Главная / Илм / «КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фӣ-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР»

«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фӣ-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР»

kitob-2«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фӣ-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР» (Китоби осониовар дар дармон ва тадбир), асари Абумарвон Абдулмалик ибни Зуҳр (ваф. 1162). Беҳтарин китобест, ки Ибни Зуҳри Андалусӣ дар тиб таълиф кардааст, зеро ӯ баъд аз пухтагии касбӣ ҳосил кардану таҷрибаҳои зиёд андӯхтан дар тиббу табобат ва ба қавле бо маслиҳати дӯсту рафиқи наздики худ Ибни Рушд ба навиштани он иқдом менамояд. Муаллиф бештар ба ҷанбаи амалии тиб эътибор дода, кушидааст он чизҳоеро баён кунад, ки ҳам ба осонӣ ба даст оянд ва ҳам ба осонӣ дар амал татбиқ шаванд. Нақл аст, ки китоб баробари таълиф шудан шӯҳрат ёфтааст. Муаллиф ҳанӯз онро ба охир нарасонда нусхабардорон ба нусхабардорӣ ва тарҷумонҳо ба тарҷима кардани он пардохтаанд. Дар натиҷа дар як вақт ду тарҷимаи аз якдигар номаълуми он ба забони яҳудӣ ба вуҷуд меояд. Тарҷумаҳоро ба Италия бурда, аз рӯи яке аз онҳо китобро ба забони лотинӣ мегардонанд ва ҳамин тариқ он дар марказҳои илмию фарҳангии Аврупо паҳн шуда, мавриди мутолиа ва омӯзиш қарор мегирад. Китоб то ибтидои а. 18 дастури муҳими таълимӣ дар донишгоҳҳои тиббии Аврупо ба шумор мерафт. Ба шаҳодати шарқшиноси франсавӣ Леклер (ваф. 1892) нақши он дар таърихи тиб на камтар аз нақши «Ал-Ҳовӣ»-и Абӯбакри Розӣ ва «Ал-Қонун»-и Ибни Сино будааст.
«К.» аз муқаддима, ду сифр (қисм) ва як мулҳақ бо номи «Китобу-л-ҷомеъ» иборат аст. Сифри якум тамоми бемориҳову иллатҳои бахши болои тан аз сар то поёни қафаси сина ва роҳҳои муолиҷаи онҳоро дарбар гирифтааст. Сифри дуввум дар баёни бемориҳову иллатҳои бахши поёнии тан буда, инчунин табҳо, бӯҳронҳо, бемориҳои вабоӣ ва роҳҳои муолиҷаи онҳоро дарбар мегирад. Муаллиф дар мулҳақи китоб, ки онро бо дархости амири Ишбилия навиштааст, як қисм доруҳои мураккаби барои мардуми ғайри табиб муносибу маъруф, аз қабили ошомиданиҳо, маъҷунҳо ва равғанҳоро ёд кардааст. Матни комил ва интиқодии «К.» бо таҳқиқоту тавзеҳоти доктор Мишел ал-Хурӣ ва бо муқаддимаи доктор Муҳийюддини Собир дар асоси чаҳор дастхати қадимаи он ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон (Париж, Работ, Оксфорд ва Лондон) маҳфузанд, бори аввал с. 1983 дар Димишқ ба табъ расидааст.
«К.» бо сабки нигориши худ аз тамоми китобҳои тиббии қабл ва баъд таълифшуда фарқ мекунад. Муаллиф дар он аз ибтидо то интиҳо одоби шаръиро бо камоли назокату фасоҳат риоя карда, нишон додааст, ки ақл бо эмон ва илм бо шариат чи андоза ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.
Ад.: Ибни Зуҳр, «Китобу-т-тайсир фӣ-л-мудовоти ва-т-тадбир», Димишқ, 1983.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …