Главная / Илм / КОДЕИН

КОДЕИН

kodeinКОДЕИН (Codeinum), як навъ дору. Асосан барои рафъи сурфа кор мефармоянд. Ба кӯдакони то 2-сола таъин карда намешавад. Дар шакли хока ва қурс истеҳсол мекунанд. Ба таркиби қурси муштараки «Кодтерпин», ки аз кодеин (0,015 г), гидрокарбонати натрий (0,25 г) ва терпингидрат (0,25 г) иборат аст, дохил мешавад. Дар таркиби қурсҳои «Пенталгин» ва «Седалгин» низ вуҷуд дорад. Ба рӯихати доруҳои гурӯҳи Б мансуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …