Главная / Ҷамъият / Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

mamuriФАСЛИ I.  ҚИСМИ УМУМӢ 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвай-ронкунии маъмурӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
  2. Дар ҳолати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқат накардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.

Моддаи 2. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи саломатӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи ахлоқи ҷамъиятӣ, солимгардонии муҳити зист, ҳифзи тартиби муқарраргардидаи амалӣ кардани ҳокимияти давлатӣ, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, моликият, ҳимояи манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат мебошад. 

Моддаи 3. Муносибатҳое, ки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кодекси мазкур) муносибатҳои зеринро танзим менамояд:

— қоидаҳои умумӣ ва принсипҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

— кирдоре (амале ё беамалие), ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад;

— ҷавобгарии маъмурии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани меъёрҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;

— намудҳои ҷазои маъмурӣ ва қоидаҳои татбиқи онҳо.  «қҷт аз 22.07.2013 , №983» 

Моддаи 4. Хориҷ «қҷт аз 22.07.2013 , №983» 

Моддаи 5. Амали Кодекси мазкур дар замону макон

  1. Қонуне, ки ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сабук ё бекор мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро беҳтар менамояд, қувваи бозгашт дорад, яъне дар ҳаққи шахсе татбиқ мешавад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст ё то ин вақт дар ҳаққи ў қарори таъйини ҷазои маъмурӣ иҷро нагардидааст.хориҷ «қҷт аз 22.07.2013 , №983»
  2. Қонуне, ки ҷавобгариро барои содир намудани ҳуқуқвай-ронкунии маъмурӣ муқаррар ё пурзўр менамояд ё ба тариқи дигар вазъи шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. «қҷт аз 22.07.2013 , №983» 

Моддаи 6. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузирии ҷазо, ҷавобгарӣ ва гунаҳгории инфиродӣ, адолатнокӣ, инсондўстӣ. «қҷт аз 22.07.2013 , №983» 

Моддаи 7. Принсипи қонуният

  1. Эътироф намудани кирдор (амал ё беамалӣ), ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани он, инчунин оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо тибқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешавад.
  2. Ҳеҷ кас бе қарори суд, қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ва бар хилофи тартибу асосҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, инчунин дар ҳаққи ҳеҷ кас ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи маъмурӣ татбиқ карда намешавад.
  3. Татбиқи меъёрҳои Кодекси мазкур аз рўйи қиёс манъ аст.
  4. Ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) дар доираи салоҳияташон мутобиқи Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
  5. Риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва татбиқи чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тавассути назорати мунтазами мақомоти ваколатдори давлатӣ, шахсони мансабдори ваколатдори болоӣ ва назорати прокурорӣ таъмин карда мешавад.
  6. Мазмуни меъёрҳои Кодекси мазкур бояд дар мутобиқати дақиқ бо матни он фаҳмида шавад.
  7. Мувофиқи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур барои риоя накардани қоидаҳо, стандартҳо, дастуруламал, низомнома ва дигар меъёрҳо ба шарте ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад, ки чунин муқаррарот тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ё қабул шуда бошанд. 

Моддаи 8. Принсипи баробарӣ дар назди қонун

  1. Шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, дар назди қонун баробаранд.
  2. Шахси воқеӣ, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  3. Шахси мансабдор ва шахси ба ў баробаркардашуда, сарфи назар аз иҷрои ваколатҳои хизматӣ ва мансаби ишғолкардаашон, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. (қҷт. 28.06.2011 №718)
  4. 4. Шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, тобеият ва дигар ҳолатҳо, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  5. 5. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бо иҷозати Маҷлиси дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки ба тариқи судӣ таъйин карда мешавад, кашидан мумкин аст.
  6. 6. Шахсоне, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд, бе иҷозати мақомоти дахлдор мавриди ҳабси маъмурӣ, дастгиркунӣ, маҷбуран овардан, кофтукови шахсӣ қарор дода намешаванд.(қҷт. 28.06.2011 №718) 

Моддаи 9. Принсипи ногузирии ҷазо

Ҳар шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, сазовори ҷазои маъмурӣ мегардад ва нисбати ў чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар Кодекси мазкур муқарраршуда татбиқ карда мешавад. 

Моддаи 10. Принсипи ҷавобгарӣ ва гунаҳгории инфиродӣ

  1. Шахси воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои он кирдоре (амале ё беамалие) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки гуноҳаш дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот шудааст.
  2. Барои зараре, ки бегуноҳона расонида шудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан мумкин нест. 

Моддаи 11. Принсипи адолатнокӣ

  1. Ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолотипарвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки нисбати шахси воқеӣ ё ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ мешавад, бояд одилона сурат гирад, яъне ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳои содир намудан ва оқибатҳои бавуҷудомадаи он, шахсияти гунаҳгор ва эътибори кории шахси ҳуқуқӣ мувофиқ бошанд. (қҷт. 01.08.2012, №877)
  2. Ҳеҷ шахсро барои содир намудани як ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ду маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан мумкин нест.(қҷт. 01.08.2012, №877)

 Моддаи 12. Принсипи инсондўстӣ

  1. Нисбати шахси воқеӣ, мансабдорё ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, бояд чунин ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин ва татбиқ карда шаванд, ки барои ислоҳи ў ва пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дигар аз ҷониби ҳамин шахс ё шахсони дигар зарур ва кифоя бошанд.
  2. Ҳангоми татбиқи ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ранҷу озори ҷисмонию рўҳӣ додан, тарсонидан, ҳама гуна табъиз ё таҳқири шаъну эътибори шахси воқеӣ ва ё расонидани зарар ба эътибори кории шахси ҳуқуқӣ манъ аст. (қҷт. 28.06.2011 №718); (қҷт. 01.08.2012, №877)

 Моддаи 13. хориҷ «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

Моддаи 14.хориҷ «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

Моддаи 15. хориҷ «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

Моддаи 16. Тартиби шарҳи Кодекси мазкур

  1. Агар меъёрҳои Кодекси мазкур дорои ду ё зиёда маъно бошанд ё онҳоро ҳар навъ шарҳ додан имконпазир бошад, дар ин сурат он меъёрҳо метавонанд ба манфиати шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст, маънидод карда шаванд.
  2. Ибора ё мафҳумҳои дар Кодекс истифодагардида дорои ҳамон маъное мебошанд, ки дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор оварда шудаанд, ба шарте, ки дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  3. Дар доираи Кодекси мазкур ба маънои гуногун шарҳ додани мафҳумҳои якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи Кодекс нишондоди махсус мавҷуд набошад.

 

БОБИ 2. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ

Моддаи 17. Мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамали) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда мешавад.
  2. Беамалӣ дар он сурат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад, ки дар қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадории шахс дар хусуси бо амалҳои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оқибатҳо пешбинӣ шуда бошад.
  3. Шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте гунаҳкор дониста намешавад, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии вай гумроҳона содир шуда бошад ва ў сар задани ин гумроҳиро пешбинӣ карда натавониста бошад.
  4. Шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки барои риояи меъёру қоидаҳое, ки тибқи Кодекси мазкур барояшон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, имконият доштанаш муқаррар шуда бошад, вале ў барои риояи онҳо на ҳамаи чораҳоро андешидааст.
  5. Ба шахси ҳуқуқӣ таъйин кардани ҷазои маъмурӣ шахси воқеии гунаҳгорро ба сабаби ҳуқуқвайронкунии мазкур аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намекунад ва ҳамзамон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида шудани шахси воқеӣ шахси ҳуқуқиро аз ҷавобгарии маъмурӣ ба сабаби ин ҳуқуқвайронкунӣ озод намекунад.

 

Моддаи 18.  Қасдан содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Агар шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содиркарда хусусияти зиддиҳуқуқӣ доштани кирдори (амал ё беамалии) худро донад, оқибати зарарноки онро пешбинӣ карда, чунин оқибатро хоҳад ё дидаю дониста ба содиршавии он роҳ дода бошад, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан содиршуда эътироф мегардад.

 

Моддаи 19. Аз беэҳтиётӣ содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте аз беэҳтиётӣ содиршуда эътироф мегардад, ки шахси онро содиркарда эҳтимоли оқибати зарарноки кирдори (амал ё беамалии) худро пешакӣ донад, вале бе асосҳои кофӣ, бепарвоёна ё худбоварона ба пешгирии чунин оқибатҳо умед бандад ё эҳтимоли ба вуқўъ пайвастани чунин оқибатро пешбинӣ накарда бошад, ҳарчанд мебоист ва мумкин буд онро пешбинӣ намояд, инчунин ғайриқонунӣ будани кирдори худро бояд медонист.

 

Моддаи 20.  Зарурати ниҳоӣ

  1. Кирдори шахс ба шарте ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф карда намешавад, ки он аз ҷониби ў дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содир шуда бошад.
  2. Зарурати ниҳоӣ, расонидани зарар, барои рафъи хавфест, ки бевосита ба манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи давлат, ҷамъият ва шахс таҳдид мекунад, яъне дар ин ҳолат бо дигар тарзу восита рафъи он хавф имконопазир гардад ва зарари расонида нисбат ба зарари бартарафшуда камтар бошад.
  3. Агар зарари аз ҷониби шахс дар ҳолати зарурати ниҳоӣ ё ночорӣ ва ё дар ҳолати парешонҳолӣ, ваҳму тарс содир шуда, зарари баробар ё нисбатан бештар расида бошад, чунин ҳаракатҳо ғайриқонунӣ дониста намешаванд.

 

Моддаи 21.  Таваккали асоснок

  1. Ҳангоми таваккали асоснок расонидани зарар ба манфиатҳои тибқи Кодекси мазкур муҳофизатшаванда ҷиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоб намеёбад.
  2. Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки ноил шудан ба мақсади мазкур бо амал (беамалии) ба таваккал марбутнабуда имконнопазир бошад ва шахсе, ки таваккал кардааст, бояд барои пешгирии зарар ба манфиатҳои тибқи Кодекси мазкур муҳофизатшаванда тамоми чораҳои заруриро андешида бошад.
  3. Таваккал кардан ба ҳаёт ва саломатии одамон манъ аст. Агар таваккал баръало бо фалокати экологӣ ё офати ҷамъиятӣ алоқаманд бошад, асоснок эътироф карда намешавад.

БОБИ 3. ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРӢ

 

Моддаи 22.  Мафҳуми ҷавобгарии маъмурӣ

  1. Ҷавобгарии маъмурӣ як намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбатишахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсонимансабдор ва ҳуқуқӣ аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) татбиқ карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877); (қҷт. 28.12.2012, №910)
  2. Намудҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боиси татбиқи намудҳои гуногуни ҷазоҳои маъмурӣ мегарданд.
  3. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар сурате мунтазам содиршуда эътироф мегардад, ки аз ҷониби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар давоми як сол ду маротиба ё бештар аз он содир шуда бошад.

 

Моддаи 23.  Асоси ҷавобгарии маъмурӣ

Асоси ҷавобгарии маъмурӣ аз ҷониби шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ содир шудани кирдорест, ки тамоми аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи Кодекси мазкурро дар бар гирад.

 

Моддаи 231. Шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда шахсони воқеӣ ё мансабдор дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии қасдона шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад.
  2. Ташкилкунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешаванд.
  3. Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст ё якҷоя бо шахсони дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиқи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст.
  4. Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ кардааст.
  5. Ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҳуқуқвайронкунанда, восита ё олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, осори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ашёи бо роҳи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додааст.
  6. Ҷавобгарии ташкилкунанда ва ёрдамчӣ бо ишора ба ҳамин модда мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошанд.
  7. Ҳангоми таъйини ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар як шарики ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба инобат гирифта мешавад. (қҷт.аз 14.03.14, №1068)

 

Моддаи 24. Синну соле, ки ҷавобгарии маъмурии шахси воқеӣ фаро мерасад

Ба ҷавобгарии маъмурӣ шахси воқеие кашида мешавад, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ синни ў ба шонздаҳ расида бошад.

 

Моддаи 25.  Имкони озод шудан аз ҷавобгарии маъмурӣ

  1. Агар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият бошад, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, метавонанд шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намуда, бо таъйини огоҳии шифоҳӣ маҳдуд гарданд.
  2. Мутобиқи Кодекси мазкур ҳамон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ камаҳамият дониста мешавад, ки дар натиҷаи он ба шахси воқеӣ ба андозаи то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахси ҳуқуқӣ ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарари моддӣ расонида шуда бошад.

 

Моддаи 26.   Номукаллафӣ

Шахси воқеие, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати номукаллафӣ қарор дошт, яъне бар асари бемории рўҳии доимӣ, парешонии муваққатии рўҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати дигари бемории рўҳӣ хусусияти воқеӣ ва зиддиҳуқуқии кирдори (амал ё беамалии) худро дарк ё онро идора карда наметавонад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.

 

Моддаи 27. Ҷавобгарии маъмурии шахси воқеӣ

  1. Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси воқеӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ба шарте, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  2. Таҳти мафҳуми шахси воқеӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 28.  Ҷавобгарии маъмурии ноболиғон

  1. Ноболиғон тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
  2. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) метавонанд ҳолатҳои мушаххаси дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда ва маълумоти марбут ба ноболиғро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳ содир кардааст, ба назар гирифта, он шахсро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намоянд.
  3. Баъди аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор қабул гардидани қарори аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ноболиғ парванда нисбатиў барои татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонӣ ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кўдакфиристода мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717); (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 29. Ҷавобгарии маъмурии шахси мансабдор, шахси ба ў баробаркардашуда ва соҳибкори инфиродӣ

  1. Шахси мансабдор барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳои хизматиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор аст, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  2. Таҳти мафҳуми шахси мансабдор мувофиқи Кодекси мазкур шахсе фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё дар асоси ваколатҳои махсус вазифаҳои намояндаи ҳокимияти давлатиро анҷом медиҳад, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки тобеияти хизматӣ надоранд, ваколатҳои амрдиҳӣ дорад, инчунин шахсе фаҳмида мешавад, ки дар мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагиро иҷро менамояд.
  3. Роҳбарон ва кормандони ташкилотҳо, ки дар робита ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, ҳамчун шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  4. Соҳибкорони инфиродӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
  5. Таҳти мафҳуми соҳибкори инфиродӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси воқеие фаҳмида мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 30. Ҷавобгарии маъмурии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки дар ҳаққи онҳо оинномаҳои интизомӣ татбиқ мегарданд

  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи оинномаҳои интизомӣ ва ё қоидаҳои махсус ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
  2. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби адои хизматро дар мақомоти зикршуда танзим мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
  3. Шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, дар бораи монополияҳои табиӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, талаботи бехатарӣ аз сўхтор берун аз ҷойи хизмат, қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист, қоидаҳои гумрук ва қоидаҳои низоми муқарраргардидаи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои молиявии давлатӣ ва маҳаллӣ, иҷро накардани талаботи қонунии суд, прокурор, муфаттиш, шахси таҳқиқкунанда ё шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Нисбат ба шахсони зикршуда татбиқ кардани ҷазои маъмурӣ ба тариқи ҳабси маъмурӣ ва нисбат ба хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи даъват хизмат мекунанд (аскарон ва сержантҳо), ҳамчунин татбиқи ҷазои маъмурӣ ба тарзи ҷаримаи маъмурӣ иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 31.  Ҷавобгарии маъмурии шахси ҳуқуқӣ

  1. Шахси ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ ҳамчунин метавонад барои кирдори (амал ё беамалии) шахси воқеие, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбатионҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ гардад, ба шарте, ки муқаррар карда шавад, ки ин шахси воқеӣ ҳамчун намояндаи (узв, роҳбар) шахси ҳуқуқӣ кирдори ғайриқонуниро ба манфиати онҳо содир кардааст. (қҷт. 01.08.2012, №877)
  3. Агар дар моддаҳои дахлдори қисмҳои умумӣ ва махсуси Кодекси мазкур зикр нагардида бошад, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи ин моддаҳо танҳо нисбат ба шахси воқеӣ ё танҳо нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар ин сурат меъёрҳои мазкур ҳам нисбат ба шахси воқеӣ ва ҳам нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин меъёрҳо мазмунан метавонанд танҳо нисбат ба шахси воқеӣ ё танҳо нисбат ба шахси ҳуқуқӣ татбиқ карда шаванд.
  4. Ҳангоми якҷояшавии якчанд шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқии навтаъсис кашида мешавад.
  5. Ҳангоми ба дигар шахси ҳуқуқӣ ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқие, ки онро ба худ ҳамроҳ кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  6. Ҳангоми ҷудо шудани шахси ҳуқуқӣ ё аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ баромадани як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи тавозуни (баланси) тақсимот шахси ҳуқуқии навтаъсис ва ё ҳар як шахси ҳуқуқие, ки аз ҳайати шахси ҳуқуқӣ баромадааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  7. Ҳангоми табдил додани шахси ҳуқуқии як намуд ба шахси ҳуқуқии намуди дигар барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  8. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои чорум-ҳафтуми моддаи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба он шахси ҳуқуқӣ низ татбиқ мешавад, ки вай дар бораи воқеияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ то анҷоми аз нав ташкил додан огоҳ буд ё набуд.
  9. Ҷазоҳои маъмурие, ки мутобиқи сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми қисми якуми моддаи 36 Кодекси мазкур барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахси ҳуқуқӣ то анҷоми аз нав ташкил додани шахси ҳуқуқӣ таъйин гардидаанд, тибқи муқаррароти қисмҳои дуюм — ҳафтуми ҳамин модда татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 32. Ҷавобгарии маъмурии шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахси ҳуқуқии хориҷӣ

  1. Шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва шахси ҳуқуқии хориҷии (намояндагию филиалҳои онҳо ва ғайра) воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шаҳрванди хориҷии ҳуқуқи дахлнопазирии (масунияти) дипломатӣ дошта, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
  2. Ҷавобгарии маъмурӣ нисбатишаҳрванди хориҷии дахлнопазирии (масунияти) дипломатӣ дошта, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 33.  Мўҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан

  1. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ се моҳ гузашта бошад,ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)
  2. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад:

— вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

— дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

— дар соҳаи истифодаи замин;

— дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

-вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ (ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ё боиси расонидани зарари сабук ба саломатии ҷабрдида гардидаанд); (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1262)

— дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

— дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ;

— дар соҳаи саноат, фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон;

— дар соҳаи қонунгузории бонкӣ;

— дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

— дар соҳаи қонунгузории гумрук;

— дар соҳаи қонунгузории андоз;

— вобаста ба коррупсия. (қҷт. 28.06.2011 №717)

  1. 3. Дар сурати давомнок будани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоби мўҳлати пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда аз рўзи ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз мегардад.(қҷт. 28.06.2011 №717)
  2. 4. Ҳангоми рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, агар дар ҳаракатҳои шахс аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд бошад, дар ин ҳолат ҳисоби мўҳлати пешбинамудаи қисми якуми ҳамин модда аз рўзи қабули қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ оғоз меёбад.
  3. 5. Дар сурати қонеъ гардонидани дархости шахсе, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбатиў баррасӣ мешавад, дар хусуси баррасии парванда дар ҷойи зисти ў муддати даъвои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс аз лаҳзаи қонеъ намудани дархост то лаҳзаи воридшавии маводи парванда ба судя, мақомоти давлатӣ ва ё шахси мансабдоре, ки барои баррасии парванда дар ҷойи зисти он шахс ваколатдор мебошанд, боздошта мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717); (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

БОБИ 4. МАФҲУМ ВА НАМУДҲОИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ

 

Моддаи 34.  Мафҳуми ҷазои маъмурӣ

Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, тибқи Кодекси мазкур аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) нисбат ба шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсонимансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 35.  Мақсади ҷазои маъмурӣ

  1. Ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар рўҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад.
  2. Ҷазои маъмурӣ наметавонад ба мақсади таҳқири шаъну эътибори шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, расонидани ранҷу озори ҷисмонӣ ё рўҳӣ, тарсонидан, ҳама гуна табъиз ё таҳқири шаъну эътибори инсонии шахси воқеӣ ва ё расонидани зарар ба шўҳрату эътибори кории шахси ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истифода гардад.

 

Моддаи 36.   Намудҳои ҷазои маъмурӣ

  1. Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоҳои маъмурии зерин муқаррар ва татбиқ карда мешаванд:

— огоҳӣ;

— ҷаримаи маъмурӣ;

— боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият;

— маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият;

— маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус;

— боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият;

— бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад;

— мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад;

— бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд;

— ҳабси маъмурӣ.

  1. Нисбатишахси ҳуқуқӣ ҷазоҳои маъмурие татбиқ мегарданд, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд. (қҷт. 01.08.2012, №877)
  2. Ҷазоҳои маъмурии пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда танҳо тибқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд. Моддаи 37. Ҷазоҳои маъмурии асосӣ ва иловагӣ
  3. Огоҳӣ, ҷаримаи маъмурӣ, ҳабси маъмурӣ, маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус, боздошти маъмурии амали иҷозатнома, маҳрум кардан аз иҷозатнома, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият танҳо ба сифати ҷазои маъмурии асосӣ муқаррар ва татбиқ мешаванд.
  4. Бо подош ситонидан ва мусодира кардани ашёе, ки олоти содир намудан ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, инчунин бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ҷазои иловагӣ муқаррар ва татбиқ мешаванд.
  5. Барои як ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои асосӣ ё ҷазои асосӣ ва иловагии маъмурӣ аз ҷумлаи ҷазоҳои пешбининамудаи моддаҳои қисми махсуси Кодекси мазкур таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 38. Огоҳӣ

Огоҳӣ як намуди ҷазои маъмурӣ буда, дар шакли хаттӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур ба шахси содиркардаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дода мешавад.

 

Моддаи 39.  Ҷаримаи маъмурӣ

  1. Ҷаримаи маъмурӣ намуди ҷазои маъмурӣ буда, ба тарзи ситонидани пул ба фоидаи давлат сурат мегирад ва аз тарафи судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) нисбат ба шахси содиркардаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур таъйин карда мешавад.
  2. Андозаи ҷаримаи маъмурӣ ба ҳисоби фоиз ва ё карат вобаста ба инҳо муқаррар карда мешавад:

— нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рўзи хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок аз рўзи ошкор карда шудани он муқаррар гардидааст;

— аз арзиши ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар вақти хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар гардидааст, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок аз рўзи ошкор шудани он;

— аз маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ  ё амалиёти асъории ғайриқонунӣ, ки бояд пардохта шаванд, дар рўзи хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок дар рўзи ошкор шудани он муқаррар гардидаанд;

— аз арзиши корҳои иҷрошуда.

  1. Андозаи ҳадди ақалли ҷаримаи маъмурӣ, ки аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд ситонида мешавад, бояд аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахси мансабдор аз се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд ва шахси ҳуқуқӣ аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам набошад.
  2. Андозаи ҳадди ниҳоии ҷаримаи маъмурӣ аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, набояд аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз шахси мансабдор аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд, аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахси ҳуқуқӣ аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё аз дусад фоизи маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии пардохтнашуда зиёд бошад, агар Қисми махсуси ҳамин Кодекс андозаи дигарро муқаррар накарда бошад.(қҷт. 28.12.2012, №910)
  3. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар он андозаи ҷарима аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андозва қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз тарафи судя баррасӣ мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910; ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)
  4. Маблағи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 40. Боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият

  1. Боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки мақомоти ваколатдор ба шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ додааст, ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
  2. Мўҳлати боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият бояд аз шаш моҳ зиёд набошад.
  3. Ҷазои маъмуриро мақомоти иҷозатномадиҳанда дар намуди боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият таъйин менамояд.

 

Моддаи 41. Маҳрум кардан аз иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият

  1. Маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дода шудааст, барои мунтазам аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома танҳо дар асоси ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
  2. Ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият аз тарафи судя таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 42.  Маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус

  1. Шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус (ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, шикор, нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштани силоҳиоташфишон, истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва ё дастгоҳҳои баландбасомад, истифодаи қитъаи замин ва ғайра), ки ба ў дода шудааст, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қисми махсуси Кодекси мазкур бинобар дағалона ё ба таври мунтазам риоя накардани қоидаҳои истифодаи он маҳрум карда мешавад. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ба мўҳлати аз ду моҳ то ду сол муқаррар карда мешавад. «қҷт аз 22.07.2013 , №983»
  2. Ҷазои маъмуриро судя дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус таъйин мекунад.
  3. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус дар намуди ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт наметавонад нисбат ба шахсе татбиқ гардад, ки воситаи нақлиётро бо сабаби маъюбиаш истифода мебарад ё воситаи нақлиёт манбаи асосии даромади ин шахс мебошад, ба истиснои ҳолатҳои идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия ва худсарона тарк намудани ҷойи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки ў иштирокчии он аст.

 

Моддаи 43.  Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият

  1. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият аз қатъшавии муваққатии фаъолияти шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳад, аз фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, сохторҳои таркибӣ ва қитъаҳои истеҳсолии он, инчунин истифодаи таҷҳизот, объектҳо, иморату иншоот, амалӣ намудани намудҳои муайяни фаъолият, кор ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
  2. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёт ва саломатии одамон, рух додани эпидемия, эпизоотия, заҳролудшавии (ифлосшавии) объектҳои таҳти карантин қарордошта тавассути объектҳои карантинӣ, сар задани садамаҳои радиатсионӣ ё фалокати техногенӣ, расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳолат ва хусусияти муҳити зист ё ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муомилоти маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот, маҳсулоти спиртдор, инчунин маҳсулоти тамоку ва дигар ҳолатҳои бевосита пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
  3. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ба мўҳлати то се моҳ муқаррар гардида, аз тарафи мақомоти ваколатдор танҳо дар асоси ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур таъйин карда мешавад.
  4. Мақомоти ваколатдор тибқи дархости шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ иҷрои ҷазои маъмуриро дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият пеш аз мўҳлат қатъ менамояд, ба шарте, ки бартараф карда шудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, ки барои таъйини ин ҷазои маъмурӣ асос гаштаанд, муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 44. Бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он гардидааст

  1. Бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз маҷбуран гирифтану фурўхтани он ва ба соҳиби пештарааш додани арзиши ҳамин ашё бо баровардани хароҷоти фурўши ашёи гирифташуда иборат аст.
  2. Тартиби бо подош ситонидани ашё ва номгўйи ашёҳои гирифташаванда тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Бо подош ситонидани ашёро танҳо судя таъйин мекунад.
  3. Бо подош ситонидани ашё бояд ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда мутобиқат намояд.
  4. Моликияти шахси сеюм, ки ба ҳуқуқвайронкунанда тааллуқ надорад, танҳо дар ҳолате бо подош ситонида мешавад, ки аз мақсади шахси ҳуқуқвайронкунанда ҳангоми ба даст овардани он огоҳ будани шахси сеюм исбот карда шавад.

 

Моддаи 45. Мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани   ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он гардидааст

  1. Мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз маҷбуран ва ройгон ба моликияти давлат гузаронидани ҳамин ашё иборат аст. Мусодираи ин ашё танҳо аз ҷониби судя таъйин карда мешавад. Танҳо ашёе бояд мусодира гардад, ки моликияти шахси ҳуқуқвайронкунанда аст, ба шарте ки дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Мусодира бояд ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқат намояд.
  3. Аз соҳибияти ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҷбуран гирифтани олоти содиркунӣ ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусодира ҳисобида намешавад, ба шарте ки он:

— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба соҳиби қонуниаш баргардонида шавад;

— аз муомилоти гражданӣ гирифта ё бо дигар сабабҳо таҳти соҳибияти ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дошта, дар ин асос бояд ба моликияти давлат гузаронида ё нобуд карда шавад.

  1. Ашёе, ки олоти содиркунӣ ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гардидааст ва ба ҳуқуқвайронкунанда тааллуқ надошта, балки моликияти шахси сеюм аст, танҳо ба шарте мусодира мегардад, ки аз мақсади шахси ҳуқуқвайронкунанда ҳангоми ба даст овардани он пешакӣ огоҳ будани шахси сеюм исбот карда шавад.
  2. Тартиби татбиқи мусодира ва номгўйи ашёе, ки мусодира карда намешавад, тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 46. Бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд

  1. Бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳамчун ҷазои маъмурӣ аз маҷбуран берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дар ҳолатҳои зерин татбиқ мешавад, ба шарте ки:

— кирдори (амал ё беамалии) онҳо бархилофи манфиати таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ё бархилофи манфиати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бошад;

— ин чора барои ҳифзи саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;

— онҳо талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда бошанд.

  1. Бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо роҳи маҷбурӣ ва таҳти назорат тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шахсони зикргардида ҳангоми аз ҷониби онҳо риоя накардани тартиби будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вале дар дигар ҳолатҳои бевосита пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи ба таври назоратшаванда мустақилона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 47.  Ҳабси маъмурӣ

  1. Ҳабси маъмурӣ ҳамчун ҷазои маъмурӣ аз муваққатан маҳрум кардани шахс аз озодӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва бо роҳи маҷбуран ҷалб кардани ў ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ тибқи шартҳо ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
  2. Ҳабси маъмурӣ ҷудо нигоҳ доштани ҳуқуқвайронкунанда аз ҷамъият буда, ба мўҳлати аз як то понздаҳ шабонарўз ва барои риоя накардани низоми вазъи фавқулодда то сӣ шабонарўз муқаррар гардида, аз тарафи судя таъйин карда мешавад.
  3. Ҳабси маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳои истисно барои намудҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии бевосита пешбининамудаи моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар ва таъйин карда шуда, нисбат ба зани ҳомила, зане, ки таҳти тарбияаш кўдаки то чордаҳсола дорад, шахси ба синни ҳаждаҳ нарасида, маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2, инчунин нисбат ба шахсе, ки ба синни нафақа расидааст, татбиқ карда намешавад.
  4. Мўҳлати дастгиркунии маъмурӣба мўҳлати ҳабси маъмурӣ дохил мешавад. (қҷт. 29.12.10 №650)

БОБИ 5. ТАЪЙИН НАМУДАНИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ

 

Моддаи 48. Қоидаҳои умумии таъйин намудани ҷазои маъмурӣ

  1. Ҷазои маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи муқаррароти Кодекси мазкур таъйин карда мешавад.
  2. Ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ў, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкиаш, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд.
  3. Ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси мансабдор хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ў, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкӣ ва мавқеи хизматӣ, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд.
  4. Ҳангоми таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси ҳуқуқӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ў, вазъи молумулкӣ ва молиявии шахси ҳуқуқӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд.
  5. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои истисно, ки ба мақсад ва сабабҳои кирдор вобастаанд, бо назардошти маълумотҳо дар бораи шахси гунаҳкор, инчунин вазъи молумулкӣ ва молиявии ў оид ба парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар суд мавриди баррасӣ қарор мегиранд, судя метавонад ҷазои маъмурии аз ҳадди ақалли пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур пасттарро таъйин намояд. Дар ин ҳолат судя, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд, метавонад ҷазои ба сифати ҷазои ҳатмии иловагӣ пешбинишударо таъйин накунад.

 

Моддаи 49.  Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро сабук мекунанд

  1. Ҳолатҳои зерин ҷавобгарии маъмуриро сабук мекунанд:

— софдилона пушаймон шудани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир кардааст;

— ихтиёран хабар додани шахс дар бораи аз ҷониби ў содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

— оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бартараф кардани шахси гунаҳгор, ихтиёран ҷуброн намудани товони зарар ва ё бартараф намудани зарари расонидашуда;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳӣ (аффект) ё бинобар ҳолатҳои вазнини ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва ё ҳолатҳои дигар;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахси ноболиғ;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби зани ҳомила ё зане, ки кўдаки хурдсол дорад ё шахсе, ки худаш кўдаки то ҳаждаҳсоларо танҳо тарбия мекунад;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти таъсири таҳдид, маҷбуркунӣ ё вобастагии хизматӣ, моддӣ ва ё вобастагии дигар;

— бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии камаҳамият;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми баромадан аз ҳадди зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок. (қҷт. 28.06.2011 №717)

  1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад, метавонад дигар ҳолатҳоеро низ чун ҳолати сабуккунандаи ҷавобгарӣ эътироф намояд, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ нашудааст.

 

Моддаи 50. Ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд

  1. Ҳолатҳои зерин ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд:

— давом додани рафтори зиддиҳуқуқӣ, сарфи назар аз талаби шахсони ваколатдор дар хусуси қатъ кардани он;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон;

— ҷалби шахси ноболиғ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда;

— дар давоми як сол такроран содир намудани як намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шарте ки шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии аввалааш таҳти ҷазои маъмурӣ қарор гирифта, аммо нисбат ба он мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 53 Кодекси мазкур татбиқ нашуда бошад;

— содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати мастӣ  бинобар истеъмоли машрубот, маводи нашъаовар, психотропӣ ё дигар воситаҳои мадҳушкунанда.

Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ҷазои маъмуриро таъйин мекунанд, вобаста ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонанд ин ҳолатҳоро ҳолатҳои вазнинкунанда ҳисоб накунанд.

  1. Ҳолатҳои пешбинамудаи қисми якуми ҳамин модда ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунанда дониста намешаванд, ба шарте ки ин ҳолатҳо тибқи меъёрҳои моддаҳои дахлдори Қисми умумии Кодекси мазкур ба сифати нишонаи бандубастии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шуда бошанд.
  2. Номгўйи ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд, пурра буда, ҳолатҳои дигари вазнинкунандаи ҷавобгариро танҳо Кодекси мазкур муқаррар менамояд.

 

Моддаи 51. Таъйини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Дар сурати аз тарафи шахс содир намудани ду ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ барои ҳар як намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда алоҳида таъйин карда мешавад.
  2. Агар шахс якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир карда бошад ва парвандаҳоро нисбатиў дар як вақт як мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор баррасӣ намояд, ҷазои ниҳоии нисбат ба ин шахс татбиқшаванда дар доираи танҳо як модда муайян карда мешавад, ки ҷазои нисбатан вазнини маъмуриро пешбинӣ менамояд.

Агар ҷаримаи маъмурӣ ба ҳисоби фоиз аз маблағи ўҳдадории андози иҷронашуда ё ўҳдадории андози бо вайронкунии қонунгузории андоз иҷрошуда муқаррар шуда бошад, ҷаримаи маъмурӣ барои ҳар як ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷудогона ситонида мешавад.

  1. Агар шахс кирдоре (амал ё беамалие) содир намуда бошад, ки барои он ҷавобгарии маъмурӣ тибқи якчанд моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинӣ гардида, парвандаҳои чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахсони мансабдори ваколатдори гуногун баррасӣ карда шаванд, ҷазои маъмурӣ барои ҳар як ҳуқуқвайронкунӣ дар доираи меъёрҳои ин моддаҳо алоҳида татбиқ мегардад.
  2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якум ва банди якуми қисми дуюми ҳамин модда ба ҷазои асосӣ метавонад яке аз ҷазоҳои иловагии пешбининамудаи моддаи 37 Кодекси мазкур ҳамроҳ карда шавад.

 

Моддаи 52. Ҳисоб кардани мўҳлати ҳабси маъмурӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус

Мўҳлати ҳабси маъмурӣ бо соат,  шабонарўз, мўҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус бо шабонарўз, моҳ ва сол ҳисоб карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №650)

 

Моддаи 53. Мўҳлате, ки дар давоми он шахс ба ҷазои маъмурӣ кашидашуда ҳисоб меёбад

Шахсе, ки нисбати ў барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст, дар давоми як сол аз рўзи қабули қарори таъйин кардани ҷазои маъмурӣ ба ҷазои маъмурӣ кашидашуда ҳисобида мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 54. Рўёнидани зиёни молумулкӣ ва зарари маънавии аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ расида

  1. Баҳсҳо оид ба рўёнидани зиёни молумулкӣ аз ҷониби суд тибқи тартиби мурофиаи судии гражданӣ ҳал мегарданд. Судя ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар сурати набудани баҳс оид ба рўёнидани зиёни молумулкӣ ҳуқуқ дорад ҳамзамон бо таъйини ҷазои маъмурӣ масъалаи рўёнидани зиёни молумулкиро низ ҳал намояд.
  2. Ҳангоми аз ҷониби дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор баррасӣ гардидани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баҳси рўёнидани зиёни молумулкӣ аз ҷониби суд бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда мешавад.
  3. Баҳсҳои рўёнидани зарари маънавии аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ расида дар суд тибқи тартиби мурофиаи судии гражданӣ баррасӣ мешаванд.

 

Моддаи 55. Иҷрои ўҳдадорие, ки дар натиҷаи содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба миён омадааст

Таъйини ҷазои маъмурӣ шахсро аз иҷрои ўҳдадорие, ки дар натиҷаи содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба миён омадааст, озод намекунад.

 

 

 

Моддаи 56.  Мўҳлати татбиқи ҷазои маъмурӣ

Ҷазои маъмурӣ баъди гузашти мўҳлати пешбининамудаи моддаи 33  Кодекси мазкур татбиқ карда намешавад.

 

ФАСЛИ II. ҚИСМИ МАХСУС

 

БОБИ 6. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

 

Моддаи 57. Риоя накардани ҳуқуқи шаҳрванд дар бобати шинос шудан бо рўйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ

Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани ҳуқуқи шаҳрванд дар бобати шинос шудан бо рўйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ ё дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ накардани аризаи нодурустии рўйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ ё саркашӣ намудан аз додани ҷавоби асосноки хаттӣ ба шаҳрванд дар бораи сабаби рад намудани ариза дар хусуси даровардани ислоҳ ба рўйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ ё дар мўҳлати муқарраршуда иҷро накардани қарори суд дар бораи ислоҳ кардани рўйхати интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ, —

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.

 

Моддаи 58. Дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ва комиссияи раъйпурсӣ

Барои бо истифода аз вазъи мансабию хизматӣ дахолат кардан ба кори комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳояшон, ки қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар намудааст, бо мақсади таъсир расонидан ба қарори он, яъне талаб ё супориши шахси мансабдор оид ба масъалаҳои ба қайд гирифтани номзадҳо, шуморидани овози интихобкунандагон ва масъалаҳои дигар, ки ба ваколати истисноии комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ мансубанд, —

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 59. Иҷро накардани қарори комиссияи интихобот ва комиссияи раъйпурсӣ

Барои иҷро накардани қарор ё дархости комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ, ки дар доираи салоҳияти онҳо қабул карда шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 60. Риоя накардани тартиби пешниҳоди рўйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ ё маълумот дар бораи интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ

Барои риоя накардани тартиби пешниҳоди рўйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ ё маълумот дар бораи интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ аз тарафи шахси мансабдоре, ки ба зиммаи ў ин масъулият вогузор карда шудааст, —

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 61. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи чопи ҳуҷҷатҳои марбут ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ

Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи чопи ҳуҷҷатҳои  марбут ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 62. Риоя накардани ҳуқуқи узви комиссияи интихобот, комисссияи раъйпурсӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзад ё намояндагони воситаҳои ахбори омма

Барои риоя накардани ҳуқуқи узви комиссияи интихобот, комисссияи раъйпурсӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, шахсони боэътимоди номзад ё намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла ҳуқуқи саривақт гирифтани иттилоъ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 63. Рад кардани пешниҳоди муваққатан аз кор озод намудани номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихоботӣ дар бобати иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ

  1. Аз тарафи корфармо рад кардани пешниҳод оид ба муваққатан аз кор озод намудани номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихоботӣ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ҷиҳати тарғиб ё фаъолияти дигари пешбиникардаи қонун, ки ба интихоби номзад мусоидат менамояд, инчунин аз ҷониби корфармо рад кардани пешниҳоди муваққатан аз кор озод намудани узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ барои иштирок дар тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонун, —

ба шахси мансабдор ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз вазифаи ишғолнамудааш озод кардан ва ё ба кори (вазифаи) дигар гузаронидани номзад ба вакилӣ дар давраи тарғиби пешазинтихоботӣ, инчунин аз кор (вазифаи ишғолкарда) озод намудан ё ба дигар мансабҳои интихобӣ гузаронидани узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ бе розигии ў дар вақти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 64. Риоя накардани шартҳои тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғибот ҳангоми раъйпурсӣ

Барои риоя накардани шартҳои тарғиботи пешазинтихоботӣ ва тарғибот ҳангоми раъйпурсӣ аз тариқи барномаҳои телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки дар қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ пешбинӣ шудааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 65. Риоя накардани шартҳои рекламаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ҳангоми маъракаҳои интихобот

Барои риоя накардани шартҳои мутобиқи қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ пешбинишудаи рекламаи фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари номзад, дигар шахсон ва ташкилотҳо, ки нисбат ба онҳо талабот ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ татбиқ мегардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 66. Тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ дар замон ё маконе, ки он манъ аст

Барои тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғибот ҳангоми раъйпурсӣ дар замон ё маконе, ки гузаронидани чунин тарғибот тибқи қонунгузории интихобот ва раъйпурсӣ манъ карда шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 67. Тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ аз тарафи шахсоне, ки иштироки онҳоро қонун манъ кардааст

Барои тарғиботи пеш аз интихобот ва тарғиботи раъйпурсӣ аз тарафи шахсоне, ки иштироки онҳоро қонун манъ кардааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 68. Фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба пешниҳод намудан ё интихоб шудани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, ки рўйхати номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, барои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дар интихобот монеъ мегардад ё мусоидат менамояд

Барои фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба пешниҳод намудан ё интихоб шудани номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, ки рўйхати номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, барои ба даст овардани натиҷаҳои муайян дар интихобот монеъ мегардад ё мусоидат менамояд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ, бо берункунии маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 69. Таҳия ва паҳн кардани маводи тарғиботии беном

Барои таҳия ва паҳн кардани маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалии беном дар давраи тайёрию гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо дар бораи теъдод, вақти нашр, ном ва суроғаи созмон ё ному насаб, ҷои истиқомати шахси таҳиякунандаи ин маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалӣ, инчунин дар бораи номи созмон ё ному насаби шахси супоришдиҳандаи ин маводи тарғиботӣ, чопӣ ва аудиовизуалӣ маълумот мавҷуд набошад, инчунин таҳияи маводи тарғиботии чопӣ ва аудиовизуалӣ, ки дар онҳо маълумоти номбаршуда нодуруст зикр гардидааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 70. Фароҳам наовардани имконият барои ба маълумоти омма расонидани раддия ё дигар тавзеҳот оид ба ҳимояи шаъну шараф ё эътибори  кории номзад

Барои бо ҳар роҳу усул фароҳам наовардани имконият ҷиҳати  ба маълумоти омма расонидани раддия ё дигар тавзеҳоти ҳимояи шаъну шараф ё эътибори кории номзад то ба охир расидани мўҳлати тарғиботи пеш аз интихобот, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот фароҳам овардани чунин имконият ҳатмӣ мебошад, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 71. Қасдан нобуд кардан ё расонидани зарар ба маводи чопии тарғиботии марбут ба интихобот ва раъйпурсӣ

Барои қасдан нест кардан ё расонидани зарар ба маводи маълумот ё чопии тарғибот, ки дар асоси талаботи қонунгузорӣ дар биноҳо, иншоот ё дигар объектҳо бо розигии молик ё соҳиби он дар маъракаҳои интихобот, тайёрӣ ё гузаронидани раъйпурсӣ овехта шудаанд, инчунин ворид намудани навиштаҷот ё кашидани аксҳо дар маводи маълумотию тарғиботии чопӣ, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 72. Риоя накардани ҳуқуқи истифодаи биноҳо дар рафти маъракаи интихобот, тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсӣ

Барои риоя накардани ҳуқуқи номзадҳо, гурўҳҳои ташаббускор оид ба гузаронидани раъйпурсӣ ҷиҳати баробар истифода бурдан аз биноҳои моликияти давлатӣ ё коммуналӣ барои вохўрӣ бо интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар намудааст,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 73. Ба тарафдории номзад ҷалб кардани интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсӣ бо роҳи ришва додан

Барои ба интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ додани маблағ, тўҳфа, дигар сарватҳои моддӣ, баргузор намудани фурўши имтиёзнок ё ройгон додани мол ё хизматрасонии имтиёзнок бо мақсади ба тарафдории номзад ҷалб кардани онҳо, ҳамчунин анҷом додани фаъолияти эҳсонкорӣ бар хилофи талаботи қонун дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 74. Пешниҳод ё чоп накардани ҳисобот, маълумот дар бораи маблағҳои воридшуда ва харҷшуда, ки барои тайёрию гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ҷудо карда шудаанд

  1. Барои аз тарафи номзад ба вакилӣ, вакили интихобшуда, ҳизби сиёсӣ, муассисаи кредитӣ дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонун пешниҳод накардани ҳисобот, маълумот оид ба сарчашма ва андозаи маблағҳои ба хазинаи интихоботӣ ҷудошуда, харҷи онҳо, инчунин пешниҳод кардани ҳисобот ва маълумоти нопурра ё нодуруст, —

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи раиси комиссияи интихобот ё раиси комиссияи раъйпурсӣ дар воситаҳои ахбори омма барои нашр, пешниҳод накардан ё нопурра пешниҳод намудан ва ё саривақт пешниҳод накардани маълумот дар бораи маблағҳои ба хазинаи интихоботӣ воридгашта ва харҷшуда, инчунин оид ба ҳисоботи молиявии номзадҳо ба вакилӣ, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи раиси комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ нашр накардани маълумот дар бораи харҷи маблағи буҷетӣ, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ҷудо карда шудааст, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 75. Истифодаи ғайриқонунии маблағ аз тарафи номзад ба вакилӣ ва ё ҳизби сиёсӣ

Барои истифода бурдани дигар маблағ, ба ғайр аз маблағи хазинаи интихоботии худ ё аз меъёри муқарраршуда барзиёд истифода намудани маблағи хазинаи интихоботӣ, инчунин барои мақсадҳои пешбининашуда сарф намудани ин маблағ аз тарафи номзад ба вакилӣ ва ё ҳизби сиёсӣ, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 76. Аз тарафи номзад ба вакилӣ ва ё ҳизби сиёсӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот истифода намудани кўмакҳои моддии ғайриқонунӣ

Барои аз тарафи номзад ба вакилӣ ва ё ҳизби сиёсӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани интихобот истифода намудани кўмакҳои моддии ғайриқонунӣ, —

ба андозаи аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 77. Маблағгузории ғайриқонунии маъракаҳои  интихобот ва раъйпурсӣ бидуни хазинаҳои интихобот, хазинаҳо барои гузаронидани раъйпурсӣ ва расонидани дигар кўмакҳои моддӣ

Барои ғайриқонунӣ расонидани кўмаки молиявӣ ё моддӣ ба маъракаҳои интихоботи номзад ба вакилӣ, ҳизбҳои сиёсӣ бидуни хазинаҳои интихоботии онҳо ё ройгон ва ё бо нархҳои беасос паст аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷро намудани корҳо, хизматрасонӣ ё фурўши мол вобаста ба гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 78. Саривақт нагузаронидани маблағ ба комиссияи интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ

Барои аз тарафи мақомоти дахлдор, ташкилоти кредитӣ, алоқа, комиссияи интихобот, комиссияи раъйпурсӣ ба суратҳисоби комиссияҳои интихобот, комиссияҳои раъйпурсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ нагузаронидан, нопурра гузаронидан ё бо риоя накардани мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронидани маблағ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 79. Ба шаҳрванд ғайриқонунӣ додани бюллетени  интихобот ва бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ

Барои аз тарафи узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ба шаҳрванд додани бюллетени интихобот ё бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ бо мақсади овоз додан бар ивази каси дигар ё зиёда аз як маротиба овоз додан дар рафти як овоздиҳӣ ва ё ба шаҳрванд додани бюллетенҳои пуркардашудаи интихобот ё бюллетенҳои пуркардашудаи овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, —

ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 80. Тайёр кардани шумораи ба ҳисоб гирифтанашудаи бюллетенҳои овоздиҳӣ ё пинҳон намудани бюллетенҳои боқимонда

Барои тайёр кардани шумораи бюллетенҳои интихобот ё бюллетенҳои овоздиҳии раъйпурсии ба ҳисоб гирифтанашуда ё пинҳон доштани боқимондаи бюллетенҳои интихобот ва бюллетенҳои раъйпурсӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 81.  Риоя накардани  тартиби  қонунии  ҳисоби овозҳо

Барои аз тарафи раис ё узви комиссияи интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ риоя накардани  тартиби ҳисоби овозҳо, ки қонун муайян намудааст, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

Моддаи 82. Пешниҳод ё чоп накардани маълумот дар бораи    натиҷаҳои овоздиҳӣ ё натиҷаҳои интихобот

  1. Барои аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот ё комиссияи раъйпурсӣ ҷиҳати шиносоӣ ба интихобкунандагон, иштирокчиёни раъйпурсӣ, номзадҳо, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма пешниҳод накардан ё саривақт чоп накардани маълумот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи раиси комиссияи ҳавзавии интихобот ё раиси комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ содир намудани ҳуқуқвайронкуние, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, инчунин аз тарафи онҳо риоя накардани мўҳлати ба намояндагони воситаҳои ахбори омма пешниҳод ё нопурра пешниҳод намудани маълумот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ дар интихобот ва раъйпурсӣ, —

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Ҳангоми аз тарафи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ содир намудани ҳуқуқвайронкуние, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, инчунин аз тарафи ў риоя накардани мўҳлати ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои нашр пешниҳод кардани маълумоти натиҷаи овоздиҳӣ дар интихобот ва раъйпурсӣ —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 83. Паҳн кардани маълумоти бардурўғ дар бораи номзад

Бо мақсади таъсир расонидан ба натиҷаи интихобот паҳн кардани маълумоти бардурўғ дар бораи номзад ба вакилӣ ё дигар мансаби интихобӣ бо роҳи нашр намудан ё дигар воситаҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 84.  Монеъ шудан ба тарғиботи пеш аз интихоботӣ

Барои монеъ шудан ба тарғиботи пеш аз интихоботӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 85. Маҷбур кардан ба диндорӣ ё бединӣ, худопарастӣ ё бехудоӣ ва иҷрои маросимҳои динӣ

  1. Барои маҷбур кардан ба диндорӣ ё бединӣ, худопарастӣ ё бехудоӣ ва иҷрои маросимҳои динӣ, пардохти маблағ ба манфиати масҷидҳо, калисоҳо, куништҳо, ҷамоаҳои динӣ, иттиҳодияҳо, марказҳо, гурўҳҳо ва ташкилотҳои динӣ ё диндорони алоҳида ё монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо баҳонаи мансубият ба ин ё он дин ё мазҳаби (таълимоти) динӣ, —

ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 86. Монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди  динӣ

  1. Барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла қабул намудани дин ва ё ақидаҳои динӣ ё дигар ақидаҳо ё рад намудани қабули онҳо, аъзо шудан ба иттиҳодияҳои динӣ ё баромадан аз узвияти онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон ё хароб намудани ашё, нишона ва аломатҳои рамзӣ, ки мутобиқи эътиқоди онҳо мавриди парастиш мебошанд ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 87. Риоя накардани тартибу мўҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон

Барои ғайриқонунӣ рад намудани баррасии муроҷиатҳо, бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу мўҳлати баррасии онҳо, қабул кардани қарори беасос, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, — (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1335)

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 88. Саркашӣ аз пешниҳоди маълумот ба шаҳрванд

Барои саркашӣ аз додани маълумот ба шаҳрванд, ки бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ шудааст ва бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дахл дорад ё саривақт надодани чунин маълумот, инчунин надодани дигар маълумот дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ё ба шаҳрванд додани маълумоти нопурра ё нодуруст аз ҷониби шахси мансабдор ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 89. Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.   «қҷт  21.07.2010 №614»

 

Моддаи 90. Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани ўҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон

Барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, инчунин шахсе, ки дар асоси шартнома кўдакро тарбия мекунад,иҷро накардани ўҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1179)

 

Моддаи 91.  Суиистифода аз ҳуқуқи васӣ  ё парастор

Барои ғаразнок истифода намудани васоят ё парасторӣ, бар зарари шахси таҳти васоят ва парасторӣ қарордошта ё бе назорат ва ё бе кўмаки моддӣ гузоштани ў ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 92. Риоя накардани тартиб ё мўҳлати пешниҳоди  маълумот дар бораи кўдакон, ки барои фаро гирифтан ба тарбияи оила, таҳти васоят ё ба муассисаи кўдакони ятим ё бепарастор эҳтиёҷ доранд

Барои аз тарафи роҳбари муассиса, ки дар он кўдакони бепарастор қарор доранд ё аз тарафи шахси мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа риоя накардани тартиб ва мўҳлати пешниҳод намудани маълумот дар бораи кўдаконе, ки барои фаро гирифтан ба тарбияи оила (фарзандхонӣ), таҳти васоят (парасторӣ) ё ба муассисаи кўдакони ятим ё бепарастор эҳтиёҷ доранд, ҳамчунин қасдан пешниҳод намудани маълумоти нодуруст дар бораи чунин ноболиғон, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1335)

 

Моддаи 93. Кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридан икўдак

Барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридани кўдак, — (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1335)

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

   Моддаи 931. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила

   Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рўҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила  гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, —

   ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 19.03.2013, №938)

 

   Моддаи 932. Риоя накардани талаботи  амрномаи муҳофизатӣ

   Барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 94. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат

  1. Барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, аз ҷумла:

— беасос қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманд;

— бе бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба кор қабул намудан ва ё риоя накардани синну соли муқарраршудаи қабул ба кор;

— яктарафа даст кашидани корфармо аз гуфтушуниди коллективӣ;

— беасос надодани рухсатии меҳнатӣ ба кормандон, инчунин таъмин накардани дигар кафолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат пешбинӣ намудааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 95.  Беасос ба кор қабул накардан

  1. Барои аз тарафи шахси мансабдор беасос ба кор қабул накардани шахс, ки ба корхона, муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тарзи ташкилию ҳуқуқӣ, аз тарафи хадамоти шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квотаи тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида фиристода шудааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шахси мансабдор беасос ба кор қабул накардани шахс, ки аз озмуни ишғоли ҷойҳои холӣ гузаштааст ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 96. Дидаю дониста ба кор қабул кардани шаҳрвандоне, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кофтуков қарор доранд

Барои дидаю дониста ба кор қабул кардани шаҳрвандоне, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кофтуков қарор доранд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 97. Ба кор қабул намудани шахсони доғи судӣ дошта ба мансабҳое, ки қонунгузорӣ манъ кардааст

Барои ба кор қабул намудани шахсони доғи судӣ дошта ба мансабҳое, ки қонунгузорӣ манъ кардааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 98. Ғайриқонунӣ аз кор озод намудани корманд (хизматчӣ)

Барои аз тарафи шахси мансабдор ғайриқонунӣ аз кор озод намудани корманд (хизматчӣ), —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 99. Саркашӣ кардан аз иштирок дар гуфтушуниде, ки ба бастани шартнома (созишнома)-и коллективӣ ё риоя накардани мўҳлати муқарраршудаи бастани он вобаста аст

Барои саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ў аз иштирок дар гуфтушуниди бастани шартнома (созишнома)-и коллективӣ, тағйир додан ё ворид намудани илова ба он, ба шарте, ки ҳатман бастани он дар қонун пешбинӣ шуда бошад ё риоя накардани мўҳлати муқаррарнамудаи қонун оид ба гуфтушунид, инчунин таъмин накардани кори комиссия оид ба бастани шартномаи (созишномаи) коллективӣ дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи тарафҳо, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 100. Пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ барои доир намудани гуфтушуниди коллективӣ ва амалӣ кардани назорати риояи шартнома (созишнома)-и коллективӣ

Барои аз тарафи корфармо ё намояндаи ў тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ барои анҷом додани гуфтушуниди коллективӣ ва амалӣ намудани назорати риояи шартнома (созишнома)-и коллективӣ, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 101. Беасос саркашӣ кардан аз бастани шартнома  (созишнома)-и коллективӣ

Барои беасос саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ў аз бастани шартномаи (созишномаи) коллективии муқаррарнамудаи қонун, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 102. Риоя ё иҷро накардани ўҳдадориҳои шартнома  (созишнома)-и  коллективӣ

Барои аз тарафи корфармо ва ё намояндаи ў риоя ё иҷро накардани ўҳдадориҳои шартнома (созишнома)-и коллективӣ, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 103. Саркашӣ кардан аз қабули талаботи кормандон ва аз  иштирок дар созишҳои оштӣ

Барои саркашӣ кардани корфармо ё намояндаи ў аз қабули талаботи кормандон ва аз иштирок дар созишҳои оштӣ, надодани бино барои баргузории маҷлиси (конференсияи) кормандон бо мақсади пешниҳоди талабот ё монеъ шудан ба баргузории чунин маҷлис (конференсия), —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 104.  Иҷро накардани созишнома

Барои аз тарафи корфармо ё намояндаи ў иҷро накардани ўҳдадории созишномае, ки дар натиҷаи созиши оштӣ ба даст   омадааст, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 105. Аз кор озод кардани кормандон бо сабаби баҳси коллективии меҳнатӣ ё эълон намудани корпартоӣ

Барои аз тарафи корфармо аз кор озод кардани кормандон бо сабаби баҳси  коллективии меҳнатӣ ё эълон намудани корпартоӣ, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 106. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамойиҳо, намоишҳо ва роҳпаймойиҳои осоишта

Барои монеъ шудан ба ташкил ва баргузории маҷлисҳо, гирдиҳамойиҳо, намоишҳо ва роҳпаймойиҳои осоишта, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 107. Маҷбур намудан ба иштирок кардан ё иштирок накардан дар корпартоӣ

Барои маҷбур намудан ҷиҳати иштирок кардан ё иштирок накардан дар корпартоӣ бо роҳи зўрӣ ё таҳдиди истифодаи зўрӣ ё бо истифодаи ҳолати вобастагии шахс, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 108. Риоя накардани ҳуқуқи маъюбон ҳангоми ба кор қабул кардан

  1. Барои аз тарафи корфармо дар доираи квотаи муқарраршуда ба кор қабул накардани маъюбони гурўҳҳои дуюм ва сеюм, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои беасос ба сифати шахси бекор ба қайд нагирифтани маъюб, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 109.  Пинҳон доштани ҳолати суғуртавӣ

Барои аз тарафи суғуртакунанда пинҳон доштани ҳолати суғуртавӣ ҳангоми суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ (давлатӣ ё шахсӣ) аз ҳолатҳои фалокатовар дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 7. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ, ВАЗЪИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ АҲОЛӢ  ВА АХЛОҚИ ҶОМЕА

 

Моддаи 110. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ

Барои аз тарафи шахси мансабдор риоя накардани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатӣ муқаррар шудаанд, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 111. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари хуни донорӣ, ҷузъҳои он ва давоҳои аз он тайёр кардашуда

Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи  босамари хуни донорӣ, ҷузъҳои он ва давоҳои аз он тайёр кардашуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 112. Риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию  гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ (ба ғайр аз қоидаю меъёрҳои вобаста ба ҳифзи ҳавои атмосфера),-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 113. Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳатмӣ, ки бо мақсади пешгирии ба миён омадан ё паҳн шудани бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сирояткунандаи барои инсон хавфнок муқаррар шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 114. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ҳангоми истифодаи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, иморат ва иншоот

Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ҳангоми истифодаи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, иморат ва иншоот,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 115. Риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар нақлиёт

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва меъёрҳои муқарраршудаи санитарию гигиенӣ дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва обӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва меъёрҳои муқарраршудаи санитарию гигиенӣ дар ҳавопаймо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 116. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати оби нўшокӣ

Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати оби нўшокӣ ва таъмини  аҳолӣ бо оби нўшокӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 117. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хўроки умумӣ

Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хўроки умумӣ, аз ҷумла дар ошхона, тарабхона, қаҳвахона ва дигар ҷойҳои ташкили хўроки аҳолӣ, инчунин ҳангоми тайёр намудани хўрок ва нўшокиҳо, нигоҳдорӣ ва фурўши онҳо ба аҳолӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 118. Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати шароити таълиму тарбия

Барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати шароити таълиму тарбия, воситаҳои техникӣ, аз ҷумла аудиовизуалӣ, технологияи иттилоотӣ (компютер), мебели таълимӣ, инчунин китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 119. Аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикӣ саркашӣ кардани шахсони гирифтори бемориҳои сирояткунанда, вируси норасоии масунияти одам

Барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии вируси норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ,-

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 120. Пинҳон доштани манбаи сирояти вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои сирояткунанда ва алоқаҳое, ки хавфи сироятро ба вуҷуд меоранд

Аз тарафи шахси мубталои бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои сирояткунанда, инчунин шахсони бо ў алоқадошта пинҳон доштани манбаи сироят, ки хавфи ба ин беморӣ сироят карданро ба вуҷуд меорад, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 121. Риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хўрокворӣ

Барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани доруворӣ ва иловаҳои хўрокворӣ, истеҳсол кардан, ба муомилот баровардани онҳо, истифода бурдани доруворӣ ва иловаҳои хўроквории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ё ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин мўҳлати истифодаашон гузашта ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 122. Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти дорусозӣ ва тибби халқӣ

  1. Барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии дорусозӣ аз тарафи шахсе, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад, —

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои машғул шудан ба тибби халқӣ ва риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонун дар ин фаъолият,-

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 123. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи хизматрасонии муздноки тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ

Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи хизматрасонии  муздноки тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ, қасдан баланд намудани нархи хизматрасонии муздноки тиббӣ ё дидаю дониста расонидани кўмаки муздноки тиббӣ ба шахсе, ки ба хизматрасонии ройгони тиббӣ ҳуқуқ дорад, —

ба шахси масъул ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 124. Риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии радиатсионӣ

Барои риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои муқарраршудаи бехатарии радиатсионӣ,-

ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 125. Риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии электромагнитӣ

Барои риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии электромагнитӣ, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 126. Ба фурўш баровардани маҳсулоти бесифати хўрокворӣ

Барои ба фурўш баровардани маҳсулоти бесифати хўрокворӣ, ки дар таркиби онҳо ба андозаи зиёд моддаҳои кимиёӣ, заҳрдор, кансерогенӣ ва омехтаи биологӣ доранд, аз ҷумла маҳсулоти дар хона тайёршуда, мўҳлати истеъмоли онҳо гузаштааст,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 127. Киштукор ва парвариши ғайриқонунии растаниҳои дорои маводи нашъадор

Барои киштукор ва парвариши ғайриқонунии растаниҳои дорои маводи нашъадор, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии растаниҳое, ки кишташон манъ мебошад ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 128. Ғайриқонунӣ истеҳсол ва тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани маводи нашъадор,  моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои  онҳо

  1. Барои ғайриқонунӣ истеҳсол ва тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои онҳобе мақсади фурўхтан ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт 19.05.09, №513)

  1. Барои бо мақсади фурўхтан содир намудани кирдори дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, ҳамчунин фурўши ғайриқонунии онҳо ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 129. Ҷалби ноболиғон ба истеъмоли маҳсулоти тамоку машрубот ё моддаҳои мадҳушкунанда

  1. Барои ҷалби ноболиғон ба истеъмоли маҳсулоти тамоку машрубот ё моддаҳои мадҳушкунанда, аз ҷумла маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

  1. Барои содир намудани ҳамин кирдорҳо аз тарафи падару модар ё дигар намояндаҳои қонунии ноболиғон, инчунин шахсоне, ки ба зиммаи онҳо вазифаи таълиму тарбия ва табобати онҳо вогузор шудааст, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 130. Машғул шудан ба фоҳишагӣ

  1. Барои машғул шудан ба фоҳишагӣ, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарўз таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1234)

 

Моддаи 131. Тарғиби маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо

Барои тарғиб ё рекламаи ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 132. Истеҳсол ё муомилоти спирти этилӣ, маҳсулоти  алкоголӣ ё дар таркибаш спиртдошта, ки ба талаботи стандарти давлатӣ мувофиқат намекунад

Барои истеҳсол ё муомилоти спирти этилӣ, маҳсулоти алкоголӣ ё дар таркибаш спиртдошта, ки ба талаботи стандарти давлатӣ мувофиқат намекунад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 8. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ

ҲИФЗИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 133. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 134. Саривақт напардохтани музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ, кўмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ

  1. Барои саривақт напардохтани музди меҳнат, нафақа, идрорпулӣ,кўмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони масъул ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, —

ба шахсони масъул ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 135. Аз тарафи корфармо риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Барои аз тарафи корфармо риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат, яъне иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ўҳдадорӣ, ки ба ташкил намудани шароити мусоиду бехатари кор, ҷорӣ намудани воситаҳо ва технологияи таъминкунандаи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи стандартҳо оид ба ҳифзи меҳнат вобаста аст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 136. Напардохтани маблағи суғурта ё ёрдампулӣ ба шахсони  дар истеҳсолот ҷабрдида

Барои аз тарафи корфармо напардохтани маблағи муқарраршудаи суғурта ё ёрдампулӣ ба шахсони дар истеҳсолот ҷабрдида,-

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад

 

Моддаи 137. Гум кардан, саривақт ба қайд нагирифтан ё аз нав ба қайд нагирифтани шаҳодатномаи шахси гуреза

  1. Барои гум кардани шаҳодатномаи шахси гуреза, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои саривақт ба қайд нагирифтан ва ё аз нав ба қайд нагирифтани шаҳодатномаи шахси гуреза, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 138. Ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан, ба кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ё шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан ё ба кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан ё ба кор гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бе иҷозати махсус дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 139. Иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат

Барои аз тарафи корфармо дар мўҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома ва дастури мақомоти давлатӣ оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 140. Дидаю дониста додани маълумоти нодуруст ҳангоми таъйин намудани кўмакпулии иҷтимоии давлатӣ

  1. Барои аз тарафи шахси ваколатдор ба шаҳрвандон дидаю дониста додани маълумоти бардурўғе, ки боиси нодуруст таъйин намудани кўмакпулии иҷтимоии давлатӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шаҳрванд дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ дар мавриди муроҷиат барои таъйини кўмакпулии иҷтимоии давлатӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 9. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН

 

Моддаи 141. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба замин

Барои худсарона истифода бурдан ва ё аз они худ кардани қитъаҳои замин, ки аз ин ҳуқуқи давлат ба замин халалдор мешавад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 142. Риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин

Барои риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин, яъне иҷро накардани чорабиниҳои ҳатмӣ вобаста ба беҳдошти замин ва ҳифзи он аз бодлесшавию обшустагӣ, хароб намудани замини кишт, нобуд кардани қабати ҳосилхези хок ё пешгирӣ накардани дигар омилҳое, ки таркиби хокро бад мекунанд, инчунин истифода намудани замин бо усуле, ки боиси вайроншавии хок ва ҳолати экологии замин мегардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 143.  Истифодаи ғайримақсадноки замин

Барои истифодаи ғайримақсадноки замин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 144. Риоя накардани талаботи низоми истифодаи замин

Барои риоя накардани талаботи низоми истифодаи заминҳои таъйиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, табиию мамнўъгоҳӣ ва дигар заминҳое, ки таъйиноти махсуси истифода мебошанд, заминҳое, ки таҳти таъсири заҳролудшавии радиоактивӣ қарор гирифтаанд, инчунин бад кардани ҳолати экологии қитъаи замине, ки ба истифода дода шуда, дар ҳудуди муайян қарор дорад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 145. Лоиҳакашӣ, ҷойгир намудан, сохтан ва ба истифода додани объектҳое, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонанд

Барои лоиҳакашӣ,ҷойгир намудан, сохтан ва ба истифода додани объектҳое, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 146.  Напардохтани маблағи андози замин

Барои напардохтани маблағи андози замин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда  мешавад.

 

Моддаи 147.   Ифлос кардани замин

Барои бо моддаҳои кимиёиву радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов, организмҳои бактериологию паразитӣ ва зараррасон ифлос кардани замин ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 148. Истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он

Барои истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 149. Риоя накардани тартиби ба истифода додани замин

Барои риоя накардани тартиби ба истифода додани замин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 150. Пинҳон доштани маълумот оид ба мавҷудияти захираи махсуси замин

Барои пинҳон доштани маълумот оид ба мавҷудияти захираи махсуси замин,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 151. Худсарона иваз кардани қитъаҳои замин

Барои худсарона иваз кардани қитъаҳои замин,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 152. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани замин

Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани замин,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

Моддаи 153. Қабул намудани қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ва истифодаи он

Барои қабул намудани қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ва истифодаи он ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 154. Таҳрифи маълумоти кадастри замин

Барои таҳрифи маълумоти кадастри замин, аз ҷумла бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии замин аз тарафи шахсони мансабдор ё шахсони масъул, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 155. Пешниҳод накардан ё пешниҳоди маълумоти бардурўғ дар бораи ҳолат ва истифодаи замин

Барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди маълумоти бардурўғ дар бораи ҳолат ва истифодаи замин аз тарафи истифодабарандагони замин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 156. Бе сабабҳои узрнок истифода набурдани қитъаи замин

  1. Барои бе сабабҳои узрнок дар давоми ду сол истифода набурдани қитъаи замине, ки барои истифодаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дода шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бе сабабҳои узрнок дар давоми се сол истифода набурдани қитъаи замине, ки барои таъйиноти ғайрикишоварзӣ ва ғайрихоҷагии ҷангал дода шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як сол истифода набурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва боғдорию полезии коллективӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 157. Риоя накардани мўҳлати супоридани заминҳои хокгардоннашуда ва заминҳои аз нав азхудкардашуда бар ивази заминҳое, ки ҷудо карда шудаанд

Барои риоя накардани мўҳлати супоридани заминҳои хокгардоннашуда (култиватсиянашуда) ва заминҳои аз нав азхудкардашуда бар ивази заминҳое, ки ҷудо карда шудаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 158. Риоя накардани мўҳлати баргардонидани замини муваққатан ишғолшуда ё мувофиқи таъйинот омода накардани он барои истифода

Барои риоя накардани мўҳлати баргардонидани замини муваққатан ишғолшуда, иҷро накардани ўҳдадории омода кардани замин барои истифода мувофиқи таъйинот ва риоя накардани мўҳлати корам намудани қитъаи замин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 159. Нобуд кардани ишораҳои муқарраршудаи марзӣ ва дигар аломатҳои маълумотӣ ё расонидани зарар ба онҳо

Барои нобуд кардани ишораҳои марзии замин ва дигар аломатҳои муқарраршудаи маълумотию марзии истифодаи замин ё расонидани зарар ба онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 160. Монеъ шудан барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаи замин ва истифодаи он

Барои монеъ шудан ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаи замин ва истифодаи он, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 161. Монеъ шудан ба анҷом додани барўйхатгирии қитъаи замин

Барои монеъ шудан ба анҷом додани барўйхатгирии қитъаи   замин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 162.   Саркашӣ аз иҷрои дастур

Барои саркашӣ кардан аз иҷрои дастур, саривақт иҷро накардани он ё дигар санади марбут ба бартараф намудани камбудиҳое, ки ба масъалаҳои истифодаи қитъаи замин вобастаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 163. Саркашӣ аз бақайдгирии қитъаи замин

Барои саркашӣ аз бақайдгирии қитъаи замин дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонун, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 164. Ҷуброн накардани зарари истифодабарандагони замин ва талафоти маҳсулоти кишоварзӣ

Барои ҷуброн накардани зарари истифодабарандагони замин ва талафоти маҳсулоти кишоварзӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 10. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ

ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ  ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 165. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба сарватҳои зеризаминӣ

Барои худсарона истифода кардани сарватҳои зеризаминӣ, ошкоро ё пинҳонӣ аҳд бастан, ки ҳуқуқи давлатро ба сарватҳои зеризаминӣ вайрон ё халалдор мекунад ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 166. Риоя накардани тартиби муҳофизат ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

  1. Барои худсарона сохтани иморатҳо дар қитъаҳои дорои канданиҳои фоиданок, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бе ризоияти мақомоти ҳифзи табиат, риоя накардани қоидаҳои муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити табиӣ, бино ва иншоот аз таъсири зарарноки корҳое, ки бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, нобуд ё вайрон кардани чоҳҳои таҳти низоми мушоҳидаи обҳои зеризаминӣ, инчунин нишонаю аломатҳои маркшейдерӣ ва геодезӣ марбутанд ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад ё фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ то се моҳ боздошта мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи интихобии қитъаҳои сермаъдани конҳо, ки боиси талафоти исрофкоронаи захираҳои мавзунии канданиҳои фоиданок, талафоти аз меъёр зиёд ва омехташавии аз ҳад афзуни канданиҳои фоиданок дар вақти истихроҷ, вайрон шудани конҳо ва дигар ҳодисаҳои риоя накардани қоидаҳои истифодаи оқилонаи захираи онҳо мегардад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад ё фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ то се моҳ боздошта мешавад.

  1. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои маркшейдерӣ, иҷро накардани талаботи таъминкунандаи бехатарии аҳолӣ аз истифодаи конҳо ва чоҳҳои кандашудаи барҳамхуранда ва муваққатан басташаванда, инчунин иҷро накардани талаботи ҳифзи конҳо ва чоҳҳои пармашуда дар вақти муваққатан басташавии онҳо, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 167. Риоя накардани нигоҳдории обҳои зеризаминӣ ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Барои риоя накардани талаботи бе сабаб нигоҳдории обҳои зеризаминӣ ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, яъне кам ё ифлос намудани обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои гарми маъданӣ ва табобатӣ, ғайримақсаднок истифода бурдани об, нест кардан, расонидани зарар  ё ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин накардани ҳифзи чоҳҳои гидрогеологие, ки барои истифодаи минбаъда коршоям мебошанд,–

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 168. Риоя накардани қоидаҳо ва талаботи иҷрои кор оид ба омўзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳо ва талаботи иҷрои кор оид ба омўзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ки боиси нодуруст муайян кардани миқдори захираҳои кашфшудаи канданиҳои фоиданок ё шароити сохтмону истифодаи корхонаҳои истеҳсоли маъдан ва иншооти зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда гардидаанд, гум кардани ҳуҷҷатҳои геологӣ, нусхаи намунаҳои канданиҳои фоиданок, ки барои омўзиши минбаъдаи геологии маъдан ва ба кор андохтани конҳо заруранд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудааст,-

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 169. Риоя накардани технологияи истихроҷ ва коркарди ашёи хоми маъданӣ

  1. Барои аз меъёри технологӣ кам ё барзиёд истихроҷ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок, нигоҳ доштани маъдани истихроҷшуда дар худи чоҳ, истифодаи усули истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки хосият ва сифати табиии онро паст менамояд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои иҷро накардани лоиҳаҳои муваққатан хобондан ва барҳам додани корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, наандешидани тадбирҳои нарм кардани қисми болоии замин, ки дар натиҷаи корҳои геологию кўҳкорӣ вайрон шудаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани технологияи истихроҷ ва коркарди маъдан, ки ба шароити табиии ҷойгиршавии захираҳо дар қаъри замин ва тавсифоти сифатии канданиҳои фоиданок мувофиқат намекунад, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 170. Риоя накардани қоидаҳои ҳисоб ва таъминоти геологию маркшейдерӣ ҳангоми азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои таъминоти гидрогеологӣ, геологӣ ва маркшейдерӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, обҳои зеризаминӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барои мақсадҳои дигар, нобуд ё вайрон кардани ишораҳои маркшейдерӣ ва геодезӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳисоб ва таъминоти геологию маркшейдерӣ ҳангоми азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ, ҳолат ва ҳаракати захираҳо, талафот ва камшавӣ, қоидаҳои пешбурди ҳисоб ва муайян намудани сифати обҳои партови сатҳи обу замин, ба мақомоти ваколатдори геология ва захираҳои маъданӣ пешниҳод накардани ҳисобот оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки кашфгардида ва захираҳои истихроҷшуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 171. Худсарона ҷамъоварӣ кардан ё фурўхтани мўмиё ва ашёи маъдании мўмиёдор

  1. Барои худсарона ҷамъоварӣ намудани мўмиё, инчунин ашёи маъдании мўмиёдор, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои фурўхтани мўмиё ва ашёи маъдании мўмиёдор дар сурати риоя накардани қоидаҳои муқарраргардида, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 172. Саркашӣ намудан аз иҷрои амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ

Барои саркашӣ намудан аз иҷрои амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад ё фаъолияти онҳо ба мўҳлати то се моҳ боздошта мешавад.

 

БОБИ 11. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЗАХИ-РАҲОИ  ОБ

 

Моддаи 173. Вайрон кардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба захираҳои об

Барои худсарона тасарруф кардани объектҳои об ва иншооти хоҷагии об, худсарона истифода кардан ва тақсим намудани об, ба каси дигар додани ҳуқуқи истифодаи об, инчунин содир намудани дигар аҳдҳо, ки ҳуқуқи моликияти давлатиро ба захираҳои об вайрон мекунанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 174.   Риоя накардани қоидаҳои истифодаи об

Барои аз меъёри муқарраршуда зиёд сарф кардани об, худсарона истифода бурдани об ва худсарона анҷом додани корҳои гидротехникӣ, ғайримақсаднок истифода бурдани об, риоя накардани қоидаҳои ҳисоби миқдори оби аз объектҳои об гирифташаванда ва ба  объектҳои об ҷоришаванда, риоя накардани назорати сифати оби партов, ба об партофтани маводи ифлоскунанда, инчунин сохтани иншооти обгирӣ дар манбаъҳои обҳои рўизаминӣ бе иншооту таҷҳизоти ҳифзи моҳиҳо, рад кардани пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва саривақтӣ ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст дар бораи ҳолати истифодаи захираҳои об, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 175. Расонидани зарар ба иншооту воситаҳои хоҷагии об, риоя накардани қоидаҳои истифодаи онҳо

  1. Барои расонидани зарар ба иншооту воситаҳои хоҷагии об, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи иншооту воситаҳои хоҷагии об, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 176. Ғайриқонунӣ истифода бурдани заминҳои захираи давлатии об ва минтақаҳои ҳифзи онҳо

Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани заминҳои захираи давлатии об ва минтақаҳои ҳифзи онҳо ба ғайр аз объектҳои обии   табиӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 177. Бо партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об  воқеанд

Барои бо пасмонда ва партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об   воқеанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 178. Риоя накардани қоида ва меъёрҳои ҳифзи захираи об

  1. Барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои муқарраршудаи ҳифзи захираи об, тартиби баҳисобгирии миқдор ва сифати тақсимот, инчунин тақсимоти об бе риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардида, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба истифода додани корхона, объектҳои коммуналӣ ва ғайра бе сохтани иншооту таҷҳизоти пешгирикунандаи олудашавии об ё таъсири манфии онҳо ё бо иншооти тозакунии корношоям бе иншоот ва таҷҳизоти ҳифзи моҳӣ, инчунин содир намудани дигар кирдорҳое, ки мухолифи қонунгузории об ба шумор мераванд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 179. Истифодаи объектҳои об ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар онҳо бе иҷозати махсус

  1. Барои бе иҷозати махсус истифода намудани объектҳои об, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Бе иҷозат иҷро кардани корҳои сохтмонӣ, гидротехникӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, пармакунии чоҳҳои амудии обёрикунанда ва чоҳҳои оби нўшокӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 12. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДА-БАРИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 180. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба ҷангал

Барои худсарона ба дигарон додани ҳуқуқи истифодаи ҷангал, инчунин бастани дигар аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатиро ба ҷангал вайрон мекунанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 181. Истифодаи ғайриқонунии заминҳои захираи давлатии ҷангал

Барои истифодаи ғайриқонунии қитъаи замини захираи давлатии ҷангал, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 182. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи захираи дарахтбурӣ, тайёр кардан ва кашонидани чўб, ҷамъоварӣ намудани шираи дарахт, буттаю растанӣ ва шираи камол

  1. Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи захираи дарахтбурӣ, тайёр кардан ва кашонидани чўб,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи гирифтани шираи дарахт, буттаю растанӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 183. Ғайриқонунӣ буридани дарахту буттазор, несту нобуд кардани зироатҳои ҷангалу ниҳолзор ва расонидани зарар ба онҳо

  1. Барои ғайриқонунӣ буридани дарахту буттазор, несту нобуд кардани зироатҳои ҷангал, навниҳолҳои ҷангалзор, ниҳолу қаламчаи ниҳолхонаю плантатсияҳо ё расонидани зарар ба онҳо, инчунин расонидани зарар ба ниҳолҳои худрўй ва кўчатшуда дар майдонҳое, ки барои барқарор намудани ҷангал пешбинӣ шудаанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 184.  Риоя накардани қоидаҳои истифодаи ҷангал

 

Барои бархилофи мақсаду талаботи дар иҷозатнома (ордер)-и барои дарахтбурӣ ё иҷозатномаи истифодаи ҷангал пешбиншуда истифода бурдани ҷангал, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 185. Риоя накардани қоидаҳои барқароркунии ҷангал ва беҳдошти он, истифодаи захираҳои дарахтони буриданбоб

Барои риоя накардани қоидаю дастурҳои барқарор кардан, беҳтар намудани ҳолат ва ҷинси дарахтони ҷангал, афзун гардонидани ҳосилнокии онҳо, инчунин риоя накардани қоидаи истифодаи захираҳои дарахтони буриданбоб, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 186. Расонидани зарар ба алафзор ва чарогоҳҳои заминҳои захираи давлатии ҷангал

Барои расонидани зарар ба алафзор ва чарогоҳҳои заминҳои захираи давлатии ҷангал, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 187. Худсарона киштукор кардан, даравидани алаф ва чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрўй, занбўруғ ва буттамева дар заминҳои захираи давлатии ҷангал

Барои дар ҷангалзор ва заминҳои бедарахти захираи давлатии ҷангал худсарона киштукор кардан, даравидани алаф ва чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрўй, занбўруғ ва буттамева, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 188. Риоя накардани мўҳлати муқарраршудаи ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрўй ва буттамева

Барои риоя накардани мўҳлати муқарраршудаи ҷамъоварии ҳосили меваю чормағзи худрўй, буттамева ва ғайра, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 189. Ҷамъоварии ғайриқонунӣ ё несту нобуд кардани растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда

Барои ғайриқонунӣ, бе иҷозати махсуси мақомоти ваколатдор ҷамъоварӣ, несту нобуд кардан ё бурида гирифтани реша, чидани гул ва меваи растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил  шудаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 190. Ба истифода додани объектҳои истеҳсолие, ки бо таҷҳизоти пешгирикунандаи таъсири зарарнок ба ҷангал таъмин карда нашудаанд

Барои ба истифода додани корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, роҳҳои нақлиёт, объектҳои истеҳсолие, ки бо таҷҳизоти пешгирикунандаи таъсири зарарнок ба ҳолату афзоиши ҷангал таъмин карда   нашудаанд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 191. Расонидани зарар ба ҷангал ё ифлос намудани заминҳои захираи давлатии ҷангал бо оби партов, моддаҳои кимиёвӣ ва партовҳову пасмондаҳо

Барои расонидани зарар ба ҷангал ё ифлос намудани заминҳои  захираи давлатии ҷангал бо оби партов, моддаҳои кимиёвӣ, партовҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ, инчунин партовҳое, ки боиси хушк шудан ва ба касалӣ дучор гардидани дарахтони ҷангал мегарданд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳашт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 192. Несту нобуд кардани ҷўйборҳое, ки оби ҷангалро мехушконанд, системаҳои заҳбур ва роҳҳои заминҳои захираи давлатии ҷангал ё расонидани зарар ба онҳо

Барои несту нобуд кардани ҷўйборҳое, ки оби ҷангалро мехушконанд, системаҳои заҳбур ва роҳҳои заминҳои захираи давлатии ҷангал ё расонидани зарар ба онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 193. Несту нобуд кардани нишонаҳои маҳдудкунандаи ҷангал ё расонидани зарар ба онҳо

Барои несту нобуд кардани нишонаҳои маҳдудкунандаи ҷангал ва дигар нишонаҳои вобаста ба он ё расонидани зарар ба онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 194. Несту нобуд кардани ҳайвоноти барои ҷангал фоиданок

Барои несту нобуд кардани ҳайвоноти барои ҷангал фоиданок дар заминҳои захираи давлатии ҷангал, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 195. Риоя накардани талаботи қоидаҳои аз сўхтор эҳтиёт кардани ҷангал

  1. Барои риоя накардани талаботи қоидаҳои аз сўхтор эҳтиёт кардани ҷангал, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар натиҷаи оташ задан ё беэҳтиётона муносибат кардан бо оташ несту нобуд кардани ҷангал ё зарар расонидан ба ҷангал, инчунин риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор дар ҷангал, ки боиси оташ гирифтани ҷангал ё паҳн шудани сўхтор мегардад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 196. Расонидани зарар, нобуд кардан ё худсарона буридани дарахтони ҷангалзор, ки дар шафати роҳҳои автомобилгард ва оҳан, наҳрҳо, обанборҳо, ҷўйборҳо, сарҳадҳои майдони тухмипарварӣ қарор доранд

Барои расонидани зарар, нобуд кардан ё худсарона буридани дарахтони ҷангалзор, ки дар шафати роҳҳои автомобилгард ва оҳан, наҳрҳо, обанборҳо, ҷўйборҳо, сарҳадҳои майдони тухмипарварӣ қарор доранд,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 197. Заҳролуд кардани ҷангал бо моддаҳои радиоактивӣ, организмҳои зарарнок, бактериологию паразитӣ ва карантинӣ, ки боиси хушкшавӣ ё харобии он гаштааст

Барои заҳролуд кардани ҷангал бо моддаҳои радиоактивӣ, организмҳои зарарнок, бактериологию паразитӣ ва карантинӣ, ки боиси хушкшавӣ  ё харобии он гаштааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 198. Риоя накардани қоида ва мўҳлати шикор дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошуда

  1. Барои риоя накардани қоидаи шикор дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошуда, бе иҷозат шикор кардан (варақаи шикор, роҳхат ва ғайра), инчунин шикор кардан дар мавриди мамнўъ ва ё бо тарзу усулҳои манъшуда дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошуда ё шикор кардани навъҳои мамнўи ҳайвоноти ваҳшӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 199. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати ҷойи зист ва шароити афзоиши ҳайвоноти ваҳшию паррандаҳо дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор ҷудошудаи ҷангал

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати ҷойи зист ва шароити афзоиши ҳайвоноти ваҳшию паррандаҳо (лона) дар ҳудуди заминҳои захираи давлатии ҷангал ва минтақаҳои барои шикор   ҷудошудаи ҷангал, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 200. Итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти муҳофизати ҷангал ва назорати шикор

Барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти муҳофизати ҷангал ва назорати шикор, ҳамзамон монеъ шудан барои саривақт, пурра ва воқеъбинона муайян намудани ҳолати парванда, таъмини иҷрои қарори қабулшуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳашт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 201. Худсарона тарошида гирифтани қабати болоии ҳосилхези хок, чимтол ва алафи заминҳои захираи давлатии ҷангал

Барои худсарона тарошида гирифтани қабати болоии ҳосилхези хок, чимтол, ҳамзамон нест кардани алафи заминҳои захираи давлатии ҷангал, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 202. Таҳриф кардани маълумоти баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии захираи ҷангал

Барои таҳриф намудани маълумоти баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии захираи ҷангал, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 13. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР

СОҲАИ ҲИФЗИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ ВА НАБОТОТ

 

Моддаи 203. Риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба олами ҳайвоноту наботот

Барои худсарона ба дигарон додани ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами ҳайвоноту наботот, инчунин содир намудани кирдорҳои дигаре, ки ҳуқуқи моликияти давлатиро ба олами ҳайвонот ва наботот вайрон мекунад,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 204. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати муҳити зисти ҳайвонот, қоидаҳои ташкили коллексияҳои зоологӣ ва фурўши онҳо, ҳамчунин худсарона ба ҷойҳои нави зист кўчонидан, мутобиқ сохтан ба муҳит ва дурага кардани ҳайвонот

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳити зист ва усулҳои кўчонидани ҳайвонот, қоидаҳои ташкил, пурра кардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияи зоологӣ, инчунин қоидаҳои ба хориҷа бурдан ва интиқол додани объектҳои олами ҳайвонот ва коллексияҳои зоологӣ, худсарона ба ҷойҳои нави зист кўчонидан, мутобиқ сохтан ба муҳит ва дурага кардани ҳайвонот, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 205. Бе иҷозат аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ё ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани объектҳои олами ҳайвонот ва наботот

  1. Барои бе иҷозат аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ё ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани объектҳои олами ҳайвоноту наботот ва маҳсулоти онҳо, ба шарте ки гирифтани чунин иҷозат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки нисбат ба ҳайвоноти нодир ва рў ба камшавӣ оварда ва растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё номгўйи махсуси конвенсияи байналмилалӣ дохил шуда, ҳамчунин нисбат ба ҷойи тухмгузорӣ, тухм, самара ва дигар ҷузъҳои онҳо содир шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 206. Риоя накардани тартиби истифодаи олами ҳайвонот ва наботот

Барои риоя накардани тартиби истифодаи олами ҳайвоноти парваришгоҳҳо ва ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда, инчунин барои ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани ҳайвоноту набототе, ки барои эҳтиёт кардани хелҳои ҳайвонот ва набототи ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, зарар мерасонанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 207. Нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодир

Барои нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодири ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд ё нобуд кардани ҷойи тухмгузорӣ, тухм, лона ва иншооти дигар ё содир намудани кирдорҳои дигаре, ки метавонанд боиси несту нобуд, ҳалокат, камшумор шудан ё халалдор шудани муҳити зисти ҳайвонот ва наботот гарданд ё кирдорҳое, ки бо сабаби риоя накардани шартҳои шикору истифодаи чунин ҳайвонот ва наботот содир шудаанд,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 208. Риоя накардани қоидаҳои шикори ҳайвонот ва моҳигирӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои шикори ҳайвонот, моҳигирӣ ва муҳофизати захираҳои моҳӣ, инчунин қоидаҳои дигари истифодаи олами ҳайвонот, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дағалона риоя накардани қоидаҳои шикор (шикори беиҷозат ё шикор дар ҷойҳо ё дар мавридҳои мамнўъ ё бо тарзу усулҳои манъшуда) ва ё мунтазам риоя накардани дигар қоидаҳои шикор, инчунин дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани чунин кирдор, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор худсарона бо мақсади шикор ва моҳигирӣ, доштани паррандаю ҳайвонот бо истифодаи воситаҳои нақлиёт содир кардаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи шикор ба мўҳлати то ду сол бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 209. Несту нобуд кардани растаниҳои худрўй, поймол кардани алафзор ва киштзор ё расонидани зарар ба онҳо

  1. Барои бо роҳи заҳролудкунӣ ва бар асари обҳои партов, моддаҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, маҳсулоти нафтӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва дигар партовҳо нобуд кардани растаниҳои худрўй ё расонидани зарар ба онҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бо воситаҳои нақлиёт поймол кардани алафзор ва киштзори қитъаҳое, ки барои ҳаракат ва истгоҳи нақлиёт пешбинӣ нашудаанд, —

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 210. Риоя накардани тартиботи муқарраргардидаи ҷамъоварӣ, харид, интиқол, қабул ва фурўши объектҳои олами ҳайвоноту наботот ва маҳсулоти онҳо

Барои риоя накардани тартиботи муқарраргардидаи ҷамъоварӣ, харид, интиқол, қабул ва фурўши объектҳои олами ҳайвоноту наботот ва маҳсулоти онҳо, мева, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои ҳифзи растанӣ, моддаҳои афзоишдиҳандаи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар моддаҳо, ки ба объектҳои олами ҳайвоноту наботот зарар мерасонанд,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

Моддаи 211. Харидуфурўш ва коркарди пўсти даббоғишуда ва даббоғинашудаи ҳайвоноти мўйинадори ваҳшӣ

Барои харидуфурўш ва коркарди пўсти даббоғишуда ва даббоғинашудаи ҳайвоноти мўйинадори ваҳшӣ, ки объекти шикор буда, тамғаи махсус надоранд, инчунин маҳсулоти аз пўсти чунин ҳайвонот тайёркардашуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 212. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи ҷамъоварии пўсти гаронбаҳои ҳайвоноти мўйинадор ва маҳсулоти онҳо

Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи ҷамъоварӣ, харид, ба даст овардан, иваз кардан, коркард, нигаҳдошт, фурўш, содироту воридоти пўсти гаронбаҳои ҳайвоноти мўйинадор, дўхтан ва фурўхтани маҳсулот аз пўсти онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 213. Ғайриқонунӣ истифода бурдани объектҳои олами ҳайвонот ва худсарона тайёру ҷамъоварӣ намудани  қисмҳо ва маҳсулоти ҳайвоноти ваҳшӣ

Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани объектҳои олами ҳайвонот ва худсарона тайёру ҷамъоварӣ намудани қисмҳо ва маҳсулоти ҳайвоноти ваҳшӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 214. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи ба вуҷуд овардани зоти махсуси ҳайвонот

Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи ба вуҷуд овардани зоти махсуси ҳайвонот, фурўш, нигоҳдорӣ, афзун гардонидани саршумор, истифода кардан ва сар додани онҳо ба муҳити табиат, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 14. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ

 

Моддаи 215. Риоя накардани қоидаҳои пешбурди кадастрҳои захираҳои табиӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои пешбурди кадастрҳои захираҳои табиӣ (кадастрҳои замин, об, ҷангал, конҳо, олами ҳайвонот, объектҳои мамнўъгоҳҳои табиӣ), —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 216. Монеъ шудан ба назорати давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ

Барои монеъ шудан ба назорати давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 217. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати объектҳои табиӣ, низоми мамнўъгоҳҳои давлатӣ ва боғҳои табиии миллӣ, минтақаҳои ҳифзи санитарии истироҳатгоҳҳо

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати объектҳои нодир ва объектҳои тамомшобоби зинда ва ғайризиндаи табиат (дарахтҳои бисёрсола, харсанг ва ғайра), ки аз нигоҳи илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва солимгардонӣ аҳамияти калон доранд, инчунин риоя накардани низоми мамнўъгоҳҳои давлатӣ ва боғҳои табиии миллӣ, минтақаҳои ҳифзи санитарии истироҳатгоҳҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 218. Пешниҳод накардан, пинҳон доштан ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба ҳолати муҳити зист ва  истифодаи захираҳои табиӣ

Барои пешниҳод накардан, пинҳон доштан ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин дар бораи сарчашмаҳо ва ҳаҷми заҳролудкунӣ, пинҳон доштани ҳолатҳои гўронидани партовҳо, аз меъёр зиёд ба ҳаво партофтани моддаҳои заҳролудкунанда ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба садамаҳои дорои оқибати манфии экологӣ ва дараҷаи заҳролудкунии муҳити зист, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 219. Аз гузаштани экспертизаи экологии давлатӣ саркашӣ кардан ё иҷро накардани талаботи он

Барои саркашӣ аз гузаштани экспертизаи экологии давлатӣ, риоя ё иҷро накардани шарт ва талаботи экспертизаи экологии давлатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 220. Иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи муҳити табиӣ

Барои иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи муҳити табиӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 221. Барои барқарор намудани муҳити табиии зист наандешидани чораҳо

Барои наандешидани чораҳо барои барқарор намудани муҳити табиии зист, аз нав барқарор кардани захираҳои табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои таъсири зараровар ба муҳити зист, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 222. Ба таъхир гузоштани сохтмони иншоот ва объектҳои таъйиноти ҳифзи табиат

Барои ба таъхир гузоштани сохтмони иншоот ва объектҳои таъйиноти ҳифзи табиат ба мўҳлати зиёда аз шаш моҳ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 223. Риоя накардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, дастуруламалҳою дигар талаботи экологии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ

Барои риоя накардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, дастуруламалҳою дигар талаботи экологии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 224. Зиёда аз меъёр ё беиҷозат партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, гўронидани партовҳо дар муҳити атроф, расонидани таъсири зарарноки табиӣ ва дигар гуна зарар ба он

Барои зиёда аз меъёри ҳадди ҷоиз ё зиёда аз миқдори тибқи созиши муваққатӣ мувофиқашуда партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, барои зиёда аз меъёри ҳадди ҷоиз ба муҳити атроф расонидани таъсири зарарноки табиӣ, бе иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ ба муҳити атроф партофтани моддаҳои ифлоскунанда, гўронидани партовҳо дар муҳити атроф, бе иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ ба муҳити атроф расонидани таъсири зарарноки табиӣ ва дигар гуна таъсири зарарнок, ҳамчунин ба таври пурра иҷро накардани тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ва тадбирҳои кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда, ки дар шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани дараҷаи ифлосшавии муҳити зист мегарданд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 225. Бе риояи талаботи ҳифзи ҳавои муҳит ба истифода додани корхонаҳо

Барои ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, ки ба талаботи ҳифзи ҳавои муҳит ҷавобгў нестанд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 226. Иҷро накардани ўҳдадории бақайдгирии амалиёт бо моддаҳо ва омехтаҳои зараровар дар ҳуҷҷатҳои киштӣ

Барои аз тарафи капитани киштӣ ё шахсони дигари ҳайати роҳбарии он ё дигар воситаҳои шинокунанда иҷро накардани ўҳдадориҳои пешбининамудаи қонун ҷиҳати бақайдгирии амалиёт бо моддаҳои барои саломатии одамон ё мавҷудоти зинда ва объектҳои об зарарнок ва ё амалиёт бо омехтаҳои дорои аз меъёри муқарраршуда зиёди чунин моддаҳо аз ҷониби шахсони зикршуда, дар ҳуҷҷатҳои киштӣ қайд намудани маълумоти нодуруст дар бораи ин гуна амалиёт ё ғайриқонунӣ рад кардани пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо ба шахсони мансабдори дахлдор, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 227. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвоноту наботот худсарона нест кардани воситаҳои ҳифз ва рушди наботот, нуриҳои маъданӣ ва дигар доруҳое, ки боиси ифлосшавии муҳити атроф (обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳавои атмосфера) ё боиси нест шудани ягон навъи олами набототу ҳайвонот ва дигар организмҳои обӣ гардидаанд ё метавонанд гарданд ва ё ба олами наботот ва ҳайвонот зарар расондаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 228. Риоя накардани қоидаҳои истифода бурдан ё истифода набурдани иншоот, дастгоҳу таҷҳизоти таъйиноти ҳифзи табиат

Барои риоя накардани қоидаҳои истифода бурдан, инчунин истифода набурдани иншоот, дастгоҳ ва дигар таҷҳизоти таъйиноти ҳифзи табиат, ки барои тоза кардани партов ва назорати он пешбинӣ гардида, ки боиси зарар дидан ва ғайриқаноатбахш амал кардан ва дигар оқибатҳои зарарнок гардидааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

Моддаи 229. Ба истифода додани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст

Барои ба истифода додани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд буда, садояшон ҳангоми кор аз меъёри муқарраршуда баланд аст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 230. Истифода бурдани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст

Барои аз тарафи шахсони воқеӣ истифода бурдани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст, —

огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 231. Риоя накардани талаботи муҳофизати ҳавои муҳит ҳангоми андухтани партовҳои саноатӣ ва маишӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои андухтани партовҳои саноатӣ ва маишӣ, риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми андухтан ва сўзонидани ин партовҳои саноатӣ ва маишӣ, ҳамчунин дар ҳавои кушод сўзонидани маводи сўзанда ва масолеҳи бинокорӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон ва дигар корҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 232. Риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гўронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо

Барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гўронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 233. Фурўхтани маводи сўзанда, ки ба талаботи стандартҳо ва шароити техникӣ ҷавобгў нест

Барои фурўхтан ва истифода намудани маводи сўзанда, ки ба талаботи стандартҳо ва шароити техникӣ ҷавобгў набуда, боиси зиёд хориҷ шудани гази зараровар мегардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 234. Ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, тасдиқ ва ҷойгир намудан, сохтмон, таҷдид, ба истифода додан, истифода бурдан ё барҳам додани корхонаҳо, иншоот, воситаҳои ҳаракаткунанда ва дигар объектҳо, воридоту содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок риоя накардани талаботи экологӣ

Барои ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, тасдиқ ва ҷойгир намудан, сохтмон, таҷдид, ба истифода додан, истифода бурдан ё барҳам додани корхонаҳо, иншоот, воситаҳои ҳаракаткунанда ва дигар объектҳо, ки бевосита ё бавосита ба ҳолати муҳити зист таъсир мерасонанд, инчунин ҳангоми воридоту содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок риоя накардани талаботи экологӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 235. Беиҷозат иҷро кардани корҳои сохтмон, тарконӣ ва пармакунӣ, кушодани конҳо (карерҳо) ва амалӣ намудани дигар фаъолияти  хоҷагӣ, ки ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ таъсири зарарнок мерасонанд

Барои бе иҷозат иҷро кардани корҳои сохтмонӣ, тарконӣ ва пармакунӣ, кушодани конҳо (карерҳо) ва амалӣ намудани дигар фаъолияти хоҷагӣ, ки ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ таъсири зарарнок мерасонанд, ба шарте, ки гирифтани иҷозат барои иҷро кардани чунин корҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 236. Барҳам додани иншооти ҳифзи табиат дар таҷҳизот ва объектҳои амалкунандаи технологӣ

Барои барҳам додани иншооти ҳифзи табиат дар таҷҳизот ва объектҳои амалкунандаи технологӣ бе иҷозати мақомоти давлатии ҳифзи муҳит зист, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 237. Несту нобуд кардан ва расонидани осеб ба объектҳо ва ҳудудҳои ба таври махсус муҳофизатшаванда

Барои несту нобуд кардан ва расонидани осеб ба объектҳо ва ҳудудҳои ба таври махсус муҳофизатшавандаи комплексҳои табиии мамнўъгоҳҳои давлатӣ, боғҳои миллии табиӣ, минтақаҳои табобатию солимгардонӣ ва истироҳатию осоишгоҳӣ, манзараҳо (ландшафтҳо) ва осорҳои муқаррарӣ ва нодири табиат, ки таҳти муҳофизати давлат қарор доранд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 238.  Истифодаи захираҳои табиӣ бе иҷозати махсус

Барои бе иҷозати махсус истифода намудани захираҳои табиӣ, дар ҳолатҳое, ки гирифтани иҷозат барои чунин амал мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, инчунин ҷойгир намудани партовҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 239. Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан, безарар гардонидан ва гўронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ

 

Барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан (ҷобаҷокунӣ), интиқол додан, истифода бурдан, безарар гардонидан ва гўронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 240. Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми дар хоҷагии халқ истифода бурдани маводи радиоактивӣ ва гўронидани онҳо

Барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми дар хоҷагии халқ нигоҳ доштан (ҷобаҷокунӣ), истифода бурдани маводи радиоактивӣ, моддаҳои токсигении кимиёвӣ ва гўронидани онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 241. Заҳролуд намудани муҳити зист ва дар натиҷаи он расонидани зарар ба саломатии инсон, олами ҳайвоноту наботот ва хоҷагии халқ

Барои заҳролуд намудани муҳити зист ва дар натиҷаи он расонидани зарар ба саломатии инсон, олами ҳайвоноту наботот ва хоҷагии халқ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 242. Худсарона буридани дарахту буттаҳо, ки барои кабудизору ободонии шаҳрҳо ва дигар маҳалаҳои аҳолинишин таъйин гардидаанд ё расонидани зарар ба онҳо

Барои худсарона буридани дарахту буттаҳои боғҳо, мамнўъгоҳҳо, минтақаҳои кабудизори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ниҳолзорҳои муҳофизатии минтақаҳо, ҳудудҳои дарахтзори ҳамшафати роҳҳои мошингард ва оҳан, ҳудудҳои дарахтзори манъкунандаи ҳамшафати дарёю наҳрҳо, атрофи кўлҳо ва дигар обанборҳо ё расонидани зарар ба онҳо, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 243. Риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳои таъйиноти муҳити зист

Риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи заминҳои таъйиноти муҳити зист, солимгардонӣ, истироҳатӣ, таърихию фарҳангӣ, мамнўъгоҳҳо, дигар заминҳое, ки тибқи шартҳои махсус истифода бурда мешаванд, инчунин заминҳои бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва бактериологӣ олудашуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 244. Расонидани зарар ба киштзор ва дигар заминҳо тавассути заҳролуд кардани онҳо

Барои расонидани зарар ба киштзор ва дигар заминҳо ё нобуд кардани қабати ҳосилхези онҳо тавассути заҳролуд кардани замин бо моддаҳои кимиёиву радиоактивӣ, ҳашаротҳои бактериологӣ ё бо ҳайвоноти бемор, партовҳои истеҳсолӣ, партовҳои дигар ва обҳои партов, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 15. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗ

ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

 

Моддаи 245. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 246. Касиф ва хароб кардани мероси таърихию  фарҳангӣ

Барои касиф ва хароб кардани мероси таърихию  фарҳангӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

 

Моддаи 247. Беасос шикастан, ба ҷойи дигар кўчонидан ё тағйир додани мероси таърихию фарҳангӣ

Барои беасос шикастан, ба ҷойи дигар кўчонидан, бе иҷозати мақомоти ваколатдор таъмиру тармим намудан, ғайриқонунӣ фурўхтан ё тағйир додани мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин иншоотҳои ёдгорӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 248. Ғайриқонунӣ тасарруф кардани ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Барои ғайриқонунӣ тасарруф кардани ҳудуди объектҳои мероси   таърихию фарҳангӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 16. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

 

Моддаи 249. Поймол намудани киштзор, несту нобуд кардани ҳосили расида ё ҷамъоваришуда, осеб расонидан ба ниҳолзор

  1. Барои поймол кардани киштзор, несту нобуд кардани ҳосили расида ё ҷамъоваришудаи зироатҳо, осеб расонидан ба тутзор, ниҳолзори муҳофизатии киштзор, дарахтони мевадиҳанда ва дарахтони дигар, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бо аспу ароба убур кардан аз майдони киштзор ё ниҳолзор, —

ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бо автомобил, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт убур кардан аз майдони киштзор ва ниҳолзор, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 250. Расонидани зарар ба чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот, сарфи назар аз истифода-барандагони замини ин мавзеъ

  1. Барои расонидани зарар ба чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот, сарфи назар аз истифодабарандагони замини ин мазеъ, бо роҳи чаронидани ҳайвонот дар чарогоҳҳои табиӣ, ки мувофиқи қоидаҳои истифодабарии чарогоҳ барои дамдиҳӣ ҷудо шудааст, инчунин рондани ҳайвонот тавассути чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот бе иҷозати дахлдор, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бо автомобил, трактор, комбайн ва дигар воситаҳои нақлиёт убур кардан аз ҳудуди чарогоҳҳои табиӣ ва алафзори боғот, сарфи назар аз истифодабарандагони заминҳои ин мазеъ, , —

ба андозаи аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

Моддаи 251. Аз нуқтаҳои сарҳадӣ интиқол додани маводи аз кишварҳои хориҷӣ воридшуда, ки аз санҷиши карантинӣ ва санҷиши дахлдор нагузаштаанд

Барои аз нуқтаҳои сарҳадӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, автовокзалҳо, фурўдгоҳҳо ва дигар маҳалҳои сарҳадӣ интиқол додани маводи аз кишварҳои хориҷа овардашуда, ки аз санҷиши карантинӣ ва санҷиши дахлдор нагузаштаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 252. Риоя накардани қоидаҳои назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, инчунин объектҳои таҳти карантин қарордошта, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 253. Монеъ шудан ба татбиқи чорабиниҳо доир ба таъмини карантини растанӣ

Барои монеъ шудан ба шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитариро ба ўҳда доранд ё ба тарзи дигар таъсир расонидан ба фаъолияти онҳо бо мақсади тағйир додани қарорҳое, ки онҳо қабул менамоянд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 254. Риоя накардани қоидаҳои карантини растаниҳо ҳангоми истеҳсол, захира, нигоҳдорӣ, коркард, истифода ва фурўш

Барои риоя накардани қоидаҳои карантини растаниҳо ҳангоми истеҳсол, захира, нигоҳдорӣ, коркард, истифода ва фурўши маҳсулоти таҳти карантин қарордошта, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 255. Риоя накардани қоидаҳои кушодани воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳои дорои маҳсулоти таҳти карантин қарордошта, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд

Барои риоя накардани қоидаҳои кушодани воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳои дорои маҳсулоти таҳти карантин қарордошта, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, шустану тоза кардани воситаҳои нақлиёти дорои маҳсулоти таҳти карантин қарордошта ҳангоми интиқоли онҳо, инчунин дар ҷойҳои барои ин кор муқаррарнагардида, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 256. Воридот ва содироти маҳсулоти таҳти карантин қарордошта бе сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати карантинӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои воридот ва содироти маҳсулоти таҳти карантин қарордошта бе сертификати фитосанитарӣ ва иҷозати карантинӣ, ки аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дода мешавад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 257. Риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва истифодаи мошинҳои таъйиноти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ҳаракат дар роҳ, талаботи агротехнологӣ, истифодаи техникии тракторҳо, ядакҳо, комбайнҳо, мошинҳои роҳсозӣ ва мелиоративӣ, таҷҳизот, воситаҳои вазнсанҷ, сўзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва дигар мавод, ки метавонанд боиси зарар расонидан, аз кор баромадани техника, паст гаштани нигоҳдории он ва сифати маводу маҳсулот, ҳосилнокии кишт, инчунин харобшавии хок ва заҳролудшавии муҳити зист    гарданд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 258. Иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии техникӣ ва истифодаи мошинҳои таъйиноти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ

Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии ҳолати техникӣ ва муҳандис — нозири техникии давлатӣ оид ба техникаи бехатарӣ ва истифодаи мошинҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 259. Наандешидани чораҳои мубориза зидди алафҳои  бегона

  1. Барои аз тарафи истифодабарандагони замин наандешидани чораҳои мубориза бар зидди алафҳои бегона, —

огоҳӣ дода мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди додани огоҳӣ наандешидани чораҳои мубориза бар зидди алафҳои бегона, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 260. Наандешидани чораҳо барои нобуд кардани растаниҳои худрўйи нашъадор

Барои наандешидани чораҳо ҷиҳати нобуд кардани бангдонаи худрўй ва кўкнор дар майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, ниҳолхонаҳо, дар шафати роҳҳои мошингард ва оҳан, шабакаҳои обёрӣ ва ирригатсионӣ, қароргоҳҳои шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, корхонаҳои ҷангал, қитъаҳои замини сокинони шаҳрҳо, шаҳракҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин дар заминҳои захираи давлатии ҷангал ва об, заминҳои захираи давлатии ба хоҷагиҳо, дигар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо вобасташуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 261. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои нашъадор

Барои парвариш, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои маводи нашъадоранд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 262. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи техникии мошинҳои кишоварзӣ ва техникаи бехатарӣ аз тарафи механизаторон

Барои дағалона риоя накардани қоидаҳои истифодаи техникии тракторҳо, комбайнҳо, дигар мошинҳои худгарди кишоварзӣ ва риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аз тарафи механизаторон, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 263. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории мошинҳои кишоварзӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории мошинҳои кишоварзӣ (трактор, комбайн ва дигар таҷҳизот), инчунин дар ташкилоту хоҷагиҳо ба қисмҳо ҷудо намудани онҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 264. Риоя накардани меъёрҳои пешбурди кори зотпарварӣ

Барои риоя накардани меъёрҳои пешбурди кори зотпарварӣ, яъне:

— риоя накардани тартиби фурўхтан, ба моликияти шахси дигар додан, инчунин истифодаи насли ҳайвоноти зотие, ки сертификат ё шаҳодатномаи зот надорад;

— барои такрор истеҳсоли насли ҳайвоноти зотӣ истифода бурдани ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, ки боиси гум шудани арзиши зот мегардад;

— риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии истифодаи ҳайвоноти наринаи аслаш номуайян, фурўхтан, ба моликияти шахси дигар додан, ихтиёрдорӣ ва истифодаи насли ҳайвоноти зотӣ, инчунин нодуруст муайян намудани арзиши зоти онҳо;

— саривақт наандешидани чораҳои пешгирӣ ва табобатӣ, инчунин дигар чораҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани ҳайвоноти зотӣ, паст ё гум шудани арзиши онҳо, ҳалок ё талафи насли ҳайвоноти зотӣ мегарданд;

— риоя накардани қоидаҳои пешбурди омори насли ҳайвоноти зотӣ ё пешниҳод накардани маълумоте, ки дар китобҳо (феҳрист)-и давлатии насли ҳайвоноти зотӣ бояд сабт гарданд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 265. Риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурўши маводи тухмӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурўши маводи тухмӣ (тухми шинондашаванда)-и зироат ва растаниҳои ороишӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 2651. Монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати

                           давлатии тухмӣ

Барои монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати давлатии тухмӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

Моддаи 2652. Риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва

                         нигоҳдории маводи тухмӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва нигоҳдории маводи тухмӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

Моддаи 2653. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки

                         гурўҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки гурўҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

Моддаи 2654. Риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар

                         хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурўши ниҳолҳои ба

                         талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгў набуда

Барои риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурўши ниҳолҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгў набуда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

 

 

 

 

Моддаи 2655. Иҷро накардани амрнома ва дастури Бозрасии

                         назорати давлатии тухмӣ

Барои иҷро накардани амрнома ва дастури Бозрасии назорати давлатии тухмӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

Моддаи 266. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи чарогоҳҳо ва мавзеъҳои алафдарав

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи чарогоҳҳо ва мавзеъҳои алафдарав, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 267. Риоя накардани қоидаҳои низоми махсуси карантини фитосанитарӣ дар минтақаи карантини фитосанитарӣ эълонгашта

Барои риоя накардани қоидаҳои низоми махсуси карантини фитосанитарӣ дар минтақаи карантини фитосанитарӣ эълонгашта, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 268. Ворид ва содир намудани борҳои таҳти карантин қарордошта ва ба тариқи транзит интиқол додани онҳо аз минтақаҳои карантинӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он

Барои ворид ва содир намудани борҳои таҳти карантин қарордошта ва аз минтақаҳои карантинӣ ба тариқи транзит интиқол додани онҳо ба ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он бе сертификати фитосанитарӣ, ки мақомоти давлатии кишвари содиркунанда оид ба карантин медиҳад ва бе иҷозати карантини воридотӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 269. Истифодаи заминҳои заҳролудшуда

  1. Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намудани заминҳои бо моддаҳои кимиёвӣ, пестисидҳо, партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов заҳролудшуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 17. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ВОБАСТА БА

МЕЪЁРҲО ВА ҚОИДАҲОИ БАЙТОРИЮ САНИТАРӢ

 

Моддаи 270. Риоя накардани шартҳои карантини ҳайвонот ва паррандаҳо

Барои риоя накардани шартҳои карантини ҳайвонот ва паррандаҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 271. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии нигоҳдории ҳайвонот ва паррандаҳои маҳсулдеҳ

Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии нигоҳдории ҳайвонот ва паррандаҳои маҳсулдеҳ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 272. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии воридоту содироти ҳайвонот, паррандаҳо ва дигар молу маҳсулоти таҳти назорати хадамоти байторӣ қарордошта

Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии воридоту содироти ҳайвонот, паррандаҳо ва дигар молу маҳсулоти таҳти назорати хадамоти байторӣ қарордошта, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 273. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии ҳамлу нақли ҳайвонот, паррандаҳо ва маҳсулоти онҳо

Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии ҳамлу нақли ҳайвонот, паррандаҳо ва маҳсулоти онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 274. Риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии захира кардани чорво, маҳсулоти он, парранда ва коркарди он

Барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарии захира кардани чорво, маҳсулоти он, парранда ва коркарди он, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 275. Барои гузаронидани чорабиниҳои ҳатмии байторӣ пешниҳод накардан (пинҳон кардан)-и чорво, паррандаҳо ва дигар ҳайвонот

Барои гузаронидани чорабиниҳои ҳатмии байторӣ пешниҳод накардан (пинҳон кардан)-и чорво, паррандаҳо ва дигар ҳайвонот, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 276. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории ҳайвонот ва паррандаҳои бемаҳсул

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории саг, гурба ва дигар ҳайвоноту паррандаҳои бемаҳсул дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор  аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Агар ҳамин кирдор боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё молу мулки шаҳрвандон гардида бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 277. Муносибати  бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва паррандаҳо

Барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот, ки боиси ҳалок ё маъюб шудани онҳо гардидааст, инчунин мавриди шиканҷа қарор додани ҳайвонот ва паррандаҳо, —

ба шахсони воқеӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 278. Забҳи ҳайвонот ва паррандаҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда

Барои забҳ кардани ҳайвонот ва паррандаҳо дар ҷойҳои   муқаррарнашуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 279. Фурўхтани гўшт, маҳсулоти гўштӣ, дигар маҳсулоти ҳайвоноту паррандаҳо бе иҷозати мақомоти назорати байторӣ

Барои фурўхтани гўшт, маҳсулоти гўштӣ, дигар маҳсулоти ҳайвоноту паррандаҳо бе иҷозати мақомоти назорати байторӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 18. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ  ВОБАСТА

БА ҚОИДАҲОИ КИМИЁВИИ ҲИФЗИ РАСТАНӢ

 

Моддаи 280. Риоя накардани қоидаҳои муборизаи зидди организмҳои зараррасони карантинӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои муборизаи зидди организмҳои зараррасони карантинӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 281. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи агрокимиёвӣ ва пестисидҳо

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи агрокимиёвӣ ва пестисидҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 282. Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва ба фурўш баровардани моддаҳои кимиёвӣ (дар соҳаи агрокимиё)

  1. Барои ғайриқонунӣ тайёр кардан ва ба фурўш баровардани моддаҳои кимиёӣ (дар соҳаи агрокимиё), —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 283. Иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатии фитосанитарӣ ва  карантини растанӣ

Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 284. Монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори назорати давлатии гузаронидани чорабиниҳои кимиёкунонӣ ва ҳифзи растаниҳо

Барои монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори назорати давлатии гузаронидани чорабиниҳои кимиёкунонӣ ва ҳифзи растаниҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

 

БОБИ 19. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

 

Моддаи 285. Риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар нақлиёти роҳи оҳан

  1. Барои дар роҳи оҳан гузоштани ашёе, ки метавонад ба ҳаракати поезд халал расонад, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои худсарона ва бе зарурат нигоҳ доштани поезд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақл бо ароба ва гузаронидани чорво аз роҳи оҳан, чаронидани чорво дар назди роҳи оҳан, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои расонидани зарар ба роҳи оҳан, дарахтзорҳои муҳофизатӣ, монеаҳои муҳофизат аз барф, дигар объектҳо, иншоот ва таҷҳизоти низоми сигналдиҳию алоқаи роҳ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани меъёри муқарраршудаи бор ҳангоми боргирӣ ва борфарорӣ дар нақлиёти роҳи оҳан, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои гузаштан аз ҷойҳои мамнуи роҳи оҳан,-

ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 286. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан

  1. Барои худсарона ба поездҳои боркаш савор шудан, дар вақти ҳаракати поезд савор шудан ва аз он фаромадан, дар болои зина ва боми вагон сафар кардан, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба асбобу анҷоми дохили қатораҳои мусофиркаш, шишатирезаҳои локомотивҳо ва вагонҳо расонидани зарар, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тиреза ва аз дари вагонҳои поезд партофтани партову пасмондаҳо ва дигар ашё, —

ба андозаи аз нисф то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои тамокукашӣ ва истеъмоли машрубот дар поездҳо, ба ғайр аз ҷойҳои барои ин мақсадҳо муқарраргардида, —

ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 287. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизат аз сўхтор дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, автомобилӣ ва нақлиёти техникӣ

1.Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи муҳофизат аз сўхтор дар нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти техникӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи муҳофизат аз сўхтор дар нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти обӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи муҳофизат аз сўхтор дар ҳавопаймо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 288. Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли маводи хавфнок тавассути нақлиёти роҳи оҳан, обӣ, автомобилӣ ва барқӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли маводи хавфнок тавассути нақлиёти роҳи оҳан, обӣ, автомобилӣ ва барқӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар троллейбус, автобус, таксии сайрхат бо худ гирифта бурдани маводи тарканда, зудоташгиранда, заҳролудкунанда ва заҳрдор, инчунин ба борсафар ё анбори борнигоҳдории нақлиёти автомобилӣ супурдани чунин мавод, —

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 289. Риоя накардани қоидаҳои таъмини ҳифзи воситаҳои нақлиёт ва бор дар нақлиёти роҳи оҳан, обӣ ва автомобилӣ

  1. Барои расонидани зарар ба нақлиёти роҳи оҳан, контейнерҳо, воситаҳои нақлиёти шинокунанда ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки барои боркашонӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин барои расонидани зарар ба воситаҳои боркашонӣ, —

ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои шикастани пломбаҳо ва василаҳои қулфкунандаи вагонҳои боркаш, автомобилҳо, ядакҳои автомобил, контейнерҳо, таҳхонаи киштӣ ва дигар ҳуҷраҳои борнигоҳдории воситаҳои шинокунанда, аз онҳо кандани пломбаҳо, расонидани зарар ба ҷойҳои алоҳидаи боргузорӣ ва масолеҳу лифофаҳои бастабандии онҳо, деворҳои ҳавлиҳои боргузор, истгоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои автомобилҳои боркаш, пунктҳо (майдончаҳо)-и контейнер, бандарҳо, истгоҳҳо ва анборҳо, ки барои амалиёти марбут ба ҳамлу нақли бор истифода бурда мешаванд, инчунин барои бе зарурат дар ҳудуди борхонаҳо, пунктҳо (майдончаҳо)-и контейнер, маҳалҳо (қитъаҳо)-и боркашонӣ, бандарҳо (истгоҳҳо), шлюзҳо ва анборҳои дар боло зикршуда гаштугузор намудан, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз дувоздаҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 290. Расонидани зарар ба роҳ, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дигар иншооти роҳ ё воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ

  1. Барои расонидани зарар ба роҳ, гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дигар иншооти роҳ ё воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои наандешидани чораҳо бобати пешгирӣ намудани ифлосшавии кўчаҳою роҳҳои барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон пешбинишуда риоя накардани қоидаҳои барқароркунии қисмматҳои дар натиҷаи корҳои таъмирию сохтмонӣ зарардидаи роҳу кўчаҳо, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳдид мекунад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 291. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард

  1. Барои шудгор кардани қитъа, даравидани алаф, буридан ва шикастани ниҳолу буттаҳо, бурида гирифтани чимтол ва хок, ба иншооти обпарто ва минтақаҳои эҳтиётии роҳҳои автомобилгард бе розигии мақомоти роҳ ҷорӣ кардани оби корез, оби корхонаҳои саноатӣ, оби мелиоративӣ ва оби равон, инчунин барои дар минтақаҳои роҳ ва дар масофаи то 200 метр аз пулҳои чўбин афрўхтани оташ, сигоркашӣ дар болои пулҳои чўбин ва пулҳои фаршашон чўбин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои кандани роҳ, гузаронидани ҳар гуна коммуникатсия аз роҳ, ифлос кардани роҳ, ба вуҷуд овардани монеаи табиӣ дар роҳ, дар шафати роҳ сохтан ва ташкил намудани ошхона, нуқтаҳои хизматрасонию савдо бе мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкилотҳои минтақавии роҳ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 14.03.14, №1069)

 

Моддаи 292. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ аз ҷониби истифодабарандагони замин

Барои аз тарафи истифодабарандагони замин қитъаҳои назди роҳҳои автомобилгард, маҳалҳои аҳолинишини воқеъ дар канори роҳҳои умумиҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иҷро накардани вазифаи ободонӣ, таъмир ва мунтазам тоза кардани пайраҳаҳои пиёдагард ва пулҳои пиёдагузар қитъаҳои ба онҳо вобастакардашуда, инчунин барои иҷро накардани ўҳдадориҳои дар ҳолати дурусти техникӣ ва тоза нигоҳ доштани баромадгоҳи қитъаҳо ба шохароҳҳои бо роҳи автомобилгарди истифодаи умум пайвастшаванда, аз ҷумла  пулҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 293. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо, гузаргоҳҳои  роҳи оҳан ва дигар иншоотҳои роҳ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар иншооти роҳ ё саривақт наандешидани чораҳо бобати иҷро намудани амрномаю дастури мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба масъалаи бартараф кардани камбудиҳо, инчунин наандешидани тадбирҳо бобати манъ ё маҳдуд намудани ҳаракат дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ, ки истифодаашон хатарнок аст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Ҳуқуқвайронкунии дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси зарар дидани воситаҳои нақлиёт, бор, роҳу иншооти роҳ, дигар иншоот ва молу мулк гардидаанд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 294. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории чоҳҳои муоинавӣ, коммуникатсияҳои зеризаминии дар роҳҳои мошингард мавҷудбуда

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории чоҳҳои муоинавӣ, коммуникатсияҳои зеризаминии дар роҳҳои мошингард мавҷудбуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои барои дар мўҳлати зиёда аз як шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани иттилоот наандешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани иллати коммуникатсияҳои зеризаминӣ, ки бар асари об, моеъҳои техникӣ, баромадани буғ боиси вайрон шудани қабати болои роҳ, яхбандӣ, маҳдудияти намоёнии роҳ ё боиси дигар монеаҳо шуда, ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамояд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии дар ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси зарар дидани воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти он, дигар иншоот ва молу мулк гардидааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 295. Бе пардохти роҳкиро дар нақлиёт сафар кардан, бо худ бурдани кўдак ва бор

Барои аз тарафи мусофирон бе пардохти роҳкиро дар нақлиёт сафар кардан, бо худ бурдани кўдакони аз панҷсола калон, ва бори аз меъёр зиёд, —

дар поездҳои сайри маҳаллӣ ба андозаи аз як то ду, дар поездҳои сайри байналмилалӣ аз се то панҷ, дар ҳавопаймоҳои мусофиркашонии дохилӣ аз панҷ то ҳафт, дар ҳавопаймоҳои мусофиркашонии байналмилалӣ аз понздаҳ то бист, дар киштиҳои обӣ аз як то ду, дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии шаҳрӣ ва таксиҳои сайрхат аз як то ду, дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии байнишаҳрӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 296.  Риоя накардани қоидаҳои бехатарии парвоз

  1. Барои дар аэродром гузоштани ягон нишонаю асбоби ба нишонаю асбобҳои хоси фурудгоҳ, ки барои шинохтани аэродромҳо қабул шудаанд, монанд ё бе иҷозати маъмурияти фурудгоҳ, аэродром афрўхтани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ё сохтани объектҳое, ки ба ғун шудани селаи паррандагони барои парвози ҳавопаймоҳои хавфнок мусоидат менамоянд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои дар болои биноҳою иншоот насб кардани нишонаҳо ё асбобҳои тафриқавии шабона ва рўзона, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои расонидани зарар ба таҷҳизоти фурудгоҳ, аэродром, нишонаҳои фурудгоҳ, аэродром, ҳавопаймоҳои ва таҷҳизоти онҳо, —

ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани низоми рухсатномавӣ ё дохилиобъектӣ, ки дар фурудгоҳҳо, аэродромҳо, объектҳои ба воситаи радио ва равшанӣ таъминкунандаи парвоз муқаррар шудаанд,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 297. Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли маводи хавфнок тавассути ҳавопаймо

Барои риоя накардани қоидаҳои тавассути ҳавопаймо ҳамлу нақли маводи хавфнок,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 298. Риоя накардани қоидаҳои рафтор дар ҳавопаймоҳо

Барои дар дохили ҳавопаймо риоя накардани қоидаҳои аксбардорӣ, наворбаргирӣ, истифодаи воситаҳои радиоалоқа ва дигар қоидаҳои муқарраршуда, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

 

 

Моддаи 299. Иҷро накардани амри командири ҳавопаймо

Барои иҷро накардани амри командири ҳавопаймо аз ҷониби шахсони дар дохили ҳавопаймоқарордошта,-

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 300. Риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ, ҳамлу нақли бор дар ҳавопаймо

Барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ, ҳамлу нақли бор дар ҳавопаймо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 301. Саркашӣ кардан аз боздиди шахсӣ, бағоҷ ва бори дастӣ

Барои саркашӣ кардан аз боздиди шахсӣ, бағоҷ ва бори дастӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии парвоз, инчунин пешгирии кўшиши гузаронидани мавод ва ашёе, ки тавассути ҳавопаймо ҳамлу нақли онҳо манъ аст, сурат мегирад, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 302. Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар фурудгоҳҳо

Барои аз тарафи ронандагони мошинҳои махсуси фурудгоҳҳо, ташкилоту корхонаҳо риоя накардани меъёрҳои суръати муқарраршудаи ҳаракат дар фурудгоҳҳо, ҷойҳои махсус муайяншуда, аз ҷумла истгоҳҳо ва қароргоҳҳо, инчунин риоя накардани қоидаҳои наздикшавӣ ба ҳавопаймо, —

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718)

 

Моддаи 303. Риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар нақлиёти обӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ворид гаштани киштиҳо ба бандар ва баромадани онҳо аз бандар, ҳаракат ва таваққуфи киштиҳо дар бандарҳои обӣ, қоидаҳои таъмини бехатарии мусофирон ҳангоми ба киштӣ савор шудан ва аз киштӣ фуромадан, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Расонидани зарар, кандан, ба ҷойи дигар мондани нишонаҳои шиноварию соҳилии нишондиҳандаи мавқеи киштӣ ё риоя накардани тартиби муқарраршудаи чароғакҳои огоҳкунанда, ба ҳамдигар додани сигналҳои бонгию биниши шабонаю рўзона ё барои сайди моҳӣ дар самти ҳаракати киштӣ гузоштани тўру асбобҳои дигар,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои беиҷозат анҷом додани корҳои ғаввосӣ дар обҳои назди бандар, риоя накардани тартиби сигналдиҳӣ ҳангоми иҷрои чунин корҳо, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 304. Расонидани зарар ба дастгоҳҳои дохилии киштиҳои  обӣ

Барои расонидани зарар ба дастгоҳҳои дохилии киштиҳои обӣ, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 305. Риоя накардани қоидаҳои ба воситаҳои нақлиёт бор кардан, аз он фаровардан ва ҷойгир кардани бор дар нуқтаҳои боргирию борфарорӣ ва бандарҳо

Барои риоя накардани қоидаҳои ба воситаҳои нақлиёт бор кардан, аз он фаровардан ва ҷойгир кардани бор дар нуқтаҳои боргирию борфарорӣ ва бандарҳо, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 306. Риоя накардани қоидаҳои ҳисоби киштиҳои хурдҳаҷм, инчунин қоидаҳои истифодаи чунин киштиҳо ва қароргоҳҳо (иншоотҳо)-и исти онҳо

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳисоби киштиҳои хурдҳаҷм, инчунин қоидаҳои истифодаи чунин киштиҳо ва қароргоҳҳо (иншоотҳо)-и исти онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 307. Риоя накардани қоидаҳои сохтан ва ба истифода додани киштии хурдҳаҷм, инчунин идора намудани киштӣ аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани онро надорад

  1. Барои сохтан ва ба истифода додани киштии хурдҳаҷм, ки ба таври муқарраршуда ба қайд гирифта нашудааст ё аз назорати техникӣ нагузаштааст, рақаму аломат надорад ва беиҷозат аз нав муҷаҳҳаз карда шудааст, дорои камбудиҳои техникӣ мебошад ва бо чунин камбудиҳо истифодаи он манъ аст ва ё қоидаҳои боргирӣ, меъёри ғунҷоиши мусофирон, шартҳо ва маҳдудиятҳои шиноро дар минтақа риоя намекунад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои идора кардани киштии хурдҳаҷм аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани чунин киштиро надорад ё идораи он ба зиммаи шахсе вогузошта шудааст, ки ҳуқуқи идоракуниро надорад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 308. Риоя накардани қоидаҳои ҳаракати киштиҳои хурдҳаҷм

Барои аз тарафи ронандагони киштиҳои хурдҳаҷм зиёд намудани суръати муқарраршуда, риоя накардани талаботи нишонаҳои ҳаракат, дидаю дониста манъ кардан ё гузоштани киштӣ дар ҷойҳои мамнуъ, расонидани зарар ба иншооти гидротехникӣ ё воситаҳои техникӣ, нишонаҳои киштигардию навигатсионӣ, риоя накардани қоидаҳои манёвр, додани сигналҳои савтӣ, қоидаҳои ҷойгир кардани чароғакҳо ва нишонаҳои бортӣ, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани киштӣ ба мўҳлати  аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 309. Аз тарафи ронандагон ё шахсони дигар дар ҳолати мастӣ идора кардани киштии хурдҳаҷм

  1. Барои идора кардани киштии хурдҳаҷм дар ҳолати мастӣ, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани киштӣ ба мўҳлати аз як то ду сол таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта иҷозат додани идоракунии киштии хурдҳаҷм, —

ба шахсони масъули истифодаи киштӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 310. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон

  1. Барои аз тарафи ронандагон идора кардани воситаҳои нақлиёти дорои норасоиҳои техникӣ дар системаҳои боздорӣ (ба ғайр аз боздорандаи дастӣ), идоракунӣ (рул) ё таҷҳизоти васлшавии ядак (нимядак)-и автопоезд, риоя накардани тартиби муқарраршудаи бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бе иҷозат аз тарафи ронандагон идора кардани воситаҳои нақлиёти бо гази моеъ ё табиӣ ҳаракаткунанда, инчунин идора кардани воситаҳои нақлиёте, ки мўҳлати санҷиши техникии зарфи газнигоҳдории онҳо гузаштааст, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи ронандагон зимни идора кардани воситаи нақлиёт истифода бурдани телефонҳои мобилӣ, ки асбобҳои бе ёрии даст таъминкунандаи гуфтугўиро надоранд, инчунин истифода бурдани таҷхизоти экрандори намоишдиҳанда дар қисми пеши дохили (салони) воситаи нақлиёт, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 311. Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ бо нақлиёти автомобилӣ

  1. Барои аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум,- (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1279)

ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ ба ронандагон иҷозат додани идоракунии воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи бори хавфнок, калонҳаҷм ва вазнин, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ҳамлу нақл намудани борҳои калонҳаҷм ва вазнин бе сертификати боркашии воситаҳои нақлиёт, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 312. Идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, бо рақами ноаён ё рақаме, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудааст

  1. Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақами ноаён,-

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда ё аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати  аз шаш моҳ то як сол маҳрум карда мешавад.

 

Моддаи 313. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт

Барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ,инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт,-

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати аз шашмоҳ то як сол таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1336)

 

 

 

Моддаи 314. Идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқаррар-шудаи давлатӣ мувофиқат намекунад

Барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

 

Моддаи 315. Идора кардани воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ ва суғуртаи ҳатмӣ

  1. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёте, ки дар мўҳлати муқаррарнамуда аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ нагузаштааст, —

ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи ронанда идора кардани воситаи нақлиёт ҳангоми надоштани ҳуҷҷат дар бораи суғуртаи ҳатмӣ, —

ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1262)

 

Моддаи 316. Риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт

Барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус тааллуқ надоранд,-

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 317. Аз тарафи ронандагон ва мусофирон риоя накардани қоидаҳои истифодаи тоскулоҳҳои мотосиклронӣ

  1. Барои аз тарафи ронандагон ва мусофирон риоя накардани қоидаҳои истифодаи тоскулоҳҳои мотосиклронӣ, —

огоҳӣ дода мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудааст, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 318 Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар

Барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартаридошта, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012 №835) «қҷт аз 22.07.2013 , №983» (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1262)

 

Моддаи 319. Бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идора кардани воситаҳои нақлиёти боркаш, ки ба ҳамлу нақли одамон машғул аст

Барои бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идора кардани воситаҳои нақлиёти боркаш, ки ба ҳамлу нақли одамон машғул аст, инчунин идора намудани дигар воситаҳои нақлиёти барои мусофиркашонӣ пешбининашуда, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 320. Риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ

  1. Барои аз ҷойи нишасти муҷаҳҳазшуда ё меъёри пешбинишуда зиёд ҷойгир намудани мусофирон дар мошинҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои содир намудани дигар ҳаракатҳои ғайриқонунии мусофиркашонӣ, —

ба андозаи аз нисф то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 321. Бе мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тарафи ронандагони автобусҳо ва микроавтобусҳо кашонидани мусофирон дар роҳҳое, ки ҳаракати нақлиёти мусофиркаш манъ аст

Барои бе мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тарафи ронандагони автобусҳо ва микроавтобусҳо кашонидани мусофирон дар роҳҳое, ки ҳаракати нақлиёти мусофиркаш манъ аст, —

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 322.  Риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ

Барои бо нақлиёти автомобилӣ кашонидани борҳои пошхўранда, ки пардаҳои ҳимоявӣ надорад, таъмин накардани мустаҳкамии бордон ва асбобҳои мустаҳкамкунанда, инчунин риоя накардани тартиби муқарраршудаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 323. Худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат

  1. Барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат ё то охири он нарафтан, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёти боркаш ё автобусҳое, ки бе тахограф (асбоби назорат) ё бо тахографи хомўшкардашуда ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, барои пур накардани тахограмма ё варақаи қайди реҷаи корӣ, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисми 1 ҳамин  модда  пешбинӣ шудаанд, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1262)

  1. Барои риоя накардани реҷаи муқарраршудаи кории ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ё автобусҳое, ки ба ҳамлу нақли байналмиллалӣ машғуланд ё идора намудани чунин воситаи нақлиёт бе нишонаи фарқкунандаи давлатии воситаи нақлиёти бақайдгирифташуда, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи байналмилалии хатсайр ё то охири он нарафтан (ба истиснои хатсайри муқарраршудаи таҳвили молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордошта), —

ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1279)

 

Моддаи 324. Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании начандон зиёд, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, ҳаракат тавассути пайроҳаҳо, роҳҳои пиёдагард, хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ ё аз канори чапи роҳ ҳангоми мавҷудияти хатти холӣ дар ҳамон самт, барои нигоҳ доштани воситаҳои  нақлиёт  дар хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, ҳудуди чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард, дар хатҳои ҳаракат дар роҳ, ба ғайр аз хатти якуми ҳаракат дар ҳамон самт, инчунин ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои истгоҳ,-

ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. хориҷ карда шавад.(ҚҶТ аз 25.12.2015,№1262)

 

Моддаи 325. Риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан

  1. Барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи аз даҳ то сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи зиёда аз сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба самти муқобили хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, дар сурате ки роҳбандон ба вуҷуд омада бошад ё дар ин ҳолат ба чорроҳа дохил шудан,-

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910) «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

 

Моддаи 326. Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ногаҳон ба тағйир додани суръат, самти ҳаракат ё андешидани дигар чораҳо барои таъмини бехатарии худ ё дигарон  маҷбур намуда, ба пайдоиши ҳолати садамавӣ  мусоидат менамояд, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

 

Моддаи 327. Аз тарафи пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ

Барои аз тарафи пиёдагардон, инчунин аз тарафи шахсони мопед ва велосипедро идоракунанда, аробакашон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 328. Иштироки ронандагони мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд

  1. Барои иштироки ронандагони мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати се моҳ таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шахсони идоракунандаи мопед ва велосипед содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

Моддаи 329. Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон

  1. Барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт ё саркашӣ кардан аз пешниҳод намудани ҳуҷҷат ё нақлиёт барои санҷиш, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри кормандони милитсия ё дигар шахсон вонагузоштани воситаи нақлиёт, —

ба андозаи аз  се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1179)

  1. Барои аз тарафи ронандагон дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати як сол таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1179)

  1. Барои содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015,№1179)

 

Моддаи 330. Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлўӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмўи идоракуниашон аз тарафи рост

  1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлўӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ,-

ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ,-

ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмўи идоракуниашон аз тарафи рост,-

ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. «қҷт 09.01.2010 №577»

 

Моддаи 331. Риоя накардани қоидаҳои гузаштан аз гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар иншооти роҳ

Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани қоидаҳои гузаштан аз гузаргоҳҳои роҳи оҳан (ҳангоми баста будан ё баста шуда истодани ғавчўб (шлагбаум) ба гузаргоҳ даромадан ё давр зада гузаштан аз он, гузаштан аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳи оҳан ва дигар амалҳое, ки бар хилофи қоидаҳои убури гузаргоҳҳои роҳи оҳан мебошанд),-

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

  Моддаи 332. Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад,-

маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати ду сол таъйин карда мешавад. (қҷт 09.01.2010 №577), (қҷт. 16.04.2012 №806)

 

 

 

Моддаи 333. Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси зарар дидани воситаи нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ, иншоот ё дигар молу мулк гаштааст,-

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, —

ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст,-

   ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё  маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати то шашмоҳ таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1179)

 

Моддаи 334. Тарк кардани ҷои садамаи нақлиётӣ

Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, бар хилофи тартиби муқарраршуда тарк намудани ҷойи садамаи нақлиёт, ки иштирокчии он мебошанд, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 335. Барқарор намудани воситаи нақлиёти зарардида

Барои бе иҷозати Бозрасии давлатии автомобилӣ барқарор намудани воситаи нақлиёти дар натиҷаи садама зарардида, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 336. Аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, идора кардани воситаи нақлиёт ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт

  1. Барои аз тарафи шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта идора кардани воситаи нақлиёт, —

ба андозаи аз  се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад вогузоштани идоракунии воситаи нақлиёт, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1179)

  1. Барои содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст ва боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст,-

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 337. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад

  1. Барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин дар натиҷаи ин кирдор зарар дидани воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё молу мулк, —

ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №806), (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1336)

 

Моддаи 338. Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи ронандае, ки ҳуҷҷатҳои дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинишударо бо худ надорад

  1. Барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи ронандае, ки ҳуҷҷатҳои дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинишударо бо худ надорад, —

огоҳӣ дода мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 339. Саркашӣ кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз гузаштани муоинаи ҳолати мастӣ

  1. Барои тибқи тартиби муқарраршуда аз гузаштани муоинаи ҳолати мастӣ саркашӣ кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №806)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудааст,-

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо чарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз як то ду сол ё ба мўҳлати то понздаҳ шабонарўз ҳабси маъмурӣ таъйин карда мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №806)

 

Моддаи 340. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ

  1. Барои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштани онҳо, —

огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи ҳаштяки нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

  1. Барои ба аломати чароғаки раҳнамо ё ишораҳои танзимгари ҳаракат дар роҳ итоат накардани ронандагони мопеду велосипедҳо, аробакашҳо ва дигар шахсони истифодабарандаи роҳҳо, ҳамчунин риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, —

ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар ҳолати мастӣ риоя накардани қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда, инчунин идора кардани мопеду велосипед ва нақлиёти ҳамлу нақл бо ароба дар ҳолати мастӣ, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 341. Ба роҳ баровардан ва ё истифода бурдани воситаҳои нақлиёти вайрон

  1. Барои ба роҳ баровардани воситаҳои нақлиёти вайрон, ки бо чунин ҳолат истифода бурдани онҳо манъ аст ё бе рақами давлатӣ ё бе иҷозати дахлдор ҷиҳозонидашуда, инчунин мошинҳои боркаш, ки ба мусофиркашонӣ ё кашонидани борҳои хавфноку калонҳаҷм машғуланд, бе рухсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ё мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифтанашуда ё аз санҷиши давлатии техникӣ нагузашта, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ҳаракатҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 342. Ба идора кардани воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надоранд

Барои ба идора кардани воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надоранд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 343. Ғайримақсад истифода бурдани воситаҳои нақлиёт, мошин ё дигар механизмҳо ва дар ҷойҳои муқаррарнашуда нигоҳ доштани онҳо

Барои ғайримақсад истифода бурдани воситаҳои нақлиёт, мошин ё дигар механизмҳо, ки ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тааллуқ доранд, инчунин дар ҷойҳои муқаррарнашуда нигоҳ доштани онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 344. Иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи бартараф намудани камбудиҳо

  1. Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба нигоҳдории роҳ ва воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, инчунин риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо, стандартҳо, ки ба ташкили бехатарии ҳаракат дар роҳ мансубанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то  сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 345. Худсарона аз нав рақам задан, дигар ё нест кардани рақамҳои қисму агрегатҳои асосии воситаҳои нақлиёт

Барои худсарона аз нав рақам задан, дигар ё нест кардани рақамҳои қисму агрегатҳои асосии воситаҳои нақлиёт ва истифода бурдани чунин нақлиёт ,-

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 346. Таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ

Барои таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои истиқоматӣ, дар нақб, ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеа ба вуҷуд меоранд, инчунин беназорат гузоштани воситаҳои нақлиёт,-

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 20. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚА

ВА ИСТИФОДАИ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ

 

Моддаи 347. Риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои алоқа

Барои риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои алоқа, сарфи назар аз шакли моликият,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 348. Риоя накардани қоидаҳои насб, банақшагирӣ, ҷойгир кардан, сохтан, таҷдид ва истифодаи шабакаҳо, хатҳо ва иншооти алоқа

Барои риоя накардани қоидаҳои насб, банақшагирӣ, ҷойгир кардан, сохтан, таҷдид ва истифодаи шабакаҳо, хатҳо ва иншооти алоқа,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 349. Риоя накардани тартиби ҷобаҷокунии воситаҳои техникии алоқа

Барои риоя накардани тартиби ҷобаҷокунии воситаҳои техникии алоқа, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 350. Риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр ва қоидаҳо ҳангоми  истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа

Барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр, қоидаҳо ва талаботи дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи тартиби истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 3501. Риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ҳангоми ба фурӯш баровардани симкортҳо

Барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ҳангоми ба фурӯш баровардани симкортҳо (пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ), —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафтод то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1277)

 

Моддаи 351. Амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа бе сертификати мутобиқат

Барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа бе сертификати мутобиқат, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҷазои боздоштани фаъолият ба мўҳлати то се моҳ таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1277)

 

Моддаи 352. Риоя накардани қоидаҳои коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтан (насб кардан), ба даст овардан, истифода бурдан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад бе иҷозати дахлдор

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтан (насб кардан), ба даст овардан, истифода бурдан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад бе иҷозати дахлдор, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва  ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 353. Тайёр ё истифода намудани воситаҳои электротехникӣ, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ё меъёрҳои сатҳи ҷоизи радиёихтилоот мувофиқат намекунанд

Барои тайёр ё истифода намудани воситаҳои электротехникӣ, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ё меъёрҳои сатҳи ҷоизи радиёихтилоот мувофиқат намекунанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 354. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати иншооти алоқа

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати иншооти алоқа, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 355.  Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати хатти алоқа

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати хатти алоқа, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 356. Риоя накардани қоидаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои пайвастшавии байнишабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои фаъолият бидуни бақайдгирии шартномаҳои пайвастшавии байни шабакавии шабакаҳои алоқаи барқӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1277)

 

Моддаи 357. Худсарона пайваст кардани таҷҳизоти интиҳоӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ

Барои худсарона пайваст кардани таҷҳизоти интиҳоӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 358. Интиқол ва фурўши воситаҳои алоқа

Барои интиқол ва фурўши воситаҳои алоқа, ки ба стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 359. Расонидани зарар ба шабакаҳои алоқа

Барои расонидани зарар ба шабакаҳои алоқа (ҳавоӣ, ноқилӣ) ҳангоми иҷрои кор, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор  аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 360. Пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ дар бораи объекти алоқа ё хизматрасонии соҳаи алоқа

Барои пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ дар бораи объекти алоқа ё хизматрасонии соҳаи алоқа, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 361. Аз тарафи фармоишгар истифода бурдани объекти алоқа бе иҷозати мақомоти ваколатдор

Барои аз тарафи фармоишгар истифода бурдани объекти алоқа пас аз сохтмони нав, таҷдид ва таъмири асосӣ, бе иҷозати мақомоти ваколатдор, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 362. Расонидани зарар ба телефон–автоматҳо (таксофонҳо)

Барои расонидани зарар ба телефон-автоматҳо (таксофонҳо), —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 363. Худсарона пайваст шудан ба шабакаи телефонӣ

Барои худсарона пайваст шудан ба шабакаи телефонӣ, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 364. Саркашӣ намудани корхонаҳои соҳаи нақлиёт аз бастани шартнома дар бораи ҳамлу нақли муросилоти почта дар самтҳои доимии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ

Барои саркашӣ намудани корхонаҳои соҳаи нақлиёт аз бастани шартнома дар бораи ҳамлу нақли муросилоти почта дар самтҳои доимии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 3641. Сохтакории аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта ва ё истифодаи он

Барои сохтакории аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта ва ё истифодаи он, ҳангоми мавҷуд набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳашт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1277)

 

Моддаи 365. Иҷро накардани амрнома ё қарори мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзими соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ

Барои иҷро накардани амрнома ё қарори мақомоти ваколатдори давлатии назорат ва танзими соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 366. Беиҷозат истифода намудани басомад (каналҳо) ё риоя накардани қоидаҳои истифодаи алоқаи радиоӣ (басомадҳо)

Барои беиҷозат истифода намудани басомад (каналҳо) ё риоя накардани қоидаҳои истифодаи алоқаи радиоӣ (басомадҳо), —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 367. Риоя накардани қоидаҳои фурўш, ба истифодаи муваққатӣ ё доимӣ додани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад

Барои риоя накардани қоидаҳои фурўш, ба истифодаи муваққатӣ ё доимӣ додани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои  баландбасомад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 368. Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии шахсони салоҳиятдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи алоқа ва иттилоот

Барои монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии шахсони салоҳиятдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи алоқа ва иттилоот, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 3681. Истифодаи ғайриқонунии рақамгузории алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барои истифода ба шахсони дигар додани он

Барои истифодаи ғайриқонунии рақамгузории алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё  барои истифода ба шахсони дигар додани он, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳнишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016, №1277)

 

БОБИ 21. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИОШУНАВОНӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 369. Риоя накардани тартиби истифодаи каналҳои телевизион ва радиошунавонӣ

  1. Барои риоя накардани тартиби истифодаи шабакаи пахши барномаҳо, ба шахсони дигар додани шабакаи пахши барномаҳо (воситаҳои техникӣ, студия), ки иҷозатнома надоранд, ҳамчунин халал расонидан ба дигар ташкилотҳои пахшкунандаи барномаҳо, —

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 370. Риоя накардани тартиби истифодаи барномаҳо ва маводи ташкилотҳои ғайр

  1. Барои ба барномаҳои телевизион ва радио дохил кардани маводи ташкилотҳои ғайр ва истеҳсолкунандагони берунаи маводи аудиовизуалӣ, ки иҷозатнома надоранд ва ҳамчунин худсарона пахш кардани барномаю гуфторҳои телевизион ва радиои хориҷӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сиюпанҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 371. Риоя накардани қоидаҳои насб, сохтмони студияҳо ва истифодаи воситаҳои телевизиону радиошунавонӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои насб, сохтмони студияҳо ва истифодаи воситаҳои телевизиону радиошунавонӣ, хориҷ шудани нишондодҳои сифатӣ (параметрҳо) аз меъёрҳо, стандартҳо, сертификатҳо, меъёрҳои байналмилалӣ, қоидаҳои истифодаи каналҳои телевизиону радиошунавонӣ, танаффусу таваққуфи техникӣ, ки дар нақшаи пахши барнома пешбинӣ нашудааст ва бе маълумоти мавҷпахшкунӣ ба эфир баромадан, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор  аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 372. Иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти назорати давлатии соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 373. Риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои ахбори омма

  1. Барои паҳн кардани маҳсулоти воситаҳои ахбори омма, инчунин иттилоот ва маводи агентиҳои иттилоотӣ бидуни ба қайд гузоштан ё баъди қабули қарор дар бораи боздоштан, қатъ кардани интишори онҳо (дар эфир пахш кардан) ё беэътибор донистани шаҳодатномаи бақайдгирӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба  шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои нашр ва паҳн кардани матбуоти даврии чопӣ, китоб ва маҳсулоти дигари чопӣ, ки дар онҳо муқаррароти қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла стандарти китоб, ББК, ШБСК (ISBN), маълумоти нашр, рамзи нашриёт, аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ғайра) риоя нашудааст,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба  шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 374. Тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнуи воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопии манъшуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардан, нигоҳ доштан, ворид кардан, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопӣ, ки дорои маълумот ва маводи таблиғотиву ташвиқотии зўран тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани тамомият ва мустақилияти давлат, заиф кардани амнияти давлат, ҷанг, барангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, таблиғи бераҳмӣ, зўроварӣ ва фисқу фуҷур, ҳимояи терроризм ва экстремизм, паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ, инчунин намоиши маҳсулоти видео ва синамо, ки дар онҳо фисқу фуҷур таблиғ мешавад, инчунин дигар маҳсулоти чопии манъшуда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ шабонарўз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарўз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсаду панҷоҳ то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 22. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

 

Моддаи 375. Риоя накардани ҳуқуқҳои истисноии соҳиби патент

  1. Барои ғайриқонунӣ тайёр кардан, татбиқ намудан, ворид кардан, нигоҳ доштан, ба фурўш пешниҳод кардан, фурўхтан ё ба таври дигар ба муомилоти хоҷагӣ дохил кардани моли дорои ихтирооти патентӣ, навъи фоидаовар ё намунаи саноатии дастовардҳои селексионӣ, инчунин ба кор бурдани усули бо патенти хурд ё патенти ихтироот ҳифзшаванда ё ба муомилоти хоҷагӣ дохил намудан ё барои ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоти бевосита бо тарзи патенти хурд ё патенти ихтироот тайёршуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду бист то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 376. Ғайриқонунӣ тайёр намудан, ворид кардан, фурўхтан, ба кироя додан ва ба таври дигар истифода намудани нусхаи асарҳо ва фонограммаҳо

  1. Барои ғайриқонунӣ тайёр намудан, ворид кардан, фурўхтан, ба кироя додан ё ба таври дигари ғайриқонунӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода бурдани нусхаи асарҳо ва фонограммаҳо, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, агар, —

— нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо қалбакӣ (контрафакт) бошанд;

— дар нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо дар бораи истеҳсолкунандагон ва ҷойи истеҳсоли онҳо маълумоти нодуруст, инчунин дигар маълумот ки метавонад истеъмолкунандаро гумроҳ созад, зикр ёфта бошад;

— дар нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо нишонаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё нишонаи ҳифзи ҳуқуқи вобаста ба муаллифӣ нобуд карда ё тағйир дода шуда бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 377. Истифодаи ғайриқонунии нишонаи мол, нишонаи хизматрасонӣ, номи маҳалли истеҳсоли мол ва номи фирмавӣ

  1. Барои истифодаи ғайриқонунии нишонаи моли бегона, нишонаи хизматрасонӣ, номи маҳалли истеҳсоли мол ва номи фирмавӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои истифодаи ғайриқонунии нишонгузории эҳтиётии нишонаи мол, нишонаи хизматрасонӣ ва маҳалли истеҳсоли мол, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 378. Саркашӣ аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар бораи даромадҳо, инчунин аз пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи даромадҳое, ки дар натиҷаи истифодаи объекти ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст омадаанд

  1. Барои саркашӣ аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ ба мақомоти дахлдор дар бораи даромадҳо, инчунин аз пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи даромадҳое, ки дар натиҷаи истифодаи объекти ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст омадаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то  ҳафтод  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 379. Иҷро накардани ўҳдадории бақайдгирии шартнома оид ба истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва гирифтани шаҳодатномаи намунаи мувофиқ

  1. Барои аз тарафи истифодакунандагони объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он иҷро накардани ўҳдадориҳои дар қонунгузорӣ пешбинишудаи бақайдгирии шартномаҳо барои ба таври дахлдор истифода намудани объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва гирифтани шаҳодатномаи намунаи мувофиқ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 380. Риоя ё иҷро накардани талаботи муқарраршуда ҳангоми бастани шартнома барои баромад кардан дар намоишҳои консертӣ ва театрӣ

  1. Барои аз тарафи соҳибони муассисаҳои намоишдиҳандаи намоишҳои консертӣ ва театрӣ риоя ё иҷро накардани талаботи муқарраршуда ҳангоми бастани шартнома барои баромад кардан дар намоишҳои консертӣ ва театрӣ бо гурўҳҳои эҷодӣ ва ташкилкунандагони консертҳо ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 381. Риоя накардани ҳуқуқи муаллиф барои гирифтани ҳаққи қалам

  1. Барои саркашӣ кардани истифодабарандаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он аз пардохти ҳаққи қалами муаллиф бобати воқеан истифода бурдани асар ё риоя накардани мўҳлати дар шартнома ё қонун муқарраршудаи пардохти ҳаққи қалам, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ  то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

 

 

БОБИ 23. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА  ВА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ

 

Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ

  1. Барои худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти қувваи барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ, бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ , —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 383. Риоя накардани низоми маҳдудияти истифодаи қувваи барқ ва иқтидори он

  1. Барои риоя накардани низоми маҳдудияти истифодаи қувваи барқ ва иқтидори он, ки дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар давраи норасоии иқтидор ва қувваи барқ аз тарафи корхонаи таъмини қувваи барқ муқаррар карда шудааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 384. Монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори корхонаи таъминоти қувваи барқ, нозирони давлатии мақомоти назорати энергетикӣ ва дигар мақомоти ваколатдор барои наздик шудан ба дастгоҳҳои барқӣ ё асбобҳои ченкунӣ ва баҳисобгирии истифодабарандагони захираҳои энергетикӣ

Барои монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори корхонаи таъминоти қувваи барқ, нозирони давлатии мақомоти назорати энергетикӣ ва дигар мақомоти ваколатдор, барои наздик шудан ба дастгоҳҳои барқӣ ё асбобҳои ченкунӣ ва баҳисобгирии истифодабарандагони захираҳои энергетикӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 385. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқии шиддаташон то 1000 волт

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқии шиддаташон то 1000 волт (хатҳои ҳавоӣ, зеризаминӣ ва зериобии интиқоли барқ, асбобҳои интиқол ва тақсимкунанда), ки боиси қатъ гардидани таъминоти қувваи барқ ё ба хоҷагии халқ расонидани зарари дигар гардидааст ё мегардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 386. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқии шиддаташон зиёда аз 1000 волт

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои барқии шиддаташон зиёда аз 1000 волт, ки боиси қатъ шудани таъминоти қувваи барқ, зарар дидани шабакаи барқӣ ё ба хоҷагии халқ расидани зарари дигар гардидааст ё мегардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 387. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи газ

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи газ, яъне:

— бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ ба дастгоҳҳои навваслшуда сар додани газ;

— зиёда аз меъёри ҷудошуда истифода бурдани газ ё риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи он;

— бе меъёри тасдиқшудаи масрафи газ бо дастгоҳҳои газзӣ истифода бурдани газ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 388. Истифодаи дастгоҳҳои газӣ бидуни асбобҳои баҳисобгирии масрафи газ

Барои бидуни асбобҳои ба ҳисобгирии масрафи газ ё қувваи гармӣ ва маҳсулоте, ки бо истифодаи газ ҳосил мешавад, истифода бурдани дастгоҳҳои газӣ ё истифода набурдан (вайрон кардан)-и воситаҳои танзими автоматии раванди сўзиши газ ё асбобҳои назорати техникии гармӣ ё таҷҳизоти партовтозакунӣ, ки истифодаи сарфакоронаю самарабахши газро таъмин менамоянд ва дар дастури дастгоҳи газистифодабарӣ пешбинӣ шудаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 389. Ба кор омода накардани зарфҳои захираи сўзишворӣ

Барои ба кор омода накардани зарфҳои захиравӣ, маҳсулоти нафт ва газ, иншооту таҷҳизоти қабули ангишт, ки дар корхона, иттиҳодия, муассиса ва ташкилоти истифодабаранда пешбинӣ шудааст ё барои истифодаи сўзишвории захиравӣ тайёр набудани дастгоҳҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 390. Расонидани зарар ба қубурҳои интиқоли газ ҳангоми иҷрои корҳо

Барои расонидани зарар ба қубурҳои интиқоли газ (ба ғайр аз шоҳқубурҳо) ва таҷҳизоти онҳо ҳангоми иҷрои корҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 391. Риоя накардани низоми истифодаи қувваи барқ ва гармӣ

  1. Барои риоя накардани низоми муқарраршудаи истифодаи қувваи барқ ва гармӣ (ҳаҷм, фишор, ҳарорати оби даврзанандаи шабакаҳо ва ғайра), —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 392. Риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ

Барои аз тарафи истеҳсолкунандагон иҷро накардани вазифаҳои худ оид ба риояи қоидаҳои техникии истифодаи дастгоҳҳои барқӣ, инчунин иҷро накардани амри мақомоти давлатии назорати энергетикӣ, осеб расонидан ба таҷҳизот, дастгоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, гармидиҳӣ, қубурҳои интиқоли газ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

Моддаи 393.  Бесамар масраф намудани захираҳои энергетикӣ

Барои бесамар масраф намудани захираҳои энергетикӣ бо риоя накардани талаботи мақаррарнамудаи стандарти давлатӣ ё дигар санадҳои меъёрӣ, дастурҳои технологӣ ва мушаххасоти лозимаи таҷҳизот, инчунин аз дараҷаи меъёр ва ҳаҷми муқарраршуда барзиёд талаф додани захираҳои энергетикӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 394. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ

  1. Барои саривақт насб накардани асбобҳои баҳисобгирии масрафи захираҳои энергетикӣ, иҷро накардани дастур ва кандани пломбаҳои насбкардаи нозирони мақомоти давлатии назорати энергетикию ташкилотҳои таъминкунандаи энергия, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба  шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони захираҳои энергетикӣ иҷро накардани ўҳдадориҳои худ ва талаботи муқарраркардаи қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ, ҳамчунин худсарона шинондан ва истифода бурдани таҷҳизоти ғайристандартӣ, аз ҷониби истеъмолкунандагон бо мақсади ғаразнок худсарона бе риояи меъёрҳои бо тартиби муайян тасдиқкардашудаи сарфи онҳо истифода бурдан дар истеҳсоли ҳар як воҳиди маҳсулот, ҳаҷми кор ва хизматрасониҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сию панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 395. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои истифодабаранда ва тавлидкунандаи қувваи барқу гармӣ

Барои риоя накардани қоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунанда оид ба истифодаи дастгоҳҳои истифодабаранда ва тавлидкунандаи барқу гармӣ бидуни ба роҳ мондани ҳисоби истифодаи энергия, инчунин бе асбоб (ё асбоби вайрон)-и танзимкунандаи нишондодҳои қувваи гармӣ, ки метавонад боиси истифодаи бесамари захираҳои энергетикӣ   гардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 396. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои газ ва гармӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шабакаҳои газ ва гармӣ (ҳавоӣ, заминӣ), ки метавонанд боиси қатъ гардидан ё эҳтимолан қатъ гардидани бо гармӣ таъмин шудани муштариён ва зарар дидани хоҷагии гармидиҳанда гарданд ва ё гардидаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 397. Риоя накардани қоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунанда оид ба истифодаи таҷҳизот, асбобҳо ва дастгоҳҳои барқию гармидиҳанда

Барои риоя накардани қоидаҳои ба истифода додан ва минбаъд истифода намудани таҷҳизот, асбобу дастгоҳҳои барқию гармидиҳанда, ки метавонанд боиси вайрон шудани онҳо  ё истифодаи бесамари захираҳои энергетикӣ гарданд ва ё гардидаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 398. Риоя накардани қоидаҳои таъмини устувори гурўҳҳои алоҳидаи истифодабарандагон бо қувваи барқу гармӣ ва газ

Барои риоя накардани қоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи таъмини устувори гурўҳҳои алоҳидаи истифодабарандагон бо қувваи барқу гармӣ ва газ, ки боиси қатъ гаштани қувваи барқу гармӣ ва газ гардидааст ё метавонад гардад ё боиси расонидани зарар ба таҷҳизот, биноҳо, иншоот ё саломатии одамон гардидааст ва ё метавонад гардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 399. Расонидани зарар ба шабакаҳои гармидиҳӣ ҳангоми иҷрои корҳо

Барои расонидани зарар ба шабакаҳои гармидиҳӣ (ба ғайр аз қубурҳои буғдиҳӣ), таҷҳизоти онҳо ва қабати муҳофизатии гармӣ ҳангоми иҷрои корҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 400. Расонидани зарар ба шабакаҳои барқӣ (ҳавоӣ, заминӣ) ҳангоми иҷрои корҳо

Барои расонидани зарар ба шабакаҳои барқӣ (ҳавоӣ, заминӣ) ва таҷҳизоти онҳо ҳангоми иҷрои корҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 401. Риоя накардани талаботи сифати таъминоти барқ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ

Барои риоя накардани талаботи сифати таъминоти барқ аз тарафи ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 402. Қатъи таъминоти қувваи барқ бо айби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ

Барои қатъи таъминоти қувваи барқ, ки бо айби ташкилоти таъминкунандаи қувваи барқ ба амал омадааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 403. Пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти бардурўғ аз тарафи корхонаҳои комплекси энергетикию сўзишворӣ

Барои аз тарафи корхонаҳои комплекси энергетикию сўзишворӣ пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти бардурўғ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика зарур аст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 404. Риоя накардани қоидаҳои муҳофизати шоҳқубурҳо

Барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои муқарраршудаи  муҳофизати шоҳқубурҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

БОБИ 24. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ,

ФАЪОЛИЯТИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗӢ  ВА  СОХТМОН

 

Моддаи 405. Риоя накардани қоида, меъёр ва дастуруламалҳо марбут ба бехатарии кор дар объектҳое, ки таҳти назорати мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ қарор доранд

Барои риоя накардани қоида, меъёр ва дастуруламалҳо марбут ба бехатарии кор дар объектҳое ки таҳти назорати мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ қарор      доранд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 406. Риоя накардани қоида, меъёр ва дастуруламалҳо марбут ба нигоҳдорӣ, истифода ва баҳисобгирии мавод (манбаъҳо)-и тарканда ва радиоактивӣ дар саноат ва объектҳо

Барои риоя накардани қоида, меъёр ва дастуруламалҳо марбут ба нигоҳдорӣ, истифода ва баҳисобгирии мавод (манбаъҳо)-и тарканда ва радиоактивӣ дар саноат ва объектҳо, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 407. Риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои дорои таҷҳизоти технологию саноатӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои қабул ва ба истифода додани объектҳои дорои таҷҳизоти технологию саноатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 408. Риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохтмон, конструксияҳо ва дигар маводи сохтмон

Барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохтмон, конструксияҳо  ва дигар маводи сохтмон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 409. Риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон

Барои ҷойгир кардан, бунёд ва ба истифода додани объектҳо бидуни ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бидуни иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ, инчунин риоя накардани дигар қоидаҳои сохтмони иншоот, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

 

Моддаи 410. Сохтан, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи ба зилзила тобоварии биноҳо ва иншоот мегардад

Барои сохтан, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи ба зилзила тобоварии биноҳо ва иншоот мегардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 411. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи биноҳо, иншоот, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ ва худсарона дигар кардани сохти онҳо

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи биноҳо, иншоот, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ ва худсарона дигар кардани сохти онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои содир намудани кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда бо риоя накардани меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои меъморию шаҳрсозӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 412. Пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ дар бораи объекти меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Барои пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ дар бораи объекти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 413. Саркашӣ кардан аз пешниҳоди маълумоти дахлдори вобаста ба фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ

Барои саркашӣ кардан аз пешниҳоди маълумоти дахлдори вобаста ба фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 414. Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои истифодаи ҳудуд, замин, сарватҳои зеризаминӣ, наботот, фазои муҳит, сатҳи об ҳангоми иҷрои корҳои таъмиру сохтмон

Барои риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои истифодаи ҳудуд, замин, сарватҳои зеризаминӣ, наботот, фазои муҳит, сатҳи об ҳангоми иҷрои корҳои таъмиру сохтмон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё бо боздоштани фаъолият ҷазо таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 415. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иҷро накардани ўҳдадориҳои вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, фурўравии замин, сел ва ғайра)

  1. Барои аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро накардани ўҳдадориҳои вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, фурўравии замин, сел ва ғайра) ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 416. Вайрон кардани тамомияти ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳангоми истифода ва таҷдид

Барои вайрон кардани тамомияти ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳангоми истифода ва таҷдиди онҳо, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 417. Риоя накардани нақшаи асосии тасдиқшуда, лоиҳаи банақшагирии ҷузъӣ, сохтмони иловагӣ, ансамблҳои меъморӣ, маҷмааҳо, биноҳо ва иншоот

Барои риоя накардани нақшаи асосии тасдиқшуда, лоиҳаи банақшагирии ҷузъӣ, сохтмони иловагӣ, ансамблҳои меъморӣ, маҷмааҳо, биноҳо ва иншоот, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 418. Таъмин накардани дараҷаи муқарраршудаи мустаҳкамӣ, бехавфӣ, устуворӣ, ба зилзила тобоварии бино, иншооти навсохташуда ва таҷдид карда шуда ва мизонҳои истифодашавии онҳо

Барои таъмин накардани сатҳи муқарраршудаи мустаҳкамӣ, бехавфӣ, устуворӣ, ба зилзила тобоварии бино, иншооти навсохташуда ва таҷдидкардашуда ва мизонҳои истифодашавии онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 419. Интишор ва истифодаи лоиҳаи меъморӣ бе розигии муаллифи лоиҳа

Барои интишор ва истифодаи лоиҳаи меъморӣ бе розигии муаллифи лоиҳа, инчунин бе розигии муаллиф ворид намудани тағйирот ба лоиҳа, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 420. Худсарона таҷдид кардан ва тағйир додани нишонаи таъйиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани ҷузъҳо, конструксияҳо, унсурҳои ороиш ва нақшу нигори намуди беруна

Барои худсарона таҷдид кардан ва тағйир додани нишонаи таъйиноти биноҳо, иншоот ва қисмҳои онҳо, инчунин тағйир додани ҷузъҳо, конструксияҳо, унсурҳои ороиш ва нақшу нигори намуди беруна, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 421. Риоя накардани қоидаҳои давра ба давра қабул намудани объектҳои сохташуда

Барои риоя накардани қоидаҳои давра ба давра қабул намудани объектҳо (иншоотҳо)-и сохташуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 422. Риоя накардани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон

  1. Барои риоя накардани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 423. Худсарона васеъ кардани қитъаи замини барои сохтмон   ҷудошуда  ё вобасташуда

Барои худсарона васеъ кардани қитъаи замини барои сохтмон ҷудошуда  ё вобасташуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 424. Риоя накардани қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 425. Амалӣ намудани сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ

Барои амалӣ намудани сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 426. Додани хулосаи мусбати ташхисӣ ба лоиҳаҳое, ки бе риояи меъёру қоидаҳои лоиҳакашии сохтмон иҷро карда шудаанд

Барои додани хулосаи мусбати ташхисӣ ба лоиҳаҳое, ки бе риояи меъёру қоидаҳои лоиҳакашии сохтмон иҷро карда шудаанд, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 427. Худсарона сохтани объектҳои таъйиноти мухталиф, аз ҷумла бунёди хонаи истиқоматии шахсӣ

Барои худсарона сохтани объектҳои таъйиноти мухталиф, аз ҷумла бунёди хонаи истиқоматии шахсӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 428. Тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот бе хулосаи экспертизаи давлатӣ

Барои тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот бе хулосаи экспертизаи давлатӣ ё бе риояи қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 429. Риоя накардани қоидаҳои корҳои сохтмону васлкунӣ ва анҷом додани корҳои бесифати сохтмон

Барои риоя накардани қоидаҳои корҳои сохтмону васлкунӣ ва анҷом додани корҳои бесифати сохтмон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

Моддаи 430. Риоя накардани қоидаҳои қабулу баистифодадиҳии объектҳо, сохтмонҳои баитмомрасида, таҷдид, дигар кардани хусусияти бино ва таъмири асосӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои қабулу баистифодадиҳии объектҳо, сохтмонҳои баитмомрасида, таҷдид, дигар кардани таъйиноти бино ва таъмири асосӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 431. Аз тарафи фармоишгар ба истифода додани объекти сохтмони нав, таҷдид ва куллан таъмиргардида, ки комиссияи қабули давлатӣ онро қабул накардааст

Барои аз тарафи фармоишгар ба истифода додани объекти сохтмони нав, , таҷдид ва куллан таъмиргардида, ки комиссияи қабули давлатӣ онро қабул накардааст, —

ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 432. Саркашӣ аз иҷрои амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон

Барои саркашӣ аз иҷрои амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 433. Саривақт иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон

Барои саривақт иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 434. Истифодаи маҳсулоти бесертификат дар фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон

Барои истифодаи маҳсулоти бесертификат дар фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз бист то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 435. Овардану фурўхтани мавод, маҳсулот ва қисмҳои сохтмонии бесифат

Барои овардану фурўхтани мавод, маҳсулот ва қисмҳои сохтмонии бесифат, ки ба стандарти давлатӣ ва меъёрҳои техникӣ мувофиқат намекунанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 436. Ғайримақсаднок истифода намудани ҳудуди объектҳои сохтмонашон нотамом

Барои бе иҷозати дахлдор ғайримақсаднок истифода бурдани ҳудуди объектҳои сохтмонашон нотамом, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 437. Риоя накардани тартиби гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ

  1. Барои риоя накардани тартиб ва мўҳлати гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои қабул намудани қарори беасос дар бораи надодани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. «қҷт 12.01.2010 №580»

 

Моддаи 4371. Пешниҳод накардани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ

Барои дар мўҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби шахсони масъули ташкилоти дахлдори муҳандисию техникӣ пешниҳод накардани шартҳои техникӣ оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. «қҷт 12.01.2010 №580»

 

Моддаи 438. Аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда иҷро накардани қоидаҳои нигоҳубину назорати    объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо тобеъ

Барои аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда иҷро накардани қоидаҳои нигоҳубину назорати объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо тобеъ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 439. Бархилофи тартиби муқарраршуда ва бе розигии истифодабарандагони замин ба каси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои сохтмон ҷудошуда

Барои бархилофи тартиби муқарраршуда ва бе розигии истифодабарандагони замин ба каси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои сохтмон ҷудошуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 440. Истифодаи объектҳо бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ҳангоми гузаштани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва нигоҳубини онҳо

Барои истифодаи объектҳо бе ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда ҳангоми гузаштани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва нигоҳубини онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 441. Риоя накардани мўҳлати истифодаи қитъаҳои замини барои сохтмон ҷудошуда ва ба истифода додани объект

Барои аз тарафи ташкилоти фармоишгар риоя накардани мўҳлати истифодаи қитъаҳои замини барои сохтмон ҷудошуда ва ба истифода додани объект, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 442. Риоя накардани талаботи ҳатмии санадҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон

Барои риоя накардани талаботи ҳатмии санадҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳавӣ, тадқиқотӣ, сохтмонӣ, васлгарӣ ва танзимгарию бакорандозӣ, ҳангоми истеҳсоли масолеҳи сохтмон, конструксия ва маснуот, агар ин вайронкунӣ боиси аз байн рафтани устуворӣ, мустаҳкамӣ, боэътимодии биноҳо, иморатҳо, иншоотҳо, қисмҳо ё ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо шуда   бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 443. Риоя накардани технологияи объектҳои сохтмон

Барои риоя накардани технологияи истеҳсолот, агар ин кирдор ба пастшавии сифати истифодаи объекти биношаванда таъсир расонида бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 444. Расонидани зарар ба ҳудуд ҳангоми иҷрои корҳои таъмиру сохтмон

Барои бе иҷозат кофтани ҳудуди биноҳо, кўчаҳо ва майдонҳо, наандешидани чора бобати ба ҳолати мақбул овардани ҷойҳои кандашуда, инчунин майдончаҳои сохтмон баъди ба анҷом расидани сохтмон ва корҳои таъмирӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 445. Риоя накардани қоидаҳои сохтумони бўстонсаройҳо, инчунин ташкил ва пешбурди боғдорию полезкории дастаҷамъона

  1. Барои бе лоиҳаи мувофиқашуда сохтани бўстонсаройҳо, ё риоя накардани меъёри қонунгузорӣ ҳангоми оғози сохтмони онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ташкил ва пешбурди боғдорию полезкории дастаҷамъона, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 446. Қабул намудани қарор бе риояи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ

Барои бархилофи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ қабул намудани қарор, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 447. Риоя накардани тартиби додани иҷозатнома, сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон

Барои риоя накардани тартиби додани иҷозатнома, сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 25. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ

ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОН БА МАНЗИЛ, ХОҶАГИИ КОММУНАЛӢ, ОБОДОНӢ

 

Моддаи 448. Риоя накардани тартиби ба навбат гирифтани шаҳрвандоне, ки барои манзили истиқоматӣ ва беҳтар кардани шароити зисти худ эҳтиёҷ доранд

Барои риоя накардани тартиби ба навбат гирифтани шаҳрвандоне, ки барои манзили истиқоматӣ ва беҳтар кардани шароити зисти худ эҳтиёҷ доранд, аз қайд баровардан, риоя накардани мўҳлати маскун кардани шаҳрвандон дар бино ва манзилҳои истиқоматӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 449. Риоя накардани қоидаҳои истифодабарии биною манзили истиқоматӣ

 

Барои риоя накардани қоидаҳои истифодабарии биною манзилҳои истиқоматӣ, нигоҳубини онҳо, таҷҳизоти муҳандисӣ, бесарусомон нигоҳ доштан, ғайримақсад истифода бурдан ва ё вайрон кардани биною манзилҳои истиқоматӣ, расонидани зарар ба таҷҳизоту объектҳои ободонии фонди манзил, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 450. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдошти ҳолати санитарии ҷойҳои истифодаи умум

Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдошти ҳолати санитарии ҷойҳои истифодаи умум, аз ҷумла зинапояҳо, лифтҳо, даромадгоҳҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ҳудудҳои назди ҳавлӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 451. Риоя накардани қоидаҳои ободонии ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ободонии ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин риоя накардани қоидаҳои тозагӣ ва тартибот дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин чаронидан ва ё беназорат гузоштани чорво ва навъҳои дигари ҳайвонот, инчунин нигоҳубини онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сию панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 452. Партофтан ва сўзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда

Барои партофтан ва сўзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 453. Вайрон намудани тамомият шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти қубурҳои обгузар, корезу системаи гармидиҳии марказӣ

Барои бе иҷозати хадамоти дахлдор вайрон намудани тамомият шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти қубурҳои обгузар, корезу системаи гармидиҳии марказӣ, ки дар дохили биною манзилҳои истиқоматӣ мавҷуданд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 454. Дар зери об монондани хонаҳо, таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои хизматӣ

Барои дар зери об монондани хонаҳо, таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои хизматӣ, ки дар натиҷаи вайрон будани ҳолати техники асбобҳои санитарӣ, шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ, иншоот ва дастгоҳҳои онҳо ба амал омадааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 455. Худсарона кушодани сарпўши хатҳои обгузар, қубурҳои корезу гармидиҳӣ, чоҳҳо, танзими дастгоҳҳои тақсимкунанда ва расонидани зарар ба пломбаҳо

Барои худсарона кушодани сарпўши хатҳои обгузар, қубурҳои корезу гармидиҳӣ, чоҳҳо, танзими дастгоҳҳои тақсимкунанда ва расонидани зарар ба пломбаҳо, ба шарте дар натиҷаи он кори мўътадили хатҳои таъминоти обу гармӣ халалдор шуда бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 456. Иҷро накардани амрномаҳои корхонаҳои таъминоти обу гармӣ

Барои иҷро накардани амрномаҳои корхонаҳои таъминоти обу  гармӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 457. Худсарона пайваст шудан ба системаи оби гарм, инчунин рехтани об аз системаи гармидиҳӣ

Барои худсарона пайваст шудан ба системаи оби гарм, инчунин рехтани оби гарм бо мақсади баланд намудани ҳарорат дар дастгоҳҳои гармидиҳии марказӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 458. Худсарона пайваст шудан ба шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ

Барои худсарона пайваст шудан ба шабакаҳои обу корез ва гармидиҳӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 459. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи лифтҳои мусофиркаш

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи лифтҳои мусофиркаш, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои расонидани зарар ба таҷҳизоти лифт ва шикастани онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 26. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ  ВОБАСТА БА

ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ

 

Моддаи 460.  Майдаавбошӣ

Барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз ҷазо таъйин карда мешавад.

 

Моддаи  461.  Вандализм

Барои зишту касиф намудани бино ва дигар иншоот, расонидани зиён ба молу мулки нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи  462.  Халалдор кардани оромӣ

  1. Барои дар кўчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз соати 2300то соати 600 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда, техника ё таҷҳизоти сохтмонию таъмирии садобарор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ шуда бошад, —

ба шахсони воқеӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони ҳуқуқӣ огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1262)

  1. Барои пахши диск, фита ва дигар воситаҳои техникии сабти хусусияти динии экстремистӣ ва (ё) таҳқиркунанда дошта, дар кўчаю хиёбонҳо, майдонҳо, бозорҳо, марказҳои савдо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), воситаҳои нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 02.08.2011 №756)

  1. 3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюмиҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.2015,№1262)

 

Моддаи 463. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нўшидани машруботи спиртӣ ё  кашидани маҳсулоти тамоку (қҷт. 28.06.2011 №717)

  1. Барои дар кўчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, дар дохили ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нўшидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки шаъну шарафи инсон ва ахлоқи ҷамъиятро доғдор менамояд, —

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои кашидани маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо, толорҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудокардашуда,-

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

Моддаи 4631.Фурўши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва  назди муассисаҳои  тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин бо истифода аз  таҷҳизоти автоматӣ

  1. Барои фурўши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин дар масофаи камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда  барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои фурўши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ,-

ба шахсони воқеӣ  ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи  аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №650)

 

Моддаи 4632. Фурўши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти  тамоку ба ноболиғон

Барои фурўши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №650)

Моддаи 4633. Манъи истеҳсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркибаш никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқгардида зиёд  мебошад, инчунин дар бастаи онҳо мавҷуд набудани  навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба  зарари кашидани тамоку

  1. Барои истеҳсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёд мебошад,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз дусад то  сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар тарафҳои калон ва паҳлўии баста мавҷуд набудани навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку ва навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба меъёри қатрон ва никотин дар таркиби он, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то  сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №650)

 

Моддаи 464. Ҷалб кардани ноболиғон ба рафторҳои зиддиҷамъиятӣ

  1. Барои аз тарафи волидон ё шахсони дигар ҷалб кардани ноболиғон ба гадоӣ, фоҳишагарӣ, истеъмоли модда ё воситаҳое, ки маводи нашъадор ё психотропӣ маҳсуб намеёбанд, вале метавонанд ба фаъолияти зеҳнии онҳо таъсири манфӣ расонанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба ҳолати мастӣ расонидани ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба ноболиғон фурўхтани машруботи спиртӣ,

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. —(қҷт. 29.12.10 №650)

 

Моддаи  465.  Қиморбозӣ

  1. Барои дар ҷойҳои муқаррарнашуда ташкил кардани қиморбозӣ (картабозӣ ва ғайра) ба ивази пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз дувоздаҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

  1. Барои иштирок дар қиморбозӣ ба ивази пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок дар ҷойҳои муқаррарнашуда, инчунин аз тарафи шахсони алоҳида пазируфтани ставкаҳо (ҳуқуқпулӣ) дар бозиҳои варзишӣ ва дигар қувваозмоиҳо, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 466.  Бардурўғ даъват кардани  хадамоти махсус

Барои бесабаб ва бардурўғ даъват кардани мақомоти зидди сўхтор, милитсия, ёрии таъҷилӣ ва дигар хадамоти махсус, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 467. Тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон дар маҳалҳои аҳолинишин, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҷойҳои барои ин мақсад пешбининашуда, инчунин муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

  1. Барои тирпарронӣ аз силоҳиоташфишон дар маҳалҳои аҳолинишин, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои барои ин мақсад пешбининашуда, —«қҷт аз 22.07.2013 , №983»

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он истеҳсол кардан, харидан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 468. Риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастуруламалҳо дар бораи баҳисобгирии маводи тарканда

Барои аз тарафи соҳибкорон, соҳибмулк, шахсони мансабдор, кормандони масъул риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастуруламалҳои баҳисобгирии маводи тарканда дар соҳаи саноат ва дар объектҳои таҳти назорати мақомоти назорати давлатӣ қарордошта, —

ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи  469.  Маскуният бе шиноснома  ё  бидуни қайд 

  1. Барои бе шиноснома маскун будани шаҳрвандоне, ки бояд шиноснома дошта бошанд ё бо шиносномаи беэътибор, инчунин бидуни қайд зиндагӣ кардан, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 470. Аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани тартиби муқарраргардидаи вуруди шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

  1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои қабулкунандаи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ё ба онҳо хизматрасонанда, иҷрокунандаи ўҳдадориҳои вобаста ба риояи шароити будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тавассути марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани онҳо, риоя накардани тартиби муқарраршудаи қайди онҳо, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои маскуният, рафтуомад ва тағйир додани ҷойи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шаҳрвандоне, ки бо корҳои шахсӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд ва ба онҳо макони истиқомат додаанд, наандешидани чораҳои таъмини риояи қоидаҳои муқарраршудаи будубош ва бақайдгирии саривақтии онҳо, —

ба андозаи аз панҷоҳ то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд додани манзил, воситаҳои нақлиёт ё ба онҳо расонидани дигар намуди хизмат бидуни риояи қоидаҳои муқарраршудаи вуруди шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври транзитӣ гузаштани онҳо тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисмҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз ҳафтод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 471. Риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти ҳарбӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи низоми вазъияти ҳарбӣ, ки боиси халалдор шудани тартибот ва оромии шаҳрвандон мегардад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ба тариқи ҳабси маъмурӣ аз понздаҳ то сӣ шабонарўз ҷазо таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1092)

 

Моддаи 4711. Риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти фавқулодда

Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз понздаҳ то сӣ шабонарўз таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1092)

 

Моддаи 472. Ғайриқонунӣ додани ашёҳои мамнуъ ба шахсони дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳдошташаванда

  1. Барои ғайриқонунӣ додани ашёҳои мамнуъ ба шахсони дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳдошташаванда, —

ба андозаи  аз ҳафт то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи  аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 473. Риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор

  1. Барои риоя ё иҷро накардани қоидаҳо ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ аз сўхтор, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз  бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1179)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.2015, №1179)

 

 

 

БОБИ 27. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ВОБАСТА БА

ТАРТИБОТИ  ИДОРАКУНӢ

 

Моддаи 474. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ (қҷт. 03.07.2012, №843)

  1. Барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ташкилотҳои динӣ, аз ҷумла:

— бе қайди давлатӣ ё бидуни азнавбақайдгирии давлатӣ фаъолият намудани иттиҳодияҳои динӣ;

— риоя накардани қоидаҳои муқарраргардидаи ташкил ва баргузор намудани маросимҳои динӣ;

— тадриси илми динӣ бе иҷозат;

— адои тоату ибодат, расму оинҳо ва маросимҳои динӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда;

— содир намудани кирдорҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои дар оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ муайяншуда барнамеоянд,- (қҷт. 03.07.2012, №843)

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз дувоздаҳ то бист, ба роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.(қҷт. 03.07.2012, №843)

 

Моддаи 4741. Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурўш ва паҳн намудани адабиёти динӣ,  инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ

  1. Барои истеҳсол, содирот, воридот, фурўш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъйиноти динӣ бидуни гирифтани хулосаи ташхиси  давлатии диншиносӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони  мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони  мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то  сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи ташкилотҳои динӣ ба табъ расонидани адабиёти динӣ ё истеҳсол намудани маводи таъйиноти динӣ бе доштани тамғаи махсус бо номи пурраи худ,-

ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои таъсиси корхонаҳои табъу нашри адабиёти динӣ ё корхонаҳои истеҳсоли ашёву маводи таъйиноти динӣ, ба истиснои таъсиси онҳо аз тарафи ташкилотҳои динӣ,-

ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №650)

 

Моддаи 4742. Риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

Барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, —

ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

 

Моддаи 4743. Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ

Барои ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, инчунин дар манзили истиқоматии шаҳрвандон, –

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

 

Моддаи 4744. Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои динӣ

  1. Барои аз тарафи ҷамоаҳои динӣ муқаррар намудани робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои байналмилалии динӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ,-

ба роҳбарони ҷамоаҳои динӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи ташкилотҳои динӣ бидуни мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар намудани робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои байналмилалии динӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ, —

ба роҳбарони ташкилотҳои динӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

 

Моддаи 475. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ

  1. Барои содир намудани кирдорҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои дар оинномаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ муайяншуда бармеоянд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз дувоздаҳ то понздаҳ, шахсони мансабдор аз панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 476. Маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шахсони воқеию  ҳуқуқии хориҷӣ

  1. Барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалӣ, намояндагиву филиалҳои онҳо, инчунин аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки хориҷиён, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва берун кардани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ қабул намудани хайрияҳои ғайриқонунӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба ҳизби сиёсӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 477. Роҳбарӣ ва иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию диние, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, инчунин маблағгузорӣ намудани онҳо (қҷт. 03.07.2012, №843)

  1. Барои роҳбарӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию динӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ё фаъолияташонбоздошта ва ё манъ шудааст, —

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

  1. Барои иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ё фаъолияташон боздошта ва ёманъ шудааст,-

ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

  1. Барои маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ёфаъолияташон боздошта ва ё манъ шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

 

Моддаи 478. Аз тарафи ташкилотҳои динии хориҷӣ, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ

  1. Барои бе қайди дахлдор амалӣ намудани фаъолияти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, —

ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва берун намудани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарони ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва берун намудани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи ташкилотҳои динии хориҷӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, —

ба роҳбарони ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва берун кардани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

  1. Барои мунтазам бархилофи оиннома (низомнома)-и худ фаъолият намудани ташкилотҳои динии хориҷӣ, инчунин дар мўҳлати муқарраршуда бартараф накардани камбудиҳо, ки боиси боздоштани фаъолияти онҳо гардидааст, —

ба роҳбарони ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба ташкилотҳои динии хориҷӣ, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 479. Итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд

  1. Барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар маҳалли вазъияти фавқулодда эълоншуда содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ба мўҳлати аз понздаҳ то сӣ шабонарўз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъйин карда мешавад.

 

Моддаи  4791.  Монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

Барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1361)

 

Моддаи 480. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани

                          маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо

                          ва роҳпаймоиҳо

  1. Барои вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз ҷониби шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то сенздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима   таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

Моддаи 4801. Парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонот ва паррандаҳои хонагӣ дар ҳудуди  марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои ғайриқонуни дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории ҷорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт 5.10.09 №550)

 

Моддаи 481. Риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то яксаду бист, ба шахсони мансабдор аз дусаду панҷоҳ то дусаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то панҷсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 482. Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ

  1. Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 483. Содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба мукофотҳои  давлатӣ

  1. Барои тайёр намудан ва овехта гаштани орден, медал, нишони сарисинагии унвони фахрӣ ё лентаи орден ва медал аз тарафи шахсе, ки дорои чунин ҳуқуқ намебошад, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои хариду фурўш, иваз ё дар шакли дигар додани нишонҳои мукофоти давлатӣ, —

ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 4831. Риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи

                           рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717) 

 

Моддаи 484.  Азони худ кардани молу мулки ёфтшуда

Барои азони худ кардани молу мулки ёфтшуда ё тасодуфан бадастомада, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 485. Риоя накардани қоидаҳои назорати маъмурӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои назорати маъмурӣ аз тарафи шахсе, ки дар ҳаққи ў назорати маъмурӣ муқаррар карда шудааст, —

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар маҳалҳои вазъияти фавқулодда эълоншуда аз тарафи шахсоне, ки дар ҳаққи онҳо назорати маъмурӣ муқаррар гардидааст, содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз бист то сӣ шабонарўз таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 486. Риоя накардани тартиби пешбурди фаъолияти корхонаҳои полиграфӣ ва мўҳрсозию кандакорӣ (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои риоя накардани тартиби пешбурди фаъолиятикорхонаҳои полиграфӣ, мўҳрсозию кандакорӣ, ба даст овардан ва фурўхтани таҷҳизоти полиграфӣ, дастгоҳҳои нусхабардор, дастгоҳҳои матбаавии ҳуруфчин ва қолибрез, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои риоя накардани тартиби истифода бурдан, ба ҳисоб гирифтан ва нигоҳ доштани таҷҳизоти полиграфӣ, дастгоҳҳои нусхабардор, дастгоҳҳои матбаавии ҳуруфчин ва қолибрез аз ҷониби шахсоне, ки барои риояи ин қоидаҳо масъул мебошанд, —

ба андозаи аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

 

 

Моддаи 487. Ғайриқонунӣ ба даст овардан, ба дигарон додан, фурўхтан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва бо худ доштани тир

Барои ғайриқонунӣ ба даст овардан, ба дигарон додан, фурўхтан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва бо худ доштани тир (ба ғайр аз тирҳои силоҳи шикории суфтамил) ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —«қҷт аз 22.07.2013 , №983»

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 488. Аз ҷониби шаҳрвандон риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ё гирифта гаштанитапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишон ва тирҳои онҳо «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ё гирифта гаштанитапончаи пневматикӣяроқи оташфишони суфтамили шикорӣ ё силоҳи рахпеч ва тирҳои онҳо аз ҷониби шаҳрвандоне, ки барои нигоҳ доштани онҳо иҷозатномаи мақомоти дахлдорро доро мебошанд, –«қҷт аз 22.07.2013 , №983»

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ё гирифта гаштани тапончаи пневматикӣ,силоҳи оташфишон ва тирҳои онҳоаз тарафи кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки барои нигоҳ доштани онҳо ҷавобгаранд, инчунин аз ҷониби онҳо бархилофи мақсадҳои пешбинишуда истифода бурдани яроқи оташфишон ва тирҳои он, –«қҷт аз 22.07.2013 , №983»

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 489. Риоя накардани мўҳлати бақайдгирӣ (азнавбақайдгирӣ)-и силоҳи оташфишон ё қоидаҳои дар қайд гузоштани он«қҷт аз 22.07.2013 , №983»

Барои аз ҷониби шаҳрвандон риоя накардани мўҳлати муқарраршудаи ба қайд гирифтан (аз нав ба қайд гирифтан)-и тапончаи пневматикӣ ва силоҳи оташфишон ё қоидаҳои дар сурати тағйирёбии ҷойи истиқомат дар мақомоти ваколатдор дар қайд гузоштани онҳо, —«қҷт аз 22.07.2013 , №983»

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 490. Саркашӣ аз фурўши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо

Барои саркашӣ аз фурўши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо аз ҷониби шаҳрвандоне, ки мақомоти ваколатдор барои онҳо иҷозатномаи нигоҳ доштани чунин силоҳро бекор кардааст,- «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо подош ситонидани силоҳ ва лавозимоти он таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 491. Риоя накардани тартиби фурўши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо   

Барои аз тарафи кормандони корхонаҳо (ташкилотҳо)-и савдо фурўши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва тирҳои онҳо ба шахсони воқеӣ, корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ки дорои иҷозатномаи мақомоти дахлдор намебошанд, — ба андозаи аз бист то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877); (қҷт аз 22.07.2013, №983)

 

Моддаи 492. Риоя накардани тартиби ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба каси дигар додан ё фурўши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва силоҳи сард  

  1. Барои аз тарафи шаҳрвандон бе иҷозати мақомоти ваколатдор ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба шахсони дигар додан ё фурўши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишонисуфтамили шикорӣ, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.  (қҷт аз 22.07.2013 , №983)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шаҳрвандон ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани яроқи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар силоҳи сард, аз ҷумла силоҳи ҳаводиҳанда, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)

 

Моддаи 493. Гум кардани шиноснома ё корношоям гардонидани  он

  1. Барои эҳтиёт накардани шиноснома, ки боиси гум ё ғайри қобили истифода гардонидани он шудааст, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои қасдан нобуд кардани шиноснома ё ғайриқобили истифода гардонидани он, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 494. Иҷозат додан барои истиқомат бе шиноснома ё  қайди зист

Барои ба шаҳрвандони бешиноснома ё бо шиносномаи беэътибор ё ба қайди зист гирифтанашуда аз ҷониби шахсоне, ки ба риояи қоидаҳои низоми шиносномавӣ ҷавобгаранд иҷозати истиқомат додан, инчунин барои шахсони бешиноснома ва ба қайди зист гирифтанашударо ба хонаи худ барои истиқомат роҳ додани шаҳрвандон, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 495. Бе шиноснома ё қайди зист қабул кардан ба   кор 

  1. Барои ба кор қабул кардани шахсони бешиноснома ё шахсони дорои шиносномаи беэътибор, инчунин шахсони дар ҷойи истиқомат барои зист қайднадошта, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 496. Ғайриқонунӣ гирифтани шиноснома ва ҳамчун  гарав қабул кардани он

Барои шиносномаи шаҳрвандонро ғайриқонунӣ гирифтан, инчунин онро ҳамчун гарав қабул намудан, —

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 497. Риоя накардани қоидаҳои воридшавӣ ба минтақаи сарҳадӣ ё истиқомат дар он

Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ, —

ба андозаи аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 498. Риоя накардани низоми Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани низоми Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 499. Риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванддар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таври транзитӣ убур кардан аз қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, яъне бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зистан ё истиқомат кардан бо ҳуҷҷатҳои беэътибор, риоя накардани тартиби муқарраршудаи аз қайд гузаштан, мўҳлати муайяни будубош, саркашӣ аз тарк намудани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риоя накардани қоидаҳои ба таври транзитӣ убур кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба андозаи аз ҳаштод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз навад то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи гурезагон ва шахсони паноҳҷўянда риоя накардани қоидаҳои иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ,-

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 500. Ғайриқонунӣ гузаронидани шахс тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои аз тарафи ташкилоти нақлиётӣ ё дигар ташкилотҳои боркашонии байналмилалӣ наандешидани тадбирҳои ба зиммаашон гузошташуда ҷиҳати пешгирӣ намудани воридшавии ғайриқонунии шахс ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нақлиёт ё истифодаи нақлиёт барои хориҷшавии ғайриқонунӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 501. Риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ

  1. Барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи хизмати давлатӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 502.    Риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии

                          санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот риоя накардани тартиби  баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717); (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 503. Дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакардаи       вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Барои дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакардаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, —

ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717); (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 504. Бидуни аз нав ба қайд гирифтан фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ ё бе қайди баҳисобгирӣ фаъолият кардани намояндагӣ ва филиалҳои онҳо

Барои бидуни аз нав ба қайд гирифтан фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ ё бе қайди баҳисобгирӣ фаъолият кардани  намояндагӣ ва филиалҳои онҳо, ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,ба истиснои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» онро пешбинӣ намуда бошад, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

 

Моддаи 505. Риоя накардани тартиби муқарраршудаи интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717); (қҷт. 01.08.2012, №877)

 

Моддаи 506. Бе иҷозати дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки бо сирри давлатӣ алоқаманд аст

  1. Барои бе иҷозати дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, инчунин барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи дастрасӣ ба сирри давлатӣ ва рухсат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад ё фаъолияти онҳо ба мўҳлати то се моҳ боздошта мешавад.

  1. Барои аз ҷониби шахсони мансабдор риоя накардани талаботи муқарраргардида дар бораи таъмини низоми махфият ҳангоми сару кор гирифтан бо маълумоти махфӣ ва бо шахсоне, ки аз он огоҳӣ доранд ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 507. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот, аз ҷумла:

— бе сертификати дахлдори мақомоти ваколатдор истифода бурдани воситаҳои техникии аз хориҷа воридшудаи ҳифзи иттилоот;

— таҳвил (фурўхтан) ва истифода бурдани воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгў намебошанд,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз шонздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Тавассути интиқоли байналмилалии почта фиристодан ва ба қабулкунандагон додани воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва воситаҳои ҳифзи техникии иттилоот, инчунин истифодаи онҳо бе сертификатсия, ки бо тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти ваколатдори ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ гардонда мешаванд, ҳамзамон муқаррар намудани далели истифодаи воситаҳои техникию барномавӣ барои беиҷозат дастрас намудан, —

ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 508. Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор кардани он дар матбуот  ва дигар воситаҳои ахбори омма

  1. Барои аз тарафи шаҳрвандон, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то  сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 509. Риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии матбуоти даврӣ ва маводи чопӣ

  1. Барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи ройгон фиристодани нусхаҳои назоратии матбуоти даврӣ ва маводичопӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ва корхонаҳои полиграфӣ, ки чунин маводро нашр мекунанд, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 510. Иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд

Барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 29.12.10 №650)

 

 

Моддаи 511. Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолият

  1. Барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо боздоштани амали иҷозатнома ба мўҳлати то се моҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо боздоштани амали иҷозатнома ба мўҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сию панҷ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз иҷозатнома ҷазо таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 512. Риоя накардани тартиби додани иҷозатнома

  1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳанда риоя накардани тартиби додани иҷозатномаи машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ғайриқонунӣ рад кардан ё ба таъхир гузоштани додани иҷозатнома, ё тамдиди мўҳлат ва ё аз нав барқарор намудани амали иҷозатнома, инчунин талаби ғайриқонунии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 513. Қасдан расонидани зарар  ба пломба ва мўҳр

Барои қасдан расонидани зарар ба пломба ва мўҳри гузоштаи шахсони мансабдори салоҳиятдори мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ ё кандани онҳо, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 514. Рад намудан ё ба таъхир гузоштани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ

Барои ғайриқонунӣ рад кардан ё зиёда аз мўҳлат ба таъхир гузоштани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи шахсони мансабдор ё шахсони мутасаддии бақайдгиранда, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 515. Риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи омори давлатӣ

  1. Барои риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳисоботи муқарраршудаи омори давлатӣ ба мақомоти дахлдори оморӣ, ки он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар пешниҳод накардан ё саривақт пешниҳод накардан ифода меёбад, инчунин нодуруст пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ ё дигар маълумоти зарурӣ барои мушоҳидаҳои омории давлатӣ ва феҳристҳои давлатии воҳиди оморӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаш то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015,№ 1219)

 

Моддаи 516. Пешниҳод намудани маълумоти ҷамъбастии омории нодуруст

  1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти давлатии омор пешниҳод намудани маълумоти ҷамъбастии омории нодуруст, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 517. Хароб ё нобуд кардани аломатҳои ишоратии дорои сабти ном

Барои қасдан хароб ё нобуд кардани аломатҳое, ки дорои сабти ном мебошанд, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 518. Риоя накардани талаботи стандартӣ, шартҳои техникӣ ва қоидаҳои сертификатсия, ба муомилот баровардан ва нигоҳ доштани воситаҳои андозагирӣ ва истифодаи онҳо

Барои риоя накардани меъёрҳои зерини талаботи стандартӣ, шартҳои техникӣ ва қоидаҳои сертификатсия, ба муомилот баровардан ва нигоҳ доштани воситаҳои андозагирӣ ва истифодаи онҳо:

— баровардан, таъмин намудан ва фурўхтани маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ба талаботи стандартӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд;

— баровардан, таъмин намудан ва фурўхтани маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ба талаботи стандартӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд ва истифодаи онҳо метавонад ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки одамон, инчунин ба муҳити зист зарар расонад;

— ба фурўш баровардани маҳсулот, иҷро намудани кор ва расонидани хизмати ҳатман сертификатсияшаванда бидуни сертификати мувофиқат, ки бо тартиби муқарраргардида дода мешавад;

— бе иҷозати дахлдор нишонгузорӣ намудани маҳсулоти бо нишонаи мувофиқат сертификатсиянашуда;

— ба фармоишгар ё ба истеҳсолот додани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ ва лоиҳавӣ, ки ба талаботи стандарт ва шартҳои техникӣ мувофиқат намекунанд;

— риоя накардани талаботи стандартӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми таҳвил намудан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани маҳсулот, ба шарте, ки он боиси вайрон шудан ё аз меъёр зиёд талаф ёфтани маҳсулот гардида бошад;

— ба муомилот баровардани воситаҳои андозагирӣ, ки аз санҷиши давлатӣ ё аз аттестатсияи метрологӣ ё аз дигар санҷишҳои дахлдор нагузаштаанд;

— тайёру таъмир кардан ва санҷидани воситаҳои андозагирӣ аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки бо тартиби муқарраршуда иҷозати дахлдор нагирифтаанд, инчунин риоя накардани тарз ва қоидаи санҷиш;

— риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои андозагирӣ;

— мавҷуд набудани стандарт ё дигар ҳуҷҷати меъёрии стандартизатсия, ки талабот ба маҳсулот ва хизматрасониро муқаррар намудааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 519. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ

  1. Барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро иҷро накардани ташкилот, корхона ва муассисаи соҳаи харид тавассути истифодаи маблағҳои давлатӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 520. Риоя накардани тартиби расонидани нусхаи ҳатмӣ

Барои аз тарафи истеҳсолкунанда дер ё нопурра расонидани ҳуҷҷатҳои нусхаи ҳатмӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳо, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 521. Риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории иттилоот

  1. Барои наандешидани чораҳои таъминкунандаи бехатарии нигоҳдорӣ ё таҳлили иттилоот дар ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки боиси дуздидан, нест гардидан ё оқибатҳои дигар гардидаанд ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ истифода намудан ва бо дигар мақсадҳои ғаразнок додани маълумоте, ки дар натиҷаи фаъолияти қонунии худ гирифтаанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 522. Риоя накардани қоидаҳои таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ

  1. Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани қоидаҳои таъмини ҳифзи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 523. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ

  1. Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани қоидаҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои Фонди бойгонии миллӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 524. Гум кардан, расонидани зарар, пинҳон кардан ё ғайриқонунӣ нобуд кардани ҳуҷҷатҳое, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шудаанд

 

  1. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонӣ, расонидани зарар, пинҳон кардан ё ғайриқонунӣ нобуд кардани онҳо, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шудаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 525. Ба таври лозим нигоҳ надоштани ҳуҷҷатҳои махсусан арзишноки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шудаанд

  1. Барои ба таври лозим нигоҳ надоштани ҳуҷҷатҳои махсусан арзишноки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ, ки ба таркиби Фонди бойгонии миллӣ дохил карда шуда, молу мулки шахси воқеӣ маҳсуб меёбанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 526. Риоя накардани қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қасдан нодуруст пур кардани дафтари мазкур, —

ба шахси мансабдори ваколатдори мақомоти санҷишкунанда ба андозаи аз бисту панҷ то чил ва ба шахси масъули субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ба андозаи санҷишшаванда аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахси мансабдори ваколатдори мақомоти санҷишкунанда ба андозаи аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахси масъули субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 527. Риоя накардани қоидаҳои гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор

Барои риоя накардани қоидаҳои гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор, инчунин гузаронидани санҷиш бе иҷозати хаттии мақомоти ваколатдор, бе риояи давра ва давомнокии санҷиш, дахолат ба фаъолияти субъекти хоҷагидор дар ҷараёни санҷиш, ки ба мавзўи санҷиш алоқаманд нест, қабули қарори ғайриқонунӣ оид ба натиҷаи санҷиш ё содир намудани дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар ҳаққи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда, аз ҷумла барои риоя накардани дигар ҳуқуқҳои субъекти хоҷагидор, ки қонун муқаррар кардааст, —

ба шахси мансабдори ваколатдори мақомоти санҷишкунанда ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 5271. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат

ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт аз 14.03.14, №1068)

 

Моддаи 5272. Риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

  1. Барои риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ,-

ба шахси мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,-

ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. (қҷт аз 26.07.2014, №1093)

 

Моддаи 5273. Риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) муҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми додани иҷозат

  1. Барои риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) ҳангоми додани иҷозат риоя накардани муҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ,-

ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,-

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. (қҷт аз 26.07.2014, №1093)

 

Моддаи 5274. Риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

  1. Барои риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,-

ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,-

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. (қҷт аз 26.07.2014, №1093)

 

БОБИ 28. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ВОБАСТА БА АДОЛАТИ СУДӢ

 

Моддаи 528. Беҳурматӣ нисбат ба суд

Барои беҳурматӣ нисбат ба суд, яъне қасдан ба суд наомадани даъвогар, ҷавобгар, шоҳид, ҷабрдида ва шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, инчунин дигар шахсон ё итоат накардани онҳо ба амри судя ё риоя накардани тартибот ҳангоми маҷлиси судӣ, ҳамчунин барои аз тарафи шахс содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро ба суд ё қоидаҳои дар суд муқарраршуда шаҳодат медиҳанд, —

ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҷазои ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати  аз се то даҳ шабонарўз таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 529. Монеъ шудан барои ба суд ҳозир шудани машваратчии халқӣ

Барои бо ҳар баҳона монеъ шудани шахсони мансабдор барои ба суд ҳозир шудани машваратчии халқӣ бобати иҷрои вазифаи ба зиммааш гузошташуда, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 530. Иҷро накардани қарори суд

Барои иҷро накардани қарори суд, инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии суд оид ба иҷрои қарори суд,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 531. Наандешидани чораҳо вобаста ба иҷрои таъйинот (қарор)-и хусусӣ ва пешниҳоди суд (судя)

Барои аз ҷониби шахси мансабдор бе баррасӣ монондани таъйинот (қарор)-и хусусии суд (судя) ё наандешидани чораҳо вобаста ба иҷрои онҳо, инчунин саривақт ҷавоб надодан ба таъйинот (қарор)-и хусусӣ ва пешниҳод, —

ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1335)

 

Моддаи 532. Иҷро накардани талаботи қонунии судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда ё шахси мансабдоре, ки парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд

Барои иҷро накардани талаботи қонунии судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда ё шахси мансабдоре, ки парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барасӣ менамояд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 533. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии пристави судӣ ва иҷрочии суд

Барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии пристави судӣ ва иҷрочии суд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 534. Нишондоди бардурўғи шоҳид, тавзеҳоти мутахассис, хулосаи коршиноси судӣ ё дидаю дониста нодуруст тарҷума намудан

Барои нишондоди бардурўғи шоҳид, тавзеҳоти мутахассис, хулосаи коршиноси судӣ ё дидаю дониста нодуруст тарҷума намудан, зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 5341. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дарҶумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсир расондан ба қарорҳои онҳо,-

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1278)

  1. Барои аз ҷониби шахси мансабдор иҷро накардани талаботи қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин ўҳдадориҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар кардааст,-

ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1278)

  1. Барои бо дигар шакл монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дарҶумҳурииТоҷикистон,-

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №718); (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1278)

 

БОБИ 29. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҚОНУНГУЗОРИИ БОНКӢ

 

Моддаи 535. Риоя накардани қоидаҳои пешниҳоди ҳисобот ва иттилоот дар бораи фаъолияти бонкӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои пешниҳоди ҳисобот ва иттиллоот дар бораи фаъолияти бонкӣ, инчунин иҷро накардани амрномаҳои ҳатмии мақомоти давлатии ваколатдор, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба таври мунтазам пешниҳод накардан ё пешниҳод кардани иттилоот, ҳисобот ё маълумоти нодуруст дар бораи фаъолияти бонкӣ,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 536. Рекламаи ошкоро бардурўғи хизматрасонии бонкӣ

Барои ба таври оммавӣ паҳн кардани маълумот дар бораи амалиёт ё хизматрасониҳои бонкӣ, ба шарте ки чунин амалиёт (хизматрасониҳо) бо иҷозатномаи бонкӣ пешбинӣ нашуда бошад ё он метавонад мизоҷонро гумроҳ намояд ё ба онҳо зарар расонида бошад ва ё метавонад зарар расонад, —

ба шахсони мансабдори бонк ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1335)

 

Моддаи 537. Пешниҳод накардани маълумот дар бораи тавозуни (баланси) пардохт

  1. Барои пешниҳод накардан ё саривақт пешниҳод накардани маълумот оид ба таркиби нишондиҳандаҳо барои таҳияи тавозуни (баланси) пардохт, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 538. Ба қайд нагузоштани суратҳисобҳо ва амонатҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашаванда

  1. Барои ба қайд нагузоштани суратҳисобҳо ва амонатҳое, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз  панҷоҳ то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 539. Беасос саркашӣ кардан аз қабули асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои беасос саркашӣ кардан аз қабули асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 540. Барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои реклама истифода карданитасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллӣ ё ҳама гуна маҳсулоти нимтайёри ин тасвирҳо (бо як ё якчанд ранг), ки аз рўйи хусусиятҳояшон (ҳаҷм, ранг, тасвир) дар муомилот мумкин аст ба сифати пулҳои қоғазии аслии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони  мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1335)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони   мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 541. Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

Барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду  фурўш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№ 1308)

 

БОБИ 30. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ

                                    ҚОНУНГУЗОРИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ

 

Моддаи 542. Аз мавқеи ҳукмфармо ё монополии худ дар бозор суиистифода намудани субъектҳои хоҷагидор, инчунин гурўҳи шахсон

Барои аз мавқеи ҳукмфармо ё монополии худ дар бозор суиистифода намудани субъектҳои хоҷагидор, инчунин гурўҳи шахсон бо роҳи содир намудани  кирдорҳое, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —  

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад. (қҷт аз 29.12.2010, №650)

 

Моддаи 543. Бастани аҳдҳои маҳдудкунандаи рақобат

Барои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (гурўҳи шахсон) бастани шартнома, қарордод ё дигар намуди аҳдҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашудае, ки ба қонунгузории зидииҳисорӣ мухолиф буда, рақобатро маҳдуд менамоянд, —  

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сад то дусад ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт аз 29.12.2010, №650;  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 544. Аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣмақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул кардани санад ё анҷом додани амали маҳдудкунандаи рақобат

Барои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул кардани санад ё анҷом додани амалҳои маҳдудкунандаи рақобат, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 545. Рақобати бевиҷдонона

  1. Барои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (гурўҳи шахсон) амалӣ намудани рақобати бевиҷдонона, ки қонунгузории зиддиинҳисорӣманъ намудааст, —

 ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то яксаду бист ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз се ҳазор то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт аз 29.12.2010, №650;  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шаш ҳазор то ҳашт ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 546. Рекламаи бардурўғ

Барои аз ҷониби рекламадиҳанда паҳн кардани маълумоти бардурўғ дар бораи истеҳсол ё фурўши мол иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дошта, истифодабарандагони рекламаро гумроҳ месозад, инчунин барои рекламаи маҳсулоти ҳатман сертификатсияшавандае, ки сертификатсияи мутобиқат надорад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 547.  Рекламаи номуносиб ва рекламаи мутақобил

Барои пахши рекламаи номуносибнодуруст, беодобона ва пинҳонӣ ё саркашӣ кардани субъектҳои хоҷагидор (гурўҳи шахсон) аз паҳн кардани рекламаи мутақобил, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз ҳафтод то яксаду бист ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877;  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 548. Бе иҷозат паҳн кардани реклама дар бораи мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ

Барои бе иҷозати мақомоти дахлдор паҳн кардани реклама дар бораи мол, иҷрои кор ва  хизматрасонӣ, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 01.08.2012, №877;  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

 Моддаи 549. Рекламаи молҳое, ки қонунгузорӣ манъ намудааст

  1. Барои рекламаи спирти этилӣ ва машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кўдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдўшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, доруворие, ки дар дорухати (ресепти) духтур дода мешаванд, инчунин дигар намудҳои молҳое, ки рекламаи онро қонунгузорӣ манъ намудааст,-

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду бист то яксаду хаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду хаштод то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз се то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 550. Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъйиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ)

Барои рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти тайъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ ҳангоми набудани иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,  ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ЗРТ от 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 551. Фурўши мол, иҷроикорвахизматрасонииба реклама номувофиқ

  1. Барои фурўши мол, иҷрои кор ва хизматрасоние, ки ба намудҳои дар реклама пешниҳодгардида ё нишондодашуда номувофиқанд, инчунин реклама ё пешниҳоди мол, кор ва хизматрасонӣ бенияти амалӣ намудани онҳо, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбини намудаи қисми 1 ҳамин модда,-

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳаштсаднишондиҳандабароиҳисобҳоҷариматаъйин карда  мешавад.  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 5511.  Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама

Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд,ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт аз 14.03.2014, №1069;  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 5512. Риоя накардани мўҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо

Барои аз тарафи рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама риоя накардани мўҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ  ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.(қҷтаз  14.03.2014, №1069;  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 552. Сўиистифода кардани фурўшанда аз қобилияти манфиати худро ҳифз карда натавонистани истеъмолкунанда

  1. Барои сўиистифода кардани фурўшанда аз қобилияти манфиати худро ҳифз карда натавонистани истеъмолкунанда бо сабаби маъюбӣ, бесаводӣ ё надонистани забони зимни фурўши мол татбиқшаванда, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод  ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз сад то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 553. Пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Барои бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ё бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои саҳеҳ, баёноти хаттию шифоҳӣ ва иттилооти дигар, ки барои иҷрои ваколатҳои мақомоти зиддиинҳисорӣ заруранд ва ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ, таҳрифшуда ё нодуруст, —  

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз си то панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад. (қҷт аз 29.12.2010, №650;  (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

 Моддаи 5531.Пешниҳод накардани дархост ва аризаи дахлдор

  1. Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотидавлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод накардани дархост дар бораи додани розигии пешакӣ барои таъсис ва азнавташкилкунии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор,муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи) он бо саҳмҳо (ҳиссаҳо) ё молу мулки дигар шахси ҳуқуқӣ, инчунин тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфарморо доро шавад,-

ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод накардани дархост дар бораи мувофиқаи пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣоид ба аз тарафи шахс (гурўҳи шахсон) харид кардани саҳмияи (ҳиссаи) дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурўҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) харидгардидаро пайдо мекунад, аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурўҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, агар арзиши тавозунии (балансии) молу мулки ташкилдиҳандаи мавзўи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозунии (балансии) воситаҳои асосии истеҳсолот ва дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи молу мулки зиёд бошад, аз тарафи шахс (гурўҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурўҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад, инчунин пешниҳод накардани аризаи дахлдор баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳои мазкур, —

ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

Эзоҳ:

  1. Розигии пешакӣ барои иҷро намудани аҳдҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда нишон дода шудаанд, дар ҳолатҳое зарур мебошад, ки агар арзиши умумии тавозунии (балансии) дороиҳои шахсон аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ё яке аз онҳо субъекти хоҷагидоре мебошад, ки ба феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дохил карда шудааст ё харидор гурўҳи шахсоне бошад, ки фаъолияти ҳамин субъекти хоҷагидорро назорат мекунад.
  2. Аризаи дахлдор баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда оварда шудаанд, зарур мебошад, агар арзиши умумии тавозунии (балансии) дороиҳои шахсон аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.(ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 554. Иҷро накардани қарор (амрнома)-и мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ  

Барои иҷро накардан, нопурра иҷро кардан ё саривақт иҷро накардан, инчунин саркашӣ аз иҷрои қарор (амрнома)-и мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, —  

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз си то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз чил то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 5541. Ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад

Барои аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 555. Беасос баланд бардоштани нархҳо

  1. Барои беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшавандаи давлатӣ (тарифҳо барои маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ) ва ҳадди баландтарини даромаднокӣ, баланд бардоштани нархҳои фурўши яклухти дар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣзимни пешниҳоди эъломия бақайдгирифташуда, инчунин баланд бардоштан ё паст кардани нархи маҳсулоти интиқолшавандаи корхонаҳо тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ба дигар давлатҳо, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз  бист то чил, ба шахсони мансабдор  аз панҷоҳ то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод  ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт аз 29.12.2010, №650; ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

  1. Барои ҳисоб кардани изофа ва иловапулиҳои пешбинишуда ба нархҳо дар сурати мавҷуд будани нархҳои ниҳоии расман муқарраргардида, ба арзиши хизмат ворид намудани арзиши корҳои воқеан иҷронашуда ё корҳои ба таври пурра амалинашуда, ки бо назардошти арзиши ин хизматрасониҳо пешбинӣ шудаанд, инчунин барои истифода бурдани ашёи хоми нисбатан арзон ва дигар тағйироти технологӣ, ки боиси бе ризоияти истеъмолкунандагон (харидорон) арзон шудани маҳсулот ва афзоиши нархи маҳсулоте, ки бинобар норасоиҳои конструктивӣ ва техникии онҳо гардида, хусусиятҳои истеъмолии зимни мувофиқасозии дараҷаи ин хусусиятҳо қабулгардида (дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақомоти стандартизатсия) ба даст наомадааст, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз  сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор  аз шаст то ҳаштод, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то яксаду бист  ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазору панҷсад то се ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 556. Кирдори ба гирифтани даромад (фоида)-и ғайриқонунӣ равонагардида

Барои ба буҷет нагузаронидани даромад (фоида)-и бе риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣбадастомада, —  

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт аз 29.12.2010, №650; ҚҶТ аз 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 557. Расонидани зиён (зарар) ба истеъмолкунандагон

Барои ба истеъмолкунандагон расонидани зиён (зарар) тавасссути мол (кор, хизматрасонӣ)-е, ки ба талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ҷавобгў намебошанд, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз  понздаҳ то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ЗРТ от 08.08.2015,№1220)

 

Моддаи 558. Риоя накардани нарху тарифҳои муқаррарнамудаи мақомоти танзимкунандаи фаъолияти монополияҳои табиӣ

  1. Барои риоя накардани нархҳо ва тарифҳои аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи фаъолияти монополияҳои табиӣ муқарраршуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад ва ба шахсони  ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ба мақомоти танзимкунандаи фаъолияти монополияҳои табиӣ пешниҳод накардани огоҳинома, ки қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати давлатӣ пешбинӣ намудааст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чор ҳазор то панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 31. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ

АМАЛИЁТ БО КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК

 

Моддаи 559.  Барориши ғайриқонунии коғазҳои қиматнок

Барои дар мўҳлати муқарраргардида нагузаронидани барориши саҳмияҳо, вомбаргҳо ё дигар коғазҳои қиматнок, инчунин аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ риоя накардани тартиб ва мўҳлати харида гирифтани саҳмияҳо, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 560. Риоя накардани ҳуқуқи сармоягузорон дар хусуси гирифтани маълумоти пурра ва холисона дар бораи коғазҳои қиматнок

  1. Барои дар тарҳи барориш (эмиссия) нишон додани маълумоти нодуруст ё ба таври оммавӣ пешниҳод кардан ё фурўши коғазҳои қиматнок бе интишори муқарраргардидаи тарҳи барориш (эмиссия), инчунин ба сармоягузорон пешниҳод накардан ё дар ҳаҷми нопурра пешниҳод кардани маълумоте, ки ҳатман ошкор кардани он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, —

ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба эмитенти коғазҳои қиматнок ба андозаи аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода интишор накардани ҳисоботи ҷойгиркунонии коғазҳои қиматнок (саҳмияҳо, вомбаргҳо, векселҳо)-и баровардашуда ва маълумоти тавозуни баҳисобгирии солона дар воситаҳои ахбори омма, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 561. Машғул шудан ба фаъолияти касбии марбут бо коғазҳои қиматнок бе шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси ҳуқуқи пешбурди амалиёт бо коғазҳои қиматнок

Барои анҷом додани амалиёти марбут бо коғазҳои қиматнок бе шаҳодатномаи тахассусии мутахассис барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти касбии марбут бо коғазҳои қиматнок, ки бо тартиби муқарраргардида дода мешавад, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 562. Истифодаи бевиҷдононаи иттилооти хизматӣ

Барои аз ҷониби шахси мансабдори эмитенти коғазҳои қиматнок ба мақсаду манфиатҳои шахсӣ ё ба шахсони сеюм супоридани он истифода бурдани иттилооти хизматии марбут ба эмитент ё коғазҳои қиматнок, ки метавонад ба арзиши бозории коғазҳои қиматнок таъсир расонад, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 563. Пешниҳод кардани иттилооти нодуруст

  1. Барои ба шахси мансабдори мақомоти давлатии танзимкунандаи назорати фаъолият дар бозори коғазҳои қиматнок пешниҳод намудани иттилооту ҳуҷҷатҳои нодуруст (бардурўғ) ё саркашӣ кардан аз пешниҳоди иттилооту ҳуҷҷатҳо, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани мўҳлати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии тағйиру иловаҳо ба тарҳи барориши коғазҳои қиматнок, инчунин риоя накардани мўҳлати пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ вобаста ба коғазҳои қиматнок, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 564. Мамониат кардан ба фаъолияти мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок

Барои мамониат кардан ба фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорати фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, инчунин аз ҷониби шахси мансабдори эмитент ё иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок иҷро накардан ё бе баррасӣ гузоштани талаботи шахсони мансабдори мақомоти анҷомдиҳандаи назорати фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 565. Риоя накардани тартиби гузаронидани фурўш (обуна) – и  озоди коғазҳои қиматнок

Барои аз ҷониби шахсони мансабдори эмитентҳо ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок риоя накардани қоидаю тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнок оид ба барориш ва гузаронидани фурўш (обуна) – и озоди коғазҳои қиматнок,-

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 566. Риоя накардани қоидаҳои пешбурди феҳристи коғазҳои қиматнок

  1. Барои пешбурди феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок қоидаҳои муқарраргардидаи пешбурди онро риоя накардан ё набурдани феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок, радкунии беасоси дохил намудани сабт ба феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок, инчунин саркашӣ аз пешбурди он тибқи ҳолат ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо ҷалби иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ва регистратори (бақайдгирандаи) махсусгардонидашуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои наандешидани чораҳои таъмини ҳифзи нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти дар феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок сабтшуда, ки боиси нобудшавӣ, ғорат ва ё дигар оқибатҳои расидани зарари моддӣ гаштааст, инчунин риоя накардани ҳуқуқҳои саҳомон, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 567. Рекламаи бевиҷдононаи коғазҳои қиматнок

Барои ба таври оммавӣ кафолат додани даромад аз коғазҳои қиматнок дар намуди суди саҳмия (дивидендҳо), фоизҳо ё пардохти даромадҳо ба тарзи дигар, ба шарте, ки чунин пардохтҳо тибқи шартҳои барориш пешбинӣ нашуда бошанд ё ба маълумоти доираи номаҳдуди сармоягузорони эҳтимолӣ расонидани иттилоот дар бораи ҳаҷми даромади эҳтимолии коғазҳои қиматнок бо роҳи баланд бардоштани арзиши номиналии он, инчунин додани иттилооти бардурўғ ё нодурусте, ки сармоягузорони эҳтимолиро дар хусуси шартҳои хариду фурўши коғазҳои қиматнок гумроҳ карда бошад ё метавонад гумроҳ созад, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

Моддаи 568. Риоя накардани қоидаҳои бастан, ба расмият даровардан ва ба қайд гирифтани амалиёт бо коғазҳои қиматнок

Барои аз ҷониби шахсони мансабдор — ширкаткунандагони касбии бозори коғазҳои қиматнок риоя накардани қоидаҳои бастан, ба расмият даровардан ва ба қайд гирифтани амалиёт бо коғазҳои қиматнок,-

ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 569. Риоя накардани тартиби пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар хусуси аз ҷониби муассисон иҷро гардидани пардохтҳо ба фонди ойинномавии корхонаҳои дорои сармояҳои хориҷӣ

Барои аз ҷониби муассисони корхонаҳои дорои сармояҳои хориҷӣ ба мақомоти давлатии ваколатдори пешбурди баҳисобгирии иҷрои фонди ойинномавии корхонаҳои дорои сармояҳои хориҷӣ пешниҳод накардан ё дар мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иҷрои фонди  ойинномавӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 32. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГУМРУК

 

Моддаи 570. Иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук

Барои иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иҷрои вазифаҳои хизматии ў ,-

— ба андозаи  аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 571. Даст кашидани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда бо сабаби риоя накардани қоидаҳои гумрукӣ ҷиҳати додан ё дар мўҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани молу ҳуҷҷатҳо ва дигар маводу иттилооти барои баррасии парванда зарур

Барои бе сабабҳои узрнок даст кашидани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда бо сабаби риоя накардани қоидаҳои гумрукӣ ҷиҳати додан ё дар мўҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани молу ҳуҷҷатҳо ва дигар маводу иттилооти барои баррасии парванда зарур ба шахсони мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба бозрас (ревизор) ё мутахассиси бо супориши ў амалкунанда,-

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 572. Мамониат барои гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва саркашӣ кардан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ

  1. Барои мамониат кардан ба гузаронидани санҷиши гумрукӣ, ки бо қарори мақомоти гумрук таъйин шудааст ё даст кашидан аз гузаронидани он, агар гузаронидани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи  аз бист то сӣ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор  аз чил то панҷоҳнишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 573. Даст кашидан ё саркашӣ кардани коршинос аз додани хулоса, тарҷумон аз иштирок дар истеҳсолоти парванда, мутахассис аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва барасмият дарории он

Барои бе сабабҳои узрнок даст кашидан ё саркашӣ кардани коршинос аз додани хулоса, тарҷумон аз иштирок дар истеҳсолоти парванда, мутахассис аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва барасмият дарории он, —

ба андозаи  аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 574. Даст кашидан ё саркашӣ кардани шахси мансабдори корхона, муассиса, ташкилот аз иҷрои қарор ё супориш оид ба гузаронидани экспертиза ё аз иҷрои талабот дар бораи даъвати мутахассис ё тарҷумон

Барои бе сабабҳои узрнок даст кашидан ё саркашӣ кардани шахси мансабдори корхона, муассиса, ташкилоте, ки ба онҳо қарор ё супориши мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани экспертиза ё талабот дар бораи даъвати мутахассис ё тарҷумон ҷиҳати иштирок дар гузаронидани санҷиши гумрукӣ ва барасмиятдарории он фиристода шудааст,-

ба андозаи  аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.   (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 575. Бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани молу мулке, ки ба он ҳабс гузошта шудааст ё риоя накардани талаботу маҳдудиятҳои чунин истифодабарӣ

Барои бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдани молу мулке, ки ба он аз ҷониби ин мақомот ҳабс гузошта шудааст ё риоя накардани талаботу маҳдудиятҳои барои чунин истифодабарӣ муқаррарнамудаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон,-

ба андозаи  аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 576. Таъсиррасонӣ ё дахолати ғайриқонунӣ бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои қабулшаванда ва ё ба ҳаракатҳои амалишаванда

Барои аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва дигар кормандони онҳо ғайриқонунӣ таъсир расонидан ё дар ҳар шакл дахолат кардан бо мақсади расонидани таъсир ба қарорҳои қабулшаванда ё ба амалҳои содиршавандаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси мансабдори он, инчунин таъсиррасонӣ ё дахолати шахсе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 577. Интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои интиқоли мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз он, бо роҳи истифодаи махфигоҳҳо, роҳҳои дигаре, ки ошкор кардани молро душвор мегардонанд ё бо роҳи ба як мол додани намуди дигар ё ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ҳуҷҷатҳои бо роҳи ғайриқонунӣ дастрасгардида, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои ба мол ё воситаи нақлиёти дигар тааллуқдошта ё ҳуҷҷатҳои дигари беэътибор ё бо истифодаи воситаи баҳаммонандсозии қалбакӣ ё воситаи баҳаммонандсозии аслӣ, ки ба мол ё воситаи нақлиёти дигар тааллуқ доранд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёте, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 578. Пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт

1.Барои пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт, ки бояд дар шакли муқарраршуда (хаттӣ, даҳонӣ ё электронӣ) мавриди эъломиякунонӣ қарор гирад,-

ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ва ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

  1. Барои аз ҷониби декларант ё брокери гумрукӣ (намоянда) дар эъломияи гумрукӣ ё дар ҳуҷҷати шакли дигари муқарраршудаи эъломиякунонӣ баён кардани маълумоти нодуруст дар бораи номгўй, миқдор, арзиши гумрукӣ, кишвари истеҳсолкардаи мол ва ё воситаи нақлиёт, оид ба низоми гумрукии онҳо ё маълумоти дигар, ки барои қабули қарор дар бораи додани иҷозат ( иҷозати шартӣ)-и баромадани мол ё воситаи нақлиёт, таҳти низоми гумрукии интихобшуда қарор додани онҳо ё ба рўёндани пардохтҳои гумрукӣ таъсиррасонанда,-

ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ва (ё) воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт аз 29.12.2010, №650)

  1. Барои эълом доштани маълумоти нодурусте, ки ба қарорҳои қабулшавандаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интиқоли мол ва воситаи нақлиёти аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда ё ҷойгир кардани онҳо таҳти низоми гумрукии дархостшаванда ё андозаи пардохтҳои гумрукӣ таъсир намерасонанд,-

ба андозаи  аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

  1. Барои эъломия накардан ё нодуруст эъломия кардани интиқоли асъори хориҷӣ ё асъори миллии аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, ки бояд ҳатман ва ба таври хаттӣ мавриди эъломиякунӣ қарор гирад,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи  аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 579. Интиқоли мол ё воситаи нақлиёт бидуни риояи кардани тадбирҳо доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маҳдудиятҳо

Барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани мол ё воситаи нақлиёт бидуни риояи кардани тадбирҳо доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми савдои хориҷии мол, ҳамчунин дигар маҳдудиятҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор  аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ  аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 580. Огоҳ накардани воридсозии мол ё воситаи нақлиёт ҳангоми гузаштан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои аз ҷониби интиқолдиҳанда риоя нашудани талаботи қонунгузории гумрук оид ба огоҳонидани мақомоти гумрук дар бораи гузаштан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид намудани мол ва ё воситаи нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи  аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 581. Риоя накардани низоми минтақаи назорати гумрукӣ

Барои интиқоли мол ё воситаи нақлиёт ва ё шахсон, аз ҷумла шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ (ба истиснои шахсони мансабдори мақомоти гумрук) тавассути минтақаи назорати гумрукӣ ва ҳудуди он, инчунин иҷрои фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии дигар бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ё худ фаъолияти дигари вайронкунандаи низоми минтақаи назорати гумрукӣ, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 582. Наандешидани тадбирҳо ҳангоми садама ё таъсири қувваи рафънопазир

  1. Барои аз ҷониби интиқолдиҳанда ҳангоми садама ё таъсири қувваи рафънопазир наандешидани тадбирҳо доир ба таъмини муҳофизати мол ва воситаи нақлиётӣ ба маҳалли муайяннамудаи мақомоти гумрук расонидашаванда ё ба тариқи транзитӣ интиқолшаванда ё роҳ додан барои истифодаи онҳо, ки манъ карда шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

  1. Барои ба мақомоти гумруки наздиктарин хабар надодани интиқолдиҳанда оид ба вазъи баамаломада, маҳалли ҷойгиршавии мол ё воситаи нақлиёти ҷиҳати интиқол ба маҳалли муайяннамудаи мақомоти гумрук расонидашаванда ё ба тариқи транзитӣ интиқолшаванда ё таъмин накардани ҳамлу нақли онҳо ба мақомоти наздиктарини гумрук, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 583. Риоя накардани қоидаҳои интиқоли воситаи нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои аз ҷониби интиқолдиҳанда риоя накардани талаботи муқарраршуда ҷиҳати дар ҷойҳои муайяннамудаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани воситаи нақлиёте, ки тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунад ё бе иҷозати мақомоти гумрук ба роҳ андохтани воситаҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаи нақлиёт аз таваққуфгоҳ, инчунин содир кардани амалҳои ба ин монанд, ки нисбат ба воситаҳои нақлиётӣ ҳамчун мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда иҷро мегарданд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

Моддаи 584.  Хориҷ шуд.

 

Моддаи 585. Бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мол, воситаи нақлиёт, гум кардан ё ба мақомоти зикршуда нарасонидани ҳуҷҷатҳои марбут ба онҳо

  1. Барои бе иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон додан, гум кардан ё ба маҳалли муайяннамудаи мақомоти зикршуда нарасонидани мол ва ё воситаи нақлиёте, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор дорад, —

ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ва ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба мол ва ё воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта, ки ҷиҳати супоридан ба мақомоти гумрук қабул карда шудаанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 586.  Риоя накардани мўҳлат ё хати ҳаракати таҳвили мол

Барои аз ҷониби боркашонанда риоя накардани мўҳлат ва хати  муқарраршудаи ҳаракати таҳвили моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ба маҳалли таҳвил, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 587. Нобуд сохтан, вайрон намудан, гум кардан ё тағйир додани воситаҳои ҳаммонандкунӣ

Барои нобуд сохтан, вайрон намудан, гум кардан ё тағйир додани воситаҳои аз тарафи мақомоти гумрук истифодашавандаи ҳаммонандкунӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони хуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 588. Риоя накардани мўҳлати пешниҳоди эъломияи гумрукӣ

Барои риоя накардани мўҳлатҳои муқарраршудаи ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани эъломияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳо ё маълумоти иловагии барои мақомоти гумрук зарур, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 589. Гузаронидани амалиёти боркашонӣ ё амалиёти дигар бидуни иҷозати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои бидуни иҷозати мақомоти гумрук ҳамлу нақл, бор кардан, фуровардан, аз нав бор кардан, ислоҳ кардани бастаҳои зарардида, аз нав бастан ё барои интиқол қабул кардани мол ё воситаи нақлиёт, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор дорад, гирифтани чошнӣ (проба) ва намунаи ин борҳо ё кушодани биноҳо ва ҷойҳои дигаре, ки мол ё воситаи нақлиёти зикргардида дар дохили онҳо ҷойгиранд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 590. Риоя накардани тартиби ҷойгиркунии мол барои нигоҳдорӣ, тартиби нигоҳдории он ё тартиби гузаронидани амалиёт бо он

Барои риоя накардани талабот ва шартҳои муқарраршудаи ҷойгиркунии мол дар анборҳои гумрукӣ, анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ё анборҳои озод, тартиб ё мўҳлати нигоҳдории он, инчунин тартиби гузаронидани амалиёт бо он бе иҷозати мақомоти гумрук, ба шарте, ки чунин иҷозат ҳатмӣ бошад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои дигари ин боб пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.(ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 591. Пешниҳод накардани ҳисобот ба мақомоти гумрук ва риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ

Барои пешниҳод накардан ё саривақт пешниҳод накардани ҳисобот ба мақомоти гумрук дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумрук ё риоя накардани тартиби муқарраршудаи баҳисобгирӣ, инчунин пешниҳоди ҳисоботи нодуруст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 592. Наандешидани чораҳо ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ ё содироти мол ва ё воситаҳои нақлиёти таҳти нигоҳдории муваққатӣ қарордошта

Барои аз ҷониби шахси интиқолдиҳандаи мол ё воситаҳои нақлиёт дар мўҳлати муқарраргардида наандешидани чораҳои муайяннамудаи қонунгузории гумрук ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ ё иҷозат додан барои баровардани мол ва ё воситаи нақлиёти таҳти нигоҳдории муваққатӣ қарордошта, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои дигари боби мазкур пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз нисф то яккаратаи арзиши мол  ё воситаи нақлиёте, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 593. Иҷро накардани талаботи низоми гумрукии содирот

  1. Барои иҷро накардани талаботи низоми гумрукии содирот дар хусуси ба ҳисоби бонкҳои ваколатдор гузаронидани даромади арзӣ аз содироти мол ё дар хусуси ба таври ҳатмӣ ворид намудани мол, кор ва хизматрасонӣ ё натиҷаҳои фаъолияти зеҳние, ки арзиши онҳо ба арзиши моли содиршуда баробар аст, —

ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ аз як то дукаратаи арзиши моле, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

  1. Барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи иҷрои талаботи низоми гумрукии содирот дар бораи ба ҳисоби бонкҳои ваколатдор гузаронидани даромади арзӣ аз содироти мол ё дар хусуси ба таври ҳатмӣ ворид намудани мол, кор ва хизматрасонӣ ё натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии арзиши онҳо ба моли содиршуда баробар, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 594. Берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаровардан ё ба ин қаламрав барнагардондани мол ё воситаи нақлиёт

  1. Барои берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаровардани мол ё воситаи нақлиёти қаблан воридшуда, ба шарте, ки баровардани он ҳатмӣ бошад ё ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардондани мол ва ё воситаи нақлиёти қаблан содиршуда, ба шарте, ки баргардондани он ҳатмӣ бошад, —

ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ба андозаи аз нисф то яккарата ва шахсони ҳуқуқӣ аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёте, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

  1. Барои дар мўҳлатҳои муқарраршуда берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаровардани мол ё воситаи нақлиёти қаблан воридшуда, ба шарте, ки баровардани он ҳатмӣ бошад, ё бидуни риоя кардани мўҳлати муқарраршуда ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол ва ё воситаи нақлиёти қаблан содиршуда, ба шарте, ки ворид кардани он ҳатмӣ бошад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то бисту панҷ, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 595. Амалиёти ғайриқонунӣ бо мол ё воситаи нақлиёти таҳти низоми муайяни гумрукӣ қарордошта

  1. Барои риоя накардани талабот (шартҳо, маҳдудиятҳо)-и низоми гумрукӣ дар мавриди гузаронидани амалиёт бо мол ё воситаи нақлиёт, яъне тағйир додани ҳолати чунин мол ё воситаи нақлиёт, истифода ё ихтиёрдории чунин мол ё воситаи нақлиёт бархилофи талаботи низоми гумрукӣ, ки чунин мол ё воситаи нақлиёт таҳти ин низом қарор дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 601 ва 607 Кодекси мазкур пешбинишуда, —

ба шахсони мансабдор ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои анҷом додани амалиёти низоми гумрукӣ бидуни риоя кардани мўҳлати муқарраршуда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 596. Риоя накардани тартиби истифода ё ихтиёрдории мол ё воситаи нақлиёти шартан иҷозатдодашуда

Барои бе иҷозати мақомоти гумрук, ғайр аз мақсадҳое, ки барои мол ё воситаи нақлиёти шартан иҷозатдодашуда имтиёз дода мешавад, бо мақсадҳои дигар истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани мол ё воситаи нақлиёти шартан иҷозатдодашуда, ки барои он бобати супоридани пардохтҳои гумрукӣ имтиёз дода шудааст, —

ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз  як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 597. Харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риоя кардани қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд

Барои харидан, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, ихтиёрдории мол, мусоидат намудан ба фурўши мол ё воситаи нақлиёте, ки бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз чунин назорат ё бо истифодаи ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандсозии қалбакӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ё эъломиянашуда ё нодуруст эъломияшуда, ё барасмиятдарории гумрукии онҳо анҷом наёфтааст, инчунин харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки нисбати онҳо вобаста ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ имтиёз дода шудааст, ё мол ва воситаи нақлиёте, ки нисбати он тибқи шартҳои воридот ё низоми гумрукии арзшуда барои ихтиёрдорӣ ва истифодабарӣ маҳдудият муқаррар шудааст, —

ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ мебошад, ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 598. Риоя накардани мўҳлати супоридани андоз ва пардохтҳое, ки вобаста ба интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пардохта шаванд

Дар мўҳлатҳои муқарраршуда насупоридани андоз ва пардохтҳое, ки бояд вобаста ба интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шаванд, ҳангоми набудани аломатҳои  ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи андоз ва пардохтҳои супориданашуда ҷарима таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

БОБИ 33. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҚОНУН-ГУЗОРИИ АНДОЗ

 

Моддаи 599. Саркашӣ аз пардохтани андоз

  1. Барои саркашӣ аз пардохтани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар пинҳон кардани объектҳои андозбандӣ ифода ёфтаанд ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои мавҷуд набудани баҳисобгирии муҳосиботӣ ё пешбурди он бидуни риояи тартиби муқарраргардида, таҳрифи баҳисобгирии муҳосиботӣ ё ҳисоботи андоз, пешниҳод накардани ҳисобот ва тавозуни муҳосиботӣ, ҳисобҳо, эъломияҳо, дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисобкунӣ ва пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба  соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои истеҳсол, рехтани маҳсулот ба зарфҳо(бастабандӣ) ва нигоҳдории маҳсулоти зераксизӣ бе ҳисобкунакҳои дорои хотираи фискалӣ,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду сӣ то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои бе тамғаҳои аксизӣ фурўш, нигоҳдорӣ ва ё интиқол додани моле, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда бояд дорои тамғаҳои аксизӣ бошад, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад фоизи арзиши бозории ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 600. Иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти андоз

  1. Барои иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти андоз, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бисту панҷ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 601. Риоя накардани мўҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи андоз

  1. Барои риоя накардани мўҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳои андоз, ҳисоботи андоз ва (ё) дигар намудҳои ҳисоботи марбут ба андоз, яъне ба таъхир гузоштан дар муддати то 10 рўзи корӣ,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз бисту панҷ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати аз 10 то 30 рўзи корӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз чилу панҷ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати зиёда аз 30 рўзи корӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз навад то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774); (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 602. Риоя накардани тартиби нигоҳ доштан ё нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохт

  1. Барои риоя накардани тартиби нигоҳ доштан ё нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохтва андозҳо аз ғайрирезидент, инчунин нигоҳ надоштан ё дар мўҳлати муқарраргардида нагузаронидани андози нигоҳдошташуда (ҳисобкардашуда) ба буҷет ё фонди давлатӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

  1. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣдодани маблағҳои пулӣбарои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣба буҷет аз ҷониби андозсупоранда (агентҳои андоз)гузаронидани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба ҳамин маблағҳоипулӣалоқамандаст, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣаз яксаду шаст то яксаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

Моддаи 603. Риоя накардани мўҳлати бақайдгузорӣ дар мақомоти андоз

  1. Барои риоя накардани мўҳлати бақайдгузорӣ дар мақомоти андози дахлдор дар муддати то 30 рўз ба истиснои шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қарор мегиранд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати аз 31 то 90 рўз, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар давоми зиёда аз 90 рўз, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

 

Моддаи 6031. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

  1. Барои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ оид ба шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ вобаста ба қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва (ё) ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷудбуда, дар сурате, ки пешниҳоди чунин маълумот ҳатмист, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се,  ба шахсони  мансабдор аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.

  1. Барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти бардурўғ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, ки пас аз анҷоми марҳилаи бақайдгирии давлатӣ ошкор гардидааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт,  ба шахсони  мансабдор аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, –

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони  мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сӣ то сию панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.

  1. Барои фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ бе ҳуҷҷатҳои таъсисии шакли муайяннамудаи қонунгузорӣ ва бидуни низомнома фаъолият намудани филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар мўҳлати зиёда аз як моҳи баъди бақайдгирии давлатӣ, –

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ ва филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

 

Моддаи 604. Нишон надодан ё нодуруст нишон додани рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи кодекси андоз (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои нишон надодан ё нодуруст нишон додани рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи кодекси андоз, ки дар рафти санҷиши андоз ошкор шудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду, ба соҳибкорони инфиродӣ аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз ҷониби шахси ваколатдор содир намудани амалҳо (аҳдҳо) бидуни риояи кардани талаботи моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр накардани рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупоранда, —

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои анҷом додани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бе талаб намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дарҷ накардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар муросилот бо мақомоти андоз ва қарордодҳои (шартномаҳои) тиҷоратӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

 

Моддаи 605. Кам нишон додани маблағи андоз

  1. Барои аз тарафи андозсупоранда ё агенти андоз кам нишон додани маблағи андоз ё дигар пардохти ҳатмӣ дар эъломияҳо ё ҳисобҳо, дар қиёс бо маблағе, ки бояд дар эъломияҳо ё ҳисобҳо нишон дода шавад, —

ба андозаи бисту панҷ фоизи маблағи кам нишондодашуда ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба андозаи чил фоизи маблағи кам нишондодашуда ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 606. Риоя накардани қоидаҳои вобаста ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо

  1. Барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни қайди андоз аз арзиши иловашуда, ба шарте, ки чунин қайд ҳатмӣ бошад, —

ба андозаи бисту панҷ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд барои тамоми давраи фаъолияти бе қайд ба буҷет пардохта мешуд, ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои нодуруст пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки боиси кам нишон додани маблағи андоз аз арзиши иловашудава аксизҳо ё зиёд нишон додани маблағи ба ҳисоб гирифташуда мегардад, ҳамчунин пешниҳод накардани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, —

ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо аз рўйи ҳисобнома-фактурае, ки бояд вобаста ба ин муомилот пешниҳод карда мешуд, ҷарима таъйин карда мешавад.(қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби шахсе, ки дар қайд аз рўйи андоз аз арзиши иловашуда қарор надорад,ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи сад фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки дар ҳисобнома-фактура зикргар дида, аммо ба буҷет ворид нашудааст ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774)

  1. Барои аз ҷониби андозсупоранда риоя накардани тартиби навиштани ҳисобнома – фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳар як ҳисобнома – фактураи нодуруст тартибдодашуда (навишташуда) ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои ғайриқонунӣ пешниҳод ва қабул намудани варақаҳои ҳисобнома — фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашудаи дар ҳисобнома – фактура зикргардидаҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои вайрон кардани тартиби нигоҳдории ҳар як бастаи ҳисобнома — фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъӣ, ки боиси гум шудани онҳо гаштааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як бастаи ҳисобнома – фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои гумшуда ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774); (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 607. Ба мақомоти андоз пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила

Барои аз ҷониби андозсупоранда ва ё дебиторҳои он ба мақомоти андоз пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии бо тартиби муқарраршуда ба расмият даровардашудаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 608. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани тартиби кушодани суратҳисобҳо ва мўҳлати огоҳ намудани мақомоти андоз оид ба кушодани суратҳисобҳо

  1. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозити) шахсони воқеӣ) бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ мекунанд (мактуби ахборотии мақомоти андози маҳалли қайди соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи шакли тасдиқшуда), —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.

  1. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани мўҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозити) шахсони воқеӣ), —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 609. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ саривақт интиқол накардани маблағи андоз  ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ

Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ саривақт интиқол накардани маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз рўйи супоришномаҳои пардохти андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд, —

ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аммо дар ҳаҷми на камтар аз панҷоҳ фоизи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки саривақт гузаронида нашудаанд, ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 610.  Иҷро накардан ё саривақт иҷро накардани фармоишҳои инкассавии мақомоти андоз дар хусуси рўёнидани маблағҳои андозсупоранда аз суратҳисоби андозсупоранда ва ё суратҳисоби шахсони сеюм –дебиторҳои андозсупоранда (қҷт. 26.12.2011 №774)

Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шуда, ба онҳо хизмат мерасонид ё аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои шахсони сеюм-дебиторҳои андозсупоранда кушода шуда, ба онҳо хизмат мерасонид, иҷро накардан ё саривақт иҷро накардани фармоишҳои инкассавии мақомоти андоз дар хусуси рўёнидани маблағҳо аз суратҳисобҳои шахсони сеюм-дебиторҳои андозсупоранда (аз ҷумла аз суратҳисобҳои бонкии худи андозсупоранда ё суратҳисобҳои дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки дар онҳо ба ҳамин андозсупоранда хизмат расонида мешавад) ба мақсади пўшонидани қарзи андозсупоранда, —

ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 611. Монеъ шудан ба санҷиши андоз

Барои сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, монеъ шудан ё рад кардани талаботи қонунии мақомоти андоз вобаста ба пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ё дигар иттилоот, ки барои гузаронидани санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ марбут аст,-

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад (қҷт. 26.12.2011 №774); (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 612. Монеъ шудан ба воридшавии шахси мансабдори мақомоти андоз ба ҳудуди корхона ё бино

Барои ғайриқонунӣ монеъ шудан ба ворид шудани шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад ё дигар шахси ўҳдадор ба ҳудуди корхона ё бинои ба андозсупоранда тааллуқдошта, ба истиснои биноҳои истиқоматӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 613. Риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории молу мулке, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба ҳабс гирифта шудааст

Барои риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории молу мулке, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба ҳабс гирифта шудааст,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 614. Таъмин накардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ

Барои таъмин накардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, аз ҷумла лентаҳои назоратӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 615. Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ терминалҳои электронӣ ва баҳисобгирии хазина

  1. Барои риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина (баҳисобгирии пули нақд), ҳамчунин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурўши мол ё хизматрасониҳо тавассути пули нақд бе додани пардохтнома (квитансия), чипта, талон, тамғаҳои маблағсупории почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботдиҳии қатъӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбиникардаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду ҳаштод то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

  1. Барои пешбурди ҳисобу китоб тавассути пули нақд бо истеъмолкунандагон бе истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, дар ҳолати ҳатмӣ будани истифодаи чунин мошинаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду ҳаштод то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №774); (қҷт. 28.12.2012, №910)

  1. Барои саркашӣнамудан аз насби терминалҳои электронӣё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣдар ҳисоббаробаркуниҳо,-

 ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣаз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

 

 

Моддаи 616. Ба мақомоти андоз пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ

Барои ба мақомоти андоз пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дар моддаҳои 19, 27, 54, 56 ва 57 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, аз ҷумла тибқи дархости он мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳамчунин дигар гуна саркашӣ аз пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти нодуруст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 617. Соҳибкории ғайриқонунӣ

  1. Барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 618. Соҳибкории сохта

Барои соҳибкории сохта, яъне таъсиси шахси ҳуқуқӣ ё ҳамчун иштирокчӣва ё саҳмдор ворид шудан ба шахси ҳуқуқӣ ва ё ба қайди давлатӣ гирифтани соҳибкори инфиродӣ бидуни мақсади пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади бо роҳи саркашӣ аз пардохти андозҳо ба даст овардани фоида бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910) (ҚҶТ аз 14.05.2016,№1310)

 

БОБИ 34. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР

СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 619. Пешбурди фаъолияти иқтисодӣ бидуни ба қайд гирифтан дар мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Барои пешбурди фаъолияти иқтисодӣ бидуни ба қайд гирифтан дар мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бисту панҷ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 620. Дар мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани ҳисобот ва саривақт напардохтани андози иҷтимоӣ

  1. Барои дар мўҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот ва саривақт напардохтани андози иҷтимоӣ, —

ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд ва шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

  1. Барои кам нишон додан ва ё пинҳон кардани андози иҷтимоӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.12.2012, №910)

 

Моддаи 621. Ғайримақсаднок истифода бурдани маблағи андози иҷтимоӣ

Барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағи андози иҷтимоӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба соҳибкорони инфиродӣ аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 622. Иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

  1. Барои иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 623. Беасос рад ё саркашӣ кардан аз пардохти андози иҷтимоӣ

  1. Барои беасос рад ё саркашӣ кардан аз пардохти андози иҷтимоӣ, —

ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.(қҷт. 28.12.2012, №910)

 

БОБИ 35. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ СТАНДАР-ТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕР-ТИФИКАТСИЯ, АККРЕДИТАТСИЯ,  САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

 

Моддаи 624. Риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар корхонаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҷониби шахсони воқеӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 6241. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва дигар мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии молҳоро (кор ва хизматрасониҳоро) дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 14.03.2014, №1069)

 

Моддаи 625. Истеҳсол, фурўш, барориш, таҳвил, истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ҷавобгўйи талаботи регламентҳои техникики,  стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ нестанд

Барои истеҳсол, фурўш, барориш, таҳвил, истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ҷавобгўйи талаботи регламентҳои техники, стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ нестанд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродӣ аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

 

Моддаи 626. Фурўш, истеҳсол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки сертификатсияи ҳатмӣ надоранд

Барои фурўш, истеҳсол, иҷрои кор ва хизматрасоние, ки сертификатсияи ҳатмӣ надоранд, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 627. Фиреб додани истеъмолкунандагон

Барои фиреб додани истеъмолкунандагон бо роҳи кам чен кардан, кам бар кашидан ва зиёд ҳисоб кардан, ба фурўш баровардани моле, ки мўҳлати истеъмолаш гузаштааст, гумроҳ кардан оид ба хусусиятҳои истеъмолӣ ва сифати мол ё бо дигар роҳ фиреб додани харидорон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фурўшандаи мол ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 628. Риоя накардани талаботи регламентҳои техники, стандарт ва шартҳои техникӣ, қоидаҳои сертификатсия ва хизматрасонӣ

  1. Барои риоя накардани талаботи регламентҳои техники, стандарт ва шартҳои техникӣ, қоидаҳои сертификатсия ва хизматрасонӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 03.07.2012, №843)

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 629. Ба муомилот баровардани воситаҳои ченак бе тасдиқи навъи онҳо ё бе санҷиши (аттестатсияи) метрологӣ

Барои ба муомилот баровардани воситаҳои ченак бе тасдиқи навъи онҳо ё бе санҷиши (аттестатсияи) метрологӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 630. Баъди боздоштани фаъолият боз машғул шудан бо савдо (хизматрасонӣ)

Барои баъди боздоштани фаъолият боз машғул шудан бо савдо (хизматрасонӣ), —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 631. Риоя накардани қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Барои беасос саркашӣ намудан аз додани кафолати мўҳлати коршоямии асбобу ашёи фурўхташуда, хизматрасонӣ, ивази моли пастсифати ғайриозуқаворӣ ба моли ҳаммонанди дорои сифати дахлдор ё баргардонидани арзиши он, иҷро накардани шартҳои иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин риоя накардани дигар талаботи қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 632. Ба харидор надодани чек

  1. Барои ба харидор (мизоҷ) надодани чек ё додани чек бо нишон додани маблағи камтар аз пардохташуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбининишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 633. Начаспонидани нархномаҳо ба моли фурўхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ

  1. Барои начаспонидани нархномаҳо ба моли фурўхташаванда ва пешниҳод накардани нархномаҳо барои хизматрасонӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то ду ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 634. Фурўши мол бе ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таҳвилгар ва фурўшанда

  1. Барои бе ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таҳвилгар ва фурўшанда ба аҳолӣ фурўхтани мол аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фурўшандаи мол, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 635. Тамғазании ғайриқонунии маҳсулоте, ки сертификатсия нашудааст

Барои ғайриқонунӣ тамға задан ба маҳсулоте, ки сертификатсия нашудааст, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 636. Пешниҳод накардани маълумот дар бораи тағйир ёфтани реквизитҳои шахси ҳуқуқӣ

Барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод накардани маълумот дар бораи тағйир ёфтани реквизитҳои шахси ҳуқуқӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 637. Мамониат ба таҳвили мол ба бозори истеъмол ва боздоштани муомилоти он

Барои аз ҷониби таҳвилгарон, сарфи назар аз шакли моликият, қасдан ба таври сунъӣ камчин (дефитсит) кардани мол ё баланд бардоштани нарх, маҳдудкунӣ, қатъи беасоси таҳвил, дар ҳар шакл мамониат кардан ба таҳвили мол ба бозори истеъмол, боздоштани муомилоти он, аз ҷумла бо роҳи зиёда аз меъёр ва мўҳлатҳои муқарраргардида нигоҳ доштани он, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 638. Истифодаи ғайриқонунии нишонаи мол

Барои истифодаи ғайриқонунии нишонаи мол ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 639. Содирот ва фурўши маҳсулоти тамоку ва машрубот бе тамғаҳои аксизӣ

Барои содирот ва фурўши маҳсулоти тамоку ва машрубот бе тамғаҳои аксизӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 640. Савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда

  1. Барои дар ҷойҳои муқаррарнашуда фурўхтани ҳама намуди мол, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои хариду фурўши сўзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар ҷойҳои муқаррарнагардида, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 641. Риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурўши маҳсулоти хўроки умумӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои истеҳсол ва фурўши маҳсулот дар ташкилотҳои хўроки умумӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҷониби шахсони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 642. Риоя накардани қоидаҳои фаъолияти муассисаҳои видео

  1. Барои бе иҷозати дахлдор кушодани муассисаҳои видео (нуқтаҳои кирои диску кассетаҳо, видеозалҳо, студияҳои сабт, студияҳои телевизиони кабелӣ) ё фаъолият кардани онҳо баъди қабули қарор дар бораи бастани онҳо, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 643. Бе муоинаномаи тиббӣ истеҳсол кардан ва фурўхтани маҳсулоти хўрокворӣ

  1. Барои бе муоинаномаи тиббӣ истеҳсол кардан ва фурўхтани маҳсулоти хўрокворӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои иҷозат додан бе муоинаномаи тиббӣ ба истеҳсол ва фурўши маҳсулоти хўрокворӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 644. Фурўши ғайриқонунии мол

Барои фурўши ғайриқонунии мол, ки тибқи қонунгузории амалкунанда фурўши озоди он манъ ё маҳдуд карда шудааст, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо  бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 645. Пинҳон кардани нуқсони мол

Барои пинҳон кардани нуқсони мол, саркашӣ аз иваз намудани моли дорои сифати номатлуб ҳангоми фурўш ё бастани шартномаи хариду фурўши мол, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 646. Ивазкунӣ, тағйирдиҳӣ, дигаргунсозӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои мол ва хизматрасонӣ

Барои ивазкунӣ, тағйирдиҳӣ, дигаргунсозӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои мол ва хизматрасонӣ (ҳисобнома-фактураҳо, борхатҳо ва ғайра)  ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 36. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪ-МУРӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

 

Моддаи 647. Ғайриқонунӣ анҷом додани фаъолияти аудиторӣ

  1. Барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, —

ба аудиторони инфиродӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба аудиторони инфиродӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 648. Саркашӣ ё мамониат кардан аз гузаронидани аудит

  1. Барои саркашӣ кардани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки бояд таҳти аудити ҳатмӣ қарор гиранд, аз гузаронидани он, инчунин мамониат кардан ба гузаронидани он, —

ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

 

БОБИ 37. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР

БОБАТИ ТАЪМИНИ НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАИ МОЛУ МУЛК

 

Моддаи 649. Майдадуздӣ

  1. Барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ё дастаҷамъона бо роҳи суиистифодаи мансаби хизматӣ, қаллобӣ, исрофкорӣ ё майдадуздӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо    мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 650. Риоя накардани қоидаҳои таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки молу мулки давлатӣ

Барои аз ҷониби шахсони мансабдор наандешидани чораҳои ҳатмӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати молу мулки давлатӣ, аз рўи таъйинот ва ё бе сабабҳои узрнок истифода набурдани молу мулки  давлатӣ, аз меъёр зиёд истифода бурдани молу мулки  давлатӣ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 651. Риоя накардани қонунгузорӣ ҳангоми ба иҷора додани молу мулки  давлатӣ

Барои риоя накардани қонунгузорӣ ҳангоми ба иҷора додани молу мулки  давлатӣ, яъне:

— ба иҷора додани молу мулки  давлатӣ ё истифодаи молу мулки  давлатӣ бе розигии соҳибмулк ё мақомоти давлатии ваколатдори он;

— нагузаронидани маблағи аз иҷораи молу мулки давлатӣ ба даст омада ба буҷети давлатӣ;

— беасос рад намудани дархости иҷора додани молу мулки  давлатӣ ва ё таъсир расонидан ба иҷорагир бо мақсади гирифтани объекти иҷора, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 652. Риоя накардани қоидаҳои аз ҳисоб баровардани молу мулки  давлатӣ

Барои риоя накардани қоидаҳои муқарраргардида ҳангоми аз ҳисоб баровардани молу мулки  давлатӣ, яъне:

— аз ҳисоб баровардани молу мулки давлатӣ бе розигии соҳибмулк ё мақомоти давлатии ваколатдор;

— аз тарафи роҳбарияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо иҷро нагардидани қоидаҳои қабули қисмҳо ва ҷузъҳои коршоями молу мулк  барои истифодаи минбаъдаи онҳо дар ҷараёни истеҳсолот;

— супурдани қисмҳои корношоями молу мулк  ба нуқтаҳои қабули оҳанпора бе риояи меъёр ва қоидаҳо, инчунин ба буҷети давлатӣ нагузаронидани маблағи аз фурўши оҳанпора ба даст омада, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 653. Риоя накардани қонунгузорӣ ҳангоми ба низоми бозмондашуда (консерватсия) гузаронидани молу мулки давлатӣ

Барои бе иҷозат истифода бурдани молу мулки бозмондашуда (консерватсияшуда), инчунин риоя накардани тартиби гузаронидани молу мулки  ташкилотҳо ба низоми бозмондашуда (консерватсия), —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 654. Мамониат ба санҷиши таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи молу мулки  давлатӣ

Барои мамониат кардан ба шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори идораи молу мулки давлатӣ ҳангоми санҷиши таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи молу мулки  давлатӣ ё дахолат ба фаъолияти онҳо бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои қабулшаванда, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 655. Иҷро накардани амрнома ва қарорҳои мақомоти давлатии ваколатдори идораи амволи давлатӣ

Барои иҷро накардани амрнома ва қарорҳои мақомоти давлатии ваколатдори идораи амволи давлатӣ, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

 

БОБИ 38. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА КОРРУПСИЯ

 

Моддаи 656. Ғайриқонунӣ гирифтани подош

Барои аз ҷониби шахсони мансабдор вобаста ба фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои муайянро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба тариқи пул, хизматрасонӣ ва роҳҳои дигар гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, ба шарте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 657. Қабул кардани тўҳфа ва дигар хизматрасонӣ барои иҷрои вазифаи давлатӣ аз шахсоне, ки аз рўйи вазифа тобеъанд

Барои қабул кардани тўҳфа ва дигар хизматрасониҳо ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ аз шахсоне, ки аз рўйи вазифа тобеъанд (ба истиснои тўҳфаҳои рамзӣ ва нишони эҳтиром ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест), инчунин пешниҳод намудани ин гуна тўҳфаву хизматрасониҳо ба шахсони мансабдори болоӣ, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 658. Истифодаи бартарияти бо қонун пешбини- нагардида ҳангоми гирифтану баргардонидани кредит ва қарз, харидани коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул ва дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои дигар

Барои истифодаи бартарияти бо қонун пешбининагардида ҳангоми гирифтану баргардонидани кредит ва қарз аз бонкҳо ва дигар ташкилотҳо, харидани коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул ва дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои дигар, —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 659. Додани бартарият ва имтиёзи ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгиронидани фармоишҳои давлатӣ ва дигар фармоишҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд

Барои додани бартарият ва имтиёзҳои ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгиронидани фармоишҳои давлатӣ, дигар фармоишҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият маблағгузорӣ мешаванд, тақсимоти воситаҳои молиявию моддӣ, захираҳои энергетикӣ ва табиӣ, пардохти андозҳо, баргардонидани қарзҳо ва иҷрои дигар ўҳдадориҳои молиявию моддӣ, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 660. Риоя накардани тартиби вогузоштани ҳуқуқи моликият ба захираҳои молиявию моддии давлатӣ ё ба истифодаи муваққатӣ додани онҳо

Барои риоя накардани тартиби вогузоштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки давлатии ба субъектҳои давлатии хоҷагидор ва дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқдошта, ки дар моликияти онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст ё ба истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони воқеӣ ройгон додани онҳо, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 661. Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ

Барои сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла бо мақсадҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 662. Ғайриқонунӣ гузаронидани восита ва захираҳои молиявии давлатӣ ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Барои ғайриқонунӣ гузаронидани восита ва захираҳои молиявии давлатӣ ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳангоми  набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 663. Беасос иҷро накардани санадҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорат ва суд

Барои беасос иҷро накардани санадҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорат ва суд, ки дар доираи ваколаташон қабул намудаанд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 664. Ба манфиати шахсӣ ё гурўҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ ба даст омадааст

Барои ба манфиати шахсӣ ё гурўҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ ба даст омадааст, агар ошкор ва паҳнкунии онро қонун манъ карда бошад  ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 665. Ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Барои ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, риоя накардани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ғайриқонунӣ барҳам додан ё аз нав ташкил додани онҳо, дахолат ба таъйин ё интихоб кардан ба мансаб ва аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 666. Риоя накардани тартиби нархгузорӣ ва фурўши молу мулк, тартиби гузаронидани музояда ва тендер

Барои риоя накардани тартиби нархгузорӣ ва ба фурўш баровардани молу мулк, тартиби гузаронидани музояда ва тендер оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ ва хариди давлатии мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонидааст, инчунин аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ фурўхтани молу мулки давлатӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 667. Ғайриқонунӣ ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии давлат

Барои ғайриқонунӣ ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии давлат (замин ё дигар сарватҳои табиӣ ё моддӣ), яъне ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додан ё кашида гирифтани онҳо, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 668. Риоя накардани тартиби ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Барои пинҳон намудан аз ҳисобгирӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии ошкоршуда, ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намудан ё доир ба ин ҳуқуқвайронкунӣ қабул намудани қарори ба кирдор ошкоро номувофиқ, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 669. Тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, аҳдҳо ва қарордодҳои таҳрифшудаи ихтиёрдорӣ, истифода ё интиқоли молу мулк

Барои тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, аҳдҳо ва қарордодҳо, эъломияҳо, ҳуҷҷатҳои ибтидоии муҳосибавии хариду фурўш, тўҳфа кардан, иваз намудан, гарав, таъмини мол, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан, харид намудан ва дигар аҳдҳои ихтиёрдорӣ, истифода ва интиқоли молу мулк (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки дар онҳо нарх, миқдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва дигар нишондиҳандаҳои молу мулк (мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) таҳриф шуда, ба ин восита ба давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 670. Ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо

Барои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки қонунгузорӣ пешниҳоди онро аз ҷониби ин шахсон пешбинӣ намекунад ё ба онҳо надодани чунин санаду маълумот, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, ба таъхир андохтани пешниҳоди маълумот, додани маълумоти нопурра ё таҳрифшуда, беасос ситонидан ё ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо тааллуқдоштаи тасдиқкунандаи, ҳуқуқ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 671. Ба шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ

Барои ба шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида ҷиҳати моил кардани онҳо ба кирдори (амал ё беамалии) муайян ба манфиати пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматрасониҳо, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 672. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунии вобаста ба коррупсия

Барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунии вобаста ба коррупсия ё ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 673. Ба мақомот ё шахси ваколатдор пешниҳод накардан ё дер пешниҳод кардани санад ва маводи тафтишу санҷиш

Барои ба мақомот ё шахси ваколатдор пешниҳод накардан ё дер пешниҳод кардани санад ва маводи тафтишу санҷиш оид ба қабули қарор, сарфи назар аз натиҷаҳои он, —

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 674. Саркашии бадқасдона аз барасмиятдарории амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, таҳриф ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳо ва ҳисобот

Барои саркашии бадқасдонаи шахси матасаддии пешбурди баҳисобгирии муҳосиботӣ ё роҳбари ташкилот аз амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ кардаанд ба расмият даровардан ё ба асноду ҳисоботи молиявӣ, муҳосиботӣ ва оморӣ даровардани маълумоти таҳрифшуда оид ба фаъолият ё амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, инчунин нобуд кардани асноди молиявӣ ва дигар асноди баҳисобгирӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 675. Дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ

Барои дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ, ки қарори мазкур ба манфиати роҳбари ин мақомот, инчунин ба манфиати роҳбари мақомоти иҷроияи ташкилоте, ки роҳбарии мақомоти дастаҷамъии он аз тариқи ҷамъиятӣ сурат мегирад ё хешовандони наздики онҳо ё ба манфиати шахсони сеюм равона шудааст ва роҳбари мақомоти мазкур ба қабули ин қарор фаъолона мусоидат намудааст ё ба қабули он рўйирост мамониат накардааст,  ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба шахсони мансабдори мақомоти номбурда ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 39. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ

КАЙҲОН, ГЕОДЕЗИЯ, ХАРИТАСОЗӢ ВА ТОПОГРАФИЯ

 

Моддаи 676. Пешбурди фаъолияти тадқиқотӣ, муҳандисию геодезӣ бе экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ накардааст

  1. Барои пешбурди фаъолияти тадқиқотӣ, муҳандисию геодезӣ бе экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии тасдиқнакардаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё кредити давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, —

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои пешбурди фаъолияти тадқиқотӣ, муҳандисию геодезӣ бе экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии тасдиқнакардаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ маблағгузорӣ мешавад, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 677. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти геодезии аксбардорӣ ва харитасозӣ

Барои аз тарафи шахси масъул риоя накардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти геодезии аксбардорӣ ва харитасозӣ бо қабулкунакҳои радифии GPS (системаи радифии позитсионикунонӣ), —

ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 678. Истифодаи беқайди таҷҳизоти геодезӣ бо қабулкунакҳои радифии GPS (системаи радифии позитсионикунонӣ)

Барои истифодаи беқайди таҷҳизоти геодезӣ бо қабулкунакҳои радифии GPS (системаи радифии позитсионикунонӣ), —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 679. Расонидани зарар ва нобуд кардани нуқтаҳои давлатии геодезии гурўҳҳои I-IV, дараҷаҳои 1 ва 2

  1. Барои расонидани зарар ба нуқтаҳои давлатии геодезии гурўҳҳои I—IV, дараҷаҳои 1 ва 2, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор  аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои нобуд кардани нуқтаҳои давлатии геодезии гурўҳҳои I-IV, дараҷаҳои 1 ва 2, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду панҷоҳ то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 680. Риоя накардани ҳуҷҷатҳои ҳатмии меъёрӣ (меъёр ва қоидаҳо) оид ба геодезия, харитасозӣ, топография ва кадастр

Барои риоя накардани ҳуҷҷатҳои ҳатмии меъёрӣ (меъёрҳо ва қоидаҳо) оид ба геодезия, харитасозӣ, топография ва кадастр, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 681. Таҳрифи нақшакашии ҷадвалӣ дар харитаҳо, атласҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои таҳрифи нақшакашии ҷадвалӣ дар харитаҳо, атласҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор  аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 682. Иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои иҷро накардани амрномаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

БОБИ 40. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ ҲАРБӢ

 

Моддаи 683. Аз рўйи даъват ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ

  1. Барои аз рўйи даъват бе сабабҳои узрнок бо мақсади бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои аз рўйи даъват бе сабабҳои узрнок бо мақсади фиристодан ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда ҳангоми набудани аломати ҷиноят, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 684. Ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод накардани рўйхати шаҳрвандоне, ки бояд ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шаванд

  1. Барои дар мўҳлатҳои муқарраргардида ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод накардани рўйхати шаҳрвандоне, ки бояд ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шаванд, аз тарафи шахси масъуле, ки ба зиммаи ў ин масъулият вогузор шудааст, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 685. Ба кор қабул кардани ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, ки ба қайди ҳарбӣ гирифта нашудаанд

  1. Барои ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, ки дар ҷойи истиқоматашон ба қайди ҳарбӣ гирифта нашудаанд ва аз тарафи роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба кор қабул карда шудаанд, —

ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 686. Хабардор накардани ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ дар хусуси даъват шудан ба комиссариати ҳарбӣ

  1. Барои ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватиро дар хусуси даъват шуданашон ба комиссариати ҳарбӣ хабардор накардани роҳбарон ё дигар шахсони мансабдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ, ки ба кори баҳисобгирии ҳарбӣ масъуланд ё мамониат кардан барои саривақт ҳозиршавии онҳо ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ё маҳалли даъват, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 687. Саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии ҳарбӣ ба ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ заруранд

  1. Барои саривақт ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод накардани дафтари ҳавлӣ, варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ) ўҳдадорони ҳарбӣ ва шаҳрвандони синни даъватӣ барои ба қайди ҳарбӣ гирифтан ё баровардан аз қайди ҳарбӣ, —

ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 688. Пешниҳод накардани маълумот дар бораи ўҳдадорони ҳарбӣ ва шаҳрвандони синни даъватӣ

  1. Барои аз ҷониби шахсони мансабдори комиссияи ташхисии тиббию меҳнатӣ ба комиссариати ҳарбӣ дар бораи ҳамаи ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватии маъюб эътирофшуда (сарфи назар аз гурўҳи маъюбиашон) пешниҳод нагардидани маълумот,-

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда  мешавад.

  1. Барои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод накардани маълумот дар бораи тағйир ёфтани насаб, ном, номи падари ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи санаю ҷойи таваллуди онҳо, инчунин доир ба ҳолати қайди вафоти ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 689. Риоя накардани қоидаҳои баҳисобгирии ҳарбӣ

  1. Барои риоя накардани қоидаҳои баҳисобгирии ҳарбии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саривақт ба комиссариати ҳарбӣ дар бораи тағйир ёфтани ҷойи истиқомат, кор ё вазифа хабар надодани ўҳдадорони ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, —

огоҳӣ дода ё ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда  мешавад.

  1. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, —

ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда мешавад.

 

Моддаи 690. Қасдан нобуд ё гум кардани ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ

  1. Барои қасдан нобуд кардани ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи қайди ибтидоии ҳарбӣ), —

ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда  мешавад.

  1. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи қайди ибтидоии ҳарбӣ), —

ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима  таъйин карда  мешавад.

 

Моддаи 691. Саркашӣ кардан аз муоинаи тиббӣ

Барои тибқи даъват аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани даъватшаванда, —

ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

 

хориҷ аз моддаи 692 то 853, «қҷт аз 22.07.2013 , №983»

 

Қабул шудааст аз тарафи Маҷлиси Олии ҶТ с. 2008, №12, қ 1, мод. 989. мод.990;  с. 2009, №5, мод. 321; с. №9-10 мод.543; с.2010, №1, м. 2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, м.812; с.2011,№6, мод. 430, 431,№7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685,мод. 693, №8, м. 814,  №12, қ.1, м.1004; с.2013, №3, м.181; №7, м. 508;  с. 2014, №3, м.143, м.144; с.2014, №7,қ.1, мод.389,мод.390; с.2015, №3,мод.201; №7-9, мод.707, мод.708; №11, мод.955,№12,қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130,мод.131, мод.132;с.2016, №5, мод.359, мод.361;№7,мод.613, мод.614;№11, мод.877)

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …