзим оварда мешаванд. Масалан, мувофиқи ҷадвали кодии Koi8-R коди ҳарфи М ба 11101101, коди ҳарфи И ба 11101001 ва коди рамзи пробел (мавқеи холӣ) ба 00100000 баробар аст.

Дар баробари байтҳо барои ченкунии миқдори информатсия аз ченакҳои боз ҳам калонтар истифода мебаранд:

1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт;

1 Мбайт (як мегабайт) = 210 Кбайт = 1024 Кбайт;

1 Гбайт (як гигабайт) = 210 Мбайт = 1024 Мбайт.

Масалан, миқдори информатсияи китоби 100 саҳифадоштаро, ки ҳар як саҳифааш 35 сатр ва ҳар як сатраш 50-рамзӣ дорад, чунин ҳисоб кардан мумкин аст: як саҳифаи китоб 35·50=1750 байт информатсия дорад, ҳаҷми информатсияи пурраи китоб бошад, ба 1750·100=175000 байт ё 175000:1024=170,8984 Кбайт ва ё 170,8984:1024=0,166893 Мбайт баробар аст.

Худро санҷед:

  1. Кодиронии информатсия чист? Кодиронии рақамӣ чӣ?
  2. Системаи ҳисоби дуӣ чӣ гуна система аст?
  3. Миқдори информатсияро чӣ тавр чен мекунанд?
  4. Бит ва байт гуфта чиро мефаҳмед? Боз кадом ченакҳоро медонед?
  5. Ахбори аз 12288 бит иборатбуда, чанд Кбайт информатсиядорад?

Иҷро кунед:

  1. Мавзўъро бодиққат хонед ва доир ба тарзҳои кодиронии информатсия маълумот диҳед.
  2. Мактуб аз 2 саҳифаи 25-сатра иборат аст. Дар ҳар як сатри мактуб 40 рамз ҷой дода шудааст. Ҳаҷми информатсияи мактубро ҳисоб кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …