Главная / Илм / «КИТОБУ-С-СИНОАТ»

«КИТОБУ-С-СИНОАТ»

kitob«КИТОБУ-С-СИНОАТ» («Китоб оид ба санъати пизишкӣ»), асари Султон Ғиёсуддин дар боби тиб, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар Шодиободи Ҳиндустон навишта шудааст. Соли таълифаш маълум нест. «К.» аз сарсухан ва чанд боб иборат аст, ки ба тартиби тасвири бемориҳо (аз боло ба поён) бахшида шудаанд. Сарсухани «К.» дар бораи аз куҷо ҷамъ шудан ва чигуна аҳамият доштани он баҳс менамояд. Дар муқаддимаи китоб омада: «Аввал табибро бояд, ки дар илм тамоми аъзоро ба куллия дида ва дониста бошад. Ва илми тиб пеши устод хонда бошад… Дар чаҳор усул комил бошад. Якум дар усули иллатшиносӣ… Дуюм адвияшиносӣ… Сеюм усули таҷриба… Чаҳорум, табиб бояд дар эътиқоди инсондӯстӣ мустаҳкам бошад, амр ба иёдат накунад (фармон надиҳад, ки бемор ба назди ӯ, яъне ба хонаи табиб биёяд) ва бо имконият ва саъйи худ фуқаро ва ҷонамондаву ҷомондаро муолиҷа кунад ба ғайри тамаъ (беғаразона)… Бояд, ки меҳрубон бошад ва нармдил ва шафқат дошта бошад ва бо қаноат бувад, тамаъ бисёр накунад, муолиҷа ба роҳи хайр кунад… Ва ба таҷриба фирефта нашавад, ки фалон дору фалонро суд дошт… Табиб бояд касе бошад, ки асрор нигоҳ дорад, ва низ бояд ки иллат (дардро) нек бишносад…»
Дар боби аввали «К.» номгӯи як қатор сарчашмаҳои тиббӣ зикр ёфтаанд, ки дар байни онҳо «Ал-Қонун», «Комилу-с-синоат», «Ҷомеъ»-и Ибни Байтор ва китобҳои тиббии ҳиндӣ (Монкҳат, Чҳантӯри ва ғ.) дучор меоянд. Баёни фарқияти организми зану мард, ҷараён ва зуҳуроти бемориҳои онҳо, муолиҷаи ин бемориҳо, ҳиссиёти бемор, тайёр кардан ва истифодаи давоҳо ва ғ. нуктаҳои асосии асар ба шумор мераванд. Мас., дар тадбири касоне, ки аз беморӣ хеста бошанд, гуфта шудааст: «…Ва аз чизҳое, ки гармӣ бифизояд, чун ранҷ, риёзат, хашм ва нишастану гузаштан дар офтоб худро нигоҳ дорад. Ва агар мумкин бошад, ҳар рӯз ба гармобаи мӯътадил равад. Ва нигоҳ кунад, ки дар ҷигар дард ҳаст ё не… Аз ғизои ғализ парҳез бояд кард… Аз таоми номувофиқ хӯрдан дил торик ва тан гарон мешавад ва иллати фатақ орад. Пеш аз ҳазм шудани таоме таоми дигар набояд хӯрд, ки зарар орад… Кас таом вақте бояд бихӯрад, ки тан осуда бошад ва пас аз таом хӯрдан, ба кор машғул нашавад ва худро ранҷа надорад…»
Нусхаи ягонаи асар, ки он ҳам нотамом аст, иборат аз 716 варақ (1432 саҳ.) таҳти рақами 1932 дар шӯъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи милии ба номи Фирдавсӣ маҳфуз аст. Китобати онро ба а-ҳои 16 – 17 нисбат медиҳанд, аз ин рӯ «К.» бояд а. 15 ё аз ин пеш таълиф ёфта бошад.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (мунтахаб аз рисола ва луғатҳои тибби қадим), тартиб: Капранов В. А., Р. Ҳошим, Д., 1975.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …